ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ОИЛАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №22, мод. 303; с. 2006, №4, мод. 196; с. 2008, №3, мод.201; с. 2010, №7, мод. 546), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 5 моддаи 1, ном ва матни моддаҳои 12, 13, 15, 26, 40 ва 121 Кодекс калимаи "издивоҷ" ба калимаи "никоҳ", калимаи "издивоҷкунанда" ба калимаи "никоҳшаванда" ва калимаи "издивоҷкунандагон" ба калимаи "никоҳшавандагон" иваз карда шаванд.
2. Дар матни моддаи 2, ном ва матни моддаҳои 4, 20, 24, 31, номи боби 7, моддаҳои 34, 35, 36, 37, 38, 39, 40, 42, 45, 46, 60, 71, 74, 105, 113, 119, 137 ва 172 Кодекс калимаи "ғайриамволӣ" ба калимаи "ғайримолумулкӣ", калимаи "амволиеро" ба калимаи "молумулкиеро", калимаи "амволии" ба калимаи "молумулкии", калимаи "амволи" ба калимаи "молу мулки", калимаи "амвол" ба калимаи "молу мулк", калимаи "амволро" ба калимаи "молу мулкро", калимаи "амволе" ба калимаи "молу мулке", калимаи "амволеро" ба калимаи "молу мулкеро", калимаи "амволӣ" ба калимаи "молумулкӣ", калимаи "амволиашонро" ба калимаи "молумулкиашонро", калимаи "ғайриамволии" ба калимаи "ғайримолумулкии", калимаи "амволию" ба калимаи "молумулкию" ва калимаи "ғайриамволию" ба калимаи "ғайримолумулкию" иваз карда шаванд.
3. Дар моддаи 12 қисми 3 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"3.Агар яке аз тарафҳои никоҳшаванда шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд бошад, шартҳои иловагии зерин талаб карда мешаванд:
- истиқомат дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон на камтар аз як соли охир;
- бастани аҳдномаи никоҳ ба таври ҳатмӣ.".
4. Дар моддаи 24:
- қисми 3 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"3. Ҳангоми бекор кардани ақди никоҳе, ки яке аз тарафҳо шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд мебошад, суд вазифадор аст таъмини иҷрои аҳдномаи никоҳро мавриди баррасӣ қарор диҳад.";
- қисми 3 қисми 4 ҳисобида шавад.
5. Дар номи боби 8 ва ном ва матни моддаҳои 40, 41, 42, 43, 44 ва 47 калимаҳои "аҳдномаи ақди никоҳ" ба калимаҳои "аҳдномаи никоҳ" иваз карда шаванд.
6. Ба моддаи 41:
- қисми 2 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"2. Бастани аҳдномаи никоҳе, ки яке аз тарафҳои никоҳшаванда шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд мебошад, ҳатмӣ буда, он бояд то ба қайд гирифтани ақди никоҳ баста шавад.";
-қисми 2 қисми 3 ҳисобида шавад.".
7. Ба моддаи 42 қисми 4 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"4. Дар аҳдномаи никоҳе, ки яке аз тарафҳои никоҳшаванда шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд мебошад, бояд шартҳои зерин ба таври ҳатмӣ пешбинӣ карда шаванд:
- муносибатҳои молумулкии тарафҳо, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои онҳо оид ба молу мулк;
- ӯҳдадориҳои тарафҳо вобаста ба таъмини фарзандон;
- бо манзили истиқоматии шахсӣ таъмин намудани ҳамсар ва фарзандон;
- нигоҳубини ҳамсари корношоями эҳтиёҷманд.".
8. Ба моддаи 43 қисми 4 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"4. Шартҳои аҳдномаи никоҳеро, ки дар қисми 4 моддаи 42 ҳамин Кодекс пешбинӣ шудаанд, тағйир додан манъ аст.".
9. Ба қисми 2 моддаи 167 пас аз калимаҳои "бо риояи талаботи" калимаҳои "қисми 3 моддаи 12 ва" илова карда шаванд.
10. Дар қисми 1 моддаи 169 калимаҳои "монеаҳои дар" ба калимаҳои "шартҳо ва мснеаҳои дар қисми 3 моддаи 12 ва" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
25 марти соли 2011 № 710
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров
ш. Душанбе, 26 январи соли 2011, № 292
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш.Душанбе, 11 марти соли 2011 № 150