ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҚАБУЛ НАМУДАНИ КОДЕКСИ АНДОЗИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА МАВРИДИ АМАЛ ҚАРОР ДОДАНИ ОН
Моддаи 1
1. Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шавад.
2. Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2005 мавриди амал қарор дода шавад.
3. Муқаррароти сархати панҷуми қисми 16 моддаи 45 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2006 мавриди амал қарор дода шавад.
Моддаи 2
Аз 1 январи соли 2005 санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерин беэътибор дониста шаванд:
1) Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 1998 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1998, №21, моддаи 284; соли 1999, №6, моддаи 162; № 12, моддаи 345; соли 2001, №7, моддаи 478; соли 2002, №4, қисми 1, моддаи 164; моддаи 173; моддаи 209; моддаи 236; моддаи 239; моддаи 290; №11, моддаи 747; соли 2003, №4, моддаи 133; моддаи 137; №8, моддаи 454; №12, моддаи 693; соли 2004, №5, моддаи 344; №7, моддаи 456);
2) Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 1998 "Дар бораи тартиби мавриди амал қарор додани Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1998, №21, моддаи 285; соли 1999, №6, моддаи 164; №11, моддаи 277; соли 2001, №5, моддаи 342);
3) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 1999 "Дар бораи муқаррар намудани коэффисиентҳои индексатсияи меъёри андози замин" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1999, №12, моддаи 342).
Моддаи 3
Минбаъд, то ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ намудани қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба андозбанди дар қисмате, ки ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф намебошанд, татбиқ карда мешаванд.
Моддаи 4
Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои ҳуқуқии андози, ки пас аз мавриди амал қарор додани он ба миён меоянд, татбиқ карда мешавад.
Дар муносибатҳои ҳуқуқии андозие, ки то мавриди амал қарор додани он ба миён омадаанд, Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳое татбиқ карда мешавад, ки онҳо пас аз мавриди амал қарор додани он ба миён меоянд, агар мӯҳлатҳои муқарраршудаи мурури даъво нагузашта бошанд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
3 декабри соли 2004 № 61
Закон Республики Таджикистан
О принятии Налогового кодекса Республики Таджикистан и введении его в действие
Статья 1
1. Принять Налоговый кодекс Республики Таджикистан.
2. Ввести в действие Налоговый кодекс Республики Таджикистан с 1 января 2005 года.
3. Положения пятого абзаца части 16 статьи 45 Налогового кодекса Республики Таджикистан ввести в действие с 1 января 2006 года.
Статья 2
Признать утратившими силу с 1 января 2005 года следующие нормативные правовые акты:
1) Налоговый кодекс Республики Таджикистан от 12 ноября 1998 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1998 год, №21. статья 284; 1999 год, №6, статья 162; №12, статья 345; 2001 гол, .^"ч статья 478; 2002 год, №4, часть 1, статья 164; статья 173; статья 209: статья 236; статья 239; статья 290; №11, статья 747; 2003 год, №4, статья 133; статья 137; №8, статья 454; №12, статья 693; 2004 год, .>ё5. статья 344; №7, статья 456);
2) Постановление Маджлиси Оли Республики Таджикистан от 12 ноября 1998 года "О порядке введения в действие Налогового кодекса Республики Таджикистан" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1998 год, №21, статья 285; 1999 год, №6, статья 164; №11, статья 277; 2001 год, №5, статья 342);
3) Закон Республики Таджикистан от 11 декабря 1999 года "Об установлении коэффициентов индексации ставок земельного налога" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1999 год, №12, статья 342).
Статья 3
Впредь, до приведения в соответствие с Налоговым кодексом Республики Таджикистан законов и иных нормативных правовых актов Республики Таджикистан, законы и нормативные правовые акты Республики Таджикистан, связанные с налогообложением применяются в части, не противоречащей Налоговому кодексу Республики Таджикистан.
Статья 4
Налоговый кодекс Республики Таджикистан применяется к налоговым правоотношениям, возникающим после его введения в действие.
К налоговым правоотношениям, возникшим до его введения в действие, Налоговый кодекс Республики Таджикистан применяется к тем правам и обязанностям, которые возникнут после введения его в действие, если не истекли установленные сроки исковой давности.
Президент
Республики Таджикистан Э. РАХМОНОВ
г. Душанбе
3 декабря 2004 года №61