ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ БЕХАТАРИИ САНОАТИИ ОБЪЕКТҲОИ ИСТЕҲСОЛИИ ХАТАРНОК
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №2, мод. 46; с. 2005, №12, мод. 648; с. 2007, №6, мод. 438; с. 2008, №6, мод. 456, №10, мод. 815; с. 2013, №12, мод. 897)
(Қонуни ҶТ аз 28.12.2005 № 135, аз 13.06.2007 № 282, аз 18.06.2008 № 398, аз 6.10.2008 № 434, аз 28.12.2013 № 1053, аз 2.01.2020 № 1682, аз 14.05.2025 № 2178)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии таъмини бехатарии объектҳои истеҳсолии хатарнокро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намуда, ба ошкор кардан ва ҳифзу пешгирии садамаю ҳодисаҳои нохуши дар объекти истеҳсолии хатарнок рухдиҳанда равона шудааст .
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
1. Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
- бехатарии саноатии объектҳои истеҳсолии хатарнок (дар оянда бехатарии саноатӣ) - ҳолати ҳимоявии манфиатҳои ҳаётан муҳими шахсӣ ва ҷамъиятӣ аз садамаҳои хатарноки объектҳои истеҳсолӣ ва оқибатҳои садамаҳои номбаршуда;
- садама - вайроншавии иншоотҳо ва (ё) таҷҳизоти техникии дар объектҳои истеҳсолии хатарнок истифодашаванда, таркиши идоранашаванда ва (ё) ба ҳаво хориҷ шудани моддаҳои хатарнок, инчунин вайронкунии ҷараёни технологӣ, расондани зарар ба механизмҳо, таҷҳизотҳо ва иншооте, ки боиси ҳалокати одамон, зарар ба саломатии онҳо, муҳити зист ва хароб кардани объектҳои хоҷагидорӣ, зарари калони моддӣ, вайрон шудани шароити фаъолияти зиндагии одамон гардидаанд ё боиси он гардида метавонанд;
- ҳодиса - аз кор баромадан ё вайрон шудани таҷҳизоти техникии дар объектҳои истеҳсолии хатарнок истифодашаванда, баромадан аз низоми ҷараёни технологӣ, вайрон намудани талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникии муайянкунандаи қоидаҳои пешбурди кор дар объектҳои истеҳсолии хатарнок;
- таҷҳизоти техникӣ - қисмҳои эҳтиётӣ, агрегат, механизм, таҷҳизот, системаи мошин, ки дар фаъолияти истеҳсолӣ истифода мешаванд ;
- Феҳристи давлатии объектҳои истеҳсолии хатарнок - махзани ягонаи маълумот (низоми идоракунии иттилоот ва маълумоти ягона оид ба объектҳои истеҳсолӣ), ки иттилоотро оид ба объектҳои истеҳсолии хатарноки аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодашаванда дар бар мегирад ;
- ҳаммонандкунии (идентификатсияи) объектҳои истеҳсолии хатарнок - ошкор намудани объекту ташкилотҳо бо мақсади ворид кардани онҳо ба гурӯҳи (категорияҳои) объектҳои истеҳсолии хатарнок ва муайян намудани навъи онҳо мувофиқи талаботи Қонуни мазкур ;
- объекти истеҳсолии хатарнок - объекти истеҳсолӣ (корхона, коргоҳ, қитъа, майдонча, инчунин объектҳои дигари дорои хатарнокии баланд), ки дар натиҷаи сар задани садама дар он ба ҳаёт, саломатии аҳолӣ ва (ё) молу мулки он ва муҳити зист таҳдиди эҳтимолӣ ба вуҷуд меояд .
...