ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ СИРРИ ДАВЛАТӢ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 апрели соли 2003 "Дар бораи сирри давлатӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, №4, мод. 134; с. 2007, №7, мод. 655) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 7 моддаи 4 калимаи "фаврии" ба калимаи "оперативии" иваз карда шавад.
2. Дар моддаи 5:
- дар зербанди а) қисми 1 калимаи "фаврӣ" ба калимаи "оперативӣ" иваз карда шавад;
- дар зербанди а) қисми 4 калимаҳои "фаврию ҷустуҷӯӣ" ба калимаҳои "оперативӣ-ҷустуҷӯӣ" иваз карда шаванд.
3. Дар зербанди в) қисми 2 моддаи 11 калимаҳои "фаврӣ ҷустуҷӯӣ" ба калимаҳои "оперативӣ-ҷустуҷӯӣ" иваз карда шаванд.
4. Дар қисми 1 моддаи 14 калимаи "фаврӣ" ба калимаи "оперативӣ" иваз карда шавад.
5. Дар ном ва матни моддаи 35 калимаҳои "фаврии" ва "фаврию ҷустуҷӯӣ" ба калимаҳои "оперативии" ва "оперативӣ-ҷустуҷӯӣ" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
25 марти соли 2011 № 690
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сирри давлатӣ"
Мутобиқи моддаҳои 36 ва 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сирри давлатӣ" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров
ш. Душанбе, 2 марти соли 2011, № 358
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сирри давлатӣ"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сирри давлатӣ" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сирри давлатӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш.Душанбе, 11 марти соли 2011 № 130