ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади такмил ва пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии ҷараёни ҳуқуқэҷодкунӣ, мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1) Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2) Мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳое, ки дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ иштирок мекунанд, муқаррароти Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбарӣ гиранд.
3) Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳияи барномаҳои давлатӣ ва нақшаи таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро бо назардошти муқаррароти Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намоянд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе,
19 феврали соли 2011 № 1021