Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2011 № 246 "Дар бораи ворид намудани илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 618"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 618

Бо мақсади таъмини ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар бехатарии хизматрасонӣ ва мутобиқи моддаҳои 8 ва 39 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба банди 5 Низомномаи Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 618 "Дар бораи Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"- риояи талаботи бехатариро ҳангоми лоиҳакашӣ, истеҳсол, васлкунӣ ва истифодабарии техникаи аттрактсионӣ назорат мекунад ва онҳоро дар Феҳристи давлатии иншооти истеҳсолии хатарнок ба қайд мегирад;".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 30 апрели соли 2011 № 246

ш. Душанбе