Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 марти соли 2011 № 701 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ҲИМОЯ ВА ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ СОҲИБКОРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002 "Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, №4, қ. 1, мод. 293; с. 2005, №7, мод. 400; с. 2007, №5, мод. 364; с. 2008, №12, қ. 2, мод. 997; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри с. 2010, №658) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Бобҳои Қонун бо рақамҳои арабӣ рақамгузорӣ карда шаванд.

2. Дар номи моддаи 5 калимаҳои "мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳал" ба калимаҳои "мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" ва дар қисми дуюми моддаи 5 калимаҳои "Мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳал" ба калимаҳои "Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" иваз карда шаванд.

3. Дар қисми якуми моддаи 23 калимаҳои "мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳал" ба калимаҳои "мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" иваз карда шаванд.

4. Дар қисми дуюми моддаи 24 калимаҳои "мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳал" ба калимаҳои "мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" иваз карда шаванд.

5. Дар сархати якуми қисми якуми моддаи 7(1) ва дар сархати якуми қисми якуми моддаи 7(2) калимаи "секаратаи" ба калимаи "чоркаратаи" иваз карда шавад.

6. Аз қисми сеюми моддаи 21 калимаҳои "бонкҳо ва" хориҷ карда шаванд.

7. Дар моддаи 23:

- ба қисми дуюм сархатҳои нав бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"- фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти шарикии амалӣ байни бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ ва таъмини муколамаи баробарҳуқуқӣ онҳо бо роҳи таъсис додани шӯроҳои машваратӣ доир ба рушди соҳибкорӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маҳалҳо, таъмини ҳисоботдиҳии онҳо;

- мусоидат ба рушди соҳибкории инноватсионӣ, аз ҷумла тавассути муқаррар намудани низоми махсуси ташкилию ҳуқуқӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва паркҳои технологӣ;

- ҷорӣ намудани барномаҳои магистрии идоракунии соҳибкорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо мақсади тайёр намудани соҳибкорони касбии дорои дониши муосири иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ;

- такмили донишу малакаи касбии субъектҳои соҳибкории хурд бо роҳи ташкили машварат ё курсҳои кӯтоҳмуддат дар соҳаҳои маориф, молия, омор ва андоз тибқи барномаҳои таълимии мақомоти ваколатдори давлатии дастгирии соҳибкорӣ;

- фароҳам овардани шароити мусоид баҳри рушди фарҳанги андозсупорӣ, таблиғи ғояҳои соҳибкорӣ ва ҳавасмандгардонии соҳибкорони пешсаф;

- дар заминаи мониторинги рейтинги байналмилалии муҳити соҳибкорӣ муайян намудани роҳҳои минбаъдаи инкишофи бахши хусусӣ дар мамлакат.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                       Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе

25 марти соли 2011 № 701

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Ш. Зуҳуров

ш. Душанбе, 23 феврали соли 2011, № 340

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                      М.Убайдуллоев

ш.Душанбе, 11 марти соли 2011 № 141