×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июли соли 2004, № 53 "Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ

(Қонуни ҶТ аз 17.06.2026 № 2270)
(Қонуни ҶТ аз 17.06.2026 № 2270) 

БОБИ 1 МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур

Қонуни мазкур меъёрҳои ташкилию ҳуқуқиро дар соҳаи ҳифзи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматдошта (минбаъд - аҳолӣ), инчунин замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар захираҳои табииро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, иншооти таъиноти истеҳсолию иҷтимоӣ ва инчунин муҳити зистро (минбаъд - ҳудуд) аз ҳолатҳои фавқулодаи хусусияти табиӣ ва техногенидошта (минбаъд - ҳолатҳои фавқулода) муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 17.06.2026 № 2270).

Муносибатҳои ҷамъиятии оид ба пешгирии рух додан ва вусъати ҳолатҳои фавқулода, кам кардани ҳаҷми зарар ва талафот аз ҳолатҳои фавқулода, рафъи ҳолатҳои фавқулода ва саривақт огоҳ намудани аҳолии минтақаҳои хавфнок аз ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ доштаро ба танзим медарорад (Қонуни ҶТ аз 17.06.2026 № 2270).

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

Ҳолатҳои фавқулода - вазъиятест, ки дар ҳудуди муайян, дар натиҷаи садамаҳо, зуҳуроти табиии хатарнок, фалокатҳо, офатҳои табиӣ ва дигар офатҳо ба вуқӯъ омада ба талафоти ҷонӣ, зарар ба сиҳатии одамон ё муҳити табиии атроф, хисороти назарраси моддӣ ва халалдор намудани шароити зиндагию кории одамон оварда расонидааст ё оварда мерасонад (Қонуни ҶТ аз 17.06.2026 № 2270).

Ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода - маҷмуи чорабиниҳо, тарзу воситаҳо, маҷмӯи фаъолиятҳо ҷиҳати пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода (Қонуни ҶТ аз 17.06.2026 № 2270);

Пешгирии ҳолатҳои фавқулода - маҷмуи чорабиниҳои саривақт ба роҳ мондашудаест, ки барои ҳар чӣ камтар кардани хатари рух додани ҳолатҳои фавқулода, инчунин барои ҳифзи сиҳатии омма, кам кардани миқдори зарари муҳити зист ва талафоти моддӣ дар ҳолати рух додани онҳо, нигаронида шудааст (Қонуни ҶТ аз 17.06.2026 № 2270).

Рафъи ҳолатҳои фавқулода - корҳои наҷотдиҳӣ аз садама ва дигар корҳои таъхирнопазир, ки ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулода анҷом дода мешаванд ва ба наҷотдиҳии ҳаёт ва ҳифзи сиҳатии одамон, кам кардани ҳаҷм ва зарари муҳити табиии атроф ва талафоти моддӣ, инчунин барои маҳдуд кардани мавзеъҳои ҳолатҳои фавқулода, қатъ намудани фаъолияти омилҳои барои ин мавзеъҳо хатарнок нигаронида шудаанд (Қонуни ҶТ аз 17.06.2026 № 2270).

Минтақаи ҳолатҳои фавқулода - ҳудуде, ки дар он ҳолатҳои фавқулода рух додаанд (Қонуни ҶТ аз 17.06.2026 № 2270).

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ЗАЩИТЕ НАСЕЛЕНИЯ И ТЕРРИТОРИЙ ОТ ЧРЕЗВЫЧАЙНЫХ СИТУАЦИЙ ПРИРОДНОГО И ТЕХНОГЕННОГО ХАРАКТЕРА

ГЛАВА I. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

Статья 1. Цель настоящего Закона

Настоящий Закон определяет организационно-правовые нормы в области защиты граждан Республики Таджикистан, иностранных граждан и лиц без гражданства, находящихся на территории Республики Таджикистан (далее - население), а также земля, ее недра, вода, воздушное пространство, животный и растительный мир и другие природные ресурсы в пределах Республики Таджикистан, объектов производственного и социального назначения, а также окружающей природной среды (далее - территории) от чрезвычайных ситуаций природного и техногенного характера (далеечрезвычайные ситуации).

Регулирует общественное отношение по предупреждению возникновения и развития чрезвычайных ситуаций, снижению размеров ущерба и потерь от чрезвычайных ситуаций, ликвидации чрезвычайных ситуаций и своевременное оповещение населения опасных зон от чрезвычайных ситуаций природного и техногенного характера.

Статья 2. Основные понятия

В настоящем Законе используются следующие основные понятия:

Чрезвычайная ситуация - это обстановка на определенной территории, сложившаяся в результате аварии, опасного природного явления, катастрофы, стихийного или иного бедствия, которые могут повлечь или повлекли за собой человеческие жертвы, ущерб здоровью людей или окружающей природной среде, значительные материальные потери и нарушения условий жизнедеятельности людей.

Защита населения и территорий от чрезвычайных ситуаций - система мер, способов, средств, совокупность действий по предупреждению и ликвидации чрезвычайных ситуаций.

Предупреждение чрезвычайных ситуаций - комплекс мероприятий, проводимых заблаговременно и направленных на максимально возможное уменьшение риска возникновения чрезвычайных ситуаций, а также на сохранение здоровья людей, снижение размеров ущерба окружающей природной среде и материальных потерь в случае их возникновения.

Ликвидация чрезвычайных ситуаций - аварийно-спасательные и другие неотложные работы, проводимые при возникновении чрезвычайных ситуаций и направленные на спасение жизни и сохранение здоровья людей, снижение размеров и ущерба окружающей природной среде и материальных потерь, а также на локализацию зон чрезвычайных ситуаций, прекращения действия характерных для них опасных факторов.

Зона чрезвычайной ситуации - территория, на которой сложилась чрезвычайная ситуация.

Статья 3. Законодательство Республики Таджикистан в области защиты населения и территории от чрезвычайных ситуаций

Законодательство Республики Таджикистан в области защиты населения и территорий от чрезвычайных ситуаций основывается на Конституции Республики Таджикистан и состоит из настоящего Закона, других нормативных правовых актов Республики Таджикистан, а также международных правовых актов, признанных Республикой Таджикистан.

...