Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Ҳайати Кумитаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистикаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.12.2012 № 713)
1) Ҳайати Кумитаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистикаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад ().
2) Ҳайати Кумитаи Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007 № 549 "Дар бораи ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июли соли 1996 № 311" тасдиқ шудааст, аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 апрели соли 2011 № 233
ш. Душанбе
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "30" апрели соли 2011 № 233
тасдиқ шудааст
Ҳайати Кумитаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистикаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Қурбонова Руқия Атоевна - муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумита.
2. Гулназар Келдӣ - Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, муовини Раиси Кумита.
3. Раҳмат Назрӣ - Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, котиби масъули Кумита.
4. Сайфутдинов Мансур - мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, барандаи Ҷоизаҳои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ.
5. Пиров Маҳмадсаид Шоҳиддинович - мудири шӯъбаи фарҳанги Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ().
6. Мирзошоҳрух Асрорӣ - вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
7. Меҳмон Бахтӣ - барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
8. Ҳақназар Ғоиб - Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ
9. Додхудоева Лариса - доктори илми таърих, корманди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санъатшинос.
10. Саидов Нуриддин Саидович - Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ().
11. Низом Қосим - барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
12. Шарипов Сабзалӣ - Рассоми халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ.
13. Билолов Саидқул - Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ.
14. Маҷидов Холаҳмад - Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, директори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, хормейстер.
15. Миралибеков Баҳодур - Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, саркоргардони Театри давлатии драмаи русии ба номи Владимир Маяковский
16. Назаров Вафо - Рассоми халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ.
17. Камол Насрулло - Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, муовини Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
18. Сиддиқов Саид Раҷабалиевич - муовини якуми раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ().
19. Саймиддинов Додихудо - узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми филология. Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
20. Шарифов Худоӣ - доктори илми филология, устоди Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон.
21. Баҳром Юсуфӣ - академики Академияи байналмилалии меъморони Шарқ, Раиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон.