ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба "Дар бораи масъалаҳои аз ҷониби корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ҷуброн гардидани зараре, ки ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои меҳнатӣ дар шакли маъюбӣ, бемории касбӣ ё осеб дидани саломатӣ ба кормандон расонида шудааст, ки бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 20 марти соли 1994 № 134 тасдиқ шудааст
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба банди 29-и "Дар бораи масъалаҳои аз ҷониби корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ҷуброн гардидани зараре, ки ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои меҳнатӣ дар шакли маъюбӣ, бемории касбӣ ё осеб дидани саломатӣ ба кормандон расонида шудааст", ки бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 1994 № 134 тасдиқ шудааст, сархатҳои дорои мазмуни зайл илова карда шавад:
"Музди меҳнати миёнаи солонаи саробони фавтида ба тарзи ҷамъ намудани музди кори индексатсиякардашудаи солҳои охири пеш аз марги ӯ (лекин на зиёда аз даҳ сол) ба индекси афзоиши музди меҳнат дар кархонае, ки дар он фалокат рӯй додааст, муайян карда мешавад.
Аз шумораи солҳое, ки музди меҳнати миёнаи солона ҳисоб карда мешавад, солҳое, ки марҳум аз 12 моҳ кам кор кардааст, хориҷ карда мешавад. Барои ҳар соле, ки ҷиҳати хисоб қабул шудааст, мувофиқи тартиби муқарраршуда, музди меҳнати миёнаи моҳона ҳисоб карда мешавад.
Ҳисоби коэффитсиентҳо барои солҳои гузашта ҷиҳати индексатсияи музди меҳнати марҳум ба тарзи бароварди музди меҳнати миёнаи умумии корхона дар солҳои фаъолияти марҳум, ки барои ҳисоби кӯмакпулии яквақта интихоб шудааст, сурат мегирад. Музди меҳнати миёнаи моҳонаи корхона дар лаҳзаи пардохти кӯмакпулии яквақта, ҳангоми аз даст додани саробон, ба музди меҳнати миёнаи моҳонаи кархона дар солҳое, ки барои ҳисоби кӯмакпули интихоб шудааст, тақсим карда мешавад.
Коэффисиентҳои бо ҳамин усул ҳисоб карда шуда, ба андозаи музди меҳнати миёнаи марҳум дар солҳои мутобиқ зарб карда мешавад. Ба музди меҳнати миёнаи соле, ки сарбон ба ҳалокат расидааст, коэффициенти 1,0 истифада мешавад.
Музди меҳнати миёнаи моҳонаи бо ин усул бадастдаровардашудаи марҳум барои ҳар як сол, ки барои ҳисоби кӯмакпули муайян шудааст, ба 12 зарб карда мешавад. Натиҷаҳо ҷамъбанди шуда, ба шумораи моҳҳои солҳое, ки барои ҳисоби андозаи кӯмакпули интихоб шудааст, тақсим карда мешавад. Музди меҳнати миёнаи моҳонаи бо ин усул ҳисобкардашуда, ба 120 зарб карда мешавад (шумораи моҳҳо дар 10 сол).
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 11 марти соли 2000 № 103
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении дополнения в "Правила возмещения предприятиями, учреждениями, организациями ущерба, причиненного работникам увечьем, профессиональным заболеванием, либо иным повреждением здоровья, связанным с исполнением трудовых обязанностей", утвержденных постановлением Со вета Министров Республики Таджикистан от 20 марта 1994 года №134
Правительство Республики Таджикистан постановляет:
Пункт 29. "Правила возмещения предприятиями, учреждениями, организациями ущерба, причиненного работникам увечьем профессиональным заболеванием, либо иным повреждением здоровья связанным с исполнением трудовых обязанностей", утвержденных постановлением Совета Министров Республики Таджикистан от 20 марта 1994 года №134, дополнить абзацами следующего содержания:
"Среднегодовой заработок погибшего кормильца определяйся путем суммирования проиндексированных на индекс роста заработной платы на предприятии признавшем вину случившегося несчастного случая, его заработков за последние предшествующие гибели годы (но не более чем за десять лет).
Из числа лет, за которые подсчитывается среднегодовой заработок, исключаются те, в которых погибший работал менее 12 месяцев. За каждый год, из лет принятых для расчета, в установленном порядке, подсчитывается среднемесячный заработок.
Расчет коэффициентов для индексации заработка погибшего за прошлые годы осуществляется путем подсчитывания среднемесячного заработка в целом по предприятию за годы работы погибшего, которые приняты для подсчета единовременного пособия. Среднемесячный заработок, сложившийся на предприятии на момент выплаты единовременного пособия по случаю потери кормильца, делится на среднемесячный заработок сложившийся на предприятии в каждом году из тех лет, которые приняты для подсчета пособия.
Полученные таким путем коэффициенты умножаются на рассчитанные размеры среднемесячного заработка погибшего кормильца в годы соответствующие рассчитанному коэффициенту. К среднему заработку за год, в котором погиб кормилец, принимается коэффициент 1.0.
Проиндексированные таким путем среднемесячные заработки за каждый год принятые для подсчета пособия, умножаются на 12. Полученные суммы складываются и результат делится на число месяцев всех лет принятых для подсчета суммы пособия. Полученный таким путем среднемесячный заработок, за годы принятые для подсчета, умножаются на 120 (число месяцев за 10 лет)".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э. Рахмонов
от 11 марта 2000 года №103
г. Душанбе