КОНВЕНСИЯ ОИД БА МАДАДРАСОНӢ ДАР ҲОЛАТИ САДАМАИ ЯДРОӢ Ё ВАЗЪИЯТИ САДАМАВИИ РАДИАТСИОНӢ
ДАВЛАТҲО - ИШТИРОКЧИЁНИ КОНВЕНСИЯИ МАЗКУР,
БО ЭЪТИРОФИ ОН ки дар як қатор давлатҳо фаъолияти ядроӣ амалӣ карда мешавад.
БО ҚАЙДИ ХОТИРНИШОН СОХТАНИ ОН, ки барои таъмини сатҳи баланди бехатарӣ ҳангоми амалӣ сохтани фаъолияти ядроӣ чораҳои ҳамаҷониба дида шудаанд ва дида мешаванд, ки ба пешгирии садамаи ядроӣ ва ба ҳадди камтарин расонидани оқибатҳои ҳар гуна чунин садама, агар он рух диҳад, равона мешаванд.
БО ИЗҲОРИ ХОҲИШИ минбаъд тақвият додани ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи рушд ва истифодабарии бехатари энергияи ядроӣ;
ДАР ОЯНДА БАРОИ ЭЪТИҚОД ба зарурияти системаи байналмилалие, ки дар ҳолати садамаи ядроӣ ё вазъияти садамавии радиатсионӣ бо мақсади суст намудани оқибатҳои он мадади таъхирнопазир мерасонад;
БО ХОТИРНИШОН СОХТАНИ аҳамияти аҳду паймони дуҷониба ва бисёрҷониба оид ба мадади тарафайн дар ин соҳа;
БО ХОТИРНИШОН СОХТАНИ фаъолияти Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи атомӣ ҷиҳати таҳияи принсипҳои дастурии вобаста ба чорабиниҳо оид ба расонидани ёрии фавқулоддаи тарафайн дар робита ба садамаи ядроӣ ё вазъияти садамавии радиатсионӣ;
БА МУВОФИҚАИ зайл расиданд:
Моддаи 1 Қоидаҳои умумӣ
1. Давлатҳои иштирокчӣ байни ҳамдигар ва бо Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи атомӣ (минбаъд - "Агентӣ" ном бурда мешавад) мувофиқи нишондодҳои Конвенсияи мазкур бо мақсади мусоидат намудан барои расонидани ёрии таъхирнопазир дар ҳолати садамаи ядроӣ ё вазъияти садамавии радиатсионӣ баҳри ба ҳадди камтарин расонидани оқибатҳои онҳо ва барои ҳифзи ҳаёт, моликият ва муҳити зист аз таъсироти партовҳои радиоактивӣ ҳамкорӣ мекунанд.
2. Барои мусоидат намудан ба чунин ҳамкорӣ давлатҳои иштирокчӣ метавонанд ба созиши дуҷоннба ва бисёрҷониба расанд ё ҳангоми ба мақсад мувофиқ будан, барои пешгирӣ ё ба ҳадди камтарин расонидани зарар ва зиён, ки метавонад дар ҳолати садамавии ядроӣ ё вазъияти садамавии радиатсионӣ ҷой дошта бошанд, онҳоро пайваста намоянд.
3. Давлатҳои иштирокчӣ аз Агентӣ, ки дар доираи Оинномаи худ амал мекунад, хоҳиш менамоянд мувофиқи нишондодҳои Конвенсияи мазкур, барои мусоидат кардан, мадад расонидан ва дастгирӣ намудани ҳамкории байни давлатҳои иштирокчӣ, ки дар Конвенсияи мазкур пешбинӣ шудааст, аз ҳамаи имконнятҳо истифода намояд.
Моддаи 2 Мададрасонӣ
1. Агар ба давлати иштирокчӣ дар вазъияти садамаи ядроӣ ё вазъияти садамавин радиатсионӣ мадад лозим бошад, новобаста ба он ки чунин садама ё вазъияти садамавӣ дар ҳудуди он ба вуҷуд меояд ё намеояд, зери доираи ҳуқуқӣ ё назорати он қарор дошта бошад, он метавонад бевосита ё ба воситаи Агентӣ ба ҳар як давлати иштирокчӣ, ба Агентӣ ё дар ҳолатҳои мувофиқ ба дигар ташкилотҳои байналмилалии байниҳукуматӣ (минбаъд-"ташкилотҳои байналмилалӣ" номида мешаванд) барои чунин мададрасонӣ муроҷиат намояд.
2. Давлати иштирокчии мададпурс ҳаҷм ва намуди мадади даркорӣ ва кай амалан имконпазир будани онро муайян карда, чунин иттилоотро ба ҷониби мададрасон хабар медиҳад, ки он ба ин ҷониб барои муайян намудани он ки ба кадом андоза метавонад дархости мазкурро қонеъ гардонад, зарур аст. Дар мавриде, ки давлати иштирокчии мададпурс имконияти дар амал аниқ муайян намудани ҳаҷм ва намуди мадади даркориро надорад, давлати иштирокчии мададпурс ва тарафи мададрасон бо машварати якдигар оид ба ҳаҷм ва намуди мадади даркорӣ қарор қабул мекунанд.
3. Ҳар як давлати иштирокчӣ, ки ба он оид ба чунин мададрасонӣ дархост фиристода шудааст, бетаъхир қарор қабул намуда, бевосита, ё ба воситаи Агентӣ оид ба имкониятҳояш баҳри мададрасонидании дархостшуда, инчунин оид ба ҳаҷм ва шароити мададе, ки он расонида метавонад, давлати иштирокчии мададпурсро огоҳ менамояд.
4. Давлатҳои иштирокчӣ дар доираи имкониятҳои худ коршиносон (экспертҳо), таҷҳизот ва маводеро, ки онҳо метавонанд барои мададрасонн ба дигар давлатҳои пштирокчӣ дар вазъияти садамавии ядроӣ ё вазъияти садамавни радиатсионӣ ҷудо намоянд, муайян менамоянд, аз ҷумла талаботро, махсусан талаботи молиявиро, ки дар асоси он метавонад чунин мадад расонида шавад, муайян менамоянд ва дар ин бора Агентиро огоҳ менамоянд.
5. Ҳар гуна давлати иштирокчӣ метавонад оид ба мададе, ки ба расониданн ёрии тиббӣ ё ба муҳоҷирати мувакқатии шахсони аз таъсири садамаи ядроӣ ё вазъияти садамавии радиатсионӣ зарардида ба ҳудуди давлати иштирокчии дигар вобаста мебошад, бо дархост муроҷиат мамояд.
6. Дар ҷавоб ба дархости давлати иштирокчӣ ё давлати аъзои мададпурс дар ҳолати садаман ядроӣ ё вазъияти садамавии радиатсионӣ Агентӣ мувофиқи Оинномаи худ ва чи тавре, ки дар Конвенсияи мазкур пешбинӣ гардидааст:
а) воситаҳои дахлдори бо ин мақсад ҷудошударо пешниҳод менамояд;
b) ба дигар давлатҳои ва ташкилотҳои байналмилалӣ, ки тибқи маълумоти Агентӣ метавонад дорои чуннн воситаҳои зарурӣ бошанд, бетаъхир дархост мерасонад; ва
с) мададеро, ки бо ҳамин тарз дар сатҳи байналмилалӣ расонида шуданаш мумкин бошад, ҳамоҳанг месозад, агар давлати мададпурс дар ин бора дархост намояд.
Моддаи 3 Роҳбарӣ ба мададрасонӣ ва назорати он
Агар дар бораи тартиби дигар созишҳо набошад:
а) давлати мададпурс дар қаламрави ҳудуди худ ба роҳбарии умумӣ, назорат ва ҳамоҳангсозии мадад масъул мебошад. Дар ҳолатҳое, ки агар мададрасонӣ бо ҷудо намудани кормандон вобаста бошад, тарафи мададрасон дар маслиҳат бо давлати мададпурс бояд шахсеро таъин намояд, ки ба кормандон ва таҷҳизоти ҷудонамудаи ин тараф масъул буда, роҳбарии фаврии бевоситаи кормандон ва истифодабарии таҷҳизотро таъмин намояд. Шахси таъиншуда бояд чунин роҳбарро дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори давлати мададпурс иҷро кунад;
b) давлати мададпурс дар доираи имкониятҳои худ барои иҷрои муносиб ва самарабахши мададрасонӣ воситаҳо ва хизматрасонии маҳаллиро пешниҳод менамояд. Он инчунин кормандон, таҷҳизот ва маводи аз ҷониби давлати мададрасон ва ё аз номи он бо мақсади мададрасонӣ ба ҳудуди кишвари он овардашударо ҳифз менамояд;
с) ҳуқуқи моликият ба таҷҳизот ва маводи аз ҳар ҷониб дар давраи мададрасонӣ пешниҳодшуда бетағйир мемонад ва онҳо пас гардонида мешаванд;
d) давлати иштирокчии мададрасон, дар ҷавоб ба дархост тибқи банди 5 моддаи 2 кӯмаки мазкурро дар ҳудуди кишвари худ ҳамоҳанг месозад.
Моддаи 4 Мақомоти салоҳиятдор ва нуқтаҳои алоқа
1. Ҳар як давлати иштирокчӣ Агентиро огоҳ месозад ва бевосита ё тавассути Агентӣ дигар давлатҳои иштирокчиро дар хусуси мақомоти салоҳиятдори худ нуқтаҳои алоқа, ки барои дархост кардан ва дархост гирифтан оид ба мадад ва қабул намудани пешниҳод оид ба мадад ваколатдоранд, огоҳ менамояд. Ба чунин нуқтаҳои алоқа ва нуқтаи маркази Агентӣ бояд доимо имкони озодона даромадан дошта бошад.
2. Ҳар як давлати иштирокчӣ оид ба ҳар як тағйироте, ки метавонад дар маълумоти дар банди 1 ифодаёфта ба амал ояд, бетаъхир Агентиро огоҳ менамояд.
3. Агентӣ ба давлатҳои иштирокчӣ, давлатҳои аъзо ва ташкилотҳои байналмилалии дахлдор маълумоти дар бандҳои 1 ва 2 ифодаёфтаро доимо ва ба тариқи фаврӣ дастрас менамояд.
Моддаи 5 Вазифаҳои Агентӣ
Давлатҳои иштирокчӣ мувофиқӣ банди 3 моддаи 1 ва бе халал расонидан ба дигар муқаррароти Конвенсияи мазкур аз Агентӣ чунин дархостҳо мекунанд:
а) ҷамъ намудан ва дар байни давлатҳои иштирокчӣ ва давлатҳои аъзо паҳн кардани иттилоот оид ба:
i) коршиносон (экспертҳо), таҷҳизот ва маводе, ки мумкин аст дар вазъияти садамаи ядроӣ ё вазъмяти садамавии радиатсионӣ ҷудо карда шаванд;
ii)) принсипҳои методӣ, тарзи гузаронидан ва натиҷаҳои таҳқиқоти мавҷуда, ки дар вазъияти садамаи ядроӣ ё вазъиати садамавии радиатсионӣ ба чораҳои ҷавобӣ тааллуқ доранд;
b) тибқи хоҳиши мададрасонӣ ба давлати иштирокчӣ ё давлати аъзо дар алоқа бо ҳар гуна масъалаи зерин ё дигар масъалаҳои дахлдор:
i) тайёр намудани ҳам нақшаҳои фаврӣ дар вазъияти садамаи ядроӣ ё вазъияти садамавии радиатсионӣ ва ҳам қонунгузории дахлдор;
ii) таҳияи барномаҳои дахлдори тайёр намудани кормандон дар вазъияти садамаи ядроӣ ё вазъияти садамавии радиатсионӣ;
iii) расонидани дархост оид ба мадад ва иттилооти дахлдор дар вазъиятн садамаи ядроӣ ё вазъияти садамавии радиатсионӣ;
iv) таҳияи барномаҳои дахлдор, расмиёт ва меъёрҳои назорати радиатсионӣ;
v) гузаронидани таҳқиқот оид ба мақсаднок будани ташкили системаи дахлдори назорати радиатсионӣ;
с) ба давлати иштирокчӣ ё давлати аъзои мададпурс дар вазъияти садамаи ядроӣ ё вазъияти садамавии радиатсионӣ пешниҳод намудани воситаҳои дахлдори таъиноти гузаронидани баҳодиҳии ибтидоии садама ё вазъияти садамавӣ;
d) ба давлатҳои иштирокчӣ ва давлатҳои аъзо дар ҳолати садамаи ядроӣ ё вазъияти садамавии радиатсионӣ пешниҳод кардани хизмати хайрхоҳонаи худ;
е) барқарор намудан ва нигоҳ доштани робита бо ташкилотҳои дахлдори байналмилалӣ бо мақсади дастрас кардани иттилоот ва маълумоти дахлдор мубодилаи онҳо ва расонидани рӯйхати чунин ташкилотҳо ба иттилои давлатҳои иштирокчӣ, давлатҳои аъзо ва ташкилотҳои дар боло.
Моддаи 6 Махфият ва изҳороти ошкоро
1. Давлати мададпурс ва тарафи мададрасон махфияти ҳар гуна иттилооти махфиро, ки ба яке аз тарафҳо доир ба мададрасонӣ дар ҳолати садамаи ядроӣ ё вазъияти садамавии радиатсионӣ маълум мешавад, ҳифз менамоянд. Ин гуна иттилоот танҳо бо мақсади расонидани кӯмак, ки дар ин бора мувофиқа ҳосил шудааст, истифода бурда мешавад.
2. Тарафи мададрасон барои бо давлати мададпурс ҷиҳати мувофиқа намудани иттилоот оид ба мададрасонӣ, ки дар ҳолати садамаи ядроӣ ё вазъияти садамавии радиатсионӣ расонида мешавад, то интишор шудани чунин иттилоот тамоми чораҳоро меандешад.
Моддаи 7 Пардохти хароҷот
1. Тарафи мададрасон метавонад ба давлати мададпурс кӯмаки ройгонро пешниҳод намояд. Ҳангоми баррасии чунин масъала тарафи мададрасон дар мавриди мададрасонӣ чунин асосҳоро ба инобат мегирад:
а) хусусияти садамаи ядроӣ ё вазъияти садамавии радиатсионӣ;
b) макони ба амал омадани садамаи ядроӣ ё вазъияти садамавии радиатсионӣ;
с) эҳтиёҷоти давлатҳои тарақикардаистода;
d) эҳтиёҷоти махсуси мамлакатҳое, ки соҳиби дастгоҳҳои ядроӣ намебошанд; ва
е) ҳар гуна омилҳои дигари ба ин алоқамандбуда.
2. Дар ҳолате, ки мадад дар асоси пурра ё ҷузъан пардохт кардани хароҷот расонида мешавад, давлати мададпурс хароҷоти хизматрасонии шахсон ва ташкилотҳои аз номи тарафи мададрасон амалнамоянда, инчунин ҳамаи хароҷоти вобаста ба мададрасониро дар ҳамон ҳаҷме, ки ин хароҷот бевосита аз тарафи давлати мададпурс пардохт карда нашудааст, пардохт менамояд. Агар оид ба тартиби дигари он аҳду паймон набошад, пас аз он ки тарафи мададрасон хоҳиши худро оид ба пардохти хароҷот ба мададпурс пешниҳод менамояд, хароҷот бетаъхир пардохт карда мешавад, нисбат ба хароҷот, ба ғайр аз хароҷот дар маҳал, дигар хароҷот озодгузаранда мебошанд.
3. Новобаста ба ифодаи банди 2 тарафи мададрасон метавонад ҳар вақт пардохти пурра ё ҷузъии хароҷот даст кашад ё барои ба таъхир гузоштани он розигӣ диҳад. Ҳангоми баррасии чунин радия ё батаъхиргузорӣ тарафи мададрасон ба эҳтиёҷоти давлатҳои тарақикунанда диққати зарурӣ медиҳад.
Моддаи 8 Имтиёз, масуният ва сабукиҳо
1. Давлати мададпурс ба ҳайати кормандони тарафи мададрасон ва ҳайати кормандони аз номи он амалкунанда имтиёз, масуният ва сабукиҳоеро, ки барои иҷрои вазифаҳои онҳо оид ба мададрасонӣ зарур аст, медиҳад.
2. Давлати мададпурс ба ҳайати кормандони тарафи мададрасон ё ҳайати кормандони аз номи он амалкунанда, ки дар бораи онҳо бо таври зарурӣ ба давлати мададпурс хабар дода шудааст ва онҳое, ки аз ҷониби ин давлат қабул шудаанд, чунин имтиёз ва масуниятҳоро медиҳад:
а) масуният аз ҳабс, боздошт ва тафтишоти судӣ аз тарафи давлати мададпурс, аз ҷумла дар доираи ҳуқуқи ҷиноятӣ, гаржданӣ ва маъмурӣ нисбат ба амал ва беамалӣ ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои онҳо; ва
b) озод намудан аз андоз, боҷ ва дигар хироҷҳо, ба истиснои онҳое, ки одатан ба арзиши -мол ё ба пардохти хизматрасониҳои вобаста ба иҷрои вазифаҳои онҳо оид ба мададрасониданӣ дохил мешаванд;
3. Давлати мададпурс:
а) тарафи мададрасонро аз андоз, боҷ ва дигар хироҷи таҷҳизот ва амволе, ки ба ҳудуди давлати мададпурс аз тарафи мададрасон барои расонидани мадад ворид карда шудаанд, озод менамояд;
b) масуният аз ҳабс, мусодира ё мусодираи муваққатии чунин таҷҳизот ва амволро таъмин мекунад.
4. Давлати мададпурс чунин таҷҳизот ва амволро пас мегардонад. Бо хоҳишм тарафи мададрасон тарафи давлати мададпурс мувофиқи имкониятҳои худ барои истифодабарии минбаъдаи таҷҳизоти дар вақти мададрасониданӣ истифодашуда то баргардонидан онро бо таври зарурӣ дезактиватсия мекунад.
5. Давлати мададпурс барои ба ҳудуди миллии худ омадан, дар он қарор доштан ва аз он ҷо рафтани ҳайати кормандон, ки мувофиқи банди 2 хабар дода шудааст ва инчунин таҷҳизот ва амволи ҳангоми мададрасониданӣ истифодашаванда мусоидат менамояд.
6. Ҳеҷ як муқаррароти моддаи мазкур аз давлати мададпурс ба шаҳрвандон ё шахсони дар он доимо истиқоматкунанда додани ммтиёз ва масуниятҳои дар бандҳои боло пешбинишударо талаб намекунад.
7. Барои безарарии нмтиёз ва масуният тибқи моддаи мазкур ҳамаи истифодакунандагони чунин имтиёз ва масуниятҳо ӯҳдадоранд қонунҳо ва қоидаҳои давлати мададпурсро эҳтиром намоянд. Онҳо инчунин ӯҳдадоранд ба корҳои дохилии давлати мададпурс дахолат накунанд.
8. Ҳеҷ як муқаррароти моддаи мазкур ба ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои вобаста ба имтиёз ва масуниятҳои мутобиқи дигар созишномаҳои байналмилалӣ ё меъёрҳои одии ҳуқуқи байналмилалӣ додашуда халал намерасонад.
9. Дар ҳолати ба имзо расонидан, тасдиқ кардан, қабул намудан, маъқул донистани Конвенсияи мазкур ё ҳамроҳшавӣ ба он давлат метавонад изҳор намояд, ки он бандҳои 2 на 3-ро пурра ё қисмаи барои худ ҳатмӣ ҳисоб накунад.
10. Давлати иштирокчӣ, ки тибқи банди 9 изҳорот кардааст, ҳар вақт метавонад бо роҳи огоҳ намудани маҳфуздоранда онро бекор кунад.
Моддаи 9 Транзити ҳайати кормандон, таҷҳизот ва амвол
Ҳар як давлати иштирокчӣ бо хоҳиши давлати мададпурс ё тарафи мададрасон кӯшиш менамояд, ки ба транзити кормандон, таҷҳизот ва амволи дар вақти мададрасонӣ истифодашударо, ки оид ба онҳо ба таври зарурӣ маълумот пешкаш карда шудаанд, аз ҳудуди худ ба давлати мададпурс ва аз он ҷониб мусоидат намояд.
Моддаи 10 Даъво ва ҷуброн
1. Давлатҳои иштирокчӣ тибқи моддаи мазкур кӯшиш менамоянд барои танзими даъво ва шикоятҳои ҳуқуқӣ ҳамкориро зич кунанд.
2. Агар оид ба тартиби дигар аҳду паймон набошад, давлати иштирокчии мададпурс нпсбат ба марги шахсон ё расонидани зарари ҷмсмонӣ ба онҳо, зиён ба амвол ё гум шудани он ё зарар ба муҳити зист, ки дар рафти расонидани мадади пурсидашуда дар ҳудуди он ё ноҳияи дигари зери доираи ҳуқуқӣ ва назорати онбуда ҷой дошта бошад:
а) бар зидди тарафи мададрасон ё шахсони воқеӣ ё субъекти дигари ҳуқуқии аз номи он амалкунанда ягон гуна даъвои ҳуқуқӣ оғоз намекунад;
b) масъулияти пешбурди парвандаҳои вобаста ба даъво ва шикоятҳои ҳуқуқии изҳорнамудаи тарафи сеюмро ба тарафи мададрасон, шахсони воқеӣ ё субъекти дигари ҳуқуқии аз номи он амалкунанда ба ӯҳдаи худ мегирад;
с) ҳимояи ҳуқуқии тарафи мададрасон ё шахсони воқеӣ ё субъекти дигари ҳуқуқии аз номи он амалкунандаро нисбат ба даъво ва шикоятҳои ҳуқуқии дар зербанди (Ь) ифодаёфта таъмин менамояд; ва
d) тарафи мададрасон ё шахсони воқеӣ ё субъекти дигари ҳуқуқии аз номи он амалкунандаро вобаста ба сабабҳои зерин ҷуброн менамояд:
i) барои марги шахсони ҳайати кормандони тарафи мададрасон ё шахсони аз номи он амалкунанда ё расонидани зарари ҷисмонӣ ба чунин шахсон;
ii) барои гум шудани таҷҳизот ва маводи сарфнашудаи вобаста ба мададрасонн ё расонтдани зарар ба онҳо, бо истиснои ҳолатҳои рафтори барқасдонаи ғайпртқонунии шахсони алоҳида, ки сабабгори ҳалокат, зарари ҷисмонӣ, гумшавӣ ё зиён шудаанд.
3. Моддаи мазкур ба ҷуброн ё пӯшонидани зарареро, ки дар истифодабарии ҳар гуна созишномаҳои байналмилалӣ ё қонунгузории ҳар гуна давлат пешбинӣ шудаанд, мамоният намекунад.
4. Ҳеҷ як муқаррароти моддаи мазкур аз давлати мададпурс пурра ё қисман истифодабарии банди 2-ро нисбат ба шаҳрвандон ё шахсони дар он доимо истиқоматкунанда, талаб намекунад.
5. Дар ҳолати ба имзо расонидан, тасдиқ кардан, қабул намудан, маъқул донистани Конвенсияи мазкур ё ҳамроҳшавӣ ба он давлат метавонанд чунин изҳорот намояд:
а) он банди 2-ро пурра ё қисман барои худ ҳатмӣ намеҳисобад;
b) он дар ҳолати беэҳтиётии дағали шахсони алоҳида, ки боиси марг, зарари ҷисмонӣ, талафот ва зиён мешаванд, банди 2-ро пурра ё қисман истифода намекунанд;
6. Давлати иштирокчӣ, ки мувофиқи банди 5 изҳорот кардааст, ҳар вақт метавонад бо роҳи огоҳ намудани маҳфуздоранда аз он даст кашад.
Моддаи 11 Қатъ кардани мададрасонӣ
Давлати мададпурс ё тарафи мададрасон метавонанд ҳар вақт пас аз гузаронидани машварати дахлдор ва тавассути огоҳии хаттӣ бо дархост оид ба қатъ намуданм мадад, ки мутобиқи Конвенсияи мазкур гирифта ё пешниҳод карда мешавад, муроҷиат намояд. Бо ворид шудани чунин хоҳиш тарафҳои ҳавасманд бо мақсади таҳияи чорабиниҳо баҳри анҷомдиҳии мададрасонии муносиб машварати тарафайн мегузаронанд.
Моддаи 12 Робита бо дигар созишномаҳои байналмилалӣ
Конвенсияи мазкур ба ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои тарафайни давлатҳои иштирокчӣ оид ба созишномаҳои байналмилалии мавҷуда, ки масъалаҳои ба Конвенсияи мазкур марбутаро дарбар мегиранд ё оид ба созишномаҳои байналмилалии минбаъда, ки мувофиқ бо мазмун ва мақсадҳои Конвенсияи мазкур баста мешаванд, дахолат намекунад.
Моддаи 13 Танзими баҳсҳо
1. Дар ҳолати ба амал омадани баҳс байии давлатҳои иштирокчӣ ё байни давлати иштирокчӣ ва Агентӣ вобаста ба тафсир ва татбиқи Конвенсияи мазкур, тарафҳои баҳскунанда бо мақсади ба танзим даровардани баҳс бо роҳи гуфтушунид ё бо ҳар гуна роҳҳои дигари оромона ба танзнм даровардани баҳс, ки барои онҳо қобили қабул аст, машваратҳои тарафайн баргузор менамоянд.
2. Агар чунин баҳс дар байни давлатҳои иштирокчӣ дар давоми як сол аз лаҳзаи ворид шудани дархост доир ба гузаронидани машварат мутобиқи банди 1 ба танзим дароварда нашавад, он гоҳ бо дархости ҳар яке аз тарафҳои иштироккунандаи баҳс он ба арбитраж дода мешавад ё барои қабули қарор ба Суди байналмилалӣ ирсол карда мешавад. Дар сурати ба арбитраж додани баҳс, агар дар давоми шаш моҳи аз лаҳзаи ворид шудани дархости тарафҳои баҳскунанда нисбат ба ташкили баррасии арбитражӣ ба мувофиқа наоянд, яке аз тарафҳо метавонад аз Раиси Суди байналмилалӣ ё Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба таъин намудани як ё зиёда аз он ҳакам илтимос кунад. Дар ҳолати мухолифати дархости тарафҳои баҳскунанда муроҷиат ба Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид афзалият дорад.
3. Ҳангоми ба имзо расонидан, тасдиқ кардан, қабул кардан, маъқул донистани Конвенсияи мазкур ё ҳамроҳ шудан ба он, давлат метавонад изҳор намояд, ки он намехоҳад худро ба як ё ба ҳарду расмиёти батанзимдарории баҳсҳои пешбининамудаи банди 2 вобаста ҳисоб кунад. Давлатҳои иштирокчии дигар ба ягон гуна расмиёти батанзимдарории баҳси пешбининамудаи банди 2 вобаста намебошанд чунки он ба давлати иштирокчие дахл дорад, ки чунин изҳорот барои он эътибор дорад.
4. Давлати иштирокчии мувофиқи банди 3 изҳороткарда ҳар вақт метавонад бо роҳи огоҳ намудани маҳфуздоранда аз ин изҳорот даст кашад.
Моддаи 14 Эътибор пайдо кардан
1. Конвенсияи мазкур барои ҳамаи давлатҳо, инчунин ба Намибия, ки Шӯрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба Намибия онро намояндагӣ мекунад, дар Муассисаҳои марказии Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи атомӣ дар Вена ва дар Муассисаҳои марказии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк мутобиқан аз 26 сентябри соли 1986 ва 6 октябри соли 1986 то эътибор пайдо кардани он ё дар мӯҳлати дувоздаҳ моҳ вобаста ба он, ки кадоме аз ин мӯҳлатҳо бештар дароз аст, барои имзо озод мебошад.
2. Давлат, инчунин Намибия, ки Шӯрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба Намибия онро намояндагӣ мекунад, метавонад ризоияти худро барои ба онҳо ҳатмӣ будани Конвенсияи мазкур бо роҳи ба имзо расонидан ё бо роҳи ба маҳфуздорӣ супоридани ҳуҷҷат оид ба тасдиқ кардан, қабул намудан ё маъқул донистан пас аз баимзорасонӣ бо шартҳои тасдиқкунӣ, қабул намудан ё маъқул донистан ё бо роҳи ба маҳфуздорӣ супоридани ҳуҷҷати ҳамроҳшавӣ, изҳор намоянд. Ҳуҷҷатҳо дар бораи тасдиқ кардан, қабул намудан, маъқул донистан ё ҳамроҳшавӣ барои маҳфуздорӣ ба маҳфуздоранда супорида мешаванд.
3. Конвенсияи мазкур пас аз 30 рӯзи изҳороти се давлате, ки розигии худро барои ба онҳо ҳатмӣ будани Конвенсияи мазкур медиҳанд, эътибор пайдо мекунад.
4. Ба ҳар як давлате, ки розигии худро барои ба он ҳатмӣ будани Конвенсияи мазкур пас аз эътибор пайдо кардани он изҳор намудааст, Конвенсияи мазкур барои ин давлат пас аз сӣ рӯзи санаи изҳори ризоияташ, эътибор пайдо мекунад.
5. а) Конвенсияи мазкур чи тавре, ки дар моддаи мазкур пешбинӣ шудааст, ба ташкилотҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ҳамгироии минтақавӣ, ки аз давлатҳои мустақил иборат буда, дорои салоҳияти бурдани гуфтушунид, бастан ва татбиқ кардани конвенсияҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои фарогирӣ Конвенсияи мазкур мебошад, барои ҳамроҳшавӣ озод аст.
b) Чунин ташкилотҳо оид ба масъалаҳои вобаста ба салоҳияташоназ номи худ ҳуқуқҳоеро амалӣ ва ӯҳдадориҳоеро иҷро менамоянд, ки Конвенсияи мазкур ба давлатҳои иштирокчӣ додааст.
с) Дар мавриди ба маҳфуздорӣ супоридани ҳуҷҷати худ оид ба ҳамроҳшавӣ, чунин ташкилот ба маҳфуздоранда ариза ирсол менамояд, ки дар он доираи салоҳияташ вобаста ба масъалаҳот фарогири Конвенсияи мазкур нишон дода мешаванд.
d) Чунин ташкилот илова ба овози давлатҳои аъзо ягон овози дигар надорад.
Моддаи 15 Татбиқи муваққатӣ
Давлат дар мавриди ба имзо расонидан ё дертар аз он, то вақте ки Конвенсиян мазкур барои он эътибор пайдо мекунад, метавонад эълон намояд, ки Конвенсияи мазкурро ба таври муваққатӣ татбиқ менамонд.
Моддаи 16 Тасҳеҳот
1. Давлати иштирокчӣ метавонад ба Конвенсияи мазкур тасҳеҳот пешниҳод намояд. Тасҳеҳоти пешниҳодшуда ба маҳфуздоранда фиристода мешавад, ки он тасҳеҳотро бетаъхир ба ҳамаи дигар давлатҳои иштирокчӣ ирсол менамояд.
2. Агар аксарияти давлатҳои иштирокчӣ аз маҳфуздоранда барои баррасии тасҳеҳоти пешниҳодшуда даъват намудани конфронсро талаб намоянд, он вақт маҳфуздоранда ҳамаи давлатҳои иштирокчиро ба чунин конфронс даъват менамояд, ки он на пештар аз си рӯзи пас аз фиристодани даъватнома оғоз мешавад. Ҳар як тасҳеҳоте, ки дар конфронс бо аксарияти аз се ду ҳиссаи овозҳои ҳамаи давлатҳои иштирокчӣ қабул мешавад, ба шакли протокол ба расмият дароварда шуда, барои имзои ҳамаи давлатҳои иштирокчӣ дар Вена ва Ню-Йорк озод мебошад.
3. Протокол дар давоми сӣ рӯзи пас аз изҳори ризоияти се давлат оид ба ҳатмӣ будани он барои он ҷо эътибор пайдо мекунад. Барои ҳар як давлате, ки розигии худро ба ҳатмӣ будани протокол барои он пас аз эътибор пайдо карданаш изҳор менамояд, протокол барои ин давлат дар давоми сӣ рӯзи пас аз санаи изҳори ризоият эътибор пайдо мекунад.
Моддаи 17 Беэътибордонӣ
1. Давлати иштирокчӣ метавонад Конвенсияи мазкурро тавассути огоҳии хаттии маҳфуздоранда беэътибор донад.
2. Беэътибор донистан дар давоми як соли пас санаи дастраси маҳфуздоранда гардидани огоҳинома мавриди амал қарор мегирад.
Моддаи 18 Маҳфуздоранда
1. Директори генералии Агентӣ маҳфуздорандаи Конвенсияи мазкур мебошад.
2. Директори генералии Агентӣ давлатҳои иштирокчӣ ва ҳамаи дигар давлатҳоро оид ба инҳо фавран огоҳ менамояд:
а) дар бораи ҳар як ба имзорасонии Конвенсияи мазкур ё ҳар гуна протокол оид ба тасҳеҳот;
b) дар бораи ҳар як ба маҳфуздорӣ супурдани ҳуҷҷат доир ба тасдиқкунӣ, қабулкунӣ, маъқул донистан ё ҳамроҳ шудан, ки ба Конвенсияи мазкур ё ба ҳар гуна протокол доир ба тасҳеҳот дахл доранд.
с) доир ба ҳар изҳорот ё бекор намудани чунин изҳорот тибқи моддаҳои 8, 10, 13;
d) доир ба ҳар изҳорот ҷиҳати истифодаи муваққатии Конвенсияи мазкур, тибқи моддаи 15;
е) доир ба эътибор пайдо кардани Конвенсияи мазкур ва ҳар гуна тасҳеҳот ба он; ва
f) дар бораи ҳар як беэътибор донистан, ки тибқи моддаи 17 эълон шудааст.
Моддаи 19 Матнҳои аслӣ ва нусхаҳои тасдиқшуда
Нусхаи асли матнҳои англисӣ, арабӣ, испанӣ, хитоӣ, русӣ ва франсавии Конвенсияи мазкур, ки бо ҳам баробаранд, барои маҳфуздорӣ ба Директори генералпи Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи атомӣ супорида мешаванд, ки ӯ нусхаҳои тасдиқшударо ба давлатҳои иштирокчӣ ва ба ҳамаи дигар давлатҳо ирсол менамояд.
БАРОИ ТАСДИҚИ ИН дар зер имзокунандагони ба таври зарурӣ ваколатдор Конвенсияи мазкурро ба имзо расониданд, ки он тибқи банди 1 моддаи 14 барои ба имзо расонидан озод аст.
АЗ ҶОНИБИ Конфронси генералии Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи атомӣ дар сессияи махсус, дар Вена рӯзи бисту шашуми моҳи сентябри соли як ҳазору нӯҳсаду ҳаштоду шаш қабул гардидааст.