Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 июли соли 1997 № 302
тасдиқ шудааст
Низомномаи низоми шиноснома дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 16.10.1998с. № 414, аз 29.12.2012 № 771)
1. Муқаррароти умумӣ
1. Шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон санади асосиест, ки шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад ва барои дохил шудан, хориҷ шудан ва рафтуомад дар қаламрави кишварҳои ИДМ эътибор дорад.
Тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 16 paсидаанд, ӯҳдадоранд, ки шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошанд.
2. Шиноснома моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дорандаи он таҳти ҳимояи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
3. Хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин хизматчиёни ҳарбии Нерӯҳои сулҳовари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар қисмҳои ҳарбии дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиршуда адои хизмат мекунанд ва шаҳрвандони давлатҳои дигар мебошанд, бо гувоҳномаҳои шахсӣ ва билетҳои ҳарбие, ки аз тарафи роҳбарияти қисмҳо ва муассисаҳои ҳарбӣ дода мешаванд, истиқомат мекунанд.
4. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба таври доимӣ дар хориҷа истиқомат доранд, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шиносномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ё санади ивазкунандаи он ворид мегарданд.
5. Шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бетабаият ба истиснои шаҳрвандони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дохилшавӣ ва хориҷшавии бевиза созишнома имзо кардаанд, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо асноди муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд.
6. Шиноснома бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пур карда мешавад ва дорои маълумоти зайл мебошад:
- насаб, ном, номи падар;
- сана ва ҷои таваллуд;
- ҷинс;
- миллат;
- мақоми корҳои дохилие, ки шиносномаро додаст;
- санаи дода шудани шиноснома;
- санаи анҷоми эътибори шиноснома;
- имзои соҳиби шиноснома.
Дар шиноснома сабту қайдҳои зайл дохил карда мешаванд:
- қайдҳо дар хусуси бақайдгирӣ ва азқайдбарорӣ;
- дар бораи бақайдгирии ақди никоҳ ва талоқ;
- муносибат ба ӯҳдадории ҳарбӣ;
- доир ба фарзандони ноболиғ;
- оид ба гурӯҳ ва резуси мансубияти хун;
- рақами мушаххаси андозсупоранда оид ба дар мақомоти андоз ба ҳисоб (ба қайди андозӣ) гузоштан ().
Сабтҳои шиноснома бо мӯҳрҳое, ки онҳоро Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, тасдиқ карда мешаванд.
Дар шиноснома анҷом додани дигар гуна қайдҳо манъ аст.
II. Додан ва истифодаи шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон
7. Додан ва иваз намудани шиноснома аз ҷониби мақомоти корҳои дохилии маҳалли зисти шаҳрвандон анҷом дода мешавад ва барои ашхосе, ки дар хориҷа ба таври доимӣ истиқомат доранд ва ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудаанд, - аз тарафи намояндагиҳои дипломатӣ ё консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
Барои гирифтани шиноснома шаҳрвандон пешниҳод мекунанд:
- ариза мувофиқи намунае, ки аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст;
- шаҳодатномаи таваллуд (ҳангоми бори аввал гирифтани шиноснома)
- ду дона акси рангаи андозааш 35Х45 мм.
8. Ба ашхосе, ки ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистои қабул карда шудаанд, ҳамчунин ба шахсоне, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бозпас омадаанд (баргаштаанд), шиноснома дар асоси санадҳои муқарраршуда дода мешавад.
Ба хизматчиёни ҳарбие, ки аз сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рухсат шудаанд, шиноснома дар асоси билети ҳарбӣ ё гувоҳномаи шахсӣ дода мешавад.
9. Сабт дар бораи миллат дар шиноснома мутобиқи миллати волидайн гузошта мешавад. Дар сурати гуногун будани миллати волидайн шаҳрванд ҳақ дорад, ки ё миллати падар ё миллати модари худро интихоб намояд. Миллати шаҳрванд метавонад мутобиқи миллати волидайни ӯ, аммо на зиёда аз як дафъа тағъир дода шавад.
10. Мӯҳлати эътибори шиноснома барои ашхосе, ки онро дар синни то 25-солагӣ гирифтаанд, бо синни 45 маҳдуд гардонда мешавад, ки баъди он шиноснома иваз карда мешавад. Барои ашхосе, ки шиносномаро баъди 25 солагӣ гирифтаанд, мӯҳлати эътибори он маҳдуд карда намешавад.
11. Баъди ба синни 25 ва 45-солагӣ расидани шаҳрванд дар шиносномаи ӯ аз тарафи мақомоти корҳои дохили аксҳои мутобиқи синну соли зикршуда часпонда мешаванд. Шиносномае, ки чунин аксҳоро надорад, беэътибор ҳисобида мешавад.
12. Иваз намудани шиноснома дар ҳолатҳои зерин анҷом дода мешавад:
- гузаштани мӯҳлати эътибори он;
- тағъир додани насаб, ном, номи падар ва миллат;
- ошкор гардидани иштибоҳот дар қайдҳо;
- ғайри қобили истифода будани шиноснома.
13. Барои иваз кардани шиноснома пешниҳод карда мешаванд:
- ариза мувофиқи намунае, ки аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст;
- шиносномае, ки бояд иваз шавад;
- ду дона акси рангаи андозааш 35Х45 мм.
Барои иваз намудани шиноснома бинобар тағъири насаб, ном, номи падар ва ё ошкор шудани иштибоҳот дар қайдҳо, ҳамчунин асноде пешниҳод карда мешаванд, ки ин ҳолатҳоро тасдиқ мекунанд.
14. Аснод ва аксҳо барои гирифтани шиноснома ва ивази он ё барои ба шиноснома часпонидани аксҳои нав бояд ба мақомоти корҳои дохилии маҳалли зист на дертар аз як моҳи баъди расидан ба синни дахлдор пешниҳод карда шаванд.
15. Шаҳрвандон вазифадоранд, ки шиносномаро боэҳтиёт нигоҳ доранд ва дар сурати гум кардани он фавран ба мақомоти корҳои дохилӣ барои гирифтани шиносномаи нав ба ивази шиносномаи гумшуда муроҷиат намоянд.
Ҳангоми гум шудани шиноснома шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба таври доимӣ ё муваққатӣ дар хориҷа истиқомат мекунанд, ба намояндагиҳои дипломатӣ ё консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат мекунанд.
16. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зерин шиносномаҳои худро ба мақомоти корҳои дохилӣ месупоранд;
- ҳангоми даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ;
- ҳангоми баромадан аз шаҳрвандӣ ва ё аз даст додани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар сурати дохил шудан ба муассисаҳои таълимии ҳарбӣ шиноснома ба дастгоҳи кадрҳои муассисаҳои мазкур супорида мешавад.
Ҳангоми ба хориҷа барои истиқомати муваққатӣ рафтан шиноснома ба муассисаи дахлдори мақоми гирифтани аснод ҷиҳати сафар ба хориҷа супорида мешавад.
Шиносномаҳои фавтидагон ба мақомоти шӯъбаҳои сабти ҳолатҳои шаҳрвандон супорида мешаванд ва шӯъбаҳои мазкур баъди сабти далели марг чунин шиносномаҳоро ба мақомоти корҳои дохилӣ мефиристанд.
Шимосномаҳои ёфтшуда бояд ба мақомоти корҳои дохилӣ супорида шаванд.
17. Шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳангоми дастгир кардан ва ба ҳабс гирифтани мақомоти таҳқиқи ибтидоӣ, тафтишоти пешакӣ, прокурор ва суд метавонанд забт намоянд.
Ҳангоми аз ҳабс озод шудан ва ё ба охир расидани мӯҳлати ҷазо шиноснома ба соҳибаш баргардонда мешавад. Шипосномаи ашхосе, ки шартан аз маҳалҳои маҳрумияти озодӣ бо ҷалби ҳатмии онҳо ба меҳнат озод шудаанд, баъди қатъи маҳдудиятҳо баргардонида мешавад.
18. Ба замонат қабул намудан ва супоридани шиноснома, инчунин ғайр аз ҳолатҳои дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Низомнома пешбинишуда, забт намудани шиноснома манъ аст.
19. Барои додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гум кардани шиноснома мувофиқи андозаҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, музд ситонида мешавад. Боҷҳо барои додани шиноснома ва ҷаримаҳо барои гум кардани шиноснома ба даромади буҷети ҷумҳурӣ гузаронида мешаванд.
III. Бақайдгирӣ, сабт ва азқайдбарорӣ
20. Шаҳрвандон вазифадоранд, ки дар маҳалли зисти доимӣ дар қайд бошанд ва дар маҳалли истиқомати муваққатӣ сабт карда шаванд. Бақайдгириро дар маҳалли зист мақомоти корҳои дохилӣ анҷом медиҳанд.
21. Шахсони зерин бояд дар маҳалли зист ба қайд гирифта шаванд:
- шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба таври доимӣ дар қаламрави он истиқомат доранд;
- шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба таври доимӣ дар хориҷ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат менамоянд ва ба мӯҳлати зиёда аз 6 моҳ барои истиқомати муваққатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд;
- шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз як маҳал ба маҳали дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати зиёда аз 6 моҳ барои истиқомати муваққатӣ омадаанд;
- шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабаа, ки ба таври доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат доранд;
- низомиёне, ки берун аз казармаҳо истиқомат мекунанд
Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабаа, ки бо корҳои хизматӣ ва ё шахси муваққатан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд, мувофиқи тартиби бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда ба қайд гирифта мешаванд.
22. Бақайдгирӣ дар маҳалли зист дар асоси асноди зайл, ки шахсиятро тасдиқ менамояд, сурат мегирад:
- шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шиноснома дошта, ба таври доимӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат менамоянд - дар асоси шиносномаҳо;
- кӯдаконе, ки ба синни 16 нарасида, алоҳида аз волидайн (сарпарастон, мураббиён) сукунат доранд - дар асоси шаҳодатнома дар бораи таваллуд;
- шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба таври доимӣ дар хориҷа сукунат доранд ва барои сукунати муваққатӣ ба муддати зиёда аз 6 моҳ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд - дар асоси шиноснома, ё ки асноди онро ивазкунанда;
- шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бетабаа, ки ба таври доими дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сукунат доранд - дар асоси асноди зист;
- хизматчиёни низомии Нерӯҳои сулҳовари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил - дар асоси тасдиқномаҳое, ки роҳбарияти қисмҳо ва муассисаҳои ҳарбӣ пешниҳод менамоянд.
23. Шахсоне, ки бояд ба қайд гирифта шаванд, ӯҳдадоранд, дар муддати 7 рӯз асноди зайлро барои бақайдгирӣ ба шӯъбаи корҳои дохилии маҳалли зист пешниҳод намоянд:
- ариза мувофиқи намунаи муқарраркардаи Вазорати корҳои дохилӣ, ки аз ризоияти шахси манзили истиқоматиро пешниҳоднамуда ва тамоми аъзои ба балоғатрасидаи оила, ки якҷоя истиқомат доранд, иборат аст;
- як аз асноде, ки дар банди 22 Низомномаи мазкур нишон дода шудааст.
24. Ҳангоми бақайдгирӣ, дар маҳалли истиқомат ба андозаи бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда боҷи давлатӣ ситонида мешавад.
25. Чунин ашхос дар мақомоти корҳои дохилӣ аз қайд бароварда мешаванд, ки:
- ба маҳалли дигари истиқомат рафтаанд;
- ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват шудаанд;
- ҳуқуқи истифодаи манзили истиқоматиро, ки аз тарафи суд тасдиқ шудааст, аз даст додаанд;
- вафот кардаанд.
26. Бақайдгирӣ дар маҳалли истиқомат, ки аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ ба расмият дароварда шудааст, аз тарафи мақомоти корҳои дохилии болотар ё суд сурате бекор карда мешавад, ки дар вақти ба расмият даровардан қоидаҳои Низомномаи мазкур, дигар асноди меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё созишномаҳои байнидавлатӣ вайрон карда шуда бошанд.
Талабот дар хусуси бекор кардани қайди маҳалли истиқомат имкон дорад, ки аз ҷониби ашхоси ҳуқуқӣ ё воқеии манфиатдор дар мӯҳлати бо асноди меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда баён гардад.
27. Намунаҳои асноде, ки барои бақайдгирӣ заруранд, аз тарафи Вазорати корҳои дохилӣ муқаррар карда мешаванд.
IV. Ашхосе, ки барои риояи қоидаҳои низоми шиноснома масъуланд
28. Масъулият барои риояи қоидаҳои низоми шиноснома ба зиммаи ашхоси зерин гузошта мешавад:
- шаҳрвандон;
- роҳбарони идора (шӯъба)-ҳои истиқоматию истифодабарӣ ва истиқоматию коммуналӣ, дирекцияҳои истифодабарии биноҳо, мудирони хонаҳо, комендантҳои хонаҳо, хобгоҳҳо ва кооперативҳои сохтмони бӯстонсароҳо, мудирони меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, хонаҳои истироҳат, пансионатҳо, базаҳои туристӣ, беморхонаҳо, хона-интернатҳо барои кӯҳансолон ва маъюбон, хона-интернатҳо барои кӯдакон ва дигар муассисаҳое, ки дар онҳо шаҳрвандон бояд ба қайд гирифта шаванд;
- роҳбарони муассисаҳо, ташкилоту корхонаҳо ва дигар ташкилотҳое, ки сафарҳои туристии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба хориҷи кишвар анҷом медиҳанд;
- соҳибхонаҳо ва дигар ашхосе, ки иморату биноҳои истиқоматиро дар ихтиёр доранд;
- ашхосе, ки шаҳрвандонро дар асоси кироя ё қарордод ба кор қабул менамоянд;
- мақомоти сабти ҳолатҳои шаҳрвандон, ки ақди никоҳ ва бекоркунии ақди никоҳ, таваллуди атфолро ба қайд мегиранд.
V. Масъулият барои вайрон кардани қоидаҳои низоми шиноснома
29. Ашхосе, ки Низомномаи мазкурро вайрон намудаанд, мувофиқи тартиби дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда масъулият доранд.
ПОЛОЖЕНИЕ О ПАСПОРТНОЙ СИСТЕМЕ В РЕСПУБЛИКЕ ТАДЖИКИСТАН
(в редакции Постановления Правительства РТ от 16.10.1998г.№414, от 29.12.2012г. № 771)
I. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ
1. Паспорт гражданина Республики Таджикистан является основным документом, удостоверяющим личность гражданина Республики Таджикистан и действителен для въезда, выезда и передвижения по территории стран Содружества Независимых Государств.
Паспорт гражданина Республики Таджикистан обязаны иметь все граждане Республики Таджикистан, достигшие 16 летнего возраста.
2. Паспорт является собственностью Республики Таджикистан, и его владелец пользуется защитой и покровительством Республики Таджикистан.
3. Военнослужащие Вооруженных Сил Республики Таджикистан, а также Миротворческих Сил Содружества Независимых Государств, состоящие на военной службе в частях, дислоцированных на территории Республики Таджикистан, являющиеся гражданами других государств, проживают по удостоверениям личности и военным билетам, выдаваемыми командованием воинских частей и военных учреждений.
4. Граждане Республики Таджикистан, постоянно проживающие за границей, пребывают в Республике Таджикистан по паспорту гражданина Республики Таджикистан, либо заменяющему его документу.
5. Иностранные граждане и лица без гражданства проживают на территории Республики Таджикистан по документам, установленным законодательством Республики Таджикистан, за исключением граждан стран Содружества Независимых Государств, имеющих с Республикой Таджикистан соглашения о безвизовом въезде и выезде.
6. Паспорт заполняется на государственном и русском языках и содержит сведения:
- о фамилии, имени, отчестве;
- о дате и месте рождения;
- о поле;
- о национальности;
- об органе внутренних дел, выдавшем паспорт;
- о дате выдачи паспорта;
- дата окончания срока действия паспорта;
- подпись владельца паспорта.
В паспорт вносятся следующие записи и отметки:
- о прописке и выписке;
- о регистрации и расторжении брака;
- об отношении к воинской обязанности;
- о несовершеннолетних детях;
- о группе и резусе принадлежности крови;
- идентификационный номер налогоплатильщика о пастановке на учет (налоговой регистрации) в налоговом органе
Отметки в паспорте проставляются штампами, формы которых устанавливаются Министерством внутренних дел Республики Таджикистан.
Производить в паспорте какие-либо другие отметки запрещается.
II. ВЫДАЧА И ПОЛЬЗОВАНИЕ ПАСПОРТА ГРАЖДАНИНА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
7. Выдача и замена паспорта производится органами внутренних дел по месту жительства граждан, а лицам, постоянно проживающим за границей и приобретшим гражданство Республики Таджикистан - дипломатическими представительствами или консульскими учреждениями Республики Таджикистан.
Для получения паспорта гражданина представляются:
- заявление по форме, установленной Министерством внутренних дел Республики Таджикистан;
- свидетельство о рождении (при получении паспорта впервые);
- две черно-белые фотографические карточки размером 35 х 45 мм.
8. Лицам, принятым в гражданство Республики Таджикистан, а также прибывшим в Республику Таджикистан в порядке репатриации, паспорт выдается на основании установленных документов.
Военнослужащим, уволенным из рядов Вооруженных Сил Республики Таджикистан, паспорт выдается на основании военного билета или удостоверения личности.
9. Запись о национальности в паспорте производится в соответствии с национальностью родителей. При различных национальностях родителей, гражданин имеет право добровольного выбора национальности по отцу или матери. Национальность гражданина может быть изменена в соответствии с национальностью его родителей, но не более одного раза.
10. Срок действия паспорта для лиц, получивших его в возрасте до 25 лет, ограничивается возрастом 45 лет, после чего производится замена паспорта. Для лиц, получивших паспорт в возрасте старше 25 лет, срок его действия не ограничивается.
11. По достижении гражданами 25 летнего и 45 летнего возраста органами внутренних дел в паспорт вклеиваются новые фотографические карточки, соответствующие этим возрастам. Паспорт, не имеющий таких фотографических карточек, является недействительным.
12. Замена паспорта производится в случаях:
- истечения срока его действия;
- изменения фамилии, имени, отчества и национальности;
- установления неточностей в записи;
- негодности для использования.
13. Для замены паспорта гражданами представляются:
- заявление по форме, установленной МВД Республики Таджикистан;
- паспорт, подлежащий замене;
- две черно-белые фотографические карточки размером 35 х 45 мм.
Для замены паспорта в связи с изменением фамилии, имени, отчества, национальности, либо при установлении неточностей в записях, также представляются документы, подтверждающие эти обстоятельства.
14. Документы и фотографические карточки для получения и замены паспорта или вклеивания в паспорт новых фотографических карточек должны быть сданы гражданами в органы внутренних дел по месту жительства не позднее месячного срока после достижения соответствующего возраста.
15. Граждане обязаны бережно хранить паспорт, а в случае его утраты немедленно обратиться в органы внутренних дел для получения паспорта взамен утраченного.
При утрате паспорта граждане Республики Таджикистан, постоянно проживающие или временно пребывающие за границей, обращаются в дипломатические представительства или консульские учреждения Республики Таджикистан.
16. Граждане Республики Таджикистан сдают паспорта в органы внутренних дел в случаях:
- призыва на срочную военную службу;
- при выходе из гражданства и утрате гражданства Республики Таджикистан.
При зачислении в военное учебное заведение паспорт сдается в кадровый аппарат этого заведения.
При выезде за границу на временное жительство паспорт сдается в соответствующее учреждение по месту получения документов на выезд за границу.
Паспорта умерших сдаются в органы ЗАГС, которые направляют их после регистрации факта смерти в органы внутренних дел.
Найденные паспорта подлежат сдаче в органы внутренних дел.
17. Паспорт гражданина Республики Таджикистан при задержании и заключении под стражу может быть изъят органами дознания предварительного следствия, прокуратуры и судом.
При освобождении из под стражи или отбытии наказания паспорт возвращается его владельцу. Лицам, условно освобожденным из мест лишения свободы с обязательным привлечением к труду, паспорт возвращается после снятия с них ограничений.
18. Запрещается прием и передача паспорта в залог, а также изъятие паспорта кроме случаев, предусмотренных законодательством Республики Таджикистан и настоящим Положением.
19. За выдачу паспорта гражданина Республики Таджикистан и за утрату паспорта взимается плата в размере, установленном Правительством Республики Таджикистан. Сборы за выдачу паспортов и штрафные санкции за утрату паспортов зачисляются в доход республиканского бюджета.
III. ПРОПИСКА, РЕГИСТРАЦИЯ, ВЫПИСКА
20. Граждане обязаны прописаться по постоянному месту жительства, зарегистрироваться по месту временного пребывания. Прописку по месту жительства производят органы внутренних дел.
21. Прописке по месту жительства подлежат:
- граждане Республики Таджикистан, постоянно проживающие на ее территории;
- граждане Республики Таджикистан, постоянно проживающие за границей, прибывшие в Республику Таджикистан на временное жительство сроком свыше 6 месяцев;
- граждане Республики Таджикистан, прибывшие из одной местности в другую местность Республики Таджикистан на временное жительство сроком свыше 6 месяцев;
- иностранные граждане и лица без гражданства, постоянно проживающие в Республике Таджикистан;
- военнослужащие, проживающие вне казарм.
Иностранные граждане и лица без гражданства, временно прибывшие в Республику Таджикистан по служебным или частным делам, регистрируются в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан.
22. Прописка по месту жительства осуществляется по следующим документам, удостоверяющим личность:
- граждан Республики Таджикистан, имеющим паспорта, постоянно проживающим на территории Республики Таджикистан - по паспортам;
- детей, не достигших 16 летнего возраста, проживающих отдельно от родителей (опекунов, попечителей) - по свидетельствам о рождении;
- граждан Республики Таджикистан, постоянно проживающих за границей, прибывших на временное жительство в Республику Таджикистан срок свыше 6 месяцев - по паспортам или заменяющим их документам;
- иностранные граждане и лица без гражданства, постоянно проживающие в республике - по видам на жительство;
- военнослужащие Миротворческих Сил СНГ - по справкам, представляемым командованием воинских частей и учреждений.
23. Лица, подлежащие прописке, обязаны в 7 дневный срок представить в паспортные подразделения территориальных органов внутренних дел следующие документы на прописку:
- заявление по форме, установленной МВД, содержащее согласие на прописку лица, представившего жилую площадь и всех совместно проживающих совершеннолетних членов семьи;
- один из документов, указанных в п.22 настоящего Положения.
24. При прописке по месту жительства взимается госпошлина в размере, установленном законодательством Республики Таджикистан.
25. Выписке в органах внутренних дел подлежат следующие лица:
- выбывшие в другое место жительства;
- призванные на срочную военную службу;
- признанные судом утратившим право пользования жилым помещением;
- умершие.
26. Прописка по месту жительства может быть аннулирована органом внутренних дел, оформившим ее, вышестоящим органом внутренних дел или судом в случае, если при ее оформлении допущены нарушения настоящего Положения и иных нормативных актов Республики Таджикистан и межгосударственных соглашений.
Требование об аннулировании прописки по месту жительства может быть заявлено заинтересованными юридическим или физическим лицом в сроки, установленные нормативными актами Республики Таджикистан.
27. Формы документов, необходимых для осуществления прописки по месту жительства устанавливаются МВД Республики Таджикистан.
IV. ЛИЦА, ОТВЕТСТВЕННЫЕ ЗА СОБЛЮДЕНИЕ ПРАВИЛ ПАСПОРТНОЙ СИСТЕМЫ
28. Ответственность за соблюдение правил паспортной системы возлагается на:
- граждан;
- руководителей жилищно-эксплуатационных и жилищно-коммунальных контор (отделов), дирекций по эксплуатации зданий, управляющих домами, комендантов домов, общежитии и дачно-строительных кооперативов, директоров (заведующих) гостиниц, санаториев, домов отдыха, пансионатов, туристических баз, больниц, домов-интернатов для престарелых и инвалидов, домов-интернатов для детей и других учреждений, в которых граждане подлежат регистрации;
- руководителей предприятий, организаций, учреждений и других организаций, осуществляющих туристические поездки граждан Республики Таджикистан за рубеж;
- домовладельцев и других лиц, в ведении которых находятся здания и помещения;
- лиц, принимающих на работу граждан по найму или контракту;
- органы ЗАГС, осуществляющих регистрацию и расторжение брака и регистрацию рождения детей.
V. ОТВЕТСТВЕННОСТЬ ЗА НАРУШЕНИЕ ПРАВИЛ ПАСПОРТНОЙ СИСТЕМЫ
29. Лица, нарушившие настоящее Положение, несут ответственность в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан.