Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 июни соли 2011 № 280
тасдиқ шудааст
Тартиб ва шароити нигоҳдошти ҳудудҳои маҳалҳои аҳолинишин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Муқаррароти умумӣ
1) Ташкил намудани рӯбучини ҳудуд, системаи ҷамъоварии нақшавӣ, нигоҳдории муваққатӣ ва мунтазам баровардани партовҳои сахти маишӣ бояд ба талаботи Тартиб ва шароити нигоҳдошти ҳудудҳои маҳалҳои аҳолинишин дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро мутобиқ бошанд.
2) Ба иншооти тозакунии санитарӣ ва рӯбучинӣ ҳудуди хонаҳо, кӯча ва гузаргоҳҳои маҳаллаҳо, гулгашту хиёбонҳо, ҷойҳои истифодаи ҷамъиятӣ ва истироҳат (дохил мешаванд).
3) Дар мавриди мавҷуд будани қарордод бо истифодабарандагон, нигоҳубини ҳудуди шаҳрҳо, ноҳияҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" гузаронида мешавад.
4) Вобаста намудани ҳудудҳои тозакунии санитарӣ ба корхона, муассиса ва хонаводаҳо ва муқаррар намудани марз, дар асоси санадҳои барӯйхатгирии аз тарафи муассисаҳои бақайдгирии техникӣ пешниҳодшуда, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри 1998, №513 муқаррар шудаанд ва тибқи қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (ноҳия, шаҳрак ва шаҳр) гузаронида мешавад. Марзҳо дар Нақшаи генералии ҳудуд аз ҷониби мақомоти меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти хоҷагии коммуналӣ дар мувофиқа бо хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва мақомоти ҳифзи муҳити зист гузошта мешаванд. Нусхаи Нақшаи генералӣ дар корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилот нигоҳ дошта мешавад.
5) Тавсия дода мешавад, ки ҳудуди тозакунии санитарӣ ба тариқи зайл муайян карда шавад:
- дар кӯчаҳои аз ду тараф дорои биноҳо - бо дарозии майдончаи ишғолшуда то маркази қисми саворагарди роҳ;
- дар кӯчаҳои аз як тараф дорои биноҳо - бо дарозии майдончаи ишғолшуда дар тамоми бари роҳ (дар хатҳои сурх);
- дар майдонҳо - бо пешниҳоди мақомоти хоҷагии коммуналӣ;
- дар роҳҳо, гузаргоҳҳо ба корхонаҳо, маҳаллаҳои истиқоматӣ, гараж, анборхонаҳо ва дигар иншоот - дар тамоми дарозӣ, аз ҷумла қитъаи 10- метра.
6) Марзи ҳудуди тозакунии санитарии майдонҳои қитъаҳои манзилию коммуналӣ, шӯъбаҳои истиқоматию коммуналӣ, корхонаҳои манзилию сохтмонӣ аз ҷониби сардори муассисаи истеҳсолӣ-сохтмонӣ муайян карда мешавад.
7) Марзи ҳудуди тозакунии санитарии ба бино ва хонаҳои алоҳида вобасташуда, ки моликияти хусусии шаҳрвандон ба ҳисоб мераванд, аз ҷониби мақомоти коммуналию хоҷагӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти меъморӣ ва шаҳрсозӣ, мақомоти заминсозӣ муайян карда мешавад ва дар шиносномаҳои бюрои бақайдгирии техникӣ ба қайд гирифта мешаванд.
8) Нигоҳубину тозакунии санитарии платформаи роҳи оҳан, ҳудудҳо ва минтақаҳои қад-қади роҳҳои оҳан аз ҷониби мақоми давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт таъмин карда мешаванд. 9) Нигоҳубину тозакунии санитарии минтақаҳои қад-қади роҳҳои автомобилгард ҷудокардашудаи моҳияти ҷумҳуриявӣ дошта, аз ҷониби муассисаи хизматрасонӣ ва истифодабарии роҳҳои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешавад.
10) Системаи тозакунии санитарӣ ва рӯбучини ҳудуди шаҳрҳо ва маҳалҳои аҳолинишин бояд ҷамъоварии ратсионалӣ, ба зудӣ бартараф намудан, безараркунии боэътимод ва истифодаи партовҳои маишӣ ва истеҳсолӣ, партов ва рӯфтаниҳои кӯчагиро, ки дар ҳудуди маҳалҳо ҷамъ мешаванд, пешбинӣ намояд.
11) Сардорони муассисаҳо оид ба истифодаи биноҳо, ширкатҳои соҳибмулкони манзил, комендантҳо, роҳбарони муассисаҳои истиқоматию сохтмонӣ, хонаҳо тибқи Қоидаҳои ободонии беруни шаҳрҳо, шаҳракҳо ва маҳалҳои аҳолинишини Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадоранд, дар ҳудуди ба онҳо вобасташуда тозакунии санитариро ташкил намуда, назорат баранд, аз ҷумла:
- таъмир ва рангубори саривақтии биноҳо, пойдеворҳо, тирезаҳо, дарҳо, балконҳо ва панҷараҳо;
- тоза намудани ҳудудҳо аз барфу ях, баровардани партовҳо ва ифлосиҳо ба ҷойҳои махсуси ҷудокардашуда;
- мунтазам тоза ва ҳамвор намудани ҷӯйборчаҳои дохили маҳаллагӣ;
- бо мум (шағал) пӯшидани қисми роҳҳои автомобилгарди кандашуда, пиёдагардҳо ва обрезии рӯйпӯши роҳ;
- ташкили нигоҳубини ниҳолҳои сабз тибқи талаботи санитарӣ (қайчизании буттаҳо ва дарахтони мавсимӣ, буридани дарахтон, бартараф намудани дарахтони хушкшуда ва бемор), мунтазам даравидани алафҳо ва нобуд сохтани растаниҳои бегона;
- нигоҳ доштан, таъмир, рангубор ва тоза кардани иншоотҳои хурди меъморӣ.
12) Нигоҳубин ва тозакунии санитарию экологии хатти муҳофизатии ҷӯю каналҳо (манбаъҳои обӣ), ки аз ҳудуди шаҳрҳо, ноҳияҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишин мегузаранд, аз тарафи мақомоти дахлдор таъмин карда мешаванд.
13) Назорати тартиб ва шароити нигаҳдошти ҳудудҳои нуқтаҳои аҳолинишин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Утвержден
постановлением Правительства
Республики Таджикистан
от 2 июня 2011 года,
№280
Порядок и условия по содержанию территорий населённых пунктов в Республике Таджикистан
I. Общие положения
1) Организация уборки территории, плановой системы сбора, временного хранения и регулярного вывоза бытовых отходов должна соответствовать требования Порядка и условий содержания территорий населённых пунктов в Республике Таджикистан.
2) К объектами санитарной очистки и уборки относятся территории домовладений, уличные и микрорайонные проезды, скверы, проспекты, места общественного пользования и отдыха.
3) При наличии договора с потребителями содержание территорий городов, районов и других населённых пунктов осуществляется Государственным унитарным предприятием "Хочагии манзилию коммуналй".
4) Закрепление территорий санитарной очистки за предприятиями, учреждениями, домовладельцами и установление границ производится на основании актов переписи, представленных учреждениями по технической регистрации установленных постановлением Правительства РТ от 30 декабря 1998 года №513 и решениями местных органов власти (района, поселка, города). Границы наносятся на генплан территории органами архитектуры и градостроительства совместно с органами коммунального хозяйства при согласовании с органами санэпидслужбы . Копии генплана хранятся на предприятиях, в организациях, учреждениях.
5) Границы территорий санитарной очистки рекомендуется определять:
- на улицах с двухсторонней застройкой - по длине занимаемого участка до оси проезжей части улиц;
- на улицах с односторонней застройкой - по длине занимаемого участка на всю ширину улицы (в красных линиях);
- на площадях - по предложению органов коммунального хозяйства;
- на дорогах, подъездах к предприятиям, жилым микрорайонам, гаражам, складам и другим объектам - по всей длине, включая 10метровую полосу.
6) Границы территорий санитарной очистки жилищно-эксплуатационных участков, жилищно-коммунальных отделов, жилищно строительных предприятий определяются руководителем производственно-жилищно-ремонтно-эксплуатационного учреждения и правлением жилищно-строительного предприятия.
7) Границы территорий санитарной очистки, закрепленные за зданиями и отельными домами, являющимся частной собственностью граждан, определяются органами коммунального хозяйства совместно с органами архитектуры и градостроительства и регистрируются в паспортах бюро технической регистрации.
8) Содержание и санитарную очистку железнодорожных платформ, прилегающих территорий и зон отчуждения вдоль железнодорожного полотна обеспечивается органом государственного контроля и регулирования в области транспорта.
9) Содержание и санитарную очистку зон отчуждения вдоль автомобильных дорог обеспечивают дорожно-эксплуатационные управления Министерства транспорта Республики Таджикистан.
10) Система санитарной очистки и уборки территорий городов и населённых пунктов должна предусматривать рациональный сбор, быстрое удаление, надежное обезвреживание и утилизацию бытовых и производственных отходов, уличного мусора и смета, скапливающегося на территории поселения.
11) Руководители учреждений по эксплуатации зданий, фирмывладельцы жилья, руководители жилищно-строительных учреждений и управляющие домами, в соответствии с Правилами внешнего благоустройства городов, поселков и населенных пунктов Республики Таджикистан обязаны организовывать и контролировать на закрепленной территории санитарную очистку, в том числе:
- своевременный ремонт и покраску зданий, цоколей, окон, дверей, балконов и заборов;
- очистку территории от снега, льда, вывоз мусора и нечистот в специально отведенные места;
- регулярную очистку и планировку внутриквартальных дренажных канав;
- подсыпку гравием проезжей части улиц, тротуаров, поливку дорожных покрытий;
- уход за зелеными насаждениями (сезонную стрижку кустарников, обрезку деревьев, вырезку поросли, удаление засохших больных деревьев) регулярный покос трав, уничтожение сорной растительности;
- установку, ремонт, покраску и очистку малых архитектурных форм.
12) Содержание и санитарно-экологическая очистка защитных линий арыков и каналов (источников воды), проходящих по территории городов, районов, населённых пунктов, осуществляется соответствующими органами.
13) Надзор за порядком и условии содержания территорий населённых пунктов в Республике Таджикистан осуществляется Службой государственного санитарно-эпидемиологического надзора Министерства здравоохранения Республики Таджикистан и Комитетом по охране окружающей среды при Правительства Республики Таджикистан.