×

Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011 № 118

Санаи амалкуни: 10.02.2016

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 21.06.2018 № 306 аз эътибор соқит дониста шуд.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "3" марти соли 2011, № 118

тасдиқ шудааст

Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)

Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - муассисаи таҳсилоти олии касбӣ) дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ" таҳия гардидааст.

1. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, вазифаҳо ва сохтори он

1) Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, муассисаи таълимии дорои мақоми шахси ҳуқуқӣ буда, барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбиро аз рӯи стандартҳои давлатии таҳсилот, равияҳои таҳсилот ва зинахои маърифатию квалификатсионӣ татбиқ намуда, таълиму тарбия ва тайёрии касбии шаҳрвандонро мувофиқи мақсад, шавқу завқ, қобилият ва талаботи меъёрии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ таъмин ва фаъолияти илмӣ, илмию техникиро амалӣ мегардонад.

2) Муассисаи таҳсилоти олии касбии давлатӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис, аз нав ташкил ва барҳам дода мешавад.

3) Муассисаи таҳсилоти олии касбии ғайридавлатӣ аз тарафи муассис (муассисон) таъсис, аз нав ташкил ва барҳам дода мешавад.

4) Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ шахси ҳуқуқӣ буда, ба муассисаи ғайритиҷоратӣ мансуб мебошад.

5) Муассисаи таҳсилоти олии касбии аз тарафи давлат таъсисёфта, ки аз буҷети давлатӣ ва дигар манбаьҳо маблағгузорӣ мешавад, ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии давлатӣ мансуб мебошад.

6) Муассисаи таҳсилоти олии касбии ғайридавлатӣ дар асоси моликияти шахсӣ ва ё моликияти дигари ғайридавлатӣ таъсис ёфта, ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии ғайридавлатӣ тааллуқ дорад. Муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии ғайридавлатӣ чун қисми таркибии системаи таҳсилот дорои ҳамаи ҳуқуқу ӯҳдадориҳое мебошад, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии давлатӣ доранд.

7) Вазифаҳом асосии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ иборатанд аз:

- қонеъ гардонидани талаботи шахс ба инкишофи зеҳнӣ, фарҳангӣ ва арзишҳои маънавӣ бо роҳи дарёфти таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ;

- рушди илму ҳунар тавассути таҳкиқоти илмӣ ва фаъолияти эҷодии кормандони илмию омӯзгорӣ ва таҳсилкунандагон, истифодаи натиҷаҳои ҳосилшуда дар ҷараёни таълим ва истеҳсолот;

- омӯзиш, бозомӯзӣ ва такмили тахассуси кормандони дорои таҳсилоти олии касбӣ ва кормандони илмию омӯзгории баландихтисос;

- дар донишҷӯён инкишоф додани ҳисси худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, шаъну шарафи шаҳрвандӣ ва қобилияти кору зиндагии донишҷӯён дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ;

- ҳафз ва афзун намудани арзишҳои миллӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва анъанаҳои кишвар;

- таҳкими сатҳи арзишхои маънавии шаҳрвандон, такмили савияи таҳсилот ва фарҳанги онҳо;

- таъмини шароити мусоид барои таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ, омӯзгорӣ ва таҳсили донишҷӯён.

8) Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ дар ташаккул додани сохтори худ мустақиланд.

9) Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ метавонанд барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро амалӣ намоянд, агар дар сохтори онҳо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мавҷуд бошанд ва барои пешбурди фаъолияти таълимӣ иҷозатнома дошта бошанд.

10) Муассисаҳои таҳсилоти олии касбие, ки мақоми донишгоҳро доранд, бо розигии муассис метавонанд дар сохтори худ донишкадаҳо, академияҳои таълимӣ, коллеҷҳо, филиалҳо, муассисаҳои илмию методӣ, хоҷагиҳои таълимию таҷрибавӣ, паркҳои технологӣ, факултетҳо, кафедраҳо, шӯъбаҳои тайёрӣ, муассисаҳои илмию тахқиқотӣ, лоиҳакашӣ, интернатура, магистратура, ординатура (резидентура), аспирантура, докторантура, курсҳои таълимии таҳсилоти касбии иловагӣ, китобхона, дармонгоҳҳо, марказҳои таълимии ҳисоббарорӣ, бюрои конструкторӣ, хоҷагиҳои таълимию таҷрибавӣ, стансияҳои таҷрибавӣ, марказҳои таълимию методӣ ва иттилоотию таълимӣ, марказҳои технологию инноватсионӣ, воҳидҳои истеҳсолӣ ва дигар воҳидҳои сохторӣ дошта бошанд.

11) Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаклҳои зерини муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таъсис дода мешаванд: донишгоҳ, академия, донишкада.

а) Донишгоҳ муассисаи таҳсилоти олии касбиест, ки:

- барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро аз рӯи доираи васеи соҳаҳо (ихтисосҳо) амалӣ мегардонад;

- кормандони баландихтисос, илмӣ ва илмиву омӯзгориро тайёр намуда, донишу ихтисоси онҳоро такмил медиҳад;

- дар соҳаҳои гуногуни илм таҳқиқоти назариявӣ ва амалиро анҷом медиҳад;

- дар соҳаҳои фаъолияти худ маркази пешбари илмӣ ва методӣ мебошад.

б) Академия муассисаи таҳсилоти олии касбиест, ки:

- барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро дар соҳаи муайяни фаъолият амалӣ мегардонад;

- кормандони баландихтисосро барои соҳаи муайяни фаъолияти илмӣ ва илмиву омӯзгорӣ тайёр намуда, донишу ихтисоси онҳоро такмил медиҳад;

- дар яке аз соҳаҳои илм ё фарҳанг таҳқиқоти бунёдӣ ва амалиро анҷом медиҳад;

в) Донишкада муассисаи таҳсилоти олии касбиест, ки:

- барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва барномаҳои таълимии таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро дар як ё якчанд самти ҷудогона амалӣ мегардонад;

- кормандони баландихтисосро барои соҳаи муайяни фаъолияти касбӣ тайёр ва донншу ихтисоси онҳоро такмил медиҳад;

- таҳқиқоти назариявӣ ва амалӣ мебарад.

12) Мақоми ҳуқуқии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар номи он ифода меёбад. Номи муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ ҳангоми таъсисёбӣ муқаррар шуда, дар сурати тағйир ёфтани мақоми он ҳатман тағйир дода мешавад. Дар сурати агар дар номи муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ номи махсус истифода гардад (консерватория, омӯзишгоҳи олӣ ва дигар номҳо), дар баробари он шакли муассисаи олии таълимӣ нишон дода мешавад.

13) Таълими шаҳрвандон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ мувофиқи фармоиши давлатӣ дар асоси озмун ба таври ройгон амалӣ карда мешавад.

14) Муассисаи таҳсилоти олии касбии давлатӣ ҳуқуқ дорад, ки дар доираи муқаррарнамудаи иҷозатнома илова ба иҷрои фармоиши давлатӣ дар асоси шартномаҳои дахлдор бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мутахассисонро тайёр намояд.

15) Донишкадаҳои сохторӣ ва филиалҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба таври мустақил аз аттестатсия гузашта, иҷозатномаи пешбурди фаъолият мегиранд, аммо аккредитатсияи давлатиро дар ҳайати муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мегузаранд.

16) Таъсиси воҳидҳои сохтории муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (ғайр аз донишкадаҳои сохторӣ ва филиалҳо) мутобиқи тартиби муқарраршуда дар асоси оинномаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ амалӣ карда шуда, дар ин хусус ба муассис иттилоъ дода мешавад.

17) Донишкадаҳои сохторӣ ва филиалҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ, донишкадаҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бо пешниҳоди муассис Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис медиҳад.

18) Магистратура, аспирантура, докторантура ва вазифаи ходимони илмӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешаванд.

19) Фаъолияти муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ҳамчун воҳиди ягонаи таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолӣ бо роҳҳои зайл таъмин карда мешавад:

- иштироки ҳатмии воҳидҳои илмӣ ва тамоми дигар сохторҳои муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар раванди таълими донишҷӯён, аспирантҳо ва ташкили таъмини раванди таълим;

- аз тарафи ҳамаи воҳидҳои сохторӣ иҷро намудани қарорҳои Шӯрои олимон ва роҳбарияти муассисаи таълимӣ.

20) Усулҳои мушаххас ва ташкили муносибатҳои маъмурию ҳуқуқии комплекси воҳиди таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолиро оинномаи муассисаи таълимӣ муайян менамояд.

2. Тартиби таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ. Ҳисобот ва баҳисобгирӣ

21) Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо дархости муассис (муассисон) мутобиқи қарори он ва ё шартҳои шартномаи таъсисдиҳӣ ташкил, азнавташкил ва барҳам дода мешавад.

22) Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз вақти ба қайди давлатӣ гирифтани он таъсисёфта дониста мешавад.

23) Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ пас аз гирифтани иҷозатнома ҳуқуқ пайдо мекунад, ки нақша ва барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро амалӣ намояд ва аз имтиёзҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ истифода барад.

24) Муассиси муассисаҳои таҳсилоти олии касбии татбиқкунандаи барномаҳои ҳарбии касбии таълимӣ (муассисаҳои таълимии ҳарбӣ) танҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда метавонад.

25) Филиалҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси созишномаҳои байнидавлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, баъди гирифтани иҷозатномаи пешбурди фаъолияти таълимии мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф дар доираи барномаҳои таълимӣ ва стандартҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд.

26) Барҳамдиҳии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ тибқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

27) Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ натиҷаҳои фаъолияти молиявию муҳосиботии худро ба ҳисоб мегирад, ҳисоботи оморӣ ва муҳосиботиро дар шакли муқарраршуда пеш мебарад, ба муассис дар бораи маблағҳои воридщуда ва масрафшуда ҳисобот пешниҳод менамояд.

28) Роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ ва ғайридавлатӣ барои вайрон кардани ҳисобот ва баҳисобгириҳои муқаррарнамуда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

3. Қабул ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва тайёр намудани мутахассисони дорои таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ

29) Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд дар асоси озмун дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ ба таври ройгон таҳсилоти олии касбӣ гиранд, агар ин сатҳи таҳсилот бори аввал гирифта шавад.

30) Теъдоди умумии донишҷӯён ва тартиби қабули онҳо, ки таҳсилашон аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ амалӣ карда мешавад, ҳар сол аз тарафи мақомоти ваколатдор тибқи замимаи иҷозатнома оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

31) Шахсоне, ки муассисаҳои таҳсилоти умумиро, ки дорои аккредитатсияи давлатӣ мебошанд бо медалҳо, инчунин муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии дорои аккредитатсияи давлатиро бо баҳои "аъло" хатм намудаанд, ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи натиҷаи сӯҳбат, ба истиснои санҷиши касбӣ аз рӯи равияе, ки муассисаи таҳсилоти олии касбӣ метавонад муқаррар намояд, қабул карда мешаванд.

32) Шахсони зикршуда, ки аз сӯҳбат нагузаштаанд, ҳуқуқ доранд имтиҳонҳои қабулро мутобиқи қоидаҳои умумӣ супоранд.

33) Қабул ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар асоси озмун ва аризаи шахсии шаҳрвандон, ки дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ (дар заминаи таҳсилоти асосӣ) ё миёнаи касбӣ мебошанд, аз рӯи натиҷаи имтиҳонҳои дохилшавӣ, ки бо мақсади муайян намудани имконияти аз худ кардани барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ гузаронида мешавад, сурат мегирад. Шартҳои озмун бояд дохилшавии довталабони бештар лаёқатманд ва омодабударо кафолат диҳад, агар шартҳои дигар мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар нашуда бошад.

34) Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ танҳо дар сурати доштани иҷозатнома (литсензия) ҳуқуқи эълони қоидаҳои қабули шаҳрвандонро дорад.

35) Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ вазифадор аст, ки довталабонро бо иҷозатнома, шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ аз рӯи ҳар як равияи (ихтисоси) тайёр намудани мутахассисон, ки ҳуқуқи додани ҳуҷҷати намунаи давлатӣ оид ба таҳсилоти олии касбиро дорад, шинос намояд.

36) Мӯҳтавои раванди таълим аз рӯи ҳар як равияву ихтисос, мӯҳлати азхудкунии барномаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ мутобиқи стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ муайян карда мешавад.

37) Ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, баъди бомуваффақият супоридани имтиҳонҳои қабул, довталабони ятим ва довталабоне, ки бе парастории падару модар мондаанд, маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки аз рӯи хулосаи комиссияи экспертии тиббии меҳнатӣй дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ таҳсил карда метавонанд, бе озмун қабул карда мешаванд.

38) Довталабон ба таълими пулакӣ танҳо баъди супоридани имтиҳони қабул ва пардохти маблағи таҳсил (тибқи шартнома) қабул карда мешаванд. Аз таълими пулакӣ ба таълими ройгон гузаштан ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст.

39) Донишҷӯене, ки ба оилаҳои камбизоат тааллуқ доранд ва дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии давлатӣ ба таври пулакӣ таълим мегиранд ва имтиҳонҳои ҷориро бо баҳои 4 (хуб) ва 5 (аъло) супоридаанд, метавонанд ба гурӯҳҳои буҷетӣ гузаранд.

40) Тартиби ба таври истисно ба гурӯҳҳои буҷетӣ гузаронидани чунин донишҷӯёнро мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф муайян мекунад.

41) Ҳангоми имтиҳонҳои дохилшавӣ муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бояд ҳамаи шароитҳои заруриро таъмин намоянд, то ин ки довталабон сатҳи дониши худро пурра нишон дода тавонанд.

42) Довталабони баҳои ғайриқаноатбахш гирифта, ба имтиҳонҳои минбаъда роҳ дода намешаванд.

43) Тартиби дида баромадани аризаҳои шикоятиро муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар асоси Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф тасдиқ намудааст, муқаррар менамояд.

44) Мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳои довталабон ба курси якуми шакли рӯзонаи таҳсил ва мӯҳлати қабули имтиҳонотро ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф муқаррар менамояд.

45) Аз довталабони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ талаб карда мешавад, ки ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи шахсият (шиноснома ё шаҳодатномаи таваллуд), ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ ё таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ (аслӣ), маълумотномаи тиббӣ ва ба шумораи зарурӣ сурат пешниҳод намоянд.

46) Ҳуҷҷатҳои дигар дар мавриде пешниҳод карда мешаванд, ки агар довталаб талабгори имтиёзҳои тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда бошад, ё агар имкониятҳои дохилшавӣ ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ (ихтисоси) интихобкардаи ӯ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд шуда бошанд.

47) Бо мақсади ҳамкории мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар тайёр кардани кадрҳо ҷиҳати ҳал намудани масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ муассисаи таҳсилоти олии касбӣ метавонад дар ҳаҷми рақамҳои назоратӣ барои қабули мақсаднок миқдори муайяни ҷойҳо ҷудо намуда, ба ин ҷойҳо озмуни алоҳида ташкил намоянд ва бо ин мақсад шӯъбаҳои тайёриро истифода намоянд, ки қоидаҳои қабули онҳоро муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар мувофиқа бо муассис муқаррар менамояд. Дар ин маврид муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо мақомоти дахлдори давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ шартнома мебандад.

48) Қоидаҳои қабул барои муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз тарафи мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф дар мувофиқа бо вазорату идораҳое, ки дар тобеияташон муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ доранд, таҳия ва тасдиқ карда мешавад.

49) Ба аспирантураи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар асоси озмун шахсоне қабул карда мешаванд, ки дорои таҳсилоти олии касбии зинаи мутахассис ё магистр (ба истиснои ихтисосҳои тиббӣ) мебошанд.

50) Таҳсил дар аспирантура дар шаклҳои рӯзона ва ғоибона амалӣ карда мешавад. Мӯҳлати таҳсил дар аспирантураи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ дар шакли рӯзона 3 сол ва дар шакли ғоибона 4 сол муқаррар карда мешавад.

51) Ба докторантураи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ шахсоне, ки дараҷаи илмии номзади илм доранд, қабул карда мешаванд.

52) Мӯҳлати таҳсил дар докторантураи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ то се сол мебошад. Инчунин, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи алтернативии докторантура аз рӯи ихтисоси муайян бо додани дараҷаи олии академӣ-докторӣ РЬВ, доктор аз рӯи ихтисос баъди хатми барномаи таълимии касбии магистратура амалӣ мегардад, ки мӯҳлати таҳсил дар он на камтар аз се сол мебошад.

53) Шаҳрвандони хориҷӣ ба аспирантура ва докторантураи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мутобиқи шартномаҳои байналмилалӣ ва созишномаҳои байниҳукуматӣ қабул карда мешаванд.

4. Фаъолияти таълимӣ, методӣ ва илмии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ

54) Дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ вобаста ба мӯҳлат ва зинаи тайёрии касбии мутахассисон барномаҳои гуногуни таълимии таҳсилоти олии касбӣ, барномаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ ва бозомӯзии мутахассисон амалӣ гардонида мешавад.

55) Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо роҳи ташкили мақсадноки ҷараёни таълим, интихоби шаклҳо, методҳо, воситаҳои таълим шароити заруриро барои аз худ кардани барномаҳои таълимии касбии донишҷӯён фароҳам месозад.

56) Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ нақша ва ҷадвали раванди таълимро, аз ҷумла барои омӯзиши инфиродии ашхоси алоҳида бо назардошти сатҳи тайёрии пешакӣ ва қобилияти онҳо мувофиқи низомномаҳои мавҷуда таҳия ва тасдиқ мекунад.

57) Дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ намудҳои зерини машғулиятҳои таълимӣ муқаррар карда мешаванд: лексия, дарс-лексия, машварат, семинар, машғулияти амалӣ, кори лабораторӣ, кори контролӣ, коллоквиум, кори мустақилона, таҷрибаомузӣ, кори курсӣ, иҷрои таҳқиқоти дипломӣ ва таҳқиқоти магистрӣ. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ метавонад, ки намудҳои дигари корҳои таълимиро низ гузаронад. Барои ҳамаи намудҳои машғулиятҳои аудиторӣ 45 дақиқа вақти академӣ муқаррар карда мешавад.

58) Донишҷӯён, интернҳо, магистрҳо ва ординаторҳои шӯъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ тибқи тартиб ва андозаи муқарраршуда стипендияи давлатӣ ё стипендияи муассисаю ташкилотро мегиранд.

59) Барои донишҷӯён, магистрҳо ва ординаторҳои таҳсили рӯзона ва рӯзона-ғоибона (шабона) дар давоми соли таҳсил на камтар аз ду маротиба таътил муқаррар карда шудааст, ки муддати умумии он 7-10 ҳафта мебошад.

60) Вазифаи тарбиявии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, ки аз табиати башардӯстонаи таълим, афзалияти арзишҳои инсонӣ бармеоянд, дар фаъолияти якҷояи таълимӣ, илмӣ, эҷодӣ, истеҳсолӣ ва ҷамъиятии донишҷӯён ва омӯзгорон татбиқ карда мешавад.

61) Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар интихоби низоми баҳогузорӣ, шаклу тартиби гузаронидани машғулиятҳо, аттестатсияи донишҷӯён ва шунавандагон мустақил буда, супоридани санҷишу имтиҳонҳои ҷориро мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи мақомоти ҷумҳуриявии давалтии идораи маориф ба роҳ мемонад.

62) Ҷалб намудани донишҷӯёну шунавандагон ба кор ё фаъолияте, ки ба раванд ва фаъолияти таълимӣ вобастагӣ надоранд, манъ аст.

63) Таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолӣ, ки онро стандартҳои давлатии таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими пешбинӣ кардааст, дар асоси шартномаҳои байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва корхонаю муассиса ва ташкилотҳо сурат мегирад, ки мувофиқи онҳо ин корхонаю муассиса ва ташкилотҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва тобеияти идоравии худ, ӯҳдадоранд барои таҷрибаомӯзии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ ва аккредитатсияшудаи ғайридавлатӣ ҷой диҳанд ва шароити мусоид фароҳам созанд.

64) Фарогирии нақшаи таълимии муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ бо аттестатсияи ниҳоии давлатии донишҷӯён хотима меёбад.

65) Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар ташкил ва гузаронидани раванди таълим, истифодаи технологияи нав, шакл ва методҳои пешқадами таълимро ҷустуҷӯ намуда, ҷиҳати баланд бардоштани сифати тайёр намудани мутахассисон истифода менамояд.

66) Забони таълим дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

67) Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ корҳои методиро ташкил карда мегузаронад. Ҳамоҳангсозии корҳои таълимию методӣ дар муассисаи таҳсилоти олии касбии давлатӣ аз ҷониби иттиҳодияҳои (марказҳои) таълимию методӣ амалӣ мегардад.

68) Вазифаҳои асосии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ дар самти корҳои илмию таҳқиқотӣ аз инҳо иборатанд:

- коркарди масъалаҳои назариявӣ ва бунёдӣ;

- таълифи китобҳои дарсӣ ва васоити таълимӣ;

- иҷрои корҳои таҳқиқотии дорои хусусияти илмию методӣ.

69) Таҳқиқоти илмие, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ба роҳ монда мешаванд, бо дарназардошти афзалиятнокии онҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ, маблағи аз иҷрои корҳои шартномаҳои хоҷагӣ бадастомада, қарзи бонкҳо, маблағҳои худӣ, хайрияҳо ва дигар манбаъҳо маблағгузорӣ карда мешаванд.

70) Принсипи асосии илмӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ аз ҳамоҳангсозии он бо ҷараёни таълим, инчунин бо илмҳои академӣ ва соҳавӣ иборат аст.

71) Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ таҳқиқоти илмӣ ва корҳои эҷодиро аз рӯи нақшаи мавзӯй, ки онро Шӯрои олимон тасдиқ менамояд, амалӣ сохта, истифодаи судманд ва босамари имкониятҳои илмии худ, сифати корҳои иҷрошаванда ва шароити бехатарии меҳнат, ҷалби васеи мутахассисони баландихтисос, донишҷӯён, курсантҳо, шунавандагонро барои иштирок дар корҳои илмию таҳқиқотӣ ва эҷодӣ таъмин мекунад.

5. Худмухтории муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ва озодии академӣ

72) Худмухтории муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ мустақилияти муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимро дар интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо, фаъолияти таълимӣ, илмӣ, молиявию хоҷагӣ ва ғайра, ки Оинномаи онҳо мутобиқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, ифода менамояд.

73) Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ барои татбиқи барномаҳои таълимӣ метавонад технологияи фосилавии донишомӯзиро қисман ё дар ҳаҷми пурра (ба истиснои баъзе аз машғулиятҳо) аз рӯи тартибе, ки мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф муқаррар кардааст, истифода барад.

74) Назорати мувофиқати фаъолияти муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ бо назардошти мақсадҳои он, ки дар Оинномаи он пешбинӣ шудааст, аз ҷониби муассиси (муассисони) муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва мақоми ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф, ки дар доираи салоҳияти худ барои пешбурди фаъолияти таълимӣ иҷозатнома додаанд, амалӣ мегардад.

75) Ба ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандони илмӣ ва донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла ба омӯзгорони муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ озодиҳои академӣ дода мешавад, то мавзӯи дарсро (таълимро) бо усули худ дар доираи барномаҳои таълимӣ баён кунанд, мавзӯи таҳқиқоти илмиро интихоб намоянд ва бо тарзу усулҳои худ гузаронанд.

76) Дар доираи барномаҳои таълимӣ ба донишҷӯён мувофқи майлу талаботи онҳо озодни академӣ дода мешавад.

77) Муносибати байни муассис ва муассисаи таҳсилоти олии касбиро шартномаи тарафайн муайян мекунад.

78) Худидоракунӣ шакли озодии академӣ мебошад ва шарти зарурӣ барои кафолати иҷрои ӯҳдадориҳои муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ аст.

79) Худидоракунии дастаҷамъӣ ва роҳбарии муносиби академӣ қисми муҳимтарини таркибии худмухторӣ мебошад.

80) Худмухторӣ шакли муҳимтарини ташкили раванди таълим ва тадбирҳои академӣ мебошад, ки масъулияти давлатии муассисаи таҳсилоти олии касбиро назди муассис мегузорад.

81) Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, фаъолияти таълимӣ, илмӣ, молиявию хоҷагӣ ва дигар фаъолият мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мустақил аст.

82) Барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ метавонанд муттасил ва зина ба зина тавассути низоми кредитии таълим ва ё анъанавӣ, мувофиқи тартиби муайяннамудаи мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф амалӣ гардонида шаванд.

6. Стандартҳои давлатии таҳсилот ва барномаҳои муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилот касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ. Зинаҳои таҳсилот

83) Стандартҳои давлатии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ иборатанд аз:

- талаботи умумӣ ба барномаҳои асосии таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ;

- талабот ба ҳадди ақали ҳатмии мазмуни барномаҳои асосии таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ вобаста ба шароити амалӣ гардонидани онҳо, аз ҷумла ба таҷрибаи таълимию истеҳсолӣ, аттестатсияи ниҳоии хатмкунандагон ва дараҷаи тайёр намудани онҳо аз рӯи соҳаҳои алоҳидаи таълим (ихтисос);

- мӯҳлати фаро гирифтани барномаҳои асосии таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ ва ғайридавлатӣ;

- ҳаҷми ниҳоии сарбории донишҷӯён ва шунавандагон.

84) Стандартҳои давлатии таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ таъмини муқаррароти зеринро дар бар мегиранд:

- сифати таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ;

- ягонагии фазои таълим;

- эътироф ва муқаррар намудани баробарарзишии ҳуҷҷатҳои давлатҳои хориҷӣ оид ба таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ.

85) Стандартҳои давлатии таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, инчунин таснифи равияҳо ва ихтисосҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

86) Таснифоти равияҳо ва ихтисосҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

87) Барномаҳои таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ба шаҳрвандони дорои таҳсилоти олӣ имконият медиҳанд, ки дараҷаи тахассусии илмию омӯзгории худро баланд намуда, барои иҷрои корҳои дарёфти дараҷаҳои илмии номзад ё доктори илм тайёр шаванд.

88) Вобаста бо назардошти талабот ва имкониятҳои шахсият барномаҳои таълимӣ дар шаклҳои фарқкунандаи гуногуни ҳаҷми дарсҳои асосии омӯзгор бо донишҷӯ метавонад аз худ карда шаванд: шакли рӯзона, рӯзона-ғоибона (шабона), ғоибона, фосилавӣ ва экстернат.

89) Экстернат - омӯзиши мустақилонаи фанҳои таълимӣ мутобиқи барномаҳои асосии таълимии таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи самти интихобнамудаи тайёрӣ (тахассус) бо аттестатсияи ниҳоӣ (ҷорӣ ва ниҳоӣ) дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мебошад.

90) Экстерн - шахсе, ки омӯзиши мустақилонаи фанҳоро аз рӯи барномаи асосии таълимии таҳсилоти олии касбӣ дар соҳаи таълим (ихтисос) бо тартиби муқаррарнамудаи мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф ба роҳ мемонад.

91) Гирифтани ихтисоси якуми таҳсилоти олӣ дар асоси экстернат ройгон аст.

92) Шаҳрвандон дар муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ метавонанд таҳсилро ба таври муттасил ё ба таври зинагӣ гиранд.

93) Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаклҳои зерини таҳсилоти олии касбӣ муқаррар шудаанд:

- таҳсилоти бисёрзинагӣ:

а) таҳсилоти олии касбӣ, ки барои тасдиқи он ба шахси аз аттестатсияи ниҳоии давлатӣ бомуваффақият гузашта тахассуси дараҷаи "бакалавр" дода мешавад;

б) таҳсилоти олии касбӣ, ки барои тасдиқи он ба шахси аз аттестатсияи ниҳоии давлатӣ бомуваффақият гузашта тахассуси дараҷаи "магистр" дода мешавад.

- таҳсилоти анъанавӣ:

а) таҳсилоти олии касбӣ, ки барои тасдиқи он ба шахси аз аттестатсияи ниҳоии давлатӣ бомуваффақият гузашта тахассуси "мутахассис" дода мешавад.

94) Таҳсилоти шахсоне, ки омӯзишро аз рӯи барномаи таълимии асосии тақсилоти олии касбӣ ба итмом нарасонидаанд, аммо аз аттестатсияи ҷорӣ бомуваффақият гузаштаанд (на камтар аз ду соли таҳсил), таҳсилоти олии касбии нопурра шуморида мешавад ва ба онҳо ҳуҷҷати академии шакли муқарраршуда дода мешавад.

95) Мӯҳлати фарогирии барномаҳои асосии таълимии таҳсилоти олии касбӣ (ба истиснои барномаҳои асосии таълимии таҳсилоти олии тиббӣ):

- барои дарёфти тахассуси "бакалавр" - на камтар аз чор сол;

- барои дарёфти тахассуси "мутахассис" - на камтар аз панҷ сол;

- барои дарёфти дараҷаи "магистр" - ду сол.

96) Шахсоне, ки оид ба таҳсилоти олии касбии зинаи муайян хуҷҷатҳои намунаи давлатиро доранд, мутобиқи ихтисос метавонанд аз рӯи барномаи таълимии таҳсилоти олии касбии зинаи минбаъда таълимро идома диҳанд.

97) Аз бар намудани барномаи таълимии таҳсилоти олии касбии дараҷаи мувофиқ дар муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои аккредитатсияи давлатӣ ба шахс барои ишғоли вазифаи мувофиқ дар муассисаи давлатӣ ва гирифтани музди кор ва музди изофа асос мебошад. Барои шахсоне, ки барномаҳои таълимии таҳсилоти олии тиббӣ ва таҳсилоти олии фармасевтиро аз бар намудаанд, барои ишғоли вазифаҳои зикршуда тайёрии баъди таҳсилоти олии касбӣ дар интернатура, ординатура (резидентура) ва магистратура, ки он бо шаҳодатномаи шакли муқарраршуда тасдиқ шудааст, асос мебошад.

98) Тахассуси дараҷаи "бакалавр" ҳангоми ба кор қабул намудан ба шаҳрвандон ҳуқуқи ишғоли вазифаеро медиҳад, ки барои он мутобиқи талаботи тахассусӣ (мутахассис) таҳсилоти олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

99) Ишғоли вазифаи хизмати давлатӣ аз ҷониби бакалавр, магистр ва мутахассис бо тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, сурат мегирад.

100) Назорати татбиқи стандартҳои давлатии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ новобаста аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, мансубияти соҳавӣ аз тарафи мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф ва муассис амалӣ мегардад.

7. Ҳуҷҷатҳо оид ба таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ

101) Ба шахсоне, ки таҳсилро аз рӯи бардомаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ анҷом додаанд ва аз аттестатсияи ниҳоии давлатӣ гузаштаанд, ҳуҷҷат дар бораи таҳсилоти намунаи муқарраршуда дода мешавад.

102) Муассисаи таҳсилоти олии касбие, ки аккредитатсияи давлатӣ дорад ба хатмкунандагон дар бораи таҳсилоти дахлдор ҳуҷҷати намунаи давлатии дорои нишони давлатӣ ва нишони сарисинагии намунаи муқарраршуда медиҳад. Шакли ҳуҷҷати намунаи давлатӣ ва нишони сарисинагиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

103) Ҳуҷҷатҳое, ки хатми зинаҳои гуногуни таҳсилоти олии касбиро тасдиқ менамоянд, инҳоянд:

- дипломи мутахассис;

- дипломи бакалавр;

- дипломи магистр.

104) Аз рӯи натиҷаи ҳимояи рисолаи илмӣ бо тартиби муқарраршуда дипломи номзади илм, доктори РГО ё дипломи доктори илм дода мешавад.

105) Тартиби додани ҳуҷҷатро дар бораи такмили ихтисос бо роҳи гузаштани курсҳои гуногун мақомоти давлатии идораи маориф муайян менамояд.

106) Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ пас аз гузаштан аз аттестатсия ва аккредитатсияи давлатӣ ҳуқуқи додани ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ҳуқуқ пайдо мекунад.

107) Ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор доранд.

8. Идоракунии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ. Назорати фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ. Иҷозатномадиҳӣ, аттестатсия ва аккредитатсияи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ

108) Идоракунии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва оинномаи муассисаи таълимӣ амалӣ карда мешавад.

109) Оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз тарафи муассис (маҷлиси умумии муассисон) тасдиқ карда мешавад ва мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикисгон ба қайди давлатӣ гирифта мешавад.

110) Роҳбарии умумии муассисаи таҳсилоти олии касбиро Шӯрои олимон амалӣ менамояд. Мӯҳлати ваколатҳои Шӯрои олимон наметавонад аз 5 сол зиёд бошад. Аз нав интихоб намудани аъзои Шӯрои олимон пеш аз мӯҳлат бо дархости на камтар аз нисфи аъзо, инчунин дар ҳолатҳои пешбининамудаи оинномаи муассисаи олии таълимӣ гузаронида мешавад. Тартиби интихоби ҳайати аввали Шӯрои олимонро маҷлиси умумӣ (муассисон), омӯзгорон, кормандони илмӣ, иамояндагони гурӯҳи дигари кормандон ва донишҷӯён муайян мекунанд. Ба ҳайати Шӯрои олимон намояндагони тамоми гурӯҳҳои кормандон ва донишҷӯёни муассисаи олии таълимӣ, иттифоқҳо ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ интихоб шуда метавонанд.

111) Дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ вобаста ба самтҳои гуногуни фаъолияти он шӯроҳои дигар низ таъсис дода мешаванд. Тартиби интихоб, ҳайат, ваколатҳо ва дигар масъалаҳои вобаста ба фаъолияти шӯроҳо тибқи оинномаи муассисаи олии таълимӣ муайян карда мешавад. Тартиби интихоби вакилони маҷлиси умумӣ (конференсия)-ро шӯрои амалкунанда бо иштироки ҳамаи гурӯҳҳои кормандон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва донишҷуён муайян менамояд, дар ин маврид намояндагони аъзои Шӯрои олимон набояд аз 30 фоизи шумораи умумии вакилон зиёд бошад.

112) Дар муассисаи таҳсилоти олии касбии давлатии навтаъсис то созмон ёфтани Шӯрои олимон, пурра кардани ҳайати омӯзгорон, кормандони илмӣ ва дигар гурӯҳҳои кормандон, оиннома аз тарафи муассис ба муддати на бештар аз як сол тасдиқ карда мешавад. Масъалаҳои меҳнатӣ, иҷтимою иқтисодӣ ва касбӣ дар доираи шартномаи коллективӣ ҳал шуда, қабул ва татбиқи онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

113) Роҳбарии бевоситаи муассисаи таҳсилоти олии касбиро ректор амалӣ менамояд.

114) Ректори муассисаи таҳсилоти олии касбии давлатӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ректори муассисаи таҳсилоти олии касбии хусусӣ аз тарафи муассис (муассисон) ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

115) Тартиби ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани ректор, ваколатҳои мақомоти иҷроияи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, тартиби қабули қарор ва намояндагӣ намудан аз номи муассисаро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбии дахлдор муайян мекунад.

116) Ректори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ (новобаста аз шакли моликият) тамоми масъулияти вазъи раванди таълиму тарбия, корҳои илмию таҳқиқотӣ ва фаъолияти молиявию хоҷагидории муассисаи таҳсилоти олии касбиро ба ӯҳда дорад.

117) Доираи ваколатҳои ҳуқуқии байни аъзои Шӯрои олимон ва ректор мутобиқи Оинномаи муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ муайян карда мешавад.

118) Ба ректори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ишғоли дигар вазифаҳои роҳбарикунанда, ба ғайр аз роҳбарии илмӣ, илмию методӣ дар дохили муассисаи таълимӣ ё берун аз он манъ аст. Ректор дар доираи салоҳияти худ амру фармонҳо мебарорад, ки иҷрои онҳо барои ҳамаи кормандон ва донишҷӯёни муассисаи таълимӣ ҳатмӣ мебошад.

119) Ректор метавонад, ки иҷрои қисме аз ваколатҳои худро ба зиммаи муовинон ва дигар кормандони муассисаи таълимӣ вогузор намояд.

120) Муовинони ректори муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатиро муассис аз ҳисоби олимони баландихтисос, мутахассисони обрӯманде, ки дараҷаи доктори илм ё номзади илм доранд дар мувофиқа бо ректор ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.

121) Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ғайридавлатӣ муовинон бо пешниҳоди ректор аз тарафи муассис (муассисон) ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

122) Роҳбарии факултетро декан ба ӯҳда дорад, ки он аз тарафи ректор дар мувофиқа бо муассис ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

123) Роҳбарии кафедраро мудир ба ӯҳда дорад, ки фаъолияти он тибқи Низомномаи намунавии кафедраи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ амалӣ карда мешавад.

124) Низомномаҳо дар бораи кафедраҳо ва дигар сохторҳои таркибии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар асоси Низомномаи мазкур таҳия ва тасдиқ карда мешавад.

125) Ба вазифаи ректор, директори донишкадаҳои сохторӣ, роҳбари филиали муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муовинҳо ва деканҳои факултетҳо шахсони то ба синни нафақа нарасида пешбарӣ карда мешаванд.

126) Ҳуқуқи дар амал татбиқ намудани нақша ва барномаҳои таълимии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ва имтиёзҳо мувофиқи қонунгузории ҷорӣ, аз лаҳзаи додани иҷозатнома (литсензия) ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ дода мешавад.

127) Иҷозатнома (литсензия) барои пешбурди фаъолияти таълимӣ аз рӯи барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ (ба истиснои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии тиббӣ) аз тарафи мақомоти давлатии идораи маориф дар асоси хулосаи комиссияҳои экспертӣ дода мешавад. Иҷозатнома (литсензия) барои пешбурди фаъолияти таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии тиббӣ аз ҷониби Комиссияи иҷозатномадиҳии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

128) Иҷозатномаи (литсензияи) фаъолияти таълимии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи равияҳои нав, тайёр кардани мутахассисон (ихтисосҳо) новобаста аз доштани иҷозатномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз нав гузаронида мешавад.

129) Иҷозатнома (литсензия) ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ новобаста аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқии онҳо, дар ҳолате дода мешавад, ки агар онҳо ҳуқуқи моликият, идоракунии оперативӣ, иҷоравӣ ва манбаи таълимию моддии зарурӣ дошта бошанд.

130) Аттестатсияи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ (ба истиснои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии тиббӣ) - ро Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи назди мақомоти давлатии идораи маориф бо аризаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ё бо ташаббуси худи мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф мегузаронад. Мақсад ва мазмуни аттестатсия муқаррар кардани мувофиқати мазмун, дараҷа ва сифати тайёрии хатмкунандагони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи самтҳо тайёр кардани мутахассис мебошад.

131) Аттестатсияи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии тиббӣ аз ҷониби Комиссияи аттестатсионии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

132) Аккредитатсияи давлатии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар асоси натиҷаҳои аттестасияи давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар 5 сол як маротиба амалӣ карда мешавад.

133) Шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатии мақоми муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ, номгӯи равияҳои тайёр намудани ихтисосҳоро, ки аз аккредитатсияи давлатӣ гузаштаанд ва аз рӯи онҳо муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ, ба хатмкунандагон ҳуқуқи додани ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилоти олии касбӣ, ҳамчунин зинаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва тахассусро муқаррар менамояд.

9. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои донишҷӯён ва шунавандагони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ

134) Донишҷӯ шахсе мебошад, ки бо тартиби муқарраршуда ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ қабул карда шудааст ва дар шӯъбаҳои рӯзона, рӯзона-ғоибона (шабона), таҳсили фосилавӣ ё экстерн бо мақсади гирифтани зинаи муайян таҳсилот ва ихтисос таҳсил менамояд.

135) Ба донишҷӯи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ шаҳодатномаи донишҷӯ ва дафтарчап имтиҳонотии намунаи мукарраргардида дода мешавад.

136) Донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳуқуқ доранд:

- дар ташкили мазмуну мундариҷаи таълими худ бо риояи талаботи стандартҳои давлатии таълимии таҳсилоти олии касбӣ иштирок намоянд. Ин ҳуқуқи онҳо дар қарордоди байни донишҷӯи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки барои таҳсил ва ба кор таъмин кардани онҳо мусоидат мекунад, дарҷ шуда метавонад;

- курсҳои факултативӣ (барои самтҳои муайяни таълим (ихтисос) ва курсҳои элективиро (ҳамчун ҳатмӣ), ки аз ҷониби факултет ва кафедра пешниҳод мегарданд, интихоб намоянд;

- ғайр аз фанҳои таълимии (ихтисосии) соҳаи интихобшуда ҳар гуна фанҳои дигареро, ки дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ таълим дода мешаванд, бо тартиби муқаррарнамудаи Оинномаи он, инчунин фанҳои дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дигар таълимдодашавандаро аз бар намоянд;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи тахассуси ҳарбӣ таълим гиранд;

- тибқи ҳолатҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз шакли таълими пулакӣ ба шакли таълими ройгон гузаранд;

- дар муҳокима ва ҳалли масъалаҳои фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла ба воситаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва мақомоти давлатии идораи маориф иштирок намоянд;

- аз китобхонаҳо, китобхонаҳои электронӣ, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, интернет, фондҳои иттилоотии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, бахшҳои таълимӣ, илмӣ, табобатӣ ва бахшҳои дигари муассисаи таҳсилоти олии касбӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Оинномаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба таври ройгон истифода намоянд;

- дар корҳои илмию таҳқиқотӣ, конференсияву симпозиумҳо ва маҳфилу озмунҳо иштирок ва баромад намоянд;

- асарҳои худро барои чоп, аз ҷумла дар нашрияҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ пешниҳод кунанд;

- аз амру фармонҳои маъмурияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти дахлдор шикоят кунанд.

137) Донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ, ки дар шӯъбаҳои рӯзона таҳсил мекунанд ва аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ таълим мегиранд, ба андозаи муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо стипендия таъмин карда мешаванд. Тартиби муқаррар ва пардохти стипендия аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

138) Донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар асоси низомномаи дахлдор ҳуқуқ доранд стипендияи муқаррарнамудаи шахсони воқеӣ ва ё ҳуқуқиро, ки онҳоро барои таҳсил фиристодаанд, инчунин стипендияҳои шахсан таъиншуда гиранд.

139) Ба донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи нишондоди тиббӣ аз тарафи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва дар ҳолатҳои дигари истисноӣ бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми давлатии идораи маориф рухсатии академӣ дода мешавад.

140) Барои донишҷӯёни шакли рӯзонаи таҳсилот, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил мекунанд, мӯҳлати даъват ба хидмати ҳарбӣ мутобиқи қонун дар давраи таҳсил ба таъхир андохта мешавад.

141) Донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳуқуқ доранд, аз китобхонаҳои давлатӣ ройгон истифода баранд ва ҳамчунин ройгон вориди осорхонаҳои давлатӣ шаванд.

142) Барои донишҷӯёни шӯъбаҳои рӯзона ва шабона дар як соли таҳсил на камтар аз ду маротиба таътил муқаррар карда мешавад.

143) Донишҷӯи эҳтиёҷманди манзил дар хобгоҳ (ба шарте ки муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ фонди дахлдори манзил дошта бошад) бо ҷойи хоб таъмин карда мешавад.

144) Донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти олии касбӣ барои комёбиҳо дар таҳсил ва иштироки фаъолона дар корҳои илмию таҳқиқотӣ мутобиқи Оинномаи муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ бо мукофотҳои маънавӣ ва ё моддӣ сарфароз гардонида мешаванд.

145) Донишҷӯ аз муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар мавридҳои зерин хориҷ карда мешавад:

- бинобар вазъи саломатӣ дар асоси ҳуҷҷати комиссияи тиббию машваратӣ;

- бо сабаби гузаштан ба муассисаи таҳсилоти олии касбии дигар;

- барои давомоти нокифоя;

- барои қарздории академӣ;

- пас аз рухсатии академӣ ба таълим шурӯъ накардан;

- саривақт напардохтани маблағи таҳсил мувофиқи шартнома;

- дар мӯҳлати муқарраргардида насупоридани се ва зиёда аз он санҷишу имтиҳон;

- барои содир кардани ҷиноят;

- ҳангоми фавт;

- барои вайрон кардани интизоми таълим, қоидаҳои тартиботи дохилӣ ва Оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ.

146) Барои риоя накардани ӯҳдадориҳое, ки дар Оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ пешбинӣ гардидаанд, баъди гирифтани баёноти хаттӣ, мумкин аст донишҷӯ ба танбеҳи интизомӣ кашида ва ҳатто аз муассисаи таҳсилоти олии касбӣ хориҷ карда шавад.

147) Ба донишҷӯи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар раванди таълим истифода бурдани телефонҳои мобилӣ манъ аст.

148) Танбеҳи интизомӣ ба донишҷӯ на дертар аз як моҳи ошкор шудани рафтори ӯ ва на дертар аз шаш моҳи содир гардидани чунин рафтор дода мешавад, ки ба ин мӯҳлати бемории донишҷӯ ва (ё) вақти таътили ӯ дохил намешавад.

149) Ба донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти олии касбӣ кафолати ба таври озод ба дигар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва ё ихтисоси дигар бо тартиби муқаррарнамудаи мақомоти давлатии идораи маориф гузаштан дода мешавад. Дар мавриди гузаштани донишҷӯ аз як муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба муассисаи дигари таҳсилоти олии касбӣ тамоми хуқуқҳое, ки барои донишҷӯ бори аввал дар ин зинаи таҳсилоти олии касбӣ пешбинӣ шудаанд, маҳфуз мемонанд.

150) Донишҷӯ баъди ихтиёран ё бо сабабҳои дигар тарк кардани муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи ҳамон шакли таълим (ройгон ё пулакӣ), ки мутобиқан пеш аз тарк кардан таҳсил мекард, ҳӯқуқ дорад барои таҳсил ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ барқарор гардад.

151) Донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ӯҳдадоранд, ки донишҳои назариявӣ, маҳорати амалӣ ва методҳои муосири таҳқиқро аз рӯи ихтисоси интихобнамудаашон азхуд кунанд, дар мӯҳлатҳои муқарраршуда ҳамаи супоришҳои дар нақшаҳо ва барномаҳои таълимӣ пешниҳодгардидаро иҷро намоянд, арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва маънавиро риоя намоянд ва Оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, қоидаи хобгоҳ ва дигар талаботи муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намоянд.

152) Дигар ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои донишҷӯёнро қонунгузорӣ ва (ё) Оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ муқаррар менамояд.

153) Мақоми донишҷӯи муассисаи таҳсилоти олии касбии ғайридавлатӣ, ки аккредитатсияи давлатӣ дорад, нисбат ба ҳуқуқу озодиҳои академӣ, ба истиснои ҳуқуқи гирифтани стипендияи давлатӣ, баробари мақоми донишҷӯи муассисаи таҳсилоти олии касбии давлатӣ мебошад.

154) Мақоми донишҷӯи муассисаи таҳсилоти олии касбии ғайридавлатӣ, ки аккредитатсияи давлатӣ надорад, дар асоси Оинномаи ҳамин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ муқаррар карда мешавад.

155) Донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти олии касбие, ки барои пурра амалӣ намудани барномаҳои таълимӣ аз технологияи фосилавӣ истифода мебаранд, инчунин филиалҳои муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии зикршуда, ҳангоми аз ҷониби онҳо амалӣ намудани раванди таълим (ба истиснои машғулиятҳои алоҳида) дар филиалҳо ва тамоми намудҳои аттестатсияи донишҷӯёни ин филиалҳо, ҳамаи ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои донишҷӯёни ҳамин шакли мутаносиби дарёфти таҳсилотро доранд.

156) Ба донишҷӯёни шӯъбаи ғоибонаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дорои аккредитатсияи давлатӣ, ташкилоти кордиҳанда як маротиба дар соли таҳсил хароҷоти рафтуомадро то маҳали муассисаи олии таълимӣ барои иҷрои корҳои лабораторӣ, супоридани санҷишу имтиҳонот ва ҳамчунин барои супоридани имтиҳоноти давлатӣ, навиштан ва дифои корҳои дипломӣ мепардозад.

157) Барои кормандони корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва шакли моликият, ки дар баробари кор дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил мекунанд, дар шартномаи коллективӣ ё шартномаи меҳнатӣ тамдид намудани мӯҳати рухсатиҳои иловагӣ бо пардохти маош ба ҷои рухсатии бе пардохти маош ва имтиёзҳои дигар пешбинӣ шуда метавонад.

158) Ба донишҷӯёни шӯъбаи рӯзонаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки дар баробари таҳсил кор мекунанд, рухсатии иловагии бемузди меҳнат аз ҷом кор барои супоридани санҷишу имтиҳонот понздаҳ рӯзи тақвимӣ дар соли таҳсил, барои навиштан ва дифои кори дипломӣ якҷоя бо супоридани имтиҳоноти давлатӣ чор моҳ, барои супоридани имтиҳоноти давлатӣ як моҳ дода мешавад.

159) Шунавандагони соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ шахсоне мебошанд, ки дар шӯъбаҳои тайёрии муассиаҳои таҳсилоти олии касбӣ, факултетҳо, муассисаҳои таҳсилоти касбии баъд муассисаҳои олии таълимӣ, ординатураи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии тиббӣ таҳсил мекунанд.

160) Мақоми ҳуқуқии шунавандагони муассисаҳои таълимии тахсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ дар бахши соҳиб гаштан ба таҳсилот ба мақоми донишҷӯи муассисаи таълимии шакли дахлдор баробар аст.

161) Шахсоне, ки дар ординатура (резидентура) ва магистратура таҳсил мекунанд ва ё таҳсили тахассусии баъди дипломиро дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии тиббӣ аз ҳисоби маблағи буҷет идома медиҳанд бо стипендия таъмин карда мешаванд ва аз таътили ҳарсолаи 24 рӯза истифода мебаранд.

10. Тайёр намудани кадрҳои баландихтисос (докторантҳо, аспирантҳо ва унвонҷӯён). Ҳуқуқ ва вазифаҳои онҳо

162) Шаклҳои асосии тайёр кардани кормандони илмӣ ва илмию омӯзгории баландихтисос аспирантура ва докторантура мебошад.

163) Аспирантура ва докторантура барои таҳсилоти муттасил, такмили ихтисоси илмию омӯзгорӣ ва илмии шаҳрвандон ва дарёфти дараҷаи илмии номзад ё доктори илм шароит фароҳам меоварад.

164) Ба шахсоне, ки барои супоридани имтиҳони аспирантура иҷозат доранд, ба мӯҳлати 30 рӯзи тақвимӣ рухсатии пардохтшаванда аз тарафи корхона дода мешавад.

165) Барои шахсоне, ки дар бахши рӯзонаи аспирантура аз ҳисоби маблағи буҷет таҳсил мекунанд, стипендияи давлатӣ муайян карда мешавад ва онҳо ҳар сол ба муддати ду моҳ ба таътил мебароянд.

166) Аспирантҳои бахши ғоибона ҳар сол аз ҷои кор ба муддати 30 рӯзи тақвимӣ ҳуқуқ ба рухсатии иловагии пардохтшаванда доранд.

167) Аспирантҳои бахши ғоибона ҳар ҳафта барои як рӯз аз кор озод шудан бо пардохти панҷоҳ фоизи музди меҳнат ҳуқуқ доранд. Ташкилоти кордиҳанда ҳуқуқ дорад аспирантҳоро дар соли чоруми таҳсил мувофиқи хоҳиши онҳо ба таври илова бе пардохти музд хар ҳафта ду рӯз аз кор озод намояд.

168) Аспирантҳои бахши ғоибона дар давраи супоридани имтиҳон ва навиштани рисолаи илмӣ бо хобгоҳ таъмин карда мешаванд (ба шарте ки муассисаи таҳсилоти олии касбӣ фонди манзил дошта бошад).

169) Ба докторантҳо стипендияи давлатӣ ба андозаи на камтар аз маоши дотсент ва ҳар сол таътили думоҳа дода мешавад. Ҳуқуқҳои дар ҷои кор пеш аз дохил шудан ба докторантура доштаи докторантҳо (ҳуқуқи гирифтани манзил, дараҷаи илмӣ ва дигар ҳуқуқҳо) ва ҳамчунин хуқуқи баргаштани онҳо ба ҷои кори пешина ҳифз нигоҳ дошта мешавад.

170) Ба ҳар аспиранту докторанте, ки аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ таҳсил мекунад, барои хариди китобҳои илмӣ ҳар сол ба андозаи ду стипендия кӯмакпулӣ дода мешавад.

171) Унвонҷӯёне, ки дар таълифи рисола барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм таҳқиқот мебаранд ва аз рӯи масъалаи мубрами иҷтимоию иқтисодӣ ё самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти бунёдии илмӣ натиҷаҳои назаррас ба даст овардаанд, бо мақсади таҳияи рисола барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм метавонанд ба мӯҳлати то ду сол ба вазифаи корманди калони илмӣ гузаронида шаванд. Барои унвонҷӯене, ки ба вазифаи кормандони калони илмӣ гузаронида шудаанд, бо нигоҳ доштани маоши вазифавии каблӣ, ҳуқуқи ба ҷои кори пештара гузаштан дода мешавад.

172) Барои анҷоми рисолаи илмии дараҷаи илмии номзади илм ё доктори илм ба кормандони корхона ва муассисаю ташкилотҳо аз ҷои корашон мутобиқан ба мӯҳлатҳои се ва шаш моҳ бо нигоҳ доштани музди меҳнат рухсатии эҷодӣ дода мешавад.

173) Низомнома оид ба докторантҳо, аспирантҳо ва унвонҷӯён аз рӯи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

11. Кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ҳуқуқ ва вазифаҳои онҳо

174) Дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ вазифаҳои кормандони илмию омӯзгорӣ (ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандони илмӣ: ходими хурди илмӣ ва ходими калони илмӣ), муҳандисию техникӣ, маъмурию хоҷагӣ, истеҳсолӣ, таълимию ёрирасон ва ғайра пешбинӣ мешаванд.

175) Ба ҳайати профессорону омӯзгорон мансабҳои декани факултет, мудири кафедра, мудири озмоишгоҳ, вазифаҳои профессор, дотсент, муаллими калон, муаллим, ассистент мансубанд.

176) Ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба кор қабул кардани кормандони илмию омӯзгорӣ мутобиқи шартномаи меҳнатӣ амалӣ карда мешавад. Пеш аз бастани шартномаи меҳнатӣ кормандони илмию омӯзгорӣ аз озмун мегузаранд.

177) Мудири кафедраи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар асоси озмун интихоб мешавад. Низомнома оид ба тартиби ишғоли вазифа ва гузаштан аз озмунро барои иҷрои вазифаи мудири кафедра мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф дар мувофиқа бо вазорату идораҳое, ки дар тобеияташон муассисаи таҳсилоти олии касбӣ доранд, таҳия ва тасдиқ менамояд.

178) Кормандони илмию омӯзгории муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ҳуқук доранд:

- бо тартиби муқарраргардида ба Шӯрои олимони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ интихоб кунанд ва интихоб шаванд;

- дар муҳокима ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба фаъолияти муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ширкат намоянд;

- аз хидмати китобхонаҳо, китобхонаҳои электронӣ, технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ, интернет, фондҳои иттилоотӣ, шӯъбаҳои илму таълим ва ҳамчунин аз хидмати шӯъбаҳои иҷтимоию маишӣ, табобатӣ ва шӯъбаҳои дигари сохтории муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мувофиқи Оинномаи он ва (ё) шартномаи коллективӣ ба таври ройгон истифода баранд;

- мазмуни курсҳои таълимиро мутобиқи стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ муайян кунанд;

- усул ва воситаҳои таълимро, ки ба хусусиятҳои фардии ҳар кадоми онҳо бештар ҷавобгӯ мебошанд ва сифати баланди раванди таълимро таъмин менамоянд, интихоб намоянд;

- аз болои фармону супоришҳои маъмурияти муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ шикоят кунанд.

179) Кормандони илмию омӯзгории муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ӯҳдадоранд:

- самараи баланди раванди кори омӯзгорӣ ва илмиро таъмин кунанд;

- талаботи Оинномаи муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбиро риоя намоянд;

- донишҷӯёнро дар рӯҳияи мустақилият, ташаббускорӣ тарбия кунанд, қобилияти эҷодии онҳоро инкишоф диҳанд;

- ба арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва ахлоқиву маънавӣ эҳтиром гузоранд;

- барои такмили ихтисоси худ пайваста кӯшиш намоянд;

- дар раванди таълим аз телефонҳои мобилӣ истифода набаранд.

180) Кормандони илмии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ҳуқуқ доранд он усулҳо ва воситаҳои гузаронидани таҳқиқоти илмиеро интихоб намоянд, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ бошанд, ба қобилияти ннфиродии онҳо бештар мувофиқат кунанд ва сифати баланди раванди илмиро таъмин намоянд.

181) Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои кормандони маъмурию хоҷагӣ, муҳандисию техникӣ, истеҳсолӣ, таълимию ёридиҳанда ва дигар кормандони муассисаи таҳсилоти олии касбиро қонунгузорӣ оид ба меҳнат, Оинномаи муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ, қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва дастурҳои вазифавӣ муайян мекунанд.

12. Тайёр кардан ва такмили ихтисоси кормандони илмию омӯзгорӣ

182) Кормандони илмию омӯзгорӣ дар аспирантура ва докторантураи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, муассиса ё ташкилотҳои илмӣ ва ҳамчунин бо роҳи вобаста намудани унвонҷӯён ба ин муассисаю ташкилотҳо барои навиштан ва дифои рисолаи номзадӣ илм ё доктори илм ё бо роҳи ба вазифаи кормандони илмӣ гузаронидани кормандони соҳаи омӯзгорӣ ҷиҳати таълифи рисолаи докторӣ омода карда мешаванд.

183) Муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ шаклҳои зерини такмили ихтисосро муқаррар мекунад:

- коромӯзии илмӣ, омӯзгорӣ, эҷодӣ, аз ҷумла, дар корхонаҳо, институтҳои илмию таҳқиқотӣ, бюроҳои конструкторӣ, дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва ташкилотҳо, аз ҷумла дар хориҷа;

- рухсатиҳои эҷодӣ барои ба итмом расонидани рисолаи илмӣ;

- такмили ихтисос ва бозомӯзӣ дар донишкадаҳо, факултетҳо ва марказҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо;

- бозомузӣ ва таълим дар факултетҳо ва курсҳои махсуси назди муассисаи таҳсилоти олии касбӣ.

184) Ихтисоси кормандони илмию омӯзгориро ҳамчунин аз рӯи шартномае, ки шахсони воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ бо муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва ташкилоту муассисаҳои илмӣ мебанданд, аз ҳисоби маблағи шахсони воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ метавон амалӣ намуд.

185) Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб, намуд ва шаклҳои дигари такмили ихтисосро, муқаррар менамояд.

13. Фаъолияти молиявию хоҷагии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ

186) Муассис (муассисон) бо мақсади таъмини фаъолияти дар Оиннома пешбинишуда биною иншоот, комплексҳои молу мулк, таҷҳизот ва ҳамчунин дигар молу мулки зарурии истеъмолӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайраро бо ҳуқуқи идораи оперативӣ ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ вобаста менамояд.

187) Маблағгзории фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, ғайрибуҷетӣ, сарпарастон, фондҳои хайрия, худмаблағгузорӣ ва дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, барои тайёр намудани мутахассисон, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандон дар асоси меъёрҳои муқарраргардидаи давлат, амалӣ карда мешаванд.

188) Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳуқуқ доранд ба сифати иҷорагир ва (ё) иҷорадиҳандаи моликият тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амал намоянд.

189) Фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ғайридавлатӣ аз ҷониби муассис (муассисон) мутобиқи шартномаи байни онҳо маблағгузорӣ карда мешавад. Аз рӯи шартномаи байни муассис (муассисон) ва муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ин фаъолият метавонад қисман ё пурра бо худмаблағгузорӣ ба амал бароварда шавад.

190) Таҳқиқоти илмие, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ анҷом медиҳанд, аз ҷониби мақомоти давлатии идораи маориф ва (ё) мақомоти ҳокимияти иҷроия, ки ин муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар ихтиёри онҳо мебошанд, маблағгузорӣ карда мешавад.

191) Фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, инчунин аз ҳисоби дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, маблағгузорӣ карда мешавад.

192) Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ мутобиқи Оинномаи худ дар соҳаи таълим ва соҳаҳои дигар, ба шарте ки он бар зиёни фаъолияти асосии он набошад, метавонад фаъолияти пулакиро ба роҳ монад.

193) Фаъолияти пулакии таълим дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ба ивази фаъолияти таълимӣ ва дар доирае, ки барои он аз ҳисоби буҷет маблағгузорӣ мешавад, амалӣ шуда наметавонад. Дар акси ҳол маблағи дар натиҷаи чунин фаъолият бадастомада мутобиқи қонун мусодира карда мешавад.

194) Муассисаи таҳсилоти олии касбии давлатӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ҳуқуқ дорад дар доираи муқаррарнамудаи иҷозатнома илова ба маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷет, қабули донишҷӯёнро бо риояи замимаи иҷозатнома, ки тибқи тартиби муайяннамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, тибқи шартномаҳо бо пардохти арзиши таҳсил аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ амалӣ намояд.

14. Фаъолияти байналмилалӣ

195) Ҳамкории байналмилалии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ дар доираи фаъолияти сиёсати хориҷии давлат ба ҳамшарикии воқеӣ, эътимоду боварии тарафайн ва ба шартномаю созишномаҳои байнидавлатӣ асос меёбад.

196) Мақомоти давлатии идораи маорифи ҳамаи зинаҳо, муассиса, корхонаю ташкилотҳои таълимии низоми маориф ҳуқуқ доранд бо муассиса, корхонаю ташкилотҳои хориҷӣ робитаи бевосита муқаррар намоянд, барномаҳои байналмилалии таълимӣ, илмӣ ва илмию таҳқиқотиро амалӣ гардонанд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттиҳодияҳои байналмилалии ҷамъиятии таълимӣ ва илмӣ ҳамроҳ шаванд.

197) Давлатҳои иштироккунанда дар ташкилотҳои байналмилалии соҳаи маориф дар доираи созишномаю шартномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба сиёсати мувофиқашударо пеш мегаранд.

198) Маблағҳои пулӣ ва дигар дороиҳое, ки муассисаи таълимӣ аз фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ба даст меоварад, моликияти ин муассисаи таълимӣ буда, ба он ҳуқуқи ихтиёрдории пурра дорад, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонун мусодира кардани он манъ аст. Ин маблағ барои рушди соҳаи маориф, музди меҳнати кормандон ва пойдор сохтани заминаи моддию техникии он истифода мешавад.

127) Иҷозатнома (литсензия) барои пешбурди фаъолияти таълимӣ аз рӯи барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ (ба истиснои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии тиббӣ) аз тарафи мақомоти давлатии идораи маориф дар асоси хулосаи комиссияҳои экспертӣ дода мешавад. Иҷозатнома (литсензия) барои пешбурди фаъолияти таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии тиббӣ аз ҷониби Комиссияи иҷозатномадиҳии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

128) Иҷозатномаи (литсензияи) фаъолияти таълимии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи равияҳои нав, тайёр кардани мутахассисон (ихтисосҳо) новобаста аз доштани иҷозатномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз нав гузаронида мешавад.

129) Иҷозатнома (литсензия) ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ новобаста аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқии онҳо, дар ҳолате дода мешавад, ки агар онҳо ҳуқуқи моликият, идоракунии оперативӣ, иҷоравӣ ва манбаи таълимию моддии зарурӣ дошта бошанд.

130) Аттестатсияи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ (ба истиснои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии тиббӣ) - ро Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи назди мақомоти давлатии идораи маориф бо аризаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ё бо ташаббуси худи мақомоти ҷумҳуриявии давлатии идораи маориф мегузаронад. Мақсад ва мазмуни аттестатсия муқаррар кардани мувофиқати мазмун, дараҷа ва сифати тайёрии хатмкунандагони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи самтҳо тайёр кардани мутахассис мебошад.

131) Аттестатсияи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии тиббӣ аз ҷониби Комиссияи аттестатсионии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.