ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи балансҳои барҳамдиҳии Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Тоҷикдеҳоткимиё" ва Ширкати давлатии холдингии "Ғалла"
Мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2003 № 52 "Оид ба тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 январи соли 2003 № 964 "Дар бораи баъзе тағйиротҳо дар системаи идораи давлати" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Баланси барҳамдиҳии Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Тоҷикдеҳоткимиё" аз рӯи дорои ва маҷмӯи қарзҳо то 1 майи соли 2003 ба маблағи 13489442 сомони, аз ҷумла қарзи дебитори ба маблағи 13394527 сомони, қарзи кредитори ба маблағи 13402494 сомони қарзи бонки ба маблағи 16328 сомони ва баланси барҳамдиҳии Ширкати давлатии холдингии "Ғалла" аз рӯи дорои ва маҷмӯи қарзҳо то 1 майи соли 2003 ба маблағи 55378658 сомони, аз ҷумла қарзи дебитори ба маблағи 13441538 сомони, қарзи кредитори ба маблағи 54481996 сомони тасдиқ карда шавад.
2. Воситаҳои асоси ва гардон, қарзҳои дебитори ва кредитори, қарзи бонки ва дигар амвол, инчунин ҳуҷҷатҳои Ҷамъияти барҳамдодашудаи саҳомии шакли кушодаи "Тоҷикдеҳоткимиё" ба Корхонаи давлатии муҳофизати растаниҳо ва химикунонии кишоварзи ва Ширкати давлатии холдингии "Ғалла" ба Корхонаи воҳиди давлатии "Ғалла"-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шавад.
3. Барои рӯёнидани қарзҳои дебитори ва пардохти қарзҳои кредитори дар сохтори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идораи дорои бо 4 воҳиди шумораи штати таъсис дода, лимити автомашинаи хизмати ба миқдори 1 воҳид ҷудо карда шавад.
4. Маблағгузории Идораи дороии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳурияви амали карда шавад.
5. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 майи соли 2004 № 199 "Дар бораи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироту иловаҳои зайл ворид карда шаванд:
- дар сархати якуми банди 2 рақами "112" ба рақами "116" иваз карда шавад;
- дар сархати сеюми банди 2 рақами "7" ба рақами "8" иваз карда шавад;
- ба Сохтори дастгоҳи марказии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори дар боло зикршуда тасдиқ карда шудааст, сархати ёздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Идораи дорои"
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 2 апрели соли 2005 № 131
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О ликвидационных балансах Акционерного общества Открытого типа "Таджикдехоткимиё" и Государственной холдинговой компании "Галла"
В соответствии с постановлением Правительства Республики Таджикистан от 5 февраля 2003 № 52 "О мерах по реализации Указа Президента Республики Таджикистан от 18 января 2003 года № 964 "О некоторых изменениях в системе государственного управления" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить ликвидационный баланс Акционерного общества" открытого типа "Таджикдехоткимиё" по активам и пассивам на 1 мая 2003 года в сумме 13489442 сомони, в том числе дебиторская задолженность в сумме 13394527 сомони, кредиторская задолженность в сумме 13402494 сомони. кредиты банка в сумме 16328 сомони и ликвидационный баланс Государственной холдинговой компании "Галла" по активам и пассивам на 1 мая 2003 года в сумме 55378658 сомони, в том числе дебиторская задолженность в сумме 13441538 сомони, кредиторская задолженность в сумме 54481996 сомони.
2. Передать основные и оборотные средства, дебиторскую и кредиторскую задолженности, кредиты банка и другое имущество, а также документацию ликвидированного Акционерного общества открытого типа "Таджикдехоткимиё" Государственному предприятию по защите растений и химизации сельского хозяйства и Государственной холдинговой компании "Галла" Государственному унитарному предприятию "Галла" Министерства сельского хозяйства Республики Таджикистан.
3. Для взыскания дебиторской задолженности и расчёта кредиторской задолженности в структуре Министерства сельского хозяйства Республики Таджикистан создать Управление активами со штатной численностью 4 единицы и выделить лимит служебной автомашины в количестве 1 единицы.
4. Финансирование Управления активами Министерства сельского хозяйства Республики Таджикистан производится за счёт средств республиканского бюджета.
5. В постановление Правительства Республики Таджикистан от 5 мая 2004 года № 199 "О Министерстве сельского хозяйства Республики Таджикистан" внести следующие изменения и дополнения:
- в первом абзаце пункта 2 цифру "112" заменить на цифру "116";
- в третьем абзаце пункта 2 цифру "7" заменить на цифру "8";
- Структуру центрального аппарата Министерства сельского хозяйства Республики Таджикистан, утвержденная, вышеупомянутым постановлением, дополнить одиннадцатым абзацем следующего содержания: "Управления активами".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э.Рахмонов
от 2 апреля 2005 года №131
г. Душанбе