Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2003, № 150 "Дар бораи таъсиси Маркази таълимии судяҳо дар назди Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 03.06.2006

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи таъсиси Маркази таълимии судяҳо дар назди Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.06.2006с. № 254)

Бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбӣ ва савияи дониши судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои ҷумҳурӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Дар назди Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази таълимии судяҳо таъсис дода шавад.

2. Директори Маркази таълимии судяҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони Маркази таълимии судяҳо аз ҷониби Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва озод карда мешаванд.

3. Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ сохтор ва Низомномаи Маркази таълимии судяҳоро тасдиқ намояд.

4. Бинобар таъсис додани Маркази таълимии судяҳо аз ҳисоби воҳиди штатии Институти такмили ихтисоси судяҳо, коркунони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, судҳо, коркунони мақомоти адлия ва шӯъбаҳои ҳуқуқии корхона, муассиса ва ташкилотҳои назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 воҳиди штатӣ бо хароҷотҳои нигоҳдориашон ба Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шавад. (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.06.2006с. № 254).

5. Дар банди 7 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997 № 383 калимаҳои "судяҳо" ва "судҳо" хориҷ карда шуда, рақам ва калимаи "40 (чил)" бо рақам ва калимаи "32 (сию ду)" иваз карда шаванд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Э. Раҳмонов

аз 31 марти соли 2003 № 150

ш. Душанбе

ПРАВИТЕЛЬСТВО РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

"О создании Учебного центра судей при Совете юстиции Республики Таджикистан"

(в редакции Постановления Правительства РТ от 3.06.2006г.№254)

В целях повышения профессиональных навыков и уровня знаний судей и работников аппарата судов республики Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Создать Учебный центр судей при Совете юстиции Республики Таджикистан.

2. Директор Учебного центра судей назначается и освобождается от должности Президентом Республики Таджикистан, а работники Учебного центра судей Председателем Совета юстиции Республики Таджикистан.

3. Председателю Совета юстиции Республики Таджикистан в месячный срок утвердить структуру и Положение Учебного центра.

4. В связи с созданием Учебного центра судей передать 8 (восемь) штатных единиц с расходами на их содержание Совету юстиции Республики Таджикистан за счет сокращения штатной единицы, предусмотренной для Института повышения квалификации, судей, работников правоохранительных органов, судов, органов юстиции и юридических служб предприятий, учреждений и организаций при Министерстве юстиции Республики Таджикистан(в редакции Постановления Правительства РТ от 3.06.2006г.№254).

5. В пункте 7 постановления Правительства Республики Таджикистан от 22 августа 1997 года №383 слова "судей и судов" исключить, цифру и слово "40 (сорок)" заменить цифрой и словом "32 (тридцать два)".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                Э.Рахмонов

от 31 марта 2003 года № 150

г.Душанбе