Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2003, № 129 "Дар бораи ворид намудани илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2002 № 399 "Дар бораи Номгӯи амалҳои Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба онҳо боҷ муқаррар карда мешавад"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2002 № 399 "Дар бораи Номгӯи амалҳои Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба онҳо боҷ муқаррар карда мешавад"

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2002 № 399 "Дар бораи Номгӯи амалҳои Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба онҳо боҷ муқаррар карда мешавад" сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Даъватшавандагоне, ки барои тайёр намудан бо ихтисоси ронандаи воситаи нақлиёт ба муассисаҳои таълимии Ташкилоти мададгори мудофиа ҷалб карда мешаванд, аз пардохти боҷ барои муқаррар намудани ҳуқуқи идоракунии воситаҳои нақлиёт ва хизматрасониҳои пулакии ба ин вобастабудаи Бозрасии давлатии автомобилӣ озод мебошанд."

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Э. Раҳмонов

аз 31 марти соли 2003 № 129

ш. Душанбе

ПРАВИТЕЛЬСТВО РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении дополнения в Постановление Правительства Республики Таджикистан от 2 октября 2002 года №399 "О перечне действий государственной автомобильной инспекции Министерства внутренних дел Республики Таджикистан, на которые устанавливаются сборы"

Правительство Республики Таджикистан постановляет:

Пункт 2 постановления Правительства Республики Таджикистан от 2 октября 2002 года №399 "О Перечне действий Государственной автомобильной инспекции Министерства внутренних дел Республики Таджикистан, на которые устанавливаются сборы" дополнить новым абзацем следующего содержания:

"Призывники, привлекаемые для подготовки в учебных учреждениях Организации содействия обороне по специальности водители транспортных средств, освобождаются от уплаты сборов за установление права на управление транспортными средствами и связанных с этим платных услуг Государственной автомобильной инспекции".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                   Э.Рахмонов

от 31 марта 2003 года № 129

г.Душанбе