Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 2002, № 429 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ва иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июни соли 1997 № 261"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйирот ва иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июни соли 1997 № 261

Бо мақсади такмил додани фаъолияти суғуртавӣ ва тақвият бахшидани ҳимояи манфиатҳои суғуртакунандагон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июни соли 1997 № 261 "Дар бораи муқаррар намудани андозаи ҳадди ақали фонди оинномавии пардохтшаванда ба ташкилотҳои суғурта ҳангоме, ки онҳо барои анҷом додани фаъолияти суғуртавӣ литсензия мегиранд" тағйирот ва иловаҳои зайл ворид карда шаванд:

Сархати якуми банди 1 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Фонди пардохтшавандаи ташкилотҳои суғурта, ки барои гирифтани литсензияи анҷом додани фаъолияти суғуртавӣ зарур аст, ба андозаҳои зайл муқаррар карда шавад:

Ташкилотҳои давлатии суғурта на камтар аз 50 - ҳазор каратаи маоши ҳадди ақал, ташкилотҳои ғайридавлатии суғурта на камтар аз 5ҳазор каратаи маоши ҳадди ақал, ташкилотҳои давлатии такроран суғуртакунанда на камтар аз 60 - ҳазор каратаи маоши ҳадди ақал, ташкилотҳои ғайридавлатии такроран суғуртакунанда на камтар аз 30 -ҳазор каратаи маоши ҳадди ақали дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида".

Дар банди 2:

баъд аз калимаи "такрорансуғуртакунӣ" калимаҳои "барои ташкилотҳои суғуртаи давлатӣ" илова карда шаванд: сархати дорои мазмуни зайл илова карда шавад:

"Барои додани ҳар як литсензня (асосӣ) барои анҷом додани фаъолияти суғуртавӣ ва такроран суғуртакунонӣ дар ҳаҷми 25 - каратаи маоши ҳадди ақал ва барои литсензияи иловагӣ ба андозаи 15 - каратаи маоши ҳадди ақали дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида пардохт муайян карда шавад".

2. Банди 3 хориҷ карда шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Э. Раҳмонов

аз 4 ноябри соли 2002 № 429

ш. Душанбе

ПРАВИТЕЛЬСТВО РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 4 июня 1997 года № 261

В целях расширения и совершенствования страхового дела в Таджикистане Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Внести в постановление Правительства Республики Таджикистан от 4 июня 1997 года № 261 "Об установлении минимального размера оплачиваемого уставного фонда страховым организациям при получении ими лицензии на осуществление страховой деятельности" следующие изменения и дополнения:

Абзац первый пункта 1 изложить в следующей редакции:

"Установить оплачиваемый фонд страховых организаций, необходимый для получения лицензии на осуществление страховой деятельности, в следующих размерах:

Государственным страховым организациям - не менее 50 тысячекратной минимальной заработной платы, негосударственным страховым организациям - не менее 5 - тысячекратной минимальной заработной платы, государственным перестраховочным организациям -не менее 60 - тысячекратной минимальной заработной платы, а негосударственным перестраховочным организациям - не менее 30 -тысячекратной минимальной заработной платы, установленной в Республике Таджикистан".

В пункте 2:

после слов "перестрахование" дополнить словами "для государственных страховых организаций".

дополнить абзацем следующего содержания:

"Для негосударственных страховых организаций установить плату за выдачу каждой лицензии (основной) - на осуществление страховой деятельности и перестрахование в размере 25 - кратной минимальной заработной платы, а за дополнительные лицензии в размере 15 - кратной минимальной заработной платы, установленной в Республике Таджикистан".

2. Пункт 3 исключить.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                  Э.Рахмонов

от 4 ноября 2002 года № 429

г.Душанбе