Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2011 № 232 "Дар бораи таъсис додани муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди минтақаи Ғунди ноҳияи Шуғнон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи таъсис додани Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди минтақаи Ғунди ноҳияи Шуғнон

Мутобиқи моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди минтақаи Ғунди ноҳияи Шуғнон таъсис дода шуда, фаъолияти он дар доираи маблағҳои пешбинишудаи буҷети соли 2011 амалӣ карда шавад.

2) Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳалли ҷойгиршавии "Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди минтақаи Ғунди ноҳияи Шуғнон"-ро муайян намоянд.

3) Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкиливу ҳуқуқии таъсиси "Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди минтақаи Ғунди ноҳияи Шуғнон"-ро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал намояд.

4) Ба Номгӯи корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои сохтори Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 602 тасдиқ шудааст, сархати нав бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди минтақаи Ғунди ноҳияи Шуғнон".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 30 апрели соли 2011 № 232

ш. Душанбе