ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА КОДЕКСИ ЗАМИНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 1996 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, №23, мод. 351; с. 1997, №23-24, мод. 333, фасли IV; с. 1999, №5, мод. 59; с. 2001, №4, мод. 176; с. 2004, №2, мод. 55; №3, мод. 190; с. 2006, №7, мод. 347; с. 2008, №1, қ. 2, мод. 22; №6, мод. 463) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Қисми сеюми моддаи 27 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Дар ҳолати тағйир ёфтани мақсади истифодаи қитъаи замине, ки дар он бино, сохтмону иншоот қарор доранд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи моддаҳои 9-9(1) Кодекси мазкур дар бораи тағйир ёфтани мақсади истифодаи ин қитъаи замин қарор қабул карда мешавад.".
2. Моддаи 30 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 30. Тартиби додани қитъаи замин барои эҳтиёҷоти ғайрикишоварзӣ
Додани қитъаи замин барои эҳтиёҷоти ғайрикишоварзӣ дар як марҳила бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур амалӣ карда мешавад.
Дар ҳолати рад намудани муроҷиат ҷиҳати додани қитъаи замин аризадиҳанда дар мӯҳлати се рӯзи пас аз қабули қарор оид ба рад намудани муроҷиат ба таври хаттӣ огоҳ карда мешавад.
Ҳангоми беасос рад намудани муроҷиат ҷиҳати додани қитъаи замин, инчунин риоя нагардидани тартиби додани қитъаи замин ба мақоми дахлдор ё суд шикоят намудан мумкин аст.".
3. Моддаи 49 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 49. Эътирофи ҳуқуқ ба қитъаи замин
Эътирофи ҳуқуқ ба қитъаи замин ҳангоми мавҷуд набудани ҳуҷҷати тасдиқкунанда дар асоси қарори суд оид ба эътирофи соҳибмулкии амволи ғайриманқули дар ин қитъаи замин ҷойгирбуда аз ҷониби мақомоти заминсозӣ дар маҳалҳо бо риояи талаботи Кодекси мазкур амалӣ карда мешавад.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
25 марти соли 2011 № 704
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 12 январи соли 2011, № 273
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш.Душанбе, 11 марти соли 2011 № 144
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ В ЗЕМЕЛЬНЫЙ КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
Статья 1. Внести в Земельный кодекс Республики Таджикистан от 13 декабря 1996 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1996 г., №23, ст.351; 1997 г., №23-24, ст. 333, раздел IV; 1999 г., № 5, ст.59; 2001 г., №4, ст. 176; 2004 г., №2, ст.55; №3, ст. 190; 2006 г., №7, ст.347; 2008г., №1, ч. 2, ст.22; № 6, ст. 463) следующие изменения:
1. Часть третью статьи 27 изложить в следующей редакции:
"В случае изменения цели использования земельного участка, на котором находятся здания, строения и сооружения, местным исполнительным органом государственной власти в порядке, установленном статьями 9-9(1) настоящего Кодекса, принимается решение об изменении цели использования данного земельного участка.".
2. Статью 30 изложить в следующей редакции:
"Статья 30. Порядок предоставления земельного участка для несельскохозяйственных нужд
Выделение земельного участка для несельскохозяйственных нужд производится в один этап в установленном настоящим Кодексом порядке.
В случае отказа в предоставлении земельного участка заявитель в трёхдневный срок со дня принятия решения уведомляется в письменной форме.
Необоснованный отказ в предоставлении земельного участка, а также несоблюдение порядка предоставления земельного участка могут быть обжалованы в соответствующий орган или в суд.".
3. Статью 49 изложить в следующей редакции:
"Статья 49. Признание права на земельный участок
Признание права на земельный участок при отсутствии подтверждающего документа на основании решения суда о признании права собственности на недвижимое имущество, расположенное на данном земельном участке, осуществляется органами землеустройства на местах с соблюдением требований настоящего Кодекса.".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,25 марта 2011 года № 704
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений в Земельный кодекс Республики Таджикистан"
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений в Земельный кодекс Республики Таджикистан".
Председатель
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли
Республики Таджикистан Ш. ЗУХУРОВ
г. Душанбе, 12 января 2011 Года, №273
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О Законе Республики Таджикистан "О внесении изменений в Земельный кодекс Республики Таджикистан"
Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений в Земельный кодекс Республики Таджикистан", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:
Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений в Земельный кодекс Республики Таджикистан".
Председатель
Маджлиси милли Маджлиси Оли
Республики Таджикистан М.Убайдуллоев
г.Душанбе, 11 марта 2011 года №144