ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсия дар бораи кафолатҳои байналмилалӣ нисбати таҷҳизоти мутаҳаррик
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсия дар бораи кафолатҳои байналмилалӣ нисбати таҷҳизоти мутаҳаррик, ки 16 ноябри соли 2001 дар шаҳри Кейптауни Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ба имзо расидааст, мувофиқи тавзеҳоти зерин ҳамроҳ шавад: "Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси банди 2 моддаи 54 Конвенсия изор менамояд, ки ҳама гуна тарзу усулҳои ҳимояи ҳуқуқҳо, ки қарздиҳанда мутобиқи ҳар муқаррароти Конвенсия доро буда, ҳамчун усули ҳимояи ҳуқуқ ба таври дақиқ муайян нагардидааст ва нисбати он бояд ба суд муроҷиат карда шавад, метавонад бидуни муроҷиат ба суд дар амал татбиқ карда шавад".
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида Институти байналмилалии соддагардонии ҳуқуқи хусусӣ (ИБСҲХ)- ро оид ба қарори мазкур огоҳ намояд.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров
ш. Душанбе, 25 майи соли 2011, № 428
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О присоединении Республики Таджикистан к Конвенции о международных гарантиях в отношении подвижного оборудования
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
1. Республике Таджикистан присоединиться к Конвенции о международных гарантиях в отношении подвижного оборудования, подписанной 16 ноября 2001 года в городе Кейптауне ЮжноАфриканской Республики, со следующей оговоркой: "Республика Таджикистан на основании пункта 2 статьи 54 Конвенции заявляет, что любой способ зашиты прав, имеющийся у кредитора в соответствии с каким-либо из положений Конвенции и четко в них не определенный как способ защиты прав, за которым следует обращаться в суд, может быть применен без обращения в суд".
2. Правительству Республики Таджикистан в установленном порядке уведомить Международный институт унификации частного права (МИУЧП) о настоящем постановлении.
Председатель
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли
Республики Таджикистан Ш.Зухуров
г.Душанбе, 25 мая 2011 года, № 428