ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ СИФАТ ВА БЕХАТАРИИ МАҲСУЛОТИ ХӯРОКВОРӢ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002 "Дар бораи сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, №4, қ. 2, мод.317; с. 2006, №3, мод.166; с. 2007, №7, мод. 667) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Сархати шашуми қисми дуюми моддаи 4 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"тамғаеро, ки маълумотҳои мутобиқи Қонуни мазкур, регламентҳои техникӣ, стандартҳои давлатӣ ё дигар санадҳои меъёрии техникӣ пешбинишударо надошта бошанд ё ин гуна маълумот дар борхати онҳо мавҷуд набошад".
2. Дар қисми дуюми моддаи 6 калимаҳои "Мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорат дар соҳаи стандартизатсия, сертификатсия, метрология, савдо, назорати санитарию эпидемиологӣ, назорати байторӣ ва назорати карантини растанӣ" ба калимаҳои "Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия, нозироти савдо, назорати санитарию эпидемиологӣ, назорати байторӣ ва назорати карантини растании Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
3. Дар моддаи 9:
- дар қисми якум баъд аз калимаҳои "дар асоси" калимаҳои "регламентҳои техникӣ ва" илова карда шаванд;
- қисми чорум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Регламентҳои техникӣ, стандартҳои давлатӣ, қоида ва меъёрҳои санитарию байторӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, назорати санитарию эпидемиологӣ ва байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи ваколати онҳо ва тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд .".
- дар қисми панҷум баъд аз калимаи "тибқи" калимаҳои "регламентҳои техникӣ," илова карда шаванд.
4. Дар қисми панҷуми моддаи 12 калимаҳои "мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба стандартизатсия, сертификатсия ва метрология" ба калимаҳои "мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон." иваз карда шаванд.
5. Дар моддаи 13:
- дар қисми якум калимаҳои "маркази ҷумҳуриявии" ба калимаи "хадамоти" иваз карда, баъд аз калимаи "мақомоти" калимаи "ваколатдори" илова карда шавад;
- қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Сохторҳои мақомоти давлатӣ оид ба мудофиа, корҳои дохилӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, амнияти миллӣ дар доираи ваколаташон ба сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, мавод ва маснуот, инчунин хизматрасонӣ дар соҳаи савдои маҳсулоти хӯрокворӣ, маводу маснуот ва хӯроки умумӣ назоратро амалӣ менамоянд.".
6. Дар қисми ҳафтуми моддаи 16 калимаҳои "мақомоти давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия" ба калимаҳои "мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
7. Дар қисми нӯҳуми моддаи 17 калимаҳои "тафтиш карда" ва "бидиҳад" мутобиқан ба калимаҳои "дар озмоишгоҳи аккредитатсияшудаи соҳавӣ аз ташхис гузаронида" ва "диҳад" иваз карда шаванд.
8. Дар қисми шашуми моддаи 19, қисми чоруми моддаи 20 ва қисми ҳаштуми моддаи 21 калимаҳои "ҳамчун партов" ба калимаҳои "бо тартиби муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун партов" иваз карда шаванд.
9. Дар моддаи 20:
- дар қисми дуюм калимаҳои "мақоми ваколатдор дар соҳаи савдо" ба калимаҳои "мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
- дар қисми сеюм баъд аз калимаҳои "экспертизаи санитарию байторӣ" калимаҳои "дар озмоишгоҳи аккредитатсияшудаи соҳаи байторӣ" илова карда шаванд.
10. Дар қисмҳои чорум ва панҷуми моддаи 21 калимаҳои "стандартизатсия, сертификатсия ва метрология" ва "карантини растаниро" мутаносибан ба калимаҳои "стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо" ва "карантини растании Ҷумҳурии Тоҷикистонро" иваз карда шаванд.
11. Дар қисми дуюми моддаи 22 баъд аз калимаҳои "дар асоси" калимаҳои "регламентҳои техникӣ," илова карда шаванд.
12. Моддаи 24 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 24. Талабот нисбати аз муомилот гирифтани маҳсулоти хӯроквории мӯҳлати истеъмолиаш гузашта, мавод ва маснуоти бесифат ва хатарнок
Маҳсулоти хӯроквории мӯҳлати истеъмолиаш гузашта, мавод ва маснуоти бесифат ва хатарнок аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва назорати давлатии байторӣ бо тартиби муқарраршуда аз муомилот гирифта мешаванд.
Тартиби аз муомилот гирифтани маҳсулоти хӯроквории мӯҳлати истеъмолиаш гузашта, мавод ва маснуоти бесифат ва хатарнок аз тарафи мақомоти ваколатдори назорати давлатӣ дар соҳаи таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ муқаррар карда мешавад.
Маҳсулоти хӯроквории мӯҳлати истеъмолиаш гузашта, мавод ва маснуоти бесифат ва хатарноки аз муомилот гирифташуда тибқи тартиби муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон несту нобуд ва ё аз нав коркард карда мешаванд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
25 марти соли 2011 № 703
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сифат ва бехатарии махсулоти хӯрокворӣ"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров
ш.Душанбе, 12 январи соли 2011, № 270
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш.Душанбе, 11 марти соли 2011 № 143