Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи азнавташкилдиҳии Муассисаи таълимии давлатии "Литсейи касбии саноати кишоварзии ба номи Ютако Акинои ноҳияи Данғара"
Мутобиқи моддаҳои 58 ва 59 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Муассисаи таълимии давлатии "Литсейи касбии саноати кишоварзии ба номи Ютако Акинои ноҳияи Данғара" бо роҳи ҳамроҳ кардани он ба Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур аз нав ташкил дода шуда, Муассисаи таълимии давлатии "Литсейи касбии саноати кишоварзии ба номи Ютако Акинои назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур" номгузорӣ карда шавад.
2) Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи акти супоридан ҳуқуқу ӯҳдадориҳои амволии Муассисаи таълимии давлатии "Литсейи касбии саноати кишоварзии ба номи Ютако Акинои ноҳияи Данғара"-ро ба Муассисаи таълимии давлатии "Литсейи касбии саноати кишоварзии ба номи Ютако Акинои назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур" гузаронад.
3) Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар мӯҳлати ду моҳ масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии муассисаи таълимии мазкурро тибқи тартиби муқарраргардида ҳал намояд.
4) Маблағгузории Муассисаи таълимии давлатии "Литсейи касбии саноати кишоварзии ба номи Ютако Акинои назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур" аз ҳисоби маблағҳои барои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ пешбинишуда амалӣ карда шавад.
5) Аз Номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукуматн Ҷумҳурпи Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 594 "Дар бораи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, калимаҳои "Литсейи касбии саноати кишоварзии ба номи Ютако Акинои ноҳияи Данғара" хориҷ карда шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 1 апрели соли 2011 № 173
ш. Душанбе