Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 1999, №892 "Дар хусуси тасдиқи Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

(Бо қарори Маҷлиси намояндагони МОҶТ аз 14.03.2007 №499 аз эътибор соқит дониста шуд)

Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

"Дар хусуси тасдиқи Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомномаи дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.

2. Қарори мазкур аз рӯзи нашраш мавриди амал қарор дода мешавад.

Раиси

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон              С. Раҷабов

ш. Душанбе,

аз 11 декабри соли 1999, №892

НИЗОМНОМАИ ДАР БОРАИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

2. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед, аз ҷои чӯбдаста дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷи тансиқ шуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Таносуби бару дарозии умумии парчам 1:2 аст.

Тоҷ ва ситораҳои парчам дар шакли росткунҷае ҷой дода шудааст, ки паҳлӯи амудиаш 0,8 ва паҳлӯи уфуқиаш 1,0-и паҳнои рахи сафед аст. Ситораҳои панҷгӯша дар доираи қутраш 0,15 акс ёфта, дар нимдоира радиусаш 0,5-и паҳнои рахи сафед ҷой мегиранд.

Тоҷи баландиаш 0,55-и паҳнои рахи сафед, ба асос ба таври нимдоираи радиусаш 1,2-и бари рахи сафед моил мегардад. Чор унсури камоншакл, ки болои тоҷро ташкил медиҳанд, дар марказ бо қисмати доираи қутраш 0,2-и рахи сафед васл мегарданд.

3. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойҳои зайл афрохта мешавад:

дар болои биноҳои қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалҳо (ҳукуматҳо), мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳот (ҷамотаҳо) - доимӣ;

дар болои биное, ки иҷлосияҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё иҷлосияҳои Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо гузаронда мешаванд - дар тамоми давраи гузаштани иҷлосияҳо, маҷлисҳои намояндагон (ҷамоат)дар тамоми давраи маҷлис;

дар болои биноҳои вазоратҳо, кумитаю идораҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаҳо, мууассисаҳо ва ташкилотҳо, иттиҳодияю ташкилотҳои ҷамъитӣ, дар болои биноҳои истиқоматӣ - дар рӯзҳои ид ва рӯзҳои хотиравие, ки қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст;

дар болои биноҳо ва васоити нақлиёти намояндагиҳои дипломатӣ ва консулӣ, инчунин дар болои иморатҳои муассисаҳои тиҷоратии дар хориҷа будаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар болои васоити нақлиётие, ки дар дохили онҳо ба сифати ашхоси расмӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дигар ашхос нишастаанд, - мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

дар биноҳои райъдиҳӣ - дар рӯзҳои интихобот ва раъйпурсӣ;

дар толорҳои ҷаласаҳои судии судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

дар қисмҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон - мутобиқи оинномаҳои ҳарбӣ;

дар посгоҳҳои марзӣ (заставаҳо) ва нуқтаҳои рухсатдиҳии (гумрукии) Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

мувофиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Парҷами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин ҳангоми гузаронидани маросимҳо ва дигар чорабиниҳои тантанавӣ, ки мақомоти давлатӣ мегузаронанд, афрохтан мумкин аст.

4. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толорҳои маҷлисҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои маҳаллии намояндагони халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалҳо (ҳукуматҳо), ҳамчунин дар хонаҳои (кабинетҳои) кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва хонаҳое, ки вакилони халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон интихобкунандагонро доимо қабул мекунанд, ҷойгир карда мешавад.

5. Ҳангоми мотам бо қарори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шакли мотамӣ афрохта шуда метавонад. Дар ин маврид ба чӯбдасти (меҳвари фулузӣ) парчам матои тасмашакли сиёҳ баста мешавад, ки нӯгҳои он бояд то қисми поёни парчам овезон бошад.

Дар сурати бо чӯбдаста афрохтани парчам ҳангоми мотам парчам ба андозаи 1/3-и дарозии чӯбдаста хам карда мешавад.

6. Тасвири Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар киштиҳои ҳавоие, ки дар қайди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ҷойгир мешавад.

7. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад доимо дар ҷойҳои истироҳати шаҳрвандон, боғҳо, хиёбонҳо, гулгаштҳо, дар болои биноҳои истиқоматӣ ва дигар ҷойҳо, инчунин тасвири он ба мақсади ороишӣ ба сифати рамзи давлатӣ ва миллӣ тавре истифода гардад, ки дар ин маврид нисбат ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳурматӣ содир нашавад.

8. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тасвири он қатъи назар аз андозаҳои онҳо доимо бояд дақиқ ба асли ранг ва асли тасвири нақшагии он, ки ба ҳамин Низомнома замима мегардад, мутобиқат дошта бошад.

9. Ашхосе, ки ба таҳқири Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкоранд, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд.

10. Тартиби тайёр кардани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

Утратило силу в редакции Постановления МН МО РТ 14.03.2007г. №499

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Об утверждении Положения о Государственном Флаге Республики Таджикистан

Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Положение о Государственном Флаге Республики Таджикистан.

2. Ввести в действие данное решение со дня опубликования.

Председатель

Маджлиси Оли Республики Таджикистан С.РАДЖАБОВ

г.Душанбе,

 11 декабря 1999 года, № 892

ПОЛОЖЕНИЕ О ГОСУДАРСТВЕННОМ ФЛАГЕ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

1. Государственный Флаг Республики Таджикистан является символом государственного суверенитета Республики Таджикистан.

2. Государственный Флаг Республики Таджикистан представляет собой прямоугольное полотнище, на котором нанесены три горизонтально расположенных цветных полос: верхней полосы красного цвета и равной ей по ширине нижней полосы зеленого цвета; средней, белой полосы, составляющей полторы ширины цветных полос. На белой полосе на расстоянии половины длины полотнищ от древка изображены золотом стилизованная корона полукруга из семи звезд над ней. Отношение общей ширины флага к его длине 1:2.

Корона и звезды вписываются в прямоугольник, стороны которого по вертикали составляют 0.8, а по горизонтали 1.0 ширины белой полосы. Пятиконечные звезды вписываются в окружности диаметром 0.15 и располагаются по дуге радиусом 0.5 ширины белой полосы.

Корона высотой 0.55 ширины белой полосы прогибается в основании по дуге радиусом 1.2 ширины белой полосы. Четыре дугообразных элемента, формирующие верх короны, венчаются в центре частью круга диаметром 02 ширины белой полосы.

1. Государственный Флаг Республики Таджикистан поднимается:

на зданиях официальной резиденции Президента Республики Таджикистан, Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Правительства Республики Таджикистан, судов Республики Таджикистан, органов исполнительной власти на местах (хукуматов), органов самоуправления в поселке и селе (джамоатов) - постоянно;

на здании, где проводятся сессии Маджлиси Оли Республики Таджикистан или сессии Маджлисов народных депутатов Горно-Бадахшанской автономной области, областных, городских, районных Маджлисов народных депутатов - на весь период собрания;

на зданиях министерств, государственных комитетов и ведомств, других государственных органов Республики Таджикистан, предприятий, учреждений и организаций, общественных объединений и организаций, на жилых домах - в определенные законом Республики Таджикистан праздничные и памятные дни;

на зданиях и средствах передвижения дипломатических и консульских представительств, а также на зданиях торговых учреждений Республики Таджикистан, находящихся за границей, на средствах передвижения, на которых в качестве официальных лиц находятся Президент Республики Таджикистан, Председатель Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Премьер-министр Республики Таджикистан или другие лица, - в порядке, установляемом Правительством Республики Таджикистан; в помещениях для голосования - в дни выборов и референдумов;

в залах судебных заседаний судов Республики Таджикистан;

в воинских частях Республики Таджикистан- согласно воинским уставам;

на пограничных заставах и пропускных пунктах (таможнях) Государственной границы Республики Таджикистан;

по распоряжению Президента Республики Таджикистан, Президиума Маджлиси Оли Республики Таджикистан или Правительства Республики Таджикистан Государственный Флаг Республики Таджикистан может быть поднят также при церемониях и других торжественных мероприятиях, проводимых государственными органами.

4. Государственный Флаг Республики Таджикистан помещается в залах заседаний Президента Республики Таджикистан, Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Правительства Республики Таджикистан, местных Маджлисов народных депутатов Республики Таджикистан, органов исполнительной власти на местах (хукуматов), а также в служебных кабинетах Президента Республики Таджикистан, Председателя Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Премьер-министра Республики Таджикистан, председателей Горно-Бадахшанской автономной области, областей, г.Душанбе, городов, районов и комитетах, где происходит постоянный прием избирателей народными депутатами Республики Таджикистан.

5. Во время траура по решению Президента Республики Таджикистан, Президиума Маджлиси Оли Республики Таджикистан или Правительства Республики Таджикистан Государственный Флаг Республики Таджикистан может быть поднят в траурном оформлении. В этом случае к древку (флагштоку) флага прикрепляется лента черного цвета, концы которой должны свисать к нижней части флага.

При поднятии флага на флагштоке во время траура флаг приспускается на 1/3 длины флагштока.

6. Изображение Государственного Флага Республики Таджикистан помещается на воздушных судах, зарегистрированных в Республике Таджикистан.

7. Изображение Государственного Флага Республики Таджикистан может быть использовано постоянно в местах отдыха граждан, парках, аллеях, на жилых домах и других местах, а его изображение в декоративных целях в качестве государственного и национального символа таким образом, чтобы при этом не было проявлено неуважение к Государственному Флагу Республики Таджикистан.

8. Государственный Флаг Республики Таджикистан и его изображение, независимо от их размеров, всегда должны в точности соответствовать его цветному эталону и схематическому изображению, прилагаемым к настоящему Положению.(Прилагается к подлиннику).

9. Лица, виновные в надругательстве над Государственным Флагом Республики Таджикистан, несут ответственность в соответствии с законом Республики Таджикистан.

10. Порядок изготовления Государственного Флага Республики Таджикистан утверждаются Правительством Республики Таджикистан.