Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 феврали соли 1998, № 58 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 маи соли 1997 "Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 1997 № 156 "Дар бораи чораҳои иловагии ба низом даровардани шартҳои барориш, тартиби муомилот ва истифодаи чекҳои номии хусусигардонӣ" калимаҳои "мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ (ҳукуматҳо)" бо калимаҳои "Раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо" иваз карда шаванд.

2. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 маи 1997 № 179 "Дар бораи тасдиқ намудани Тартиби ҷудо кардани бахшҳо ва воҳидҳои сохтории корхонаҳо барои фурӯши минбаъдаи онҳо ҳамчун объекҳои мустақили хусусигардонӣ" тағьироти зерин ворид карда шавад:

дар муқаддима ишора ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 № 194 "Дар бораи ғайридавлатикунонӣ ва хусусигардонии моликияти давлатӣ" бо ишора ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 маи соли 1997 № 464 "Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ" иваз карда шавад;

дар банди 1.1 ва банди 2.7 Тартиби ҷудо кардани бахшҳо ва воҳидҳои сохтории корхонаҳо барои фурӯши минбадаи онҳо ҳамчун объектҳои мустақили хусусигардонӣ ишора ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 № 194 "Дар бораи ғайридавлатикунонӣ ва хусусигардонии моликияти давлатӣ" бо ишора ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 маи соли 1997 № 464 "Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ" иваз карда шавад;

дар банди 2.1 калимаҳои "ғайридавлатикунонӣ ва" хориҷ карда шаванд.

3. Дар банди 1 фасли 1 "Дастуруламали муайян намудани арзиши объектҳои хусусигардонӣ", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 маи соли 1997 № 181 тасдиқ гардидааст, ишора ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ғайридавлатикунонӣ ва хусусигардонии моликияти давлатӣ" бо ишора ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 маи соли 1997 № 464 "Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ" иваз карда шавад.

4. Қарорҳои зерин беэътибор дониста шавад:

қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ноябри соли 1993 № 578 "Дар бораи суръат бахшидани ҷараёни, ғайридавлатикунонӣ ва хусусигардонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон";

қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 октябри соли 1995 № 633 "Дар бораи тасдиқ намудани Низомномаи Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба хусусигардонии моликияти давлатӣ";

қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 маи соли 1996 № 203 "Дар бораи барномаи хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1996-1997";

қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 1997 № 154 "Дар бораи тартиб ва шартҳои саҳомигардонии заводҳои пахтатозакунӣ".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                       Э.Раҳмонов

аз 20 феврали соли 1998 № 58

ш. Душанбе

ПРАВИТЕЛЬСТВО РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

"О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В НЕКОТОРЫЕ РЕШЕНИЯ ПРАВИТЕЛЬСТВА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН"

Во исполнение Закона Республики Таджикистан от 16 мая 1997 года "О приватизации государственной собственности", Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. В пункте 2 постановления Правительства Республики Таджикистан от 4 апреля 1997г. №156 "О дополнительных мерах по упорядочению условий выпуска, порядка обращения и использования именных приватизационных чеков" слова "органам исполнительной власти на местах (хукуматам)" заменить словами "Председателям областей, городов и районов".

2. В постановлении Правительства Республики Таджикистан от 4 мая 1997г. №179 "Об утверждении Порядка выделения подразделений и структурных единиц предприятий для дальнейшей их продажи как самостоятельных объектов приватизации" внести следующие изменения:

в преамбуле указание на Закон Республики Таджикистан от 4 ноября 1995 года №194 "О разгосударствлении и приватизации государственной собственности" заменить указанием на Закон Республики Таджикистан от 16 мая 1997 года №464 "О приватизации государственной собственности";

в пункте 1.1 и в пункте 2.7 Порядка выделения подразделений и структурных единиц предприятий для дальнейшей их продажи как самостоятельных объектов приватизации указание на Закон Республики Таджикистан от 4 ноября 1995 года №194 "О разгосударствлении и приватизации государственной собственности", Закона Республики Таджикистан от 16 мая 1997 года №464 "О приватизации государственной собственности";

в пункте 2.1 слова "разгосударствление и" исключить.

3. В пункте 1 раздела 1 "Инструкции по оценке стоимости объектов приватизации", утвержденной постановлением Правительства Республики Таджикистан от 4 мая 1997г. №181, указание на Закон Республики Таджикистан "О разгосударствлении и приватизации государственной собственности" заменить указанием на Закон Республики Таджикистан от 16 мая 1997 года,№464 "О приватизации государственной собственности".

4. Признать утратившими силу:

постановление Совета Министров Республики Таджикистан от 16 ноября 1993 года №578 "Об ускорении процесса разгосударствления и приватизации в Республике Таджикистан";

постановление Правительства Республики Таджикистан от 17 октября 1995 года №633 "Об утверждении Положения о Государственной комиссии Республики Таджикистан по приватизации собственности";

постановление Правительства Республики Таджикистан от 2 мая 1996 года №203 "О программе приватизации государственной собственности в Республике Таджикистан на 1996-1997 годы";

постановление Правительства Республики Таджикистан от 4 апреля 1997 года №154 "О порядке и условиях акционирования хлопкоочистительных заводов".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан       Э.Рахмонов

от 20 февраля 1998 года, № 58

г.Душанбе