Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ташкили мактаби байналхалқӣ дар шаҳри Душанбе
Бо мақсади фароҳам овардани шароит барои таҳсили фарзандони кормандони миссияҳои дипломатии давлатҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои ташкилотҳои байналхалқие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд ва дигар шаҳрвандони хориҷӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Пешниҳоди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз 1 сентябри соли 1997 дар шаҳри Душанбе ташкил намудани мактаби байналхалқӣ барои таҳсили фарзандони кормандони миссияҳои дипломатии давлатҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои ташкилотҳои байналхалқии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифташуда ва дигар шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба талаботи меъёрҳои байналхалқӣ мутобиқ бошад, маъқул дониста шавад.
2. Муқаррар гардад, ки мактаб фаъолияти худро аз ҳисоби маблағҳои муассисон ва волидайн, ҳамчунин пардохтҳои ихтиёрии ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеии хориҷӣ анҷом медиҳад.
3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси ҳаммуассиси мактаб аз Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардад, Аҳдномаи муассисро имзо намояд ва якҷоя бо муассисаҳо ва фирмаҳои манфиатдори ватанӣ ва хориҷӣ Оинномаи мактабро таҳия созад.
4. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати 15 рӯз Оинномаи мактабро ба қайд гирад.
5. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ намунаҳои аснодеро, ки ба шогирдони мактаб дода мешаванд, таҳия ва ба тасдиқи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
6. Муқаррар гардад, ки таҳсил дар мактаби байналхалқӣ дар асоси Аҳдномаи миёни маъмурияти мактаб ва волидайн бо риояи қатъии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
7. Ҳукумати шаҳри Душанбе дар соли таҳсили 1998-1999 ҷудо кардани биноро барои ҷойгиронии мактаб пешбинӣ намояд.
8. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату ивдораҳои манфиатдор бо тартиби муқарраршуда масъалаҳои марбут ба иқомат ва фаъолияти меҳнатии муаллимони хориҷиеро, ки барои кор дар мактаб даъват карда мешаванд, ҳаллу фасл намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 31 июли соли 1997 № 335
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О СОЗДАНИИ МЕЖДУНАРОДНОЙ ШКОЛЫ В ГОРОДЕ ДУШАНБЕ
В целях создания необходимых условий для обучения детей сотрудников дипломатических миссий иностранных государств и представительств международных организаций, аккредитованных в Республике Таджикистан, и других иностранных граждан, Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Одобрить предложение Министерства иностранных дел Республики Таджикистан и Министерства образования Республики Таджикистан о создании с 1 сентября 1997 года в городе Душанбе отвечающей требованиям международных стандартов международной школы для обучения детей сотрудников дипломатических миссий иностранных государств и представительств международных организаций, аккредитованных в Республике Таджикистан, и других иностранных граждан.
2. Установить, что школа будет осуществлять свою деятельность за счет средств учредителей и родителей, а также добровольных взносов иностранных юридических и физических лиц.
3. Министерству иностранных дел выступить в качестве соучредителя школы от Республики Таджикистан, подписать Учредительный договор и совместно с заинтересованными отечественными и зарубежными учреждениями и фирмами разработать Устав школы.
4. Министерству образования Республики Таджикистан в 15-дневный срок зарегистрировать Устав школы.
5. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан Министерству образования Республики Таджикистан в месячный срок разработать и представить на утверждение Правительства Республики Таджикистан образцы документов, выдаваемых учащимся школы.
6. Установить, что обучение в международной школе осуществляется на договорной основе между руководством школы и родителями при строгом соблюдении законодательства Республики Таджикистан.
7. Хукумату города Душанбе предусмотреть в 1998 1999 учебном году выделение здания для размещения школы.
8. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан и Министерству образования Республики Таджикистан совместно с заинтересованными министерствами и ведомствами в установленном порядке решить вопросы, связанные с пребыванием и трудовой деятельностью в Республике Таджикистан зарубежных преподавателей, приглашаемых на работу в школе.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э. Рахмонов
от 31 июля 1997 года, N 335
г. Душанбе