ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Оид ба Барномаи рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015
(Қарори Ҳукумати Ҷт аз 03.08.2007с. № 419)
Бо мақсади муайян намудани самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти миллӣ дар ояндаи дарозмуддат, дар ин асос муваффақ шудан ба caтҳи устувори иқтисодиёт ва баланд гардонидани некӯаҳволии ахолии ҷумхурӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунанд:
1. Барномаи замимагардидаи рушди иктисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015 тасдиқ, карда шавад.
2. Вазоратҳо, идораҳо ва мақомоти ҳокимияти ичроия дар маҳалаҳо (ҳукуматҳо):
- оид ба амалӣ намудани Барномаи рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015 чораҳо андешанд;
- барномаҳои рушди соҳавӣ ва минтақавии иқтисодиётро дар давраи то соли 2015 бо дарназардошти мақсад ва вазифаҳои дар Барномаи рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015 гузошташуда, таҳия намоянд.
Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳияи барномаҳои соҳавӣ ва минтақавӣ ба вазоратҳо, идораҳо ва мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалаҳо (ҳукуматҳо) мусоидат намояд.
3. Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, идораҳо ва мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо) ҳангоми тартиб додани дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ барои ояндаи миёнамухлат ва кутоҳмуҳлат, инчунин ҳангоми таҳияи лоиҳаи буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, амали гардонидани талаботи муқаррарнамудаи Барномаи рушди иқтисодии Ҷумхурии Тоҷикистонро дар давраи то соли 2015 ба эътибор гиранд.
4. Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо) расонидани Барномаи мазкурро таъмин намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 1 марта соли 2004 № 86
ш. Душанбе
ПРАВИТЕЛЬСТВО РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
"О ПРОГРАММЕ ЭКОНОМИЧЕСКОГО РАЗВИТИЯ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН НА ПЕРИОД ДО 2015 ГОДА"
(в редакции Постановления Правительства РТ от 3.08.2007г.№419)
В целях определения приоритетных направлений развития национальной экономики в долгосрочной перспективе, достижения на этой основе устойчивого экономического роста и повышения благосостояния населения республики Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить прилагаемую Программу экономического развития Республики Таджикистан на период до 2015 года.
2. Министерствам, ведомствам и органам исполнительной власти на местах (хукуматам):
- принять меры по реализации Программы экономического развития Республики Таджикистан на период до 2015 года;
- разработать отраслевые и региональные программы развития экономики на период до 2015 года с учетом целей и задач, поставленных Программой экономического развития Республики Таджикистан на период до 2015 года.
Министерству экономического развития и торговли Республики Таджикистан оказывать содействие министерствам, ведомствам и органам исполнительной власти на местах (хукуматам) в разработке отраслевых и региональных программ(в редакции Постановления Правительства РТ от 3.08.2007г.№419).
3. Министерству экономического развития и торговли Республики Таджикистан, Министерству финансов Республики Таджикистан, министерствам, ведомствам и органам исполнительной власти на местах (хукуматам) при разработке прогнозов социально-экономического развития республики на среднесрочную и краткосрочную перспективы, а также при формировании проектов республиканского и местного бюджетов предусматривать реализацию положений Программы экономического развития Республики Таджикистан на период до 2015 года(в редакции Постановления Правительства РТ от 03.08.2007г.№419).
4. Министерству экономического развития и торговли Республики Таджикистан обеспечить доведение указанной Программы до соответствующих министерств, ведомств и органов исполнительной власти на местах (хукуматов)(в редакции Постановления Правительства РТ от 3.08.2007г.№419).
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э.Рахмонов
от 1 марта 2004 года № 86
г.Душанбе