Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 апрели соли 2011 № 154
тасдиқ шудааст
Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва табобати беморони гирифтори нуқсонҳои модарзодӣ ва тарбоди дил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015
Тавзеҳот
+---------------------+----------------------------------------------+
|Нуқсонҳои модарзодии |Нуқсони модарзодии дил - ин иллати анатомии |
|дил |дар дохили батн пайдошуда (ҳангоми ҳомиладорӣ,|
| |дар мӯҳлатҳои барвақтӣ), халалдоршавии сохтори|
| |дурусти дил ё дастгоҳи дарғотии он ва ё рагҳои|
| |дили кӯдак мебошад |

|Иллати тавораи |Иллати тавораи байнимеъдачагӣ ин нуқсони |
|байнимеъдачагӣ |модарзодии дил, навъи "паридаранг" мебошад, |
| |ки аз халалдоршавии бутунияти девораи байни |
| |меъдачаҳои чапу рост ба вуҷуд меояд. |
| |Партофташавии хун аз меъдачаи чап ба меъдачаи |
| |рост ба амал омада дар ин ҳангом баландшавии |
| |фишор дар давраи хурди гардиши хун ба вуҷуд |
| |меояд. |

|Маҷрои кушодаи |Маҷрои кушодаи шараёнӣ - нуқсони навъи |
|шараёнӣ |"паридаранг". Ҳангоми ин нуқсон инсидоди |
| |(маҳкамшавии) иртиботи аортаву шушии |
| |дохилибатнию анатомии мӯътадил |
| |фаъолияткунанда ба вуҷуд меояд. |

|Нуқсонҳои тарбодии |Нуқсонҳои дар натиҷаи эътидоли тарбодии |
|дил |дарғотҳои дил пайдошуда. Дар ин маврид |
| |суддабанд (фиброз) ва тасаллуби (склерози) |
| |дастгоҳи дарғотии дил ба вуҷуд меояд. |

|ТСЖН-сироят |Ҳарфҳои аввали бемориҳои - токсоплазмоз, |
| |сурхча, ситомегалия, герпес |

1. Муқаддима
1) Кӯдакон ояндаи миллатро муайян менамоянд ва сарвати асосии ҳар як давлат мебошанд. Ҳифзи саломатии кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самти афзалиятнок ба шумор меравад.
Дар давраи истиқлолияти мамлакат ҳуҷҷатҳои муҳими байналмилалӣ, аз қабили "Созишнома дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак" (соли 1993), Созишнома дар бораи бартараф намудани ҳамаи намудҳои зӯроварӣ нисбат ба занон тасдиқ карда шуданд.
2) Ҳуҷҷатҳои муҳим оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ, ба монанди қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ" (с.1997), "Дар бораи солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳои репродуктивӣ" (с.2002), "Оид ба ҳифзи ғизодиҳии табии кӯдакон" (с.2006), "Дар бораи иммунопрофилактика" (соли 2010) таҳия ва қабул шуда, "Нақшаи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба солимии репродуктивии аҳолӣ дар давраи то соли 2014" (с.2004), Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи саломатии кӯдакону наврасон дар давраи то соли 2015" (с.2008), Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010-2020 (с.2010) таҳия ва тасдиқ гардидаанд.
Айни замон, ба масъалаҳои солимии модарону кӯдакон дар заминаи дастовардҳои Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола диққати махсус дода мешавад ва масъалаҳои мазкур афзалиятнок эълон карда шудаанд.
3) Барномаи мазкур барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола, ки ба паст намудани фавти кӯдакон ва маъюбӣ аз синни кӯдакӣ равона карда шудааст, муосидат менамояд.
Барнома бо мақсади баланд бардоштани самаранокии ошкор намудан, муолиҷа, кам намудани маъюбӣ ва фавти кӯдакони гирифтори нуқсонҳои модарзодӣ ва тарбодии дил таҳия шудааст.
Барнома тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда, барои андешидани чораҳои таъхирнопазири рушди кӯмаки ҷарроҳии нуқсонҳои модарзодӣ ва тарбодии дил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст.
2. Таҳлили вазъ
4) Аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январи соли 2010 - 7 529 635 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин теъдод кӯдакони то 14 сола 2 635 052 нафар ё 35.0 фоиз, то 1 сола - 195 609 нафар ё 7,4 фоиз, кӯдакони то 5 сола 940 979 нафар ё, 35,7 фоиз мебошанд. Кӯдакони аз 15 то 18 сола бошанд, 651720 нафарро (8,6 фоиз) ташкил медиҳанд.
5) Нишондиҳандаҳои демографӣ, аз қабили таваллуд ва фавти кӯдакони то 1 сола дар солҳои охир тамоюл ба пастравӣ доранд, нишондиҳандаи таваллуд дар соли 2009 - 26,8 ба 1000 нафар аҳолӣ (соли 1990 - 38,4), нишондиҳандаи фавти кӯдакон дар соли 2009 - 17,7 ба 1000 зиндатаваллудро (соли 1990-40,9) ташкил дод.
6) Тибқи маълумоти Маркази ҷумҳуриявии омор ва иттилооти тиббӣ соли 2009 дар ҷумҳурӣ 3 580 ҳодисаи фавти кӯдакони то 1 сола ба қайд гирифта шудааст, аз ҷумла 48,4 фоиз (1733 ҳодиса) ба давраи барвақти неонаталӣ (0-6 рӯз), 8,7 фоиз (312 ҳодиса) ба давраи дери неонаталӣ (7-27 рӯз) ва 42,9 фоиз (1535 ҳодиса) ба давраи баъдинеонаталӣ (28 рӯз - 1 сол) рост меояд. Ҳамин тариқ, 57,1 фоиз ҳодисаи фавти кӯдакон дар давраи неонаталӣ (0-27 рӯз) ба қайд гирифта шудааст. Таҳлили фавт нишон медиҳад, ки дар сохтори фавти барвақти неонаталӣ 14,4 фоиз (250 ҳодиса) ба нуқсонҳои модарзодии инкишоф рост меояд, дар давраи баъдинеонаталӣ бошад, нуқсонҳои модарзодӣ 7,4 фоизро ташкил додаанд (113 ҳодиса), аз ҷумла 53,9 фоиз (61 ҳодиса) нуқсонҳои модарзодии дил мебошанд.
7) Дар байни бемориҳои дили кӯдакон, нуқсонҳои модарзодӣ устуворона мавқеи асосиро ишғол мекунанд. Нишондиҳандаи беморшавии нуқсонҳои модарзодии дил ба 100 000 нафар кӯдакони то 14 сола 7751,3-ро ташкил медиҳад, ҳол он ки басомади таваллудшавии кӯдакони мубталои нуқсонҳои модарзодии дил аз 3 500 зиёдтар аст. Дар ҳолати нарасонидани кӯмаки тахассусноки кардиологӣ ва реаниматсионии ҷарроҳии дил, то 75 фоиз навзодон метавонанд дар моҳи аввали ҳаёт ба ҳалокат расанд.
8) Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2008 дар ҷумҳурӣ 3 205 ҳодисаи фавти кӯдакони аз 0 то 5 сола ба қайд гирифта шуда буд, ки аз ин теъдод 174 нафар кӯдак (5,4 фоиз) аз нуқсонҳои модарзодии дил фавтид, соли 2009 бошад аз 3 448 ҳодисаҳои бақайдгирифташудаи фавт аз нуқсонҳои модарзодии дил 268 нафар кӯдакон (7,6 фоиз) фавтиданд. Ҳамин тавр тамоюли зиёдшавии ҳодисаҳои фавти кӯдакон аз нуқсонҳои модарзодии дил ба назар мерасад.
9) Фавту маъюбшавии кӯдакон аз нуқсонҳои модарзодии дилу рагҳо яке аз проблемаҳои асосии системаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Дар марҳилаи муайяни муолиҷа, 15-20 фоизи бемороне, ки нуқсонҳои модарзодӣ ва ғайримодарзодии дил доранд, метавонанд бомувафаққият ҷарроҳӣ карда шаванд, ки ин на фақат барои кам кардани фавти беморон, балки барои баланд бардоштани сифати ҳаёти онҳо низ имконият медиҳанд.
10) Сабабҳои пайдоиши нуқсонҳои модарзодии дил гуногун буда, ба он метавонанд муҳити зист, таъсири манфии моддаҳои кимиёвӣ ва воситаҳои доруворӣ мусоидат намоянд.
Яке аз сабабҳои пайдошавии нуқсонҳои модарзодии дили кӯдак сирояти аз сар гузаронидаи ӯ дар давраи дар дохили батн буданаш мебошад, ки сабаби он ТСЖН-сироят аст (токсоплазмоз, сурхча, ситомегалия, герпес). Сабаби дигари пайдоиши нуқсонҳои модарзодии дили кӯдакон никоҳҳои хешовандӣ мебошад. Тибқи маълумоти шӯъбаи тиббию генетикии Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологӣ соли 2010 аз теъдоди муоинашудагон 687 ҳодисаи нуқсонҳои модарзодии инкишоф ошкор карда шуданд, ки аз онҳо 32 фоиз (227 ҳодиса) ба никоҳи хешовандӣ рост меояд. Соли 2006 аз 498 ҳодиса 23 фоиз (117 ҳодиса), соли 2007 аз 649 ҳодиса 26 фоиз (167 ҳодиса), соли 2008 аз 687 ҳодиса 24 фоиз (167 ҳодиса) ба никоҳи хешовандӣ рост меояд, ки зиёда аз 50 фоиз онҳо ба пайдошавии нуқсонҳои модарзодии дил тааллуқ доранд. Қайд кардан зарур аст, ки ҳодисаҳои нуқсонҳои модарзодии инкишоф, махсусан нуқсонҳои модарзодии дил тамоюли зиёдшавӣ доранд.
11) Дар сохтори фавтёбии кӯдакон номӯътадилии инкишоф ҷойи сеюмро ишғол менамояд, ки нисфи ҳодисаҳои фавтро нуқсонҳои модарзодии дил муайян менамоянд. Дар байни кӯдаконе, ки аз нуқсонҳои модарзодии дил ва нуқсонҳои инкишофи рагҳои калон фавтидаанд 91 фоизи кӯдакони соли аввали ҳаёт мебошанд, аз ҷумла 35 фоизи фавтёбӣ ба давраи барвақтии неонаталӣ (то 6 рӯза) рост меоянд. Қариб 75 фоизи кӯдакон дар давоми моҳи аввали ҳаёт ҳалок мешаванд.
Нишондиҳандаи маъюбшавӣ аз нуқсонҳои модарзодии дил 10,1 нисбат ба 10 000 кӯдакони то 14 соларо ташкил дода, дар 5 соли гузашта он то 12,7 фоиз зиёд гардидааст. Дараҷаи маъюбшавӣ дар байни гурӯҳҳои аз 1 то 5 сола аз ҳама баландтар аст.
Дар байни ҳамаи кӯдакони зиндатаваллудшуда ва дар соли аввали ҳаёт аз номӯътадилиҳои модарзодӣ фавтида, зиёда аз 44,5 фоизро нуқсонҳои модарзодии дил ташкил медиҳад. Нишондиҳандаи фавти навзодон аз нуқсонҳои модарзодии дил 15,1 нисбат ба 1 000 зиндатаваллудро ташкил медиҳад. Кӯдаконе, ки зинда мондаанд, синни бӯҳрониро аз сар мегузаронанд, вале норасоии хуруҷкунандаи дил ва дигар мураккабиҳои беморӣ боиси фавт ё маъюбшавии вазнини онҳо дар солҳои минбаъдаи айёми кӯдакӣ мегарданд.
12) Доираи проблемаро суръатнокии баланди нуқсонҳои модарзодии дил таъкид менамояд: дар мамлакатҳои гуногун ин нишондиҳанда аз 0,6 фоиз то 2,4 фоизи кӯдакони дар як сол зиндатаваллудшударо ташкил медиҳад, бо назардошти фавти дохилибатнии ҷанин ва бачапартоии барвақтӣ суръатнокии умумии нуқсонҳои модарзодии дил 7,3 фоизро ташкил медиҳад. Арзёбии ҳолати ҷанин масъалаҳои имконияти нигоҳдории ҳомиладорӣ, мӯҳлат ва усули таваллудкунӣ, усули кӯмаки махсусгардондашударо дар давраи навзодӣ ба миён мегузорад. Анҷом додани таҳқиқоти тахассусноки ултрасадоии ҷанин имконият медиҳад, ки қариб 95 фоизи шаклҳои гуногуни нуқсонҳои дил, аз ҷумла онҳое, ки дар соату рӯзҳои аввали ҳаёти кӯдак дахолатро талаб мекунанд, инчунин номӯътадилиҳои тасҳез (нашаванда ташхис карда шаванд. Таҳлили дар Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологӣ солҳои 2006-2010 гузаронидашуда нишон дод, ки ҳангоми гузаронидани муоинаи тиббию генетикӣ аз теъдоди бо нуқсонҳои модарзодии инкишофи ҷанин ошкоршуда 70 фоизи ҳомиладорӣ қатъ карда шуд, ки зиёда аз 50 фоизи онро нуқсонҳои модарзодии дил ташкил медиҳад.
Ҷарроҳии муосири дил ба тасҳеҳи саривақтии нуқсонҳои модарзодии дил равона карда шудааст. Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ шумораи чунин ҷарроҳиҳо ҳоло аз 40 то 90 фоизро ташкил медиҳанд. Дар давраи навзодӣ то 30 фоизи ҳамаи навзодоне, ки бо номӯътадилиҳои системаи гардиши хун таваллуд шудаанд, ба дахолати таъҷилӣ мӯҳтоҷанд. Кӯдакони боқимонда дар давоми соли аввали ҳаёт ва на бештар аз 15 фоиз кӯдакони гирифтори нуқсонҳои дил дар синни нисбатан калонтар бояд ҷарроҳӣ карда шаванд.
Диагностикаи муосир ва муолиҷаи таъҷилӣ дар синни барвақтӣ ҳар сол барои нигоҳ доштани ҳаёти 1000 нафар кӯдакони мубталои нуқсонҳои модарзодии дил ёрӣ мерасонад, ки ин на фақат ба вазъи демографии ҷумҳурӣ таъсир мерасонад, балки хароҷотро барои таъминоти иҷтимоию тиббии чунин доираи беморон кам менамояд.
13) Вазъи бамиёномада оид ба дастрас ва босифат будани ёрии кардиохирургӣ ба аҳолии ҷумҳурӣ бо як қатор сабабҳои объективӣ асоснок карда шудааст, ки ҳалли таъхирнопазирро талаб мекунад.
Яке аз сабабҳои асосии вазъи бамиёномада барои қонеъгардонии талаботи аҳолӣ ба кӯмаки ҷарроҳии дил таъмини нокифоя бо катҳои кардиохирургӣ дар ҷумҳурӣ мебошад. То имрӯз ҳамагӣ дар ҷумҳурӣ 55 кати ҷарроҳии дил вуҷуд дорад, ки 0,05 ба 10 ҳазор нафари аҳолиро таъмин мекунад, ҳол он ки ин нишондод дар дигар мамлакатҳо ба 1,3 нисбат ба 10 ҳазор нафари аҳолӣ рост меояд.
14) Дар ду маркази давлатии кардиохирургӣ ҳамагӣ 8 нафар табиби ҷарроҳии дил фаъолият доранд, ки (0,01 ба 10 ҳазор нафари аҳолиро таъмин мекунад) ва ин нишондиҳанда дар дигар давлатҳо 0,13 ба 10 ҳазор нафари аҳолиро ташкил медиҳад.
Дар Маркази ҷумҳуриявии илмии чарроҳии дилу рагҳо ва қафаси синаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 кати кардиохирургӣ мавҷуд аст, ки 10 кати он барои кӯдакон буда, 6 нафар табибони ҷарроҳи дил фаъолият менамоянд.
Маркази ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд дорои 25 кати кардиохирургӣ буда, дар он ду нафар табибони ҷарроҳи дил фаъолият мекунанд, катҳои кӯдаконаи кардиохирургӣ вуҷуд надоранд.
Шароити бамиёномадаи имрӯзаи таъминнокӣ дар ҷумҳурӣ бо мутахассисони соҳаи ҷарроҳии дил ва катҳои кардиохирургӣ имконият медиҳад, ки танҳо талаботи 34 фоизи аҳолӣ бо амалиёти ҷарроҳии дил қонеъ гардонида шавад.
Масалан, соли 2008 дар марказҳои ҷарроҳии дили ҷумҳурӣ ҳамагӣ 200 амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида шудааст, аз ҷумла 100 амалиёти дохилии дил, стентгузорӣ ва коронарография, ҳол он ки талаботи аҳолӣ ҳамасола бештар аз 7 000 амалиёти ҷарроҳиро ташкил медиҳад. Дар соли 2009 зиёда аз 300 ва дар соли 2010 қариб 400 амалиёти ҷарроҳӣ ва таҳқиқоти дохилии дил гузаронида шудааст. Кӯдакони синни то 3 солаи гирифтори нуқсонҳои модарзодии дил ягон-ягон ҷарроҳӣ шуда, амалиёти ҷарроҳӣ дар "дили кушода" умуман гузаронида намешавад.
Таҷрибаи гузаронидани барномаҳои профилактикии саривақт ошкор намудани патологияи кӯдакон вуҷуд надорад, ҳол он, ки тамоми муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ барои ба таври васеъ ҷорӣ кунонидани он эҳтиёҷ доранд.
15) Дар баробари мушкилоти зикргардида масъалаи таъминнокии мамлакат бо табибони ҷарроҳи дили кӯдакон ва катҳои махсусгардонидашуда боқӣ мемонад.
Нишондиҳандаи таъминнокӣ бо табибони бемориҳои дилу тарбоди кӯдакон ва калонсолон то ҳанӯз дар сатҳи паст қарор дорад -0,05 ба 10 000 нафар кӯдак ё 0,02 ба 10 000 нафари тамоми аҳолӣ. Ҳамчунин таъминнокии катҳо хеле паст мебошад. Барои расонидани кӯмаки махсусгардонидашуда ба кӯдакон 110 кати дилу тарбодӣ вуҷуд дошта, таъминнокӣ 0,3 ба 10 000 нафар кӯдакро ташкил медиҳад, ҳол он ки талаботи воқеӣ ба катҳои дилу тарбодӣ 4,0 ба 10 000 нафари аҳолии синни мувофиқ мебошад.
16) Ҳамин тариқ, солҳои охир бинобар сабаби афзоиши нуқсонҳои модарзодии дил дар байни кӯдакон мушкилоти ташкил ва расонидани кӯмаки махсусгардондашуда ба кӯдакони гирифтори нуқсонҳои модарзодии дил вуҷуд дорад. Ҳамзамон, мушкилоти назарраси ташкилӣ, методӣ ва молиявие вуҷуд доранд, ки такмили минбаъдаи кӯмаки ҷарроҳии дили кӯдакон, махсусан кӯдакони соли аввали ҳаётро бозмедоранд.
Дар аксари мавридҳо пайдоиши нуқсонҳои тарбодии дил ҳанӯз аз давраи кӯдакӣ, махсусан дар байни кӯдакони зуд-зуд беморшаванда ё бемориҳои саривақт ошкорнашудаи коллагенозӣ оғоз меёбад.
Тарбод то ҳол ҳамчун яке аз масъалаҳои мушкил барои бисёре аз мамлакатҳо боқӣ мемонад. Дар давоми садаи XX қонунияти пастшавии нишондиҳандаи миёнаи омории беморӣ ва паҳншавии табларзаи тарбодӣ, тағйирёбии манзараи клиникии он ба назар мерасад. Вале теъдоди бемороне, ки дар онҳо ҷараёни ниҳонии тарбод бо нуқсонҳои инкишофёбандаи дарғотҳои дил - сабабгори асосии маъюбшавии ҷавонон ва кӯдакони синни миёна мушоҳида мешавад, кам намегарданд.
17) Эпидемиологҳо зйёд шудани бемории тарбодро дар чоряки якуми асри XXI пешгӯӣ менамоянд, ки боиси болоравии суръатнокии нуқсонҳои тарбодии дил мегардад. Бинобар ҳамин ба ҳеҷ ваҷҳ ин масъаларо бартарафшуда шуморидан мумкин нест ва патология баъди фишори баланди шараёнҳо, бемориҳои ишемиявии дил ва сактаи мағзи сар ҷой мегирад.
Ҳамин тавр тибқи маълумоти Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ 0,5-1 фоизи аҳолӣ аз нуқсонҳои модарзодии дил ранҷ мекашад, ки дар онҳо инкишофи норасоии кори дил нисбатан пешгӯишаванда аст. Марги ногаҳонии беморони гирифтори эътилолҳои дарғоти нисбатан бисёртар дучор мегардад. Дар баъзе аз мамлакатҳои ҷаҳон дар байни нафарони аз 40 сола поён, ки ба бемориҳои дилу рагҳо гирифтор мебошанд, нуқсонҳои тарбодии дил сабаби бештари фавт ёфтани онҳо мегардад. Аз рӯи маълумоти охирини Ассотсиатсияи Амрикоии дил фавт аз нуқсонҳои дарғотии дил дар Штатҳои Муттаҳидаи Амрико ҳар сол қариб 20 ҳазор нафар ё 7 ба 100 ҳазор нафари аҳолиро ташкил медиҳад.
Танҳо ислоҳи саривақтӣ ва комилан мувофиқи ҷарроҳии нуқсонҳои тарбодии дил метавонад давомнокии ҳаётро зиёд ва самаранокии ҳаёти беморонро баланд бардорад. Таҳқиқоти муосири оморӣ нишон медиҳанд, ки баъди табобат бо усули ҷарроҳӣ беморони гирифтори нуқсонҳои тарбодии дил бо назардошти фавтёбии госпиталӣ то 10 соли баъди ҷарроҳӣ зинда мондани онҳо нисбат ба бемороне, ки бо усули ғайриҷарроҳӣ муолиҷа шудаанд, ба ҳисоби миёна 20-24 фоиз зиёдтар мебошад.
18) Гирифторӣ ба бемориҳои музмини тарбодии дил дар ҷумҳурӣ умуман андаке тамоюли пастшавӣ дорад: соли 2004 - 194,5 ба 100 ҳазор нафари аҳолӣ ва соли 2009 - 125,4 ба 100 ҳазори нафари аҳолӣ. Агар ба масъалаи мазкур дар доираи минтақаҳо назар андозем, дар вилояти Суғд ин нишондиҳанда дар соли 2004-ум 258,9 ва соли 2008-ум 323,4 ба 100 ҳазор нафари аҳолиро ташкил дода бошад ҳам, дар дигар минтақаҳо пастшавии ин нишондиҳанда ба назар мерасад, ки ҳақиқати вазъи воқеъиро инъикос наменамояд.
19) Сатҳи пасти ташкили кӯмаки махсусгардонидашуда дар маҳалҳо, аз марказ дур будани минтақаҳо, таъминоти нопурра бо табибони тарбодшинос ва нархи баланди муолиҷаи таъҷилӣ аз омилҳои нисбатан муҳими таҳрифи воқеияти гирифторӣ ба бемориҳои музмини тарбодии дил гардидаанд.
Далели гуфтаҳои боло теъдоди бемороне мебошанд, ки дар марказҳои махсусгардонидашудаи тиббӣ муолиҷа шудаанд: дар 10 соли охир дар Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои дил 498 нафар беморони нуқсонҳои модарзодии дил ва 908 нафар беморони нуқсонҳои тарбодии дил табобат гирифтаанд.
Таҳлили беморшавии бистаринамоии (госпиталии) шӯъбаи тарбодшиносии Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои 2004-2010 шаҳодат медиҳад, ки теъдоди камшавии беморони бистаришудаи гирифтори нуқсонҳои тарбодии дил хеле ночиз мебошад: соли 2004 - 73 нафар бемор ва соли 2009 -60 нафар бемор, умуман, дар давоми 7 сол зиёда аз 400 нафар беморони гирифтори нуқсонҳои дарғоти митралӣ ва шоҳраги пайдоишашон тарбодӣ муолиҷа карда шуданд, (ҳарчанд бештар аз нисфи беморон ба усули табобати таъҷилӣ эҳтиёҷ доштанд.
20) Бо мақсади беҳтар тамудани хизматрасонии тиббӣ ба кӯдакон дар мамлакат Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрия ва ҷарроҳии кӯдакон ва Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии саломатии кӯдакон барои 40 кат ташкил гардида, фаъолият доранд, ки дар заминаи онҳо ташкил намудани шӯъбаҳои ҷарроҳии дил ва барқарорсозии саломатӣ (реабилитатсия) барои кӯдакони гирифтори нуқсонҳои модарзодӣ ва тарбодии дил ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамин тавр таҳияи Барномаи мазкур барои ҳалли масъалаҳои зикргардида мусоидат менамояд.
3. Мақсади Барнома
21) Пешгирӣ, ташхис, табобат, паст намудани фавт ва барқароркунии саломатии беморони гирифтори нуқсонҳои модарзодӣ ва тарбодии дил бо роҳи такмили хадамоти дилу тарбодӣ ва ҷарроҳии дил дар ҷумҳурӣ.
4. Вазифаҳои асосии Барнома
22) Вазифаҳои асосии Барнома иборат аз:
- тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси кӯдакону калонсолон - ҷарроҳони дил, табибони дилу тарбодшинос, анестезиологҳо, реаниматологҳо, неонатологҳо, функсионалистҳо, мутахассисони хадамоти лабораторӣ, инчунин кормандони миёнаи тиббӣ;
- паст намудани беморшавӣ, фавт ва маъюбшавӣ аз нуқсонҳои модарзодӣ ва тарбодии дил бо роҳи гузаронидани чораҳои эҳтиётӣ ва татбиқи усулҳои самараноки ташхиси барвақтӣ, муолиҷа ва солимгардонии тиббӣ;
- рушду такмили сохтори ташкилӣ, инчунин таҳкими заминаи моддию техникии кӯмаки дилу тарбодӣ ва ҷарроҳии дил ҳам ба кӯдакон ва ҳам ба аҳолии калонсол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
5. Самтҳои асосӣ ва механизми татбиқи барнома
23) Тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси кӯдакону калонсолон - ҷарроҳони дил, табибони дилу тарбодшинос, анестизиологҳо, реаниматологҳо, неонатологҳо, функсионалистҳо, мутахассисони хадамоти лабораторӣ, инчунин кормандони миёнаи тиббӣ.
Тайёр намудани мутахассисон дар заминаи клиникаҳои марказии хориҷии ҷарроҳии дил, аз ҷумла дар Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Федеративии Германия ба нақша гирифта мешавад.
Тайёр ва такмили ихтисоси мутахассисони дилу тарбодшинос ва ҷарроҳони дил аз минтақаҳои мамлакат дар заминаи Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Тоҷикистон ва Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо ва қафаси сина;
Даъват намудани мутахассисони варзидаи хориҷии соҳаи ҷарроҳии дил (бригадаҳои ҷарроҳони дил) барои гузаронидани омӯзиши намунавӣ ва амалии мутахассисони соҳаи ҷарроҳии дил дар заминаи клиникаҳои мавҷудаи ҷарроҳии дил, инчунин ҷарроҳӣ намудани кӯдакони бемори синни барвақтии (1-3 сола) гирифтори шаклҳои гуногуни нуқсонҳои модарзодии дил.
Мунтазам гузаронидани такмили ихтисоси табибони муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ оид ба масъалаҳои барвақт ошкор намудани нуқсонҳои модарзодӣ ва тарбодии дил;
24) Паст намудани сатҳи беморшавӣ, фавт ва маъюбшавӣ аз нуқсонҳои модарзодӣ ва тарбодии дил бо роҳи гузаронидани чораҳои эҳтиётӣ ва татбиқи усулҳои самараноки ташхиси барвақтӣ, муолиҷа ва солимгардонии тиббии беморону маъюбон чорабиниҳои зеринро пешбинӣ менамояд, аз ҷумла:
а) ташхиси перинаталӣ бо роҳи гузаронидани чорабиниҳои зерин:
- барои пешгирӣ намудани таваллуди кӯдакон бо нуқсонҳои модарзодии дил, ки ба ҳаёт номувофиқ мебошанд, зарурати гузаронидани ташхис (скрининг) оид ба мавҷуд будани нуқсонҳои модарзодии дил дар ҷанини тамоми занони ҳомиладор;
- ташкили озмоишгоҳи тиббию генетикӣ дар заминаи Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологӣ;
- ба нақша гирифтани амалиёти барвақтии ҷарроҳӣ ҳангоми дар ҷанин мавҷуд будани нуқсонҳои хатарноки модарзодии дил;
- машваратҳои тиббию ирсӣ (генетикӣ) бо гузаронидани ташхиси кариотипикунонӣ ва верификатсия;
- ҳангоми ташхиси нуқсонҳои модарзодии дили ҷанине, ки ба амалиёти фаврии таваллуд эҳтиёҷ дорад, таваллуди ҳатмӣ дар марказҳои перинаталии ш.Душанбе ва вилоятҳо ва минбаъд барои муолиҷаи ҷарроҳӣ фиристодани кӯдак ба шӯъбаи ҷарроҳии дили ш.Душанбе;
б) чорабиниҳои зарурӣ дар зинаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ:
- дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ гузаронидани муоинаи клиникӣ ва инструменталӣ ташхис барои саривақт ошкор намудани иллатҳои дил, таъмин намудани муолиҷа, муайян намудани зарурияти амалиёти ҷарроҳӣ, солимгардонӣ ва назоратӣ диспансерӣ;
- профилактикаи бемориҳои дилу рагҳо - ҳангоми гумонбарӣ ба иллатҳои дил, фаъолона ошкор намудани онҳо дар байни доираи кӯдакони амалан солим, гузаронидани ташхисҳои (скринингҳои) профилактикӣ дар коллективҳои муташаккили кӯдакона (муассисаҳои томактабӣ, мактабҳо, мактаб-интернатҳо), диспансеризатсияи кӯдакони гурӯҳи хатар аз рӯи бемориҳои дил, ки ҳангоми гузаронидани ташхисҳо (скринингҳо) ошкор карда шудаанд.
25) Барои ошкор намудани нуқсонҳои модарзодии дил дар шӯъбаҳои госпитали ғайримахсускунонидашуда гузаронидани муоинаи клиникӣ ва инструменталӣ ҳангоми гумонбарӣ ба нуқсонҳои модарзодии дил (маълумоти лабораторӣ, сабти барқии дил, чен кардани фишори шараёнӣ, эхокардиография, аз рӯи имконият дигар таҳқиқоти функсионалӣ), машварати табибони бемориҳои кӯдаконаи дил ва муайян намудани усулҳои табобати минбаъдаи бемор, ҳангоми зарурат баъди муолиҷаи иллати ҳамроҳикунанда ба шӯъбаи махсусгардондашуда гузаронидани ӯ.
Такмили усулҳои муоинаи профилактикии занони ҳомиладор, кӯдакони синни барвақтӣ дар беморхонаҳо ва диспансеризатсияи беморони гирифтори нуқсонҳои модарзодии дил.
Таъмини беморони гирифтори нуқсонҳои модарзодӣ ва тарбодии дил бо маводи доруворӣ аз рӯи имтиёзҳои мавҷуда дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ.
Гузаронидани корҳои профилактикӣ дар байни аҳолӣ тавассути воситаҳои ахбори омма, тавсеаи маводи иттилоотӣ оид ба омилҳое, ки ба инкишофи нуқсонҳои модарзодии дил оварда мерасонанд (никоҳи хешовандӣ, истеъмоли машруботу тамоку ва ғайра) ва нуқсонҳои тарбодии дил бо назардошти тавсияҳои Ташкилоти Умимиҷаҳонии Тандурустӣ.
Ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар байни табибони бемориҳои дилу тарбодӣ ва ҷарроҳони дил бо мақсади амалӣ намудани мониторинги якҷояи беморони гирифтори нуқсонҳои модарзодӣ ва тарбодии дил, ки ба ҷарроҳии таъҷилӣ эҳтиёҷ доранд, аз ҷумла табобати пеш ва баъдиҷарроҳии онҳо.
Ғайр аз ин, тамоми чорабиниҳои зикршударо такмили роҳбарони клиникӣ, протоколҳои ташхис ва муолиҷаи нуқсонҳои модарзодӣ ва тарбодии дил бо назардошти талаботи тибби собиткунанда ва стандартҳои байналмилалӣ, мониторинги беморшавӣ, маъюбӣ ва фавти аҳолии ҷумҳурӣ аз нуқсонҳои модарзодӣ ва тарбодии дил, таҳияи тавсияҳои зарурии методӣ мушоиат мекунанд.
26) Инкишоф ва такмили сохтори ташкилӣ, инчунин таҳкими заминаи моддию техникии кӯмаки бемориҳои дилу тарбодӣ ва ҷарроҳии дил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд:
а) пурра ҷиҳозонидани Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо ва қафаси сина бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ барои гузаронидани ҷарроҳӣ дар "дили кушода" барои беморони гирифтори нуқсонҳои модарзодӣ ва тарбодии дил;
б) дар доираи гузаронидани таҷдиди муассисаҳои тиббӣ:
- ташкили Шӯъбаи ҷарроҳии дили кӯдакона дар заминаи Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрия ва ҷарроҳии кӯдакон" ва Маркази ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд;
- таъмини марказҳои ҷарроҳии дилу рагҳо бо маводи масрафшаванда;
- ташкили Марказҳои перинаталӣ дар ш.Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;
- ташкили Шӯъбаҳои бемориҳои дилу тарбодии кӯдакона дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Кӯлобу Хоруғ ва ҷиҳозонидани онҳо барои гузаронидани чорабиниҳои ташхисию табобатии беморони гирифтори нуқсонҳои модарзодӣ ва тарбодии дил;
- марҳила ба марҳила кушодани шӯъбаҳои бемориҳои дилу тарбодӣ дар заминаи беморхонаҳои вилоятӣ (шаҳрӣ);
- дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар заминаи марказҳои саломатии шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ташкил намудани ҳуҷраҳои табибони бемориҳои дилу тарбодӣ ва таъмин намудани онҳо бо кадрҳои баландихтисос;
- зина ба зина таҷҳизонидани муассисаҳои ҷумҳуриявии кӯмаки таваллудӣ бо дастгоҳи Допплер-эхокардиография барои барвақт ошкор намудани иллатҳои ҷанину навзодон, аз ҷумла нуқсонҳои модарзодии дил.
- пурра таҷҳизонидани шӯъбаҳои ҷарроҳии дили кӯдакона дар шаҳри Душанбе ва шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд;
27) Қайд кардан зарур аст, ки амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба ташкили 2 маркази ҷарроҳии дил ба зиёд намудани миқдори катҳои ҷарроҳии дил аз 50 то 100 адад, инчунин зиёд намудани миқдори амалиёти ҷарроҳии дил аз 100 то 500 ҷарроҳӣ дар як сол имконият медиҳад.
28) Бояд фаъолияти ҳуҷраҳои дилу тарбодии муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии мамлакат таъмин карда шавад.
- таъмини Санаторияи ҷумҳуриявии кӯдаконаи бемориҳои кардиоревматологии "Ҳушёрӣ" бо таҷҳизоти зарурии реабилитатсионӣ.
- гузаронидани иқдоми (аксияҳои) "Аз дил ба дил", ба таври ройгон ҷарроҳӣ намудани кӯдакони бемор аз тарафи зерсохторҳои Вазорати тандурустӣ ва соҳибкорони ватанӣ.
- таъсис додани "Хазинаи хайрия" барои табобати бемориони гирифтори нуқсонҳои модарзодӣ ва тарбодии дил.
6. Натиҷаҳои пешбинишаванда
29) Дар ҳолати татбиқи Барнома натиҷаҳои зерин пешбинӣ мешаванд:
- дастрасӣ ва сифати кӯмаки ҷарроҳии дил ба аҳолӣ беҳтар гардида, ҳаҷми чорабиниҳо оид ба пешгирии бемориҳо зиёд мегардад;
- то соли 2015 нишондиҳандаи фавт аз нуқсонҳои модарзодӣ ва тарбодии дил то 30 фоиз кам мешавад.
- теъдоди бемороне, ки ба муолиҷа дар хориҷи кишвар эҳтиёҷ доранд, кам мегардад;
- хадамоти самарабахши бемориҳои дилу тарбодӣ аз ҳисоби пурра таҷҳизонидани Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу раг ва қафаси сина, Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрия ва ҷарроҳии кӯдакон" ва Маркази ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд таъсис дода мешавад, ки он барои гузаронидани ҷарроҳӣ дар "дили кушода" ба беморони гирифтори нуқсонҳои модарзодӣ ва тарбодии дил имконият медиҳад;
- заминаи илмӣ, ҳуқуқӣ, ташкилию методӣ, системаи иттилоотӣ ва моддию техникӣ дар базаи муассисаҳо таъсис дода мешавад, ки ба беморони гирифтори нуқсонҳои модарзодӣ ва тарбодии дил кӯмаки махсусгардондашуда мерасонад;
- дар заминаи муассисаҳое, ки ба беморони гирифтори нуқсонҳои модарзодӣ ва тарбодии дил кӯмаки махсусгардондашудаи тиббӣ мерасонанд, технологияи муосир, самаранок ва аз ҷиҳати иқтисодӣ асоснок ҷорӣ мешавад;
- феҳристи таъсисдодашуда ва фаъолияткунандаи кӯдакони гирифтори нуқсонҳои модарзодӣ ва тарбодии дил дар қаламрави ҷумҳурӣ барои амиқтар омӯхтани эпидемиологияи паҳншавии нуқсонҳои модарзодӣ ва тарбодии дил доир ба саривақт қабул намудани қарорҳо мусоидат мекунад.
7. Мониторинг ва арзёбии Барнома
30) Бо мақсади таъмин намудани татбиқи самаранок ва иҷрои бомуваффаққияти вазифаҳои асосии бамиёнгузоштаи Барномаи мазкур мунтазам санҷиш (мониторинг) ва арзёбӣ гузаронида мешавад. Санҷиш дар як сол ду маротиба ва арзёбии Барнома бошад, дар як сол як маротиба дар асоси ҳуҷҷатҳои ҳисоботии муассисаҳои табобатию профилактикӣ ва баҳодиҳии индикаторҳои Барнома гузаронида мешавад. Таҳлили индикаторҳо ва нишондиҳандаҳои беморшавию фавт аз нуқсонҳои модарзодӣ ва тарбодии дил барои арзёбии татбиқи самараноки Барномаи мазкур истифода мешаванд.
8. Индикаторҳо:
- фоизи занони ҳомиладор, ки ба муоинаи антенаталӣ ва скрининг-тестикунонӣ оид ба ошкор намудани номӯътадилии модарзодии инкишоф фаро гирифта шудаанд;
- фоизи кормандони муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, ки малакаи барвақт ошкор намудани кӯдакони гирифтори нуқсонҳои модарзодӣ ва тарбодии дилро доранд;
- фоизи кормандони омӯзонидашудаи муассисаҳои махсусгардондашудаи бемориҳои дилу тарбодӣ ва ҷарроҳии дил, ки малакаҳои ташхиси функсионалӣ ва ҷарроҳиро доранд;
- фоизи кӯдаконе, ки дар синни барвақтӣ ба дахолати таъҷилӣ дучор шудаанд;
- нишондиҳандаи беморшавӣ бо нуқсонҳои модарзодӣ ва тарбодии дил ба 10 000 нафари аҳолӣ;
- нишондиҳандаи маъюбӣ ва фавти кӯдакони гирифтори нуқсонҳои модарзодӣ ва тарбодии дил дар давраи баъдиҷарроҳӣ;
- самарабахшии диспансеризатсиякунонӣ;
- сатҳи иттилоотнокии аҳолӢ оид ба пешгирии нуқсонҳои модарзодӣ ва тарбодии дил.
9. Маблағгузории Барнома
31) Барнома дар доираи маблағҳои пешбинишудаи Буҷети давлатӣ ва маблағҳои ташкилотҳои байналхалқӣ, ки барои соҳаи тандурустӣ ҷудо карда мешаванд, амалӣ мегардад.
Дар давоми соли 2010 дар буҷети соҳаи тандурустии ҷумҳуриявӣ барои бемориҳои дилу тарбодӣ ва ҷарроҳии дил ҳамагӣ 3 037 705 сомонӣ ҷудо карда шуда буд. Илова ба ин, буҷетҳои маҳаллии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон ва Суғд соли 2010 барои хадамоти бемориҳои дилу тарбодӣ ва ҷарроҳии дил 3 008 669 сомонӣ ҷудо намуданд. Дар соли 2011 бошад, дар буҷети соҳаи тандурустии ҷумҳуриявӣ 3 913 230 сомонӣ, аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллии вилоятҳо 3 219 267 сомонӣ ҷудо гардидааст. Тибқи дурнамо, дар соли 2012 - 4 187 156 сомонӣ, 3 444 616 сомонӣ; дар соли 2013 - 4 480 257 сомонӣ, 3 685 739 сомонӣ; дар соли 2014 - 4 793 875 сомонӣ, 3 943 732 сомонӣ ва дар соли 2015 - 5 129 446 сомонӣ, 4 219 794 сомонӣ мутаносибан пешбинӣ гардидааст.
10. Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи миллии пешгирӣ,ташхис ва табобати беморони гирифтори нуқсонҳои модарзодӣ ва тарбоди дил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015
+---+----------------------+--------------+---------+----------------ҷ
|Р/т|Чорабиниҳо |Иҷрокунандагон|Мӯҳлатҳои|Сарчашмаи |
| | | |татбиқ |маблағгузорӣ |
+---+----------------------+--------------+---------+----------------+
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |

| I |Тайёр намудани мутахассисони баландихтисос барои табобати |
| |кӯдакон ва калонсолон - ҷарроҳони дил, дилу тарбодшиносӣ, |
| |анестезиолог-реаниматологҳо, неонатологҳо, функсионалистҳо, |
| |мутахассисони хадамоти озмоишӣ ва ҳамчунин ҳайати кормандони |
| |миёнаи тиб |

|1 |Тайёр намудани 12 |Вазорати |2011-2013|Маблағҳои |
| |нафар мутахассисони |тандурустии | |пешбинишудаи |
| |баландихтисос барои |Ҷумҳурии | |Буҷети давлатӣ |
| |табобати кӯдакон ва |Тоҷикистон, | |ва ташкилотҳои |
| |калонсолон (ҷарроҳони |Маркази | |байналмилалӣ |
| |дил,дилу тарбодшиносӣ,|ҷумҳуриявии | | |
| |анестезиолог- |илмии ҷарроҳии| | |
| |реаниматологҳо, |дилу раг ва | | |
| |неонатологҳо, |қафаси сина | | |
| |функсионалистҳо, | | | |
| |мутахассисони | | | |
| |хадамоти озмоишӣ ва | | | |
| |ҳамчунин ҳайати | | | |
| |кормандони миёнаи | | | |
| |тиб) дар хориҷи | | | |
| |кишвар | | | |

|2 |Даъват намудани |Вазорати |2011-2015|Маблағҳои |
| |мутахассисони пешбари |тандурустии | |пешбинишудаи |
| |хориҷӣ дар соҳаи |Ҷумҳурии | |Буҷети давлатӣ |
| |ҷарроҳии дил |Тоҷикистон, | |ва ташкилотҳои |
| |(бригадаҳои ҷарроҳони |Маркази | |байналмилалӣ |
| |дил) доир ба |ҷумҳуриявии | | |
| |гузаронидани омӯзиши |илмии ҷарроҳии| | |
| |касабавӣ ва тренингҳо |дилу раг ва | | |
| |барои мутахассисони |қафаси сина, | | |
| |соҳаи ҷарроҳии дил |Маркази | | |
| |дар заминаи клиникаҳои|ҷарроҳии | | |
| |мавҷудаи ҷарроҳии дил,|дилу рагҳои | | |
| |инчунин ҷарроҳӣ |вилояти | | |
| |намудани кӯдакони |Суғд | | |
| |бемори синни бармаҳал | | | |
| |(1-3 сола) бо шаклҳои | | | |
| |гуногуни нуқсонҳои | | | |
| |модарзодии дил. | | | |

|3 |Дар заминаи Донишкадаи|Вазорати |2011-2015|Маблағҳои |
| |такмили ихтисоси |тандурустии | |пешбинишудаи |
| |баъдидипломии |Ҷумҳурии | |Буҷети давлатӣ |
| |кормандони тибби |Тоҷикистон, | |ва ташкилотҳои |
| |Тоҷикистон ва Маркази |Маркази | |байналмилалӣ |
| |ҷумҳуриявии илмии дилу|ҷумҳуриявии | | |
| |рагҳо ва қафаси сина |илмии ҷарроҳии| | |
| |тайёр кардан ва |дилу раг ва | | |
| |такмили ихтисоси |қафаси сина, | | |
| |мутахассисони дилу |Донишкадаи | | |
| |тарбодӣ ва ҷарроҳони |такмили | | |
| |дил аз минтақаҳои |ихтисоси | | |
| |кишвар |баъдидипломии | | |
| | |кормандони | | |
| | |тибби | | |
| | |Тоҷикистон | | |

|II Паст намудани фавт аз бемориҳои нуқсонҳои модарзодӣ ва тарбодии |
| дил бо роҳи ҷорӣ намудани усулҳои самарабахши ташхиси бармаҳал, |
| табобат ва барқароркунии тиббии беморон ва маъюбон |

|4 |Пешгирии таваллуди |Марказҳои |2011-2015|Маблағҳои |
| |кӯдакон бо нуқсонҳои |солимии | |пешбинишудаи |
| |дил, ки ба ҳаёт |репродуктивӣ, | |Буҷети давлатӣ |
| |номувофиқ мебошанд, |таваллудхонаҳо| | |
| |бо роҳи гузаронидани | | | |
| |скрининг оид ба | | | |
| |мавҷудияти нуқсонҳои | | | |
| |модарзодии дил дар | | | |
| |ҷанин барои ҳамаи | | | |
| |занон дар мӯҳлати | | | |
| |муқарраргардидаи | | | |
| |ҳомиладорӣ бо пур | | | |
| |намудани протоколи | | | |
| |стандартӣ дар | | | |
| |марказҳои солимии | | | |
| |репродуктивӣ | | | |

|5 |Банақшагирии амалиёти |Пажӯҳишгоҳи |2011-2015|Маблағҳои |
| |бармаҳали ҷарроҳӣ |илмию | |пешбинишудаи |
| |ҳангоми дар ҷанин ҷой |тадқиқотии | |Буҷети давлатӣ |
| |доштани нуқсони |акушерӣ, | | |
| |мураккаби модарзодии |гинекологӣ | | |
| |дил, гузаронидани |ва | | |
| |машварати тиббию |перинатологии | | |
| |генетикӣ ва тасдиқ |Тоҷикистон | | |
| |намудани ташхис | | | |

|6 |Ташкили озмоишгоҳи |Пажӯҳишгоҳи |2013 |Маблағҳои |
| |тиббию генетикӣ дар |илмию | |пешбинишудаи |
| |заминаи Пажӯҳишгоҳи |тадқиқотии | |Буҷети давлатӣ |
| |илмию-таҳқиқотии |акушерӣ, | |ва ташкилотҳои |
| |акушерӣ, гинекологӣ ва|гинекологӣ ва | |байналмилалӣ |
| |перинатологӣ |перинатологии | | |

|7 |Саривақт муайян |Шӯъбаҳои |2011-2015|Маблағҳои |
| |намудани бемориҳои |махсусгар- | |пешбинишудаи |
| |дил, таъмини табобат, |донидашудаи | |Буҷети давлатӣ |
| |амалиёти таъҷилии |дилу тарбодӣ | | |
| |ҷарроҳӣ аз рӯи | | | |
| |нишондод, | | | |
| |реабилитатсия ва | | | |
| |муоинаи диспансерӣ, | | | |
| |инчунин гузаронидани | | | |
| |муоинаи клиникӣ ва | | | |
| |инструменталӣ дар | | | |
| |муассисаҳои кӯмаки | | | |
| |аввалияи тиббию | | | |
| |санитарӣ | | | |

|8 |Гузаронидани санҷишҳои|Марказҳои |2011-2015|Маблағҳои |
| |(скринингҳои) |саломатии | |пешбинишудаи |
| |пешгирикунанда дар |шаҳрӣ ва | |Буҷети давлатӣ |
| |муассисаҳои |ноҳиявӣ | | |
| |муташаккили кӯдакона | | | |
| |(муассисаҳои | | | |
| |томактабӣ, мактабҳо, | | | |
| |мактаб-интернатҳо), | | | |
| |диспансеризат- | | | |
| |сиякунонии кӯдакон аз | | | |
| |гурӯҳи хавф бо бемории| | | |
| |дил, ки ҳангоми | | | |
| |гузаронидани санҷишҳо | | | |
| |(скринингҳо) муайян | | | |
| |шудаанд | | | |

|9 |Диспансеризатсиякуно- |Марказҳои |2011-2015|Маблағҳои |
| |нии кӯдакон бо |саломатии | |пешбинишудаи |
| |бемориҳои дил |шаҳрӣ ва | |Буҷети давлатӣ |
| | |ноҳиявӣ | | |

|10 |Муайян намудани |Хадамоти |2011-2015|Маблағҳои |
| |нуқсонҳои модарзодии |статсионарии | |пешбинишудаи |
| |дил дар шӯъбаҳои |кӯдакона | |Буҷети давлатӣ |
| |ғайримахсусгардони- | | | |
| |данашудаи статсионарӣ | | | |
| |бо роҳи таҳқиқи | | | |
| |клиникӣ ва | | | |
| |инструменталӣ ҳангоми | | | |
| |гумонбарӣ ба нуқсонҳои| | | |
| |модарзодии дил | | | |

|11 |Дар асоси шартҳои |Марказҳои |2011-2015|Маблағҳои |
| |имтиёзнок таъмини |саломатии | |пешбинишудаи |
| |беморони гирифтори |шаҳрӣ ва | |Буҷети давлатӣ |
| |нуқсонҳои модарзодӣ ва|ноҳиявӣ | |ва ташкилотҳои |
| |тарбоди дил бо маводи | | |байналмилалӣ |
| |доруворӣ дар | | | |

|12 |Бо дарназардошти |Марказҳои |2011-2015|Маблағҳои |
| |тавсияҳои Ташкилоти |солимии | |пешбинишудаи |
| |Умумиҷаҳонии |репродуктивӣ, | |Буҷети давлатӣ |
| |Тандурустӣ |Маркази | |ва ташкилотҳои |
| |гузаронидани корҳои |ҷумҳуриявии | |байналмилалӣ |
| |профилактикӣ дар байни|ташаккули | | |
| |аҳолӣ тавассути |тарзи ҳаёти | | |
| |воситаҳои ахбори омма,|солим | | |
| |тавсеаи маводи | | | |
| |иттилоотӣ оид ба | | | |
| |омилҳое, ки ба | | | |
| |инкишофи нуқсонҳои | | | |
| |модарзодии дил | | | |
| |(никоҳи хешовандӣ, | | | |
| |истеъмоли машруботу | | | |
| |тамоку ва ғайра) ва | | | |
| |нуқсонҳои тарбоди дил | | | |
| |оварда мерасонанд | | | |

|13 |Ба роҳ мондани |Марказҳои |2011-2015|Маблағҳои |
| |муттасилии байни |саломатии | |пешбинишудаи |
| |табибони дилу тарбодӣ |шаҳрӣ | |Буҷети давлатӣ |
| |ва ҷарроҳони дил бо |ва ноҳиявӣ, | | |
| |мақсади амалӣ намудани|беморхонаҳои | | |
| |мониторинги якҷояи |ҷарроҳии дил | | |
| |беморони нуқсонҳои |ва дилу | | |
| |тарбодии дил, ки ба |тарбодшиносӣ | | |
| |табобати таъҷилӣ | | | |
| |эҳтиёҷ доранд, аз | | | |
| |ҷумла амалиёти | | | |
| |пешазҷарроҳӣ ва | | | |
| |баъдиҷарроҳии онҳо | | | |

|III Рушд ва такмили сохтори ташкилӣ, инчунин таҳкими заминаи моддию |
| техникии кӯмаки дилу тарбодӣ ва ҷарроҳии дил ҳам ба кӯдакон ва |
| ҳам ба калонсолон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон |

|14 |Пурра ҷиҳозонидани |Вазорати |2012 |Маблағҳои |
| |Маркази ҷумҳуриявии |тандурустии | |пешбинишудаи |
| |илмии ҷарроҳии дилу |Ҷумҳурии | |Буҷети давлатӣ |
| |раг ва қафаси сина бо |Тоҷикистон | |ташкилотҳои |
| |таҷҳизоти тиббӣ, ки | | |байналмилалӣ |
| |барои гузаронидани | | | |
| |ҷарроҳӣ ба шахсони | | | |
| |гирифтори нуқсонҳои | | | |
| |модарзодӣ ва тарбоди | | | |
| |дил дар "дили кушода" | | | |
| |имконият медиҳанд | | | |

|15 |Таъмини марказҳои |Вазорати |2011-2015|Маблағҳои |
| |ҷарроҳии дилу рагҳо бо|тандурустии | |пешбинишудаи |
| |маводи масрафшаванда |Ҷумҳурии | |Буҷети давлатӣ |
| | |Тоҷикистон | |ва ташкилотҳои |
| | | | |байналмилалӣ |

|16 |Ташкили шӯъбаи |Раёсати |2012 |Маблағҳои |
| |кӯдаконаи ҷарроҳии дил|тандурустии | |пешбинишудаи |
| |дар заминаи Маркази |вилояти Суғд | |Буҷети давлатӣ |
| |ҷарроҳии дилу рагҳои | | |ва ташкилотҳои |
| |вилояти Суғд дар | | |байналмилалӣ |
| |ш.Хуҷанд | | | |

|17 |Ташқили шӯъбаи |Вазорати |2014-2015|Маблағҳои |

| |дар заминаи Муассисаи |Ҷумҳурии | |Буҷети давлатӣ |
| |давлатии "Маркази |Тоҷикистон | |ва ташкилотҳои |
| |ҷумҳуриявии илмию | | |байналмилалӣ |
| |клиникии педиатрия ва | | | |
| |ҷарроҳии кӯдакон" | | | |

|18 |Ташкили Марказҳои |Вазорати |2011-2014|Маблағҳои |
| |пренаталӣ дар Вилояти |тандурустии | |пешбинишудаи |
| |Мухтори Кӯҳистони |Ҷумҳурии | |Буҷети давлатӣ |
| |Бадахшон, вилоятҳои |Тоҷикистон, | |ва ташкилотҳои |
| |Хатлон, Суғд ва |раёсатҳои | |байналмилалӣ |
| |ш.Душанбе |тандурустии | | |
| | |вилоятҳо ва | | |
| | |ш.Душанбе | | |

|19 |Ташкили шӯъбаҳои |Вазорати |2011-2015|Маблағҳои |
| |кӯдаконаи дилу тарбодӣ|тандурустии | |пешбинишудаи |
| |дар шаҳрҳои Душанбе, |Ҷумҳурии | |Буҷети давлатӣ |
| |Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, |Тоҷикистон, | |ва ташкилотҳои |
| |Кӯлоб, Хоруғ ва |раёсатҳои | |байналмилалӣ |
| |ҷиҳозонидани онҳо бо |тандурустии | | |
| |таҷҳизот ва маводи |вилоятҳо ва | | |
| |масрафшаванда доир ба |ш.Душанбе | | |
| |гузаронидани | | | |
| |чорабиниҳои ташхисӣ ва| | | |
| |табобатӣ барои | | | |
| |беморони мубталои | | | |
| |нуқсонҳои модарзодӣ | | | |
| |ва тарбоди дил | | | |

|20 |Марҳила ба марҳила дар|Вазорати |2011-2015|Маблағҳои |
| |мамлакат муҷаҳҳазгар- |тандурустии | |пешбинишудаи |
| |донии тамоми |Ҷумҳурии | |Буҷети давлатӣ |
| |муассисаҳои кӯмаки |Тоҷикистон, | |ва ташкилотҳои |
| |таваллудӣ бо таҷҳизоти|раёсатҳои | |байналмилалӣ |
| |Допплер- |тандурустии | | |
| |эхокардиография барои |вилоятҳо | | |
| |бармаҳал муайян |ва ш.Душанбе, | | |
| |намудани беморӣ дар |шӯъбаҳои | | |
| |ҷанин ва навзодон, аз |тандурустии | | |
| |ҷумла нуқсонҳои |шаҳру ноҳияҳо | | |

|21 |Дар тамоми шаҳру |Раёсатҳои |2011-2015|Маблағҳои |
| |ноҳияҳои кишвар дар |тандурустии | |пешбинишудаи |
| |заминаи марказҳои |вилоятҳо ва | |Буҷети давлатӣ |
| |саломатии шаҳрӣ ва |ш.Душанбе, | |ва ташкилотҳои |
| |ноҳиявӣ ташкил |шӯъбаҳои | |байналмилалӣ |
| |намудани ҳуҷраҳои |тандурустии | | |
| |табиби дилу тарбодӣ ва|шаҳру ноҳияҳо | | |
| |таъмини онҳо бо | | | |
| |кадрҳои баландихтисос | | | |

|22 |Таъмини Осоишгоҳи |Вазорати |2011-2012|Маблағҳои |
| |ҷумҳуриявии кӯдаконаи |тандурустии | |пешбинишудаи |
| |бемориҳои |Ҷумҳурии | |Буҷети давлатӣ |
| |кардиоревматологии |Тоҷикистон | |ва ташкилотҳои |
| |"Ҳушёрӣ" бо | | |байналмилалӣ |
| |таҷҳизотҳои зарурии | | | |
| |реабилитатсионӣ | | | |

|23 |Таҳияи тавсияҳои |Вазорати |2011-2015|Маблағҳои |
| |зарурии методӣ |тандурустии | |пешбинишудаи |
| | |Ҷумҳурии | |Буҷети давлатӣ |

|24 |Санҷиши (мониторинги) |Шӯъбаҳои омори|2011-2015|Маблағҳои |
| |беморшавӣ, маъюбӣ ва |ҷумҳуриявӣ, | |пешбинишудаи |
| |фавти аҳолии кишвар аз|вилоятӣ ва | |Буҷети давлатӣ |
| |нуқсонҳои модарзодӣ ва|ноҳиявӣ | | |
| |тарбоди дил | | | |

|25 |Гузаронидани иқдоми |Вазорати |2011-2013|Аз ҳисоби |
| |"Аз дил ба дил", ба |тандурустии |аз рӯи |соҳибкорони |
| |таври ройгон ҷарроҳӣ |Ҷумҳурии |зарурият |ватанӣ |
| |намудани 200 нафар |Тоҷикистон |давоми | |
| |кӯдакони бемор аз | |иқдоми | |
| |тарафи зерсохторҳои | |мазкур | |
| |Вазорати тандурустӣ | |дар | |
| |ва соҳибкорони ватанӣ | |солҳои | |
| | | |оянда | |

|26 |Таъсиси "Хазинаи |Вазорати |2011-2015|Аз ҳисоби |
| |хайрия" дар назди |тандурустии | |шахсони |
| |Вазорати тандурустии |Ҷумҳурии | |алоҳида ва |
| |Ҷумҳурии Тоҷикистон |Тоҷикистон | |соҳибкорони |
| | | | |ватанӣ |
| | | | | |