Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тарифҳои мавсимии энергияи барқ барои насосҳои обкашӣ, истгоҳҳои насосҳои обёрии мошинӣ ва базаҳои таъмирию истеҳсолии Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.06.2011 № 292)
Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи монополияҳои табиӣ", моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади самаранок истифода бурдани захираҳои обӣ, зарурати танзими барқ дар дохили ҷумҳурӣ, дастгирии сектори воқеии иқтисодиёт, инчунин ҷиҳати оқилона истифода бурдани энергияи барқ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Тарифҳои мавсимии энергияи барқ барои насосҳои обкашӣ, истгоҳҳои насосҳои обёрии мошинӣ ва базаҳои таъмирию истеҳсолии Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавсими обёрӣ (аз 1 апрел то 30 сентябр) ба андозаи 1,5 дирам барои 1 кВт. соат (бо назардошти ААИ) ва дар мавсими байниобёрӣ (аз 1 октябр то 31 март) ба андозаи 5,7 дирам барои 1 кВт. соат (бо назардошти ААИ) муқаррар карда шаванд.
2) Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохти саривақтии ҳаққи истифодаи энергияи барқро таъмин намояд.
3) Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 майи соли 2010, № 259 "Дар бораи тарифҳои мавсимии энергияи барқ барои истифодабарандагони алоҳида" тағйироти зерин ворид карда шавад:
- дар банда 3 калимаҳои "Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва" хориҷ карда шуда калимаи "намоянд" ба калимаи "намояд" иваз карда шавад;
- хориҷ карда шуд .
4. Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" ба Нархномаи № 09-01-2010 "Тарифҳо барои энергияи барқ ва гармӣ" тибқи қарори мазкур тағйироти дахлдор ворид намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 12 марти соли 2011 № 149
ш. Душанбе
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тарифҳои мавсимии энергияи барқ барои насосҳои обкашӣ, истгоҳҳои насосҳои обёрии мошинӣ ва базаҳои таъмирию истеҳсолии Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи монополияҳои табиӣ", моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади самаранок истифода бурдани захираҳои обӣ, зарурати танзими барқ дар дохили ҷумҳурӣ, дастгирии сектори воқеии иқтисодиёт, инчунин ҷиҳати оқилона истифода бурдани энергияи барқ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Тарифҳои мавсимии энергияи барқ барои насосҳои обкашӣ, истгоҳҳои насосҳои обёрии мошинӣ ва базаҳои таъмирию истеҳсолии Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавсими обёрӣ (аз 1 апрел то 30 сентябр) ба андозаи 1,5 дирам барои 1 кВт. соат (бо назардошти ААИ) ва дар мавсими байниобёрӣ (аз 1 октябр то 31 март) ба андозаи 5,7 дирам барои 1 кВт. соат (бо назардошти ААИ) муқаррар карда шаванд.
2) Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохти саривақтии ҳаққи истифодаи энергияи барқро таъмин намояд.
3) Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 майи соли 2010, №259 "Дар бораи тарифҳои мавсимии энергияи барқ барои истифодабарандагони алоҳида" тағйироти зерин ворид карда шавад:
- дар банда 3 калимаҳои ,Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва" хориҷ карда шуда калимаи "намоянд" ба калимаи "намояд" иваз карда шавад;
- банди 2 аз ҷадвали "Тарифҳои мавсимии энергияи барқ барои истифодабарандагони алоҳида", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 майи соли 2010, №259 тасдиқ шудааст, хориҷ карда шавад.