Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 июли соли 1992, № 255 "Дар бораи баъзе масъалаҳои ба паспорти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил кардани қайдҳо дар хусуси миллат"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ДЕВОНИ ВАЗИРОНИ ҶУМУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи баъзе масъалаҳои ба паспорти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил кардани қайдҳо дар хусуси миллат

 

Бо назардошти хоҳишу дархостҳои бисьёри шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муқаррар карда шавад, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом вақте хоҳад, метавонад мутобиқи миллати яке аз волидайн, агар волидайнаш гуногунмиллат бошанд, сабти миллаташро дар паспорташ тағьир диҳад.

2. Тағьири миллатро мақомоти корҳои дохилии ҷои зисти аризадиҳанда анҷом медиҳад.

3. Тағьири миллат инчунин барои шахсоне, ки то қабули қарори мазкур интихоби миллат намудаанд, иҷозат дода мешавад.

 

Сарвазири

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                           А. Мирзоев

Ҷонишини

Мудири Корҳои Девони Вазирони

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                           И. Бозоров

ш. Душанбе,

аз 14 июли соли 1992, № 255

 

Утратил силу в редакции постановления Правительства РТ
                          от 13.06.2014г. № 406

КАБИНЕТ МИНИСТРОВ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

"О НЕКОТОРЫХ ВОПРОСАХ ВНЕСЕНИЯ В ПАСПОРТА ГРАЖДАН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН ЗАПИСИ О НАЦИОНАЛЬНОСТИ"

Учитывая многочисленные пожелания граждан Республики Таджикистан, Кабинет Министров Республики Таджикистан постановляет:

1. Установить, что запись о национальности в паспорте гражданина Республики Таджикистан, если его родители разных национальностей, может быть в любое время изменена на национальность одного из них по желанию гражданина.

2. Изменение национальности производится органами внутренних дел по месту проживания заявителя.

3. Изменение национальности допускается также в отношении лиц, которые избрали национальность до принятия настоящего постановления.

Премьер-министр

Республики Таджикистан А.МИРЗОЕВ

Зам.Управляющего

делами Кабинета Министров

Республики Таджикистан И.БАЗАРОВ

от 14 июля 1992 года № 255

г.Душанбе