Дар Вазорати адлияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон
таҳти № 596
аз 6 январи соли 2011
"БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУДААСТ"
"Тасдиқ карда шудааст"
Бо фармоиши
Вазири кишоварзии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 04.10.2010 № 132
ТАРТИБИ СЕРТИФИКАТСИЯИ ТУХМӢ, ДОДАНИ СЕРТИФИКАТҲОИ ТАСДИҚКУНАНДАИ НАВЪ ВА СИФАТИ ТУХМӢ
Душанбе - 2010
I. Муқаррароти умумӣ
1) Тартиби мазкур ҷиҳати амалӣ намудани талаботи моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тухмипарварӣ" таҳия шуда, мақсад, вазифаҳо, тартиби гузаронидани назорати сифат ва сертификатсияи тухмиро муайян менамояд.
2) Назорати сифат ва сертификатсияи тухмӣ нисбати тухмии навъҳои растаниҳое, ки тибқи талаботи Тартиби мазкур истеҳсол, коркард, интихоб, бандубаст ва тамғазанӣ карда шуда, барои фурӯш ва ё истифодабарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё барои содирот ба дигар кишварҳо пешбинӣ шудаанд, гузаронида мешаванд.
3) Номгӯи намуди растаниҳое, ки сертификатсияи тухмии онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад дар замимаи 2 оварда шудааст. Номгӯи намуди растаниҳое, ки сертификатсияи ниҳоли онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад дар замимаи 2а оварда шудааст.
4) Назорати сифат ва сертификатсияи тухмӣ аз рӯи нишондоди шаҳодатдиҳандаи сифатҳои навъӣ ва киштбобии он мутобиқи санадҳои меъёрии амалкунанда ва стандартҳои давлатӣ гузаронида мешавад.
5) Иҷрои талаботи Тартиби мазкур ба зиммаи мақоми ваколатдор гузошта мешавад. Вобаста аз ин мақоми ваколатдор бояд вазифаҳои зеринро амалӣ намояд:
* тартиб додан ва такмили тартибҳо оид ба назорати сифат ва сертификатсияи тухмӣ;
* такмили сохтор ва нақшаҳои сертификатсияи тухмӣ;
* ҳамкорӣ бо ташкилоти ватанӣ ва байналмилалӣ оид ба масъалаҳои назорати сифат ва сертификатсияи тухмӣ;
* ҳамкорӣ бо мақомоти ваколатдори назорати сифат ва сертификатсияи тухмии дигар мамлакатҳо;
* баҳисобгирии сертификатҳои додашуда;
* баррасии арзу шикоятҳо;
* ташкил ва гузаронидани назорати санҷишии раванди назорати сифат ва сертификатсияи тухмӣ;
* нашри маълумот оид ба раванди назорати сифат ва сертификатсияи тухмӣ (мисол: миқдори тухмии сертификатсияшуда, миқдори ниҳоли сертификатсияшуда, миқдори сертификатҳои додашуда ва бекоркардашуда ва ғ.);
* дигар чорабиниҳое, ки ба раванди назорати сифат ва сертификатсияи тухмӣ мусоидат менамоянд.
6) Ҳангоми иҷрои вазифаҳои хидматии худ, дар рафти назорати сифат ва сертификатсияи тухмӣ, мутахассисон, нозирони давлатӣ ва шахсони ваколатдор, инчунин кормандони лабораторияҳои ташхиси сифати тухмӣ набояд таҳти фишор қарор дода шаванд, ки ин боиси таъсир ба натиҷаи сертификатсияи тухмӣ гардад.
II. Мафҳумҳои асосӣ
7) Дар Тартиби мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- тухмӣ - қисмҳои растанӣ (тухмӣ, дона, мева, лӯндамева, бехмева, пиёзак, қаламча, ниҳол, кӯчат ва ғайра), ки барои такрористеҳсоли навъҳои растаниҳо истифода мешаванд;
- тухмипарварӣ - фаъолият оид ба истеҳсол ё такрористеҳсол, коркард, сертификатсия, фурӯши тухмии растаниҳо, инчунин оид ба бақайдгирии навъҳо ва назорати тухмӣ;
- ниҳол - растании ҷавони пайвандӣ, ё ин ки бо решаи худаш парваришуда, ки барои бунёди боғ, ҷангал, хатҳои муҳофизатии сабз ва бо дигар мақсадҳо шинонида мешавад.
- ниҳолистон (питомник) - майдон ё қитъаи замине, ки дар он ниҳолҳои хасак (такпайванд) ва ниҳолҳои пайвандӣ аз ҳисоби навъҳои ноҳиябандишуда ва дурнамои мевагиҳои гуногун парвариш карда мешаванд.
- боғи модарии тухмӣ - майдон ё қитъаи замине, ки дар он дарахтони мевадиҳандаи гуногун барои истеҳсоли тухмӣ, ки ҳамчун тагпайванд ноҳиябанди шудаанд, парвариш карда мешаванд.
- боғи модарии навъӣ - майдон ё қитъаи замине,ки дар он дарахтони навъҳои ноҳиябандишуда барои истеҳсоли қаламча парвариш карда мешаванд.
- майдони афзоишдиҳи такпайвандҳои нашвӣ - қитъаи замине, ки дар он растаниҳои модарии қаламчаҳои нашви барои истеҳсоли такпайвандҳои нашви парвариш карда мешаванд.
- ниҳолпарварӣ - фаъолият оид ба тайёр кардан, парвариш ва ба фурӯш пешниҳод намудани ниҳоли дарахтони мевадиҳанда ва ороишӣ;
- сифати тухмӣ - маҷмӯи аломатҳое, ки шомил будани тухмиро ба навъи муайяни растанӣ ва киштбоб будани онро тавсиф медиҳанд (ба монанди тозагӣ, қобилияти сабзиш ва солимии тухмӣ);
- ҳар як маҷмӯи тухмӣ - миқдори муайяни тухмии аз рӯи пайдоиш ва сифат якхела;
- ҳар як маҷмӯи ниҳол - миқдори муайяни ниҳолҳои аз рӯи пайдоиш, синну сол ва сифат якхела;
- навъ - гурӯҳи ботаникии растаниҳо, ки як воҳиди муайянро ташкил дода, хусусиятҳои фарқкунандагӣ, якшаклӣ ва устувории аломатҳоро доранд;
- назорати навъӣ - чорабиниҳо оид ба муайян кардани тозагии навъ, муқаррар кардани мансубияти растанӣ ва тухмӣ ба навъи муайян тавассути анҷом додани назорати кишти тухмӣ дар саҳро, назорати навъ дар қитъаҳои санҷишӣ ва ташхиси лабораторӣ;
- назорати тухмӣ - чорабиниҳо оид ба муайян кардани сифати тухмӣ, назорати риояи талаботи стандартҳои давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи тухмипарварӣ;
- назорати кишти тухмӣ дар саҳро (назорати саҳроии кишти тухмӣ)таҳқиқи кишти тухмӣ бо мақсади муқаррар намудани мансубияти онҳо ба навъи муайян, муқаррар намудани тозагии навъӣ ва якшаклии навъ, мавҷуд будани алафҳои бегона ва муайянкунии осеби ба растанӣ ва тухмӣ расонидаи намудҳои касаливу ҳашароти зараррасони зироатҳои кишоварзӣ;
- назорати навъ дар қитъаҳои санҷишӣ - муқаррар кардани мансубияти растанӣ ва тухмӣ ба навъи муайян ва муқаррар кардани тозагии навъии растанӣ бо роҳи кишти тухмӣ дар қитъаҳои махсус ва омӯзиши минбаъдаи аломатҳои растанӣ;
- ташхиси лабораторӣ - муқаррар кардани нишондиҳандаҳои сифати тухмӣ бо роҳи анҷом додани ташхиси лабораторӣ;
- Феҳристи навъҳои тиҷоратӣ - феҳристе, ки ба он рӯйхати навъҳои растании барои истеҳсол ва истифодаи тиҷоратӣ иҷозатдодашуда дохил карда мешавад;
- сертификатсияи тухмӣ - системаи таъмини сифати тухмӣ, ки назорати кишти тухмӣ дар саҳро, назорати навъ дар қитъаҳои санҷишӣ ва ташхиси лаборатории тухмии навъҳои ба Феҳристи навъҳои тиҷоратӣ дохилшударо дар бар мегирад;
- cертификати сифати тухмӣ (сертификат) - ҳуҷҷати шаҳодатдиҳандаи сифати тухмӣ, ки дар асоси гузаронидани сертификатсияи тухмӣ ба ҳар як маҷмӯи тухмӣ дода мешавад;
- шаҳодатномаи мушаххаскунандаи навъ - ҳуҷҷати тасдиқкунандаи аслӣ ва тозагии навъии кишти тухмӣ, ки дар асоси натиҷаҳои назорати кишти тухмӣ дар саҳро дода шудааст;
- санади ташхис - ҳуҷҷате, ки маълумотро оиди мувофиқати сифати киштбобии тухмӣ ба талаботи стандартҳои давлатӣ ва соҳавӣ дар бар мегирад;
- ниҳоли сертификатсияшуда - ҳамаи ниҳолҳои дар ниҳолистон парваришёбанда, ки барои фурӯш пешбинӣ шуда, дурустии намуд ва навъи онҳо, озод будани онҳо аз организмҳои хавфнок ва махсусан карантинӣ тасдиқ гардидаанд;
- мақоми ваколатдор - мақоми ваколатдори давлатии назорати сифат ва сертификатсияи тухмӣ (Бозрасии назорати давлатии тухмӣ);
- мақомоти ваколатдор - мақоми ваколатдор ва сохторҳои тобеъи он дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳо;
- мақомоти сертификатсияи тухмӣ - мақомоте, ки сертификатсияи тухмиро мувофиқи сохтор ва тартиби дар Тартиби мазкур муқарраргардида анҷом медиҳанд. Ба сохтори ин мақомот мақоми ваколатдор, сохторҳои тобеъи он дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, лабораторияи марказии ташхиси сифати тухмӣ ва лабораторияҳои вилоятии ташхиси сифати тухмӣ дохил мешаванд (замимаи 1);
- мақоми ваколатдори санҷиш ва бақайдгирии навъҳо - мақоме, ки ба гузаронидани санҷиши расмии навъҳои нави растанӣ ва бақайдгирии онҳо ваколат дорад (Муассисаи давлатии Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо);
- мақомоти ваколатдори давлатии карантини растаниҳо - мақомоти давлатие, ки дар доираи салоҳияти худ сиёсати давлатиро дар соҳаи таъмини карантини растанӣ амалӣ мегардонад
- тухмии омехта - тухмие, ки аз ду ва ё зиёда авлод ё навъи маҷмӯи тухмии сертификатсияшуда иборат аст;
- ҳар як маҷмӯи омехтаи тухмӣ - ҳар як маҷмӯи тухмии як навъ (намуд) ва як гурӯҳ, ки аз зиёда аз як манбаъ гирифта шудааст;
- тозагии навъӣ - таносуби миқдори пояи (танаи) растаниҳои навъи асосӣ ба миқдори ҳамаи пояҳои инкишофёфтаи ҳамин намуди растанӣ дар воҳиди майдони кишт;
- лабораторияҳои ташхиси сифати тухмӣ - лабораторияи марказии ташхиси сифати тухмӣ ва лабораторияҳои вилоятии ташхиси сифати тухмии мақомоти ваколатдор ва ё дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки тибқи тартиби муқарраргардида ба ташхиси сифати намунаҳои тухмӣ аз ҷониби мақомоти дар боло зикршуда расман ваколатдор (аккредитатсия) шудаанд;
- аризадиҳанда - шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки ба истеҳсол ё такрористеҳсол, коркард, бандубаст, воридот, содирот ва фурӯши тухмӣ машғул буда, тибқи тартиби муқарраргардида дар мақоми ваколатдори давлатии идораи кишоварзӣ ба қайд гирифта шудааст ва ба мақомоти ваколатдор барои гузаронидани сертификатсияи тухмӣ ариза пешниҳод мекунад;
- нозири кишти тухмӣ дар саҳро - мутахассиси мақомоти ваколатдор, селексионери навъ, ҳамчунин дигар шахси воқеие, ки барои гузаронидани назорати кишти тухмӣ дар саҳро ваколати расмӣ дорад;
- намунаи тухмӣ - миқдори муайяни тухмӣ, ки тибқи тартиб ва усулҳои қабулгардида аз ҳар як маҷмӯи тухмӣ гирифта мешавад ва он барои муайян кардани сифати маҷмӯи тухмӣ ташхис карда мешавад;
- интихоби намунаи тухмӣ - тартиби гирифтани намунаи тухмӣ аз ҳар як маҷмӯи тухмӣ тибқи усулҳои муқарраргардида;
- интихобкунандаи намунаи тухмӣ - мутахассиси мақомоти ваколатдор ва ё шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки барои интихоби намунаи тухмӣ ваколат дорад;
- Феҳристи давлатии бақайдгирии сертификатҳо ва шаҳодатномаҳофеҳристе, ки ба он рӯйхати сертификатҳо ва шаҳодатномаҳои додашуда дохил карда мешаванд, ки он соле як маротиба аз ҷониби мақоми ваколатдор нашр карда мешавад;
- назорати санҷишӣ - назорате, ки аз тарафи мақомоти ваколатдор бо мақсади татбиқи натиҷаҳои назорати қаблан гузаронидашудаи раванди назорати сифат ва сертификатсияи тухмӣ гузаронида мешавад;
- Комиссияи назорати санҷишӣ - Комиссияи таъсисдодаи мақоми ваколатдор оид ба гузаронидани назорати санҷишӣ.
III. Мақсад ва вазифаҳои назорати сифат, сертификатсияи тухмӣ ва ниҳол
8) Мақсади асосии назорати сифат, сертификатсияи тухмӣ ва ниҳол ба танзим даровардани равандҳо ва усулҳои ватании баҳодиҳӣ ба аломатҳои навъӣ ва киштбобии тухмӣ дар мувофиқа бо ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи тухмипарварӣ, инчунин бо қоида ва талаботи созмонҳои байналмилалии соҳаи назорати сифат ва сертификатсияи тухмӣ (ISTA, OECD ва ғайраҳо), дар асоси он фароҳам овардани шароит барои фаъолияти пурсамари шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии машғули истеҳсол, такрористеҳсол, коркард, сертификатсия, воридот, содирот ва фурӯши тухмӣ ва ниҳол дар бозори дохиливу хориҷӣ мебошад.
9) Вазифаҳои асосии назорати сифат ва сертификатсияи тухмию ниҳол аз инҳо иборатанд:
- ҳимояи манфиати давлат ва истифодабарандагон аз истеҳсол ва фурӯши ғайриқонунии тухмию ниҳол ва истифодаи тухмию ниҳоли пастсифат;
- муқаррар намудани сифатҳои навъӣ ва киштбобии тухмӣ дар асоси назорати кишти тухмӣ дар саҳро, назорати навъ дар қитъаҳои санҷишӣ ва ташхиси лаборатории сифати тухмӣ;
- назорати сифати тухмию ниҳол дар рафти истеҳсол, коркард, бандубаст ва тамғазанӣ, бо мақсади таъмини кафолати сифати тухмию ниҳолӣ сертификатсияшаванда;
- тасдиқ кардани мувофиқати сифати тухмию ниҳол ба талаботи стандартҳои давлатӣ ва соҳавӣ;
- амалӣ гардонидани назорати санҷишӣ;
- мусоидат кардан ба истифодабарандагон дар интихоби соҳибихтиёронаи тухмию ниҳолҳои хушсифати навъҳои дар Феҳристи навъҳои тиҷоратӣ номнависшуда.
IV. Талабот нисбати навъ ва селексионери навъ
10) Сертификати сифати тухмӣ (сертификат) ба ҳар як маҷмӯи тухмӣ ва ҳар як маҷмӯи ниҳоли навъи растание дода мешавад, ки дар Феҳристи навъҳои тиҷоратӣ ба қайд гирифта шуда, барои истеҳсол ва истифодабарӣ расман иҷозат дода шудааст.
11) Ба ҳар як маҷмӯи тухмии навъи аз Феҳристи навъҳои тиҷоратӣ хориҷкардашуда дар муддати ду сол сертификат додан мумкин аст.
12) Мақоми ваколатдори давлатии санҷиш ва бақайдгирии навъҳо ҳар сол Феҳристи навъҳои тиҷоратиро тартиб дода, нашр менамояд. Инчунин ин мақом ӯҳдадор мебошад, ки тавсифномаи пурраи навъҳои ба Феҳристи мазкур дохилшударо ба мақоми ваколатдор пешниҳод намояд.
13) Танҳо тухмии навъҳо ва волидайни дурагаҳое, ки дар Феҳристи навъҳои тиҷоратӣ номнавис шудаанд, сертификатсия карда мешаванд. Генотипҳои ба сифати волидайн истифодашуда ва ё истифодашаванда бояд дар ин Феҳрист ҷудогона номнавис шаванд.
14) Ном ва нишонаи селексионери ҳар як навъ ва ё шахси ваколатдори ӯ дар Феҳристи навъҳои тиҷоратӣ номнавис шуда, бояд аз ҷониби мақоми ваколатдори санҷиш ва бақайдгирии навъҳо ба мақоми ваколатдор пешниҳод карда шавад.
15) Дар ҳолати аз ҷониби селексионери навъ ва ё шахси ваколатдори ӯ ғайриқаноатбахш нигоҳ доштани навъ, он аз Феҳристи навъҳои тиҷоратӣ хориҷ карда мешавад.
16) Селексионер ва ё шахси ваколатдори ӯ бояд:
- пас аз номнавис шудани навъ дар Феҳристи навъҳои тиҷоратӣ истеҳсоли миқдори кофии тухмии аслӣ ва нигаҳдории навъро кафолат диҳад;
- бо дархости мақоми ваколатдор миқдори муайяни тухмии аслии навъро барои истифода дар қитъаҳои санҷишӣ таъмин намояд;
- дар ҳолати зарурӣ барои гузаронидани назорати навъ дар саҳро ва назорати навъ дар қитъаҳои санҷишӣ ба мақомоти ваколатдор кӯмаки амалӣ расонад.
V. Ҳар як маҷмӯи тухмӣ ва тартиби бандубасти борҷома
18) Ҳар як маҷмӯи тухмӣ
а) Ҳар як маҷмӯи тухмии сертификатсияшаванда бояд якхела бошад. Дар ҳолати якхела набудани ҳар як маҷмӯи тухмӣ мақоми ваколатдор ҳуқуқ дорад гузаронидани сертификатсияро боз дорад.
б) Ҳаҷми максималии ҳар як маҷмӯи тухмӣ вобаста аз намуди растанӣ муқаррар карда мешавад (замимаи 3). Ин ҳаҷми максималӣ ба маҷмӯи тухмие, ки ҳамчун маҷмӯи нопурраи тухмии сертификатсияшаванда бандубаст мешавад, дахл надорад.
в) Ҳаҷми максималии ҳар як маҷмӯи ниҳоли растаниҳои сертификатсияшаванда 5000 (панҷ ҳазор) ниҳол муқаррар карда мешавад.
г) Ҳар як маҷмӯи тухмии растанӣ, ки ҳаҷмаш аз андозаи максималӣ зиёд аст, ба маҷмӯъҳои нави дигар, ки андозаи онҳо аз ҳаҷми максималӣ зиёд нестанд, тақсим карда мешавад.
д) Аз ҳаҷми максималӣ то панҷ фоиз зиёд будани андозаи ҳар як маҷмӯи тухмӣ қобили қабул аст.
е) Ба ҳар як маҷмӯи тухмии сертификатсияшаванда бояд рақами мушаххас дода шавад, ки он набояд такрор шавад.
ж) Ба ҳар як маҷмӯи тухмӣ нозири давлатии мақоми ваколатдор ва ё шахсе, ки аз он маҷмӯъ намуна мегирад, тибқи тарзи рақамгузории маҷмӯи тухмӣ, ки дар замимаи 4 оварда шудааст, рақами мушаххас мегузорад.
19) Бандубаст ва тамғазании борҷома
а) Борҷомаи тухмӣ баъд аз интихоби намуна аз ҷониби интихобкунанда бандубаст карда мешавад.
б) Борҷома бо тамғаи рақамдори махсус ё бо борчасп тавре маҳкам карда мешавад, ки бе вайрон кардани тамға ё борчасп кушодани борҷома ғайриимкон гардад.
в) Баъд аз гузаронидани назорати сифат ва сертификатсияи тухмӣ вобаста аз гурӯҳҳои он ба ҳар як борҷома тамғақоғази нави пештар истифоданашуда (замимаи 8), ки аз ҷониби мақоми ваколатдор дода шудааст, часпонида мешавад. Тамғақоғаз бояд тарзе часпонида шавад, ки онро дубора истифода бурдан ғайриимкон гардад.
г) Тамғақоғаз шакли росткунҷа дошта, андозаи он набояд аз 70х100 мм зиёд бошад.
д) Вобаста аз гурӯҳи тухмӣ рангҳои тамғақоғаз бо тартиби зерин муайян карда мешавад:
- тухмии суперэлита - тамғақоғази сафед бо хати гулобии ба тарзи диагоналӣ гузашта;
- тухмии элита - тамғақоғази сафед;
- тухмии сертификатсияшудаи насли 1 - тамғақоғази кабуд;
- тухмии сертификатсияшудаи насли 2 - тамғақоғази сурх;
- тухмии сертификатсияшудаи насли 3 ва омехтаи тухмӣтамғақоғази бӯрранг.
е) Ба ҳар як ниҳоли сертификатсияшудаи ниҳолистон, ки ба талабот ҷавобгӯ мебошад ва ба фурӯш бароварда мешаванд, аз ҷониби мақоми ваколатдор тамғақоғаз пешниҳод карда мешавад.
Дар тамғақоғази ниҳол дарҷи маълумоти зерин ҳатмист:
- номи ниҳолистон;
- намуди растанӣ;
- навъ;
- тагпайванд;
- соли истеҳсол;
- синну соли ниҳол;
- мӯҳлати эътибор.
ж) Маълумот дар тамғақоғаз бояд ба таври хонданбоб навишта шавад.
з) Дар тамғақоғаз навиштани маълумоти нодуруст ва ё характери таблиғотидошта қатъиян манъ аст.
и) Барои маҷмӯи тухмии омехта, дар тамғақоғаз илова ба маълумоти тибқи замимаи 8а овардашуда, ҳиссаи ҳар як намуди тухмӣ дар таркиби тухмиҳо бояд бо фоиз нишон дода шавад.
VI. Назорати сифат ва сертификатсия вобаста аз гурӯҳҳои тухмӣ
20) Вобаста ба усулҳои сертификатсияи тухмии намудҳои гуногуни растанӣ, гурӯҳҳои зерини тухмӣ муайян карда мешаванд:
- аслӣ;
- элита;
- репродуксионӣ.
21) Истеҳсоли ҳар як гурӯҳи алоҳидаи тухмӣ бояд тавре ба роҳ монда шавад, ки дар рафти он ба омехташавии навъ ва ё имконияти сирояти он бо касаливу зараррасонҳо ва паст гардидани сифати киштбобии тухмӣ роҳ дода нашавад.
22) Тухмии аслӣ, ки аз тухмии селексионӣ истеҳсол шуда, барои истеҳсоли наслҳои оянда пешбинӣ шудааст, ҳатман бояд аз назорати сифат ва сертификатсия гузарад.
23) Тухмии элита тухмие мебошад, ки аз тухмии аслӣ ҳосил шуда, ба талаботи стандарти давлатӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигари соҳаи тухмипарварӣ мувофиқат менамояд. Шумораи насли тухмии элита набояд аз ду насл зиёд бошад.
24) Ҳамаи наслҳои тухмии элита дар хоҷагиҳои махсуси тухмии элитапарварӣ, ки фаъолияташон мутобиқи талабот ба ин гуна хоҷагиҳо ба роҳ монда шуда, ба рӯйхати хоҷагиҳои барои истеҳсоли тухмии элита ҳуқуқдошта дохил шудаанд, дар асоси шартномаи бо селексионери навъ бастаашон истеҳсол карда мешаванд.
25) Шумораи насли тухмии репродуксионӣ барои растаниҳои худгардолудшаванда набояд аз се насл ва барои растаниҳои чилликӣ гардолудшаванда набояд аз ду насл зиёд бошад. Ин наслҳои тухмии репродуксионӣ пас аз гузаштани сертификатсия ҳамчун тухмии сертификатсияшудаи наслҳои 1, 2 ва 3 (С1, С2 ва С3) дониста мешаванд.
26) Барои истеҳсоли гурӯҳҳои муайяни тухмии растаниҳо хоҷагиҳои тухмипарварӣ ва дигар шахсони воқеию ҳуқуқие, ки хоҳиши истеҳсоли тухмиро доранд, бояд шароити заруриро дошта бошанд. Дар ин ҳолат мақоми ваколатдори идораи кишоварзӣ онҳоро ба Номгӯи хоҷагиҳое, ки ҳуқуқи истеҳсоли тухмиро доранд, номнавис мекунад. Номгӯи мазкур ҳар сол бо тағйиру иловаҳо аз нав нашр карда мешавад. Хоҷагиҳое, ки шароити заруриро барои истеҳсоли тухмӣ надоранд, аз Номгӯй хориҷ карда мешаванд.
27) Тартиби дохил кардани хоҷагиҳо ба Номгӯи хоҷагиҳое, ки ҳуқуқи истеҳсоли тухмиро доранд ва хориҷ кардани онҳо аз ин Номгӯй аз тарафи мақоми ваколатдори идораи кишоварзӣ муқаррар карда мешавад.
VII. Тартиби пешниҳоди ариза барои гузаронидани назорати сифат ва сертификатсияи тухмӣ
28) Барои гузаронидани назорати кишти тухмӣ дар саҳро, назорат навъ дар қитъаҳои санҷишӣ ва ташхиси лаборатории сифати тухмӣ бо мақсади сертификатсияи тухмӣ, инчунин новобаста аз гузаронидани сертификатсия, аризадиҳанда бояд саривақт аризаи худро ба мақомоти ваколатдор пешниҳод намояд (замимаҳои 5, 5а ва 5б). Бо мақсади сертификатсия ниҳол ариза тибқи Замимаи 5в пешниҳод карда мешавад.
29) Аризадиҳанда бояд ҳамроҳи ариза, вобаста аз талаботи назорат, ҳуҷҷат ва маълумоти зеринро пешниҳод намояд:
- маълумоти асосӣ оид ба тухмӣ тибқи талаботи стандарти давлатӣ;
- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти хароҷот барои гузаронидани назорати тухмӣ;
- ному насаби намояндаи аризадиҳанда, ки дар ҷараёни назорати кишти тухмӣ дар саҳро ва интихоби намуна иштирок менамояд;
- нақшаи майдонҳо, бо нишон додани маҳалли ҷойгиршавии кишти тухмӣ;
30) Роҳи ёфтани майдон барои гузаронидани назорати кишти тухмӣ дар саҳро; Ариза аз тарафи мақомоти ваколатдор дар дафтари бақайдгирии мувофиқи замимаи 6 ва ё дар воситаҳои электронӣ ба қайд гирифта мешавад.
VIII. Тартиби сертификатсияи тухмӣ
31) Сертификатсияи тухмӣ дар асоси натиҷаҳои се чорабинӣназорати кишти тухмӣ дар саҳро, назорати навъ дар қитъаҳои санҷишӣ ва ташхиси лаборатории сифати тухмӣ гузаронида мешавад.
32) Раванди сертификатсияи тухмӣ иборат аст аз:
- пешниҳоди ариза барои гузаронидани сертификатсия;
- дида баромадани ариза ва қабули қарори дахлдор;
- назорати иҷроиши стандартҳо ва дигар санадҳои меъёрӣ дар рафти истеҳсол, такрористеҳсол, коркард, бандубаст ва тамғазании тухмӣ;
- назорати навъ дар қитъаи санҷишӣ;
- назорати кишти тухмӣ дар саҳро;
- пешниҳоди шаҳодатномаи мушаххаскунандаи навъ;
- интихоби намунаи тухмӣ;
- гузаронидани ташхис;
- пешниҳоди санади ташхис;
- таҳлили маълумоти гирифташуда ва қабули қарор оид ба додани сертификат;
- додани сертификат;
- пешниҳоди тамғақоғаз барои маҷмӯи тухмии сертификатсияшуда;
- бурдани назорати санҷишии тухмиҳои сертификатсияшуда;
- гузаронидани чорабиниҳо ҳангоми муайян намудани номувофиқатии тухмии сертификатсияшуда ба талаботи муқарраргардида дар вақти назорати санҷишӣ;
- пешниҳоди маълумот оид ба натиҷаи сертификатсия ва тағйироти минбаъда.
33) Ширкатҳои тайёркунандаи тухмӣ ва тиҷоратӣ, ки аз истеҳсолкунандагон тухмии растаниҳоро харидорӣ менамоянд, инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки бо коркард, бандубаст, содирот, воридот ва фурӯши тухмӣ машғуланд мувофиқи замимаи 5а барои гузаронидани сертификатсия ариза пешниҳод менамоянд. Ба ариза нусхаи шартномаи харид, нусхаи сертификат, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи риояи ҳуқуқҳои селексионер, ҳуҷҷатҳои коркард ва тайёр кардани ҳар як маҷмӯи тухмӣ ва ҳисобгирӣ замима карда мешаванд.
34) Мақомоти сертификатсия аризаро омӯхта, ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардидаро месанҷанд ва дар мӯҳлати на дертар аз 15 рӯз баъди қабули ариза қарори дахлдор қабул карда (замимаҳои 7 ва 7а), онро ба аризадиҳанда пешниҳод менамоянд.
35) Дар ҳолати қабули қарори мусбӣ нисбати гузаронидани сертификатсияи тухмӣ мақомоти ваколатдор дар қарор мақом ва ё шахсеро, ки назорати кишти тухмӣ дар саҳро, интихоби намуна, ташхиси лаборатории тухмӣ, инчунин дигар шароитҳои ба рафти сертификатсияи тухмӣ тааллуқдоштаро мебарад, нишон медиҳанд.
36) Қарори гузаронидани сертификатсияи тухмӣ дар чунин ҳолатҳо манфӣ қабул карда мешавад, агар:
- аризадиҳанда аризаи худро ба мақомоти ваколатдор аз мӯҳлати муқарраргардида дертар пешниҳод карда бошад. Чунки дар ин ҳолат имконияти назорат аз рафти истеҳсоли тухмӣ номумкин мегардад;
- ҳуҷҷатгузории баҳисобгирии тухмӣ ба талаботи қабулгардида ҷавобгӯ набошад ё пурра пешниҳод нагардида бошад;
- дигар талабот нисбати навъ ва тухмӣ, ки дар Тартиби мазкур оварда шудаанд, иҷро нашаванд.
37) Мақомоти ваколатдор иҷрои риояи талаботи меъёриро дар рафти парвариш, коркард ва бандубасти тухмӣ назорат менамоянд.
38) Баъд аз огоҳ кардани аризадиҳанда дар бораи тайёр кардани маҷмӯи тухмӣ интихобкунандаи намуна аз он намунаи миёнаи тухмиро мегирад, ки он дар лабораторияи ташхиси сифати тухмӣ тибқи банди XI Тартиби мазкур ташхис карда мешавад.
39) Мақомоти ваколатдор дар асоси сертификат, вобаста ба гурӯҳҳои тухмии сертификатсияшуда тибқи замимаи 8, тамғақоғази борҷомаи тухмиро бо маълумоти сифати тухмӣ ва рамзи мақоми ваколатдор ба аризадиҳанда пешниҳод менамояд, ки он ба ҳар як борҷома часпонида ва ё дӯхта мешавад.
40) Ба ҳар як маҷмӯи тухмие, ки бо заҳр коркард шудааст, бояд аз тарафи аризадиҳанда тамғақоғази огоҳкунандаи хавфи он ба саломатии инсон ва муҳити зист, инчунин номи фунгисид ва таркиби химиявии он дӯхта шавад.
41) Сертификат ба ҳар як маҷмӯи тухмии омехта дар ҳолати мавҷуд будани Сертификати мушаххаскунандаи навъ барои ҳамаи маҷмӯи тухмии ба маҷмӯи омехта воридшуда ва бо назардошти санади ташхис дода мешавад.
42) Сертификат ба омехтаи тухмӣ дода намешавад. Дар ин ҳолат он сертификатҳое, ки ба тухмии ба таркиби омехта воридшаванда дода шудаанд, амал мекунанд.
43) Сертификат ба аризадиҳанда аз тарафи мақомоти ваколатдор баъд аз пурра пардохт кардани арзиши хизматҳои барои гузаронидани сертификатсия иҷрогардида дода мешавад.
44) Дар асоси сертификат, аризадиҳанда ба ҳуҷҷатҳои ҳамроҳикунандаи тухмӣ, метавонад маълумоти сифати тухмиро низ илова кунад.
45) Сертификатсияи такрории маҷмӯи тухмӣ, дар асоси такроран пешниҳод намудани ариза ба мақомоти ваколатдор амалӣ карда мешавад. Агар чунин маҷмӯи тухмӣ дар ҳолати дуруст қарор дошта бошад, нишонаи кандан ва ё иваз намудани тамғақоғазҳо дида нашавад, аз он тибқи талаботи муқарраргардида намуна гирифта шуда, сифатҳои киштбобии тухмӣ дар лаборатория муайян карда мешавад. Дар ҳолати ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ будани тухмӣ ба он сертификат дода мешавад.
46) Дар ҳолати пайдо намудани нишонаҳои кандани тамғақоғаз ва ё ивази он сертификаткунонии такрорӣ танҳо ба қисми бутуни маҷмӯи тухмӣ гузаронида мешавад.
47) Пас аз гузаронидани сертификатсияи такрорӣ ба маҷмӯи тухмӣ тамғақоғази нав дода мешавад.
IX. Тартиби гузаронидани назорати навъӣ
49) Назорати навъии тухмӣ бо мақсади муайян намудани аслӣ ва тозагии навъ, бо роҳҳои гузаронидани назорати навъ дар қитъаҳои санҷишӣ ва назорати кишти тухмӣ дар саҳро ба амал бароварда мешавад.
50) Барои муайян намудани навъи тухмӣ усулҳо, истилоҳҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба тухмипарварӣ, аз ҷумла воситаҳои техникии ягона татбиқ мегарданд.
51) Назорати навъӣ нисбати кишти растаниҳое, ки тухмии онҳо барои содирот аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, дар асоси меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ агар дар шартномаҳои байналмилалӣ тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, амалӣ карда мешавад.
52) Дар рафти баровардани хулосаи ниҳоӣ оид ба тозагии навъӣ натиҷаи назорати навъ дар қитъаҳои санҷишӣ нисбати натиҷаи назорати кишти тухмӣ дар саҳро бартарият дорад.
53) Тартиби гузаронидани назорати навъ дар қитъаҳои санҷишӣ:
а) Барои гузаронидани назорати навъ дар қитъаҳои санҷишӣ тибқи Тартиби мазкур сохторҳои вилоятии тобеи мақоми ваколатдор намунаи ҷудогонаи тухмиро, ки барои истеҳсоли тухмии сертификатсияшаванда кишт карда мешавад, ба мақоми ваколатдор равон менамоянд.
б) Мақоми ваколатдор санади натиҷаи назорати навъ дар қитъаҳои санҷиширо (замимаи 9) ба сохторҳои вилоятии тобеи худ равон мекунад, ки он аз ҷониби сохтор барои пешниҳоди Сертификати мушаххаскунандаи навъ истифода бурда мешавад.
в) Намунаи ҳар як маҷмӯи сертификатсияшавандаи тухмии аслӣ, элита ва репродуксионии наслҳои 1 ва 2, ки ба муомилот бароварда мешаванд, бояд таҳти назорати навъӣ дар қитъаҳои санҷишӣ қарор гиранд.
г) На камтар аз 20 %-и намунаҳои тухмии сертификатсияшудаи наслҳои сеюм низ дар қитъаҳои санҷишӣ бояд назорат карда шаванд.
д) Кишти намунаи тухмӣ дар қитъаҳои санҷишӣ ҳатман бояд дар давраи мусоиди кишти растанӣ гузаронида шуда, нигоҳубини он низ тарзе ба роҳ монда шавад, ки ба аломатҳои морфологии растанӣ таъсири манфӣ нарасонад.
е) Назорат дар қитъаҳои санҷишӣ ҳам барои ҳамаи намунаҳои тухмии сертификатсияшаванда баъд аз истеҳсол, ҳам барои наслҳои минбаъд истеҳсолшаванда ба сифати назорати пеш аз истеҳсолӣ хизмат карда метавонад.
ж) Дар рафти назорати пеш аз истеҳсол риояи талаботи стандартҳои давлатӣ бояд таҳти назар қарор дода шавад. Дар ҳолати барои назорати пешазистеҳсолӣ истифода гардидани қитъаи санҷишӣ ва тибқи натиҷаҳои назорат дуруст ба роҳ монда нашудани аслият ва тозагии навъии тухмии ин қитъаҳо ва ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ набудани онҳо мақоми ваколатдор ҳуқуқи сертификатсияи тухмии аз он маҷмӯъ истеҳсолшавандаро надорад.
54) Назорати кишти тухмӣ дар саҳро аз ҷониби мақомоти ваколатдор тибқи Тартиби мазкур ва усулҳои қабулгардида гузаронида мешавад.
55) Тартиби гузаронидани назорати кишти тухмӣ дар саҳро:
а) Дар рафти гузаронидани назорати кишти тухмӣ дар саҳро аслӣ будани навъ, дараҷаи тозагии навъ, сироят аз касаливу зараррасонҳои хавфнок, зироати пешинакишт, масофаи ҳадди аққали байни кишти тухмӣ бо кишти ҳамин намуди зироат, миқдори алафҳои бегона ва дигар талаботҳои стандарти давлатӣ назорат карда мешаванд.
б) Назорати кишти тухмӣ дар саҳро бояд дар давраи мусоиди рушди растанӣ гузаронида шавад.
в) Дар давраи нашъунамои растанӣ ҳадди ақал бояд як маротиба назорати кишти тухмӣ дар саҳро гузаронида шавад. Аз рӯи зарурият мумкин аст, ки дар давоми мавсим якчанд маротиба чунин назорат гузаронида шавад. Дар ҳолати ду маротиба ва ё зиёда аз он гузаронидани назорати кишти тухмӣ дар саҳро натиҷаҳои он ба таври алоҳидагӣ санад карда шуда, дар рафти хулосабарорӣ ҳар яки онҳо ба назар гирифта мешаванд.
г) Мақомоти ваколатдор дар асоси аризаи истеҳсолкунандаи тухмӣ кишти тухмии растаниҳоро ба қайд мегирад. Кишти растаниҳое, ки тухмии онҳо барои таъминоти талаботи худи истеҳсолкунанда пешбинӣ шудааст, низ бояд ба қайд гирифта шавад.
д) Назорати саҳроии кишти тухмие, ки барои истеҳсоли тухмии аслӣ пешбинӣ шудааст аз ҷониби мутахассиси мақомоти ваколатдор ва селексионери навъ гузаронида мешавад. Дар асоси натиҷаи ин назорат санад (замимаи 10) дар се нусха тартиб дода мешавад ва ба онҳо мутахассиси мақомоти ваколатдор ва селексионери навъ, ки назорати кишти тухмиро дар саҳро гузарониданд, имзо мегузоранд. Як нусхаи санад ба селексионер дода мешавад, нусхаи дуюм ба мақомоти ваколатдор равон карда мешавад ва нусхаи сеюм дар дасти мутахассиси мақомоти ваколатдор мемонад.
е) Назорати саҳроии кишти тухмие, ки барои истеҳсоли тухмии элита пешбинӣ шудааст, аз ҷониби мутахассис ё нозири давлатии мақомоти ваколатдор дар ҳузури аризадиҳанда ва селексионери навъ ва ё намояндаи онҳо гузаронида мешавад.
ж) Назорати саҳроии кишти тухмие, ки барои истеҳсоли тухмии репродуксионии наслҳои якум ва минбаъда пешбинӣ шудааст, аз ҷониби нозири давлатии тухмӣ, истеҳсолкунандаи тухмӣ ва намояндаи аризадиҳанда гузаронида мешавад.
з) Барои гузаронидани назорати саҳроии кишти тухмии гурӯҳи репродуксионӣ мақомоти ваколатдор метавонад шахсони ваколатдоршударо ҷалб намояд.
и) Шахси ваколатдоршуда назорати кишти тухмиро дар саҳро баъд аз гузаштани курси омӯзишӣ, ки дар асоси қарори мақоми ваколатдор ба муддати 2 сол таъин шудааст, мугузаронад ва ба ӯ шаҳодатномаи нозири ваколатдоршуда (замимаи 11) супорида мешавад.
к) Дар асоси натиҷаҳои назорати саҳроии кишти тухмии гурӯҳҳои элита ва репродуксионӣ дар чор нусха санади аслии назорати кишти тухмӣ дар саҳро (замимаҳои 10а ва 10б) тартиб дода мешавад, ки ба онҳо мутахассис ё нозири аз тарафи мақомоти ваколатдор ваколатдоршуда, намояндаи селексионер (барои тухмии элита), истеҳсолкунанда (барои тухмии репродуксионӣ) ва аризадиҳанда имзо мекунанд. Як нусхаи санад ба аризадиҳанда дода мешавад, нусхаи дуюм ба мақомоти ваколатдор равон карда мешавад ва нусхаи сеюм дар дасти нозири давлатӣ ва ё шахси аз тарафи мақомоти ваколатдор ваколатдоршуда мемонад. Нусхаи чоруми санад ба истеҳсолкунандаи тухмӣ фиристода мешавад.
л) Мақоми ваколатдор рафти ҷамъоварии тухмӣ, бандубаст ва тамғазании борҷомаро бо мақсади кафолат додан ба дуруст нигоҳ доштани аслият ва тозагии навъии тухмӣ дар ҷараёни ин чорабиниҳо бояд таҳти назорат гирад.
м) Дар ҳолати ба талабот ҷавобгӯ набудани кишти тухмӣ, бо хулосаи мақомоти ваколатдор назорати кишти тухмӣ дар саҳро такроран, баъд аз омода намудани кишти тухмӣ ба назорати расмӣ, гузаронида мешавад. Назорати такрорӣ танҳо як маротиба гузаронида мешавад.
н) Дар ҳолати ошкор намудани вайронкуниҳои талаботи санадҳои меъёрӣ дар вақти истеҳсоли тухмӣ ва ё ғайриқаноатбахш будани хулосаи назорати кишти тухмӣ дар саҳро чунин кишти тухмӣ инкор карда мешавад ва ё гурӯҳи он паст карда мешавад. Тухмии аз он истеҳсолшуда сертификатсия карда намешавад, ва ё дар ҳолати мувофиқа кардан ба талаботи гурӯҳҳои нисбатан паст ба гурӯҳи пасттари тухмӣ сертификатсия карда мешавад.
о) Оиди инкор намудани кишти тухмӣ санад (замимаҳои 10, 10а ва 10б) тартиб дода мешавад.
56) Дар асоси санади назорати кишти тухмӣ дар саҳро ва натиҷаи назорати навъ дар қитъаҳои санҷишӣ, дар ҳолати ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ будани сифатҳои навъии тухмӣ мақомоти ваколатдор дар бораи додани Сертификати мушаххаскунандаи навъ (замимаи 12) хулоса мебароранд ва дар ҳолати қабули хулосаи мусбӣ ин шаҳодатномаро ба аризадиҳанда пешниҳод менамоянд.
X. Тартиби гузаронидани назорати сифати тухмӣ
59) Назорати сифати тухмӣ ҳамчун як ҷузъи сертификатсияи тухмӣ бо мақсади муайян намудани сифатҳои киштбобии тухмӣ гузаронида мешавад.
60) Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки хоҳиши муайян намудани сифатҳои киштбобии тухмиро доранд, новобаста аз гузаронидани сертификатсияи тухмӣ, барои гузаронидани назорати сифати тухмӣ ба мақомоти ваколатдор ариза пешниҳод карда метавонанд. Мақомоти ваколатдор метавонад аз рӯи дархости аризадиҳанда назорати тухмиро ба таври ҷудогона гузаронад ва натиҷаашро ба ӯ пешниҳод намояд.
61) Лабораторияҳои санҷиши сифати тухмӣ иҷрои амалҳои зеринро таъмин мекунанд:
- гузаронидани ташхис оиди баҳодиҳии одилонаи сифати тухмӣ;
- тартиб додан ва пешниҳод намудани натиҷаи ташхис (замимаи 13) санади ташхис ва Шаҳодатномаи сифати тухмӣ (замимаи 13а);
- бақайдгирии натиҷаҳои ташхиси сифати тухмӣ ва санадҳо.
62) Барои ташкили фаъолият ва иҷрои вазифаҳои лабораторияҳои ташхиси сифати тухмӣ мудирони онҳо ё роҳбарони сохторҳои тобеи мақоми ваколатдор ҷавобгар мебошанд.
63) Тартиби интихоби намуна аз ҳар як маҷмӯи тухмӣ, бандубаст ва тамғазании борҷома:
а) Интихоби намуна аз ҳар як маҷмӯи тухмӣ, бандубаст ва тамғазании борҷома аз ҷониби мақомоти ваколатдор ташкил ва гузаронида мешавад.
б) Намунаи расмӣ барои ташхис бояд аз ҳар як маҷмӯи тухмии тозакардашуда ва барои фурӯш омодашудаи элита ва гурӯҳҳои репродуксионӣ, ки бояд сертификатсия карда шаванд, гирифта мешавад.
в) Намунаи тухмӣ тибқи усулҳои дар стандартҳои давлатӣ нишондодашуда гирифта мешавад.
г) Бо мақсади гузаронидани сертификатсияи тухмӣ, мувофиқи талаботи стандартҳои давлатӣ 3-то намунаи тухмӣ ба миқдори зарурӣ (замимаи 3) гирифта мешавад. Ҳар як намунаи тухмии гирифташуда сурғуч зада мешавад.
д) Дар ҳолати интихоби намуна аз маҷмӯи ниҳоли растаниҳо ва ё аз маҷмӯи тухмии намудҳои растанӣ, ки арзишашон гарон аст (ба монанди тухмии навъҳои гибридӣ) ва дигарбора барои такрористеҳсол истифода намешаванд, тибқи санади интихоби намуна, пас аз пурра гузаронидани ташхис ва ба талабот ҷавобгӯ будани тухмӣ намунаи боқимонда бояд, ки ба аризадиҳанда баргардонида шаванд.
е) Нозири интихобкунандаи намуна ба ҳар як намуна тамғақоғазро тибқи замимаи 8а пур карда, як нусхаи онро якҷоя бо намунаи тухмӣ ба дохили халтача мегузорад ва нусхаи дигари онро ба халтача медӯзад ва ё мечаспонад.
ж) Барои намунаи тухмии гирифташуда чор нусхаи аслӣ санад (замимаи 14) тартиб дода мешавад ва ба он шахси намунагиранда ва аризадиҳанда ё шахси ваколатдори ӯ имзо мегузоранд.
з) Як намунаи тухмӣ ҳамроҳи нусхаи санад фавран ба мақоми ваколатдор равон карда мешавад. Ин намуна дар мақоми ваколатдор ба ду ҳисса ҷудо карда мешавад. Як ҳиссаи тухмии намуна барои кишт дар қитъаи санҷишӣ истифода мешавад ва ҳиссаи дуюм барои ҳалли баҳсҳо дар шароити махсус ба муддати муайян нигоҳ дошта мешавад. Намунаи дуюми тухмӣ ҳамроҳи нусхаи санад барои ташхис фавран ба лабораторияи санҷиши сифати тухмӣ фиристода мешавад. Намунаи сеюми тухмӣ ҳамроҳи нусхаи санад ба истеҳсолкунанда боқӣ мемонад. Нусхаи чоруми санад дар дасти интихобкунадаи намунаи тухмӣ мемонад.
и) Интихоби намуна, аз маҷмӯи тухмии аслӣ ва элита, бандубаст ва тамғазании он танҳо аз ҷониби мутахассис ва ё нозири давлатии мақоми ваколатдор гузаронида мешавад. Интихоби намунаи тухмӣ аз маҷмӯи тухмии сертификатсияшаванда, бандубаст ва тамғазании он бошад аз ҷониби нозири давлатии тухмӣ ва ё шахси ваколатдоршуда гузаронида мешавад.
к) Шахси ваколатдоршуда барои интихоби намунаи тухмӣ, бандубаст ва тамғазании он баъд аз омӯзиш дар асоси қарори мақоми ваколатдор ба муддати 2 сол таъин карда мешавад ва ба ӯ шаҳодатномаи интихобкунандаи ваколатдоршуда (замимаи 11а) супорида мешавад.
л) Нигаҳдории намунаи тухмӣ:
- ҳиссаи намунаи тухмии элита бояд ба муддати на камтар аз 15 моҳ нигоҳ дошта шавад;
- ҳиссаи намунаи тухмии сертификатсияшаванда ба муддати на камтар аз 12 моҳ бояд нигоҳ дошта шавад.
64) Ташхиси лаборатории намунаи тухмӣ
а) Ташхиси намунаи тухмӣ бо мақсади гузаронидани сертификатсияи тухмӣ дар лабораторияҳои зерини мақоми ваколатдор гузаронида мешавад:
- лабораторияи марказии ташхиси сифати тухмии мақоми ваколатдор дар шаҳри Душанбе;
- лабораторияи ташхиси сифати тухмии вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд;
- лабораторияи ташхиси сифати тухмии вилояти Хатлон дар ноҳияи Бохтар.
б) Ҳамчунин мақоми ваколатдор метавонад дигар лабораторияҳоро, ки шароити мутобиқ ба талаботи санҷиши тухмиро дошта, ваколатномаи расмии ташхиси тухмиро доранд, барои ташхиси намунаи тухмии сертификатшаванда ҷалб намояд.
в) Бо мақсади гузаронидани сертификатсияи тухмӣ ташхиси нишондиҳандаҳои зерини сифати тухмӣ ҳатмӣ мебошад: тозагии тухмӣ, миқдори тухмии дигар растаниҳо, қувваи сабзиш ва қобилияти сабзиш, намнокӣ, вазни 1000 дона, дараҷаи сирояти тухмӣ бо касалӣ ва зараррасонҳо. Барои сертификатсияи чигити тухмӣ илова бар нишондиҳандаҳои зикр гардида, муайян кардани нишондиҳандаҳои зерин низ ҳатмист: пухтарасӣ, сӯхтагӣ, миқдори боқимондаи нах ва патҳои боқимонда. Натиҷаи ин нишондиҳандаҳо дар санади ташхис ва сертификати сифати тухмӣ бо фоиз дар қисми муқаррароти дигар дарҷ карда мешаванд.
г) Бо мақсади гузаронидани назорати сифати тухмӣ ва ё бо дархости аризадиҳанда дигар намудҳои ташхиси сифати тухмӣ низ гузаронида мешаванд.
д) Ташхиси сифати тухмӣ тибқи талаботи стандартҳои давлатӣ гузаронида мешавад.
е) Дар ҳолати ба талаботи стандартҳо ҷавобгӯ будани сифати тухмӣ дар асоси натиҷаи ташхис санади ташхис тартиб дода мешавад (замимаҳои 15, 15а ва 15б), ки онро мудири лабораторияи ташхиси сифати тухмӣ имзо карда, ба он мӯҳри лабораторияро мегузорад.
ж) Санад дар як нусхаи аслӣ тартиб дода шуда, ба мақомоти ваколатдор равон карда мешавад. Нусхаи санад дар лабораторияи ташхиси сифати тухмӣ нигоҳ дошта мешавад.
з) Агар ташхиси тухмӣ на бо мақсади сертификатсия гузаронида шавад, дар асоси санад ба аризадиҳанда шаҳодатномаи сифати тухмӣ дода мешавад. (замимаи 13а)
и) Дар ҳолати ба талаботи сифат ҷавобгӯ набудани ба аризадиҳанда натиҷаи ташхис пешниҳод карда мешавад. (замимаи 13)
XI. Тартиби назорати сифат ва сертификатсияи ниҳол
65) Ниҳоли растаниҳое, ки бо мақсади сертификатсия парвариш карда мешаванд бояд дар Ниҳолистонҳои махсус, ки ба талаботи муқарраргардида ҷавобгӯ мебошанд, нигоҳ дошта мешаванд.
66) Ниҳолистонҳои ба талабот ҷавобӯ буда, аз ҷониби мақоми ваколатдор бақайд гирифта мешаванд ва онҳо ба Номгӯи ниҳолистонҳое, ки ҳуқуқи истеҳсоли ниҳолро доранд дохил карда мешаванд.
67) Талабот нисбати Ниҳолистон:
- Ниҳолистон бояд самти муайяни фаъолияти худро дошта бошад ва тибқи талаботи муқарраргардида ба қайд гирифта шавад.
- Ниҳолистон бояд дорои замини кофӣ ва шароити мусоид, инчунин мутахассисони соҳибтаҷриба бошад.
- Ҳар як қитъаи ниҳолпарварии ниҳолистон бояд хуб нигоҳубин шавад.
- Дар ҳолати вайрон кардани қоидаҳо ва ба талабот ҷавобгӯ набудан, он аз қайд бароварда мешавад.
68) Дар Ниҳолистони бақайдгирифташуда, бояд талаботи зерин риоя карда шавад:
- қитъаи замин дуруст интихоб гардад ва ниҳолҳои дар ниҳолистон парваришшаванда хуб нигоҳубин карда шаванд;
- мушаххасии ҳар як дарахти манбавии ниҳолистон, ки аз ҷониби мақоми ваколатдор ба қайд гирифта шудааст дуруст нигоҳ дошта шавад;
- пайвандкунии босифат ва дурусти ниҳолҳо ба роҳ монда шавад;
- боварӣ ҳосил карда шавад, ки дарахтони бақайдгирифташудаи ҳамаи қитъаҳо аз навъҳои муайяни алоҳида иборат буда, омехтагии навъҳо ва пайвандкунии муғчагӣ ва ё амалиёти иловагии ба сифати онҳо таъсиркунанда гузаронида нашуда бошанд;
- барои такмил додани донишу малакаи мутахассисон, инчунин ҷалби шахсони соҳибмаълумот чораҳои зарурӣ андешида шаванд.
- дар ҳолати пайдо кардани касалиҳо, ҳашаротҳо, организмҳои зарарасони карантинӣ чораҳои фаврии андешида шавад.
69) Бо мақсади пурра дар бар гирифтани ҳамаи давраи омодаву парваришкунӣ ва ба фурӯш пешниҳод намудани ниҳол, сохтори зерини ниҳолистон муайян карда мешавад:
Қитъаи дарахтони манбавӣ. Қитаъе, ки дар он дарахтони тибқи Тартиби мазкур бақайдгирфташуда, ки манбаъи асосии маводи зиёдкунӣ: тухмӣ, муғча ва қаламча, ба ҳисоб мераванд парвариш карда мешаванд. Дарахтони манбавӣ мумкин аст, ки аз ҳудуди ниҳолистон берун низ парвариш шаванд.
Ниҳолзор. Дар ниҳолзор ҷараёни асосии ниҳолпарварӣ ба роҳ монда мешавад. Ниҳоли тайёр сипас аз ниҳолзор барои кӯчонидан ба ҷои доимӣ ва ё барои фурӯш пешниҳод мешавад.
Ниҳолзор ҳамчунин дар навбати худ ба чор қитъа тақсим мешавад, ки вобаста аз давраи парвариши растаниҳо ба кадом қитъа дохил будани онҳо муайян карда мешавад.
а) Қитъаи аввал, тагпайвандҳои тирамоҳи соли пеш ва ё баҳори ҳамон сол таъсисдодашуда парвариш карда мешаванд. Сипас дар ҳамин ҷо онҳо пайванд карда мешаванд.
б) Қитъаи дуввум, ниҳолҳои соли пеш пайвандшуда парвариш карда мешаванд, ки онро қитъаи ниҳолҳои пайвандии яксола низ меноманд.
в) Дар қитъаи сеюм аз ниҳолҳои пайвандии яксола ниҳолҳои пайвандии шохаронда парвариш мешаванд ва аз ҳамин ҷо ин ниҳолҳо ба фурӯш ва ё барои кӯчонидан ба ҷои доимиашон пешниҳод мешаванд.
г) Дар ниҳолистонҳое, ки бо парвариши дарахтони ороишӣ ва ҷангалӣ машғуланд қитъаи чорум, ки барои парвариши чунин намуди ниҳолҳои махсус таъин гардидааст мавҷуд аст.
70) Тартиби бақайдгирии дарахтони манбавӣ
а) Барои бақайдгирии дарахтони манбавӣ шахси бо ниҳолпарварӣ машғул буда бояд ба мақоми ваколатдор пеш аз пухтарасии меваи он ариза пешниҳод намояд (Замимаи 5г). Дар ариза оиди намуди дарахт, навъ, синну сол ва мавзеъи ҷойгиршавии он маълумот пешниҳод карда мешавад.
б) Пас аз омӯхта баромадани ариза мақоми ваколатдор барои назорат ва санҷиш мутахассиси худро сафарбар мекунад.
в) Барои ҳар як дарахте, ки барои бақайдгирӣ пешниҳод шудааст дурустии навъ ва намуд, шароити парвариш, масофа бо дигар дарахтони чунин намуд, ҳолати солимӣ ва дигар аломатҳои зарурӣ санҷида мешаванд.
г) Барои дарахтоне, ки беруна аз ҳудуди ниҳолистон ҷойгиранд, мавзеи ҷойгиршавии онҳо ва масофа то ниҳолистон қайд карда мешавад.
д) Дурустии навъ ва намуди дарахтони ҳамчун манбаъвӣ пешниҳодшуда тибқи тавсифномаи аз ҷониби мақоми ваколатдори санҷиш ва бақайдгирии навъҳо дастрас шуда санҷида мешаванд.
е) Дар ҳолати мутобиқат намудани дарахти мазкур ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тухмипарварӣ ва тартиби мазкур он ҳамчун манбаъи қаламчаҳо, муғчаҳо ва ё тухмӣ ба қайд гирифта мешавад.
ж) Ба дарахти бақайдгирифташуда рақами мушаххас дода мешавад, ки он панҷ сол мӯҳлат дорад. Рақами мушаххаси ҳар як дарахт бо тамға ба он зада мешавад ва ё бо ягон тамғақоғази оҳанӣ ё пластикӣ тавре баста мешавад, ки дар ҳолати кандан ва ё дигар кардани изи он тамғақоғаз маълум гардад.
з) Дар ҳолати гузаштани панҷ сол агар аризадиҳанда хоҳиши боз бо мақсади дарахти манбавӣ истифода бурдани он дарахтро дошта бошад, ӯ бояд барои аз сари нав гузаронидани назорат ва бақайдгирӣ ариза пешниҳод намояд.
71) Назорат ва ташхис
- Назорат ва ташхис аз ҷониби мақомоти ваколадор дар ҳолат ва мӯҳлатҳои мувофиқ гузаронида мешавад.
- Дар соли аввали парвариш, ниҳолҳои ниҳолистон, ки бо мақсади сертификатсия парвариш мешаванд, ҳадди аққал як маротиба бояд назорат карда шаванд.
- Намудҳои бегона ва ё дигар ниҳолҳои ғайридилхоҳ бояд, ки аз ниҳолистон канда гирифта шаванд.
- Пас аз гузаронидани пайванд, ҳадди ақал ду маротиба дар давраи парвариш назорат гузаронида шавад.
- Барои назорат ва ташхис истифодаи усул ва таҷҳизоти муосири тасдиқгардида низ мумкин аст.
- Ниҳолҳои барои сертификатсия омода шуда бояд ҳадди ақал як маротиба аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии карантини растанӣ назорат шаванд ва санади тасдиқкунандаи озод будан аз ҳар гуна организмҳои зараррасони карантиниро дошта бошанд.
- Синну соли ниҳол вобаста аз намуд ва навъ набояд аз синну соле, ки илман пешниҳод гардидааст зиёд бошад.
72) Назорат ва ташхиси гурӯҳи дарахтоне, ки навъи онҳо асосан бо воситаи пайвандкунӣ зиёд карда мешавад
Намудҳое, ки навъи онҳо асосан бо роҳи пайвандкунӣ зиёд карда мешаванд, бояд дар се давраи асосӣ аз назорат гузаранд. Бояд барои ҳар як назорат санади тасдиқкунандаи мутобиқат ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шавад.
Давраи аввал - истеҳсоли тагпайванд.
Барои истеҳсоли тагпайванд тухмӣ ё қаламча бояд аз дарахтони манбавии бо ин мақсад бақайдгирифташуда гирифта шаванд. Сифатҳои киштбобии тухмӣ санҷида шуда мутобиқии он ба стандартҳои давлатӣ муайян карда шавад. Тагпайванд бояд, ки дар шароити хуб ва озод аз ҳар гуна организмҳои зарарасони хавфнок парвариш карда шавад. Аз ҷониби нозири давлатӣ санад дар бораи дурустӣ ва омодагии тагпайванд (замимаи
16) тартиб дода мешавад.
Давраи дуввум - пайвандкунӣ
Пайвандкунӣ танҳо бояд дар тагпайвандҳои бо ин мақсад парвариш ва назорат шуда бо истифода аз қаламча ва муғчаҳои аз дарахтони манбавии бақайдгирифташуда гузаронида шавад. Пеш аз шурӯи пайвандкунӣ мақомоти ваколатдор, ки сертификатсияи ниҳолро мегузаронад, бояд огоҳ карда шавад. ҷараёни пайвандкунӣ аз ҷониби нозири давлатии мақомоти ваколатдор назорат шуда, пас аз анҷоми он санад тартиб дода мешавад (замимаи 16а).
Давраи сеюм -Сертификатсия ва ба фурӯш пешниҳод намудани ниҳоли пайвандӣ.
Пас аз омодашавии ниҳолҳо барои сертификатсия онҳо дар саҳро назорат карда мешаванд ва намунаҳои баргу тана ва қисми решавии онҳо дар лаборатория тибқи усулҳои муқарраргардида ташхис карда шуда, дар асоси он санади ташхиси ниҳол тартиб дода мешавад. Пас аз пурра мутобиқат кардани ниҳолҳо ба талаботи стандарти давлатӣ ва дар ҳолати тасдиқи озод будан аз касалӣ ва зараррасонҳо мақоми ваколатдор ба аризадиҳанда сертификати ниҳолро (замимаи 17б) пешниҳод менамояд.
73) Назорат ва ташхиси гурӯҳи дарахтоне, ки навъи онҳо асосан бо роҳи нашвӣ зиёд карда мешаванд
а) Қаламчаҳо ва тухмӣ, ки барои ба даст овардани ниҳоли нав ва ё барои тагпайванд истифода мешаванд, бояд аз дарахтони манбавии бо ин мақсад бақайдгирифташуда, гирифта шаванд.
б) Сифатҳои киштбобии тухмӣ санҷидашавнда мутобиқи стандартҳои давлатӣ муайян карда шавад.
в) Қаламчаҳо ва ниҳолҳо бояд, ки дар шароити хуб ва озод аз ҳар гуна организмҳои хавфнок парвариш карда шаванд.
г) Мақомоти ваколатдор дар рафта омодакунии чунин ниҳолҳо ҳадди ақал ду маротиба: маротибаи аввал пеш аз шинонидани қаламча ва ё коштани тухм ва маротибаи дуввум пеш аз ба фурӯш омода шудан ниҳолро назорат мегузаронад.
д) Аз рӯи натиҷаи назоратҳои гузаронида шуда санад (замимаи 16б) тартиб дода мешавад, ки сипас тибқи он ба ниҳол сертификат пешниҳод карда мешавад.
74) Барои сертификатсияи ниҳол инчунин иҷрои дигар талаботи дахлдоре, ки дар Тартибӣ мазкур зикр гардидааст ҳатмист.
XII. Тартиби додани сертификат
75) Мақоми ваколатдор ва сохторҳои тобеи он дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ пас аз гузаронидани ҳама қисматҳои раванди назорати сифат ва сертификатсияи тухмӣ ба ҳар як маҷмӯи тухмии аслӣ, элита ва гурӯҳҳои репродуксионӣ сертификати сифати тухмӣ ва барои ниҳоли сертификатсияшуда сертфикати сифати ниҳолро медиҳанд.
76) Сертификатҳо дар қоғазҳои махсуси ҳифзшуда чоп карда мешаванд (замимаҳои 17, 17а ва 17б).
77) Сертификатҳо аз ҷониби сардори мақоми ваколатдор имзо карда мешаванд ва ба онҳо мӯҳри ин мақом гузошта мешавад. Дар ҳолати набудани сардори мақоми ваколатдор ба сертификат муовини ӯ ва сардори шӯъбаи сертификатсия ҳуқуқи имзо карданро доранд. Сертификатҳоеро, ки дар сохтори вилоятии тобеи мақоми ваколатдор омода мегарданд, аз ҷониби сардорони мақомоти ваколатдор имзо карда шуда, дар онҳо мӯҳри ҳамон мақомоти ваколатдор гузошта мешавад.
78) Мӯҳлати эътибори сертификат вобаста аз намуди растанӣ ва гурӯҳи тухмӣ аз рӯзи баимзорасии он чунин муайян карда мешавад:
а) тухмии гурӯҳҳои аслии ҳамаи намуди растаниҳо, ки бо воситаи дона зиёд мешаванд - 6 моҳ;
б) тухмии гурӯҳҳои элитаи ҳамаи растаниҳое, ки бо воситаи дона зиёд мешаванд:
-дар ҳолати ба синфи 1 мувофиқ будани сифат - 8 моҳ;
-дар ҳолати ба синфи 2 мувофиқ будани сифат - 6 моҳ;
в) тухмии гурӯҳҳои репродуксионии растаниҳое, ки бо воситаи дона зиёд мешаванд:
-дар ҳолати ба синфи 1 мувофиқ будан - 10 моҳ;
-дар ҳолати ба синфи 2 мувофиқ будан - 8 моҳ;
г) барои гурӯҳҳои аслӣ ва элитаи картошкаи тухмӣ - 1 моҳ;
д) барои гурӯҳҳои репродуксионии картошкаи тухмӣ - 2 моҳ;
е) барои ниҳол - 6 моҳ.
79) Ба ҳар як маҷмӯи тухмӣ, новобаста аз ҳаҷми он танҳо як сертификати аслӣ дода мешавад. Дигар сертификатҳо ҳамчун нусха ба ҳисоб мераванд.
80) Ба ҳар як сертификат рақами мушаххаси маҷмӯи тухмие, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдор дода шудааст, дода мешавад.
81) Нусхаҳои сертификатҳо бо мӯҳри росткунҷаи махсус, ки дар он "НУСХА" навишта шудааст мӯҳр зада мешаванд.
82) Ҳар як сертификат ва нусхаҳои он аз ҷониби мақомоти ваколатдор, ки онҳоро додааст, ба ҳисоб гирифта мешавад.
XIII. Доираи амали сертификат
83) Сертификати сифати тухмӣ ва ниҳол, ки аз тарафи мақомоти ваколатдор дода шудааст, дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор дорад. Инчунин он дар мамлакатҳое, ки мақоми ваколатдор бо мақомоти сертификатсияи онҳо қарордоди дахлдор бастааст, эътибор дорад.
84) Агар дар рафти назорати санҷишӣ ягон камбудӣ ба қайд гирифта шавад, пас то бартараф кардани он амали сертификат ва ё нусхаҳои он барои ҳар як маҷмӯи тухмӣ ва ниҳол боздошта мешавад.
85) Маълумот дар бораи боздоштан, аз нав ба амал баровардан ва беэътибор ҳисобидани сертификат ба иттилои аризадиҳанда (истеҳсолкунанда, фурӯшанда ё дигар шахсони воқеию ҳуқуқӣ, ки сертификати мазкурро гирифтааст), истифодабарандаи тухмию ниҳол расонида мешавад.
86) Дар ҳолатҳои зерин амали сертификат пеш аз мӯҳлати муайянгардида қатъ карда мешавад:
- тағйирёбии меъёрҳои сифатии тухмии сертификатсияшуда;
- номувофиқатии натиҷаи ташхиси намуна, ки дар вақти назорати санҷишӣ гирифта шудааст, бо натиҷаҳои пештар бадастомада;
- ҳангоми дар рафти назорати санҷишӣ ошкор кардани камбудии нозири тухмӣ ва лабораторияи ташхиси сифати тухмӣ нисбати иҷрои талаботи меъёрӣ ва ё усулҳои гузаронидани талаботи меъёрӣ.
- дар вақти нодуруст нигоҳ доштани маҷмӯи тухмӣ, ки сабабгори паст шудани сифатҳои он мегардад;
- дар ҳолати пеш аз фурӯш муайян намудани вайроншавии борҷома ва тамғақоғази он ё пайдо намудани ҳар гуна маълумоти бардурӯғ нисбати сифати тухмӣ;
- дар дигар ҳолатҳое, ки ба талаботи Тартиби мазкур ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи тухмипарварӣ мухолифат мекунанд.
87) Дар ҳолати тағйир ёфтани сифати таркибии ҳар як маҷмӯи тухмии сертификатсияшуда, аризадиҳанда вазифадор аст мақомоти сертификатсияро, ки ба ӯ сертификат додааст, огоҳ кунад ва ин мақомот оиди зарурияти аз нав гузаронидани сертификатсия қарор кабул менамояд.
XIV. Эътирофи сертификатҳои хориҷӣ
88) Дар ҳолати ворид намудани тухмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сертификати намунаи байналмилалии сифати тухмӣ (ISTA) ва сертификати навъии OECD, инчунин ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи сифати тухмии мақомоти сертификатсияи мамлакатҳои содиркунандаи тухмӣ, ки бо онҳо мақоми ваколатдор қарордоди дахлдор бастааст, эътироф карда мешаванд. Дар ҳолати зарурӣ ин ҳуҷҷатҳо аз нав ба сертификатҳои ватанӣ иваз карда мешаванд.
89) Барои ҳар як маҷмуи ниҳоли воридшаванда доштани ҳуҷҷати аслият ва пайдоиши ниҳол, ки мақомоти дахлдори мамлакати содиркунанда додааст ҳатмист.
90) Барои ҳар як маҷмуи тухмӣ ва ҳар як маҷмуи ниҳол доштани сертификати фитосанитарӣ, ки мақоми ваколатдори назорати карантинии мамлакати содиркунанда додааст ҳатмист.
91) Ҳангоми воридоти тухмӣ дар ҳолати набудани яке аз ҳуҷҷатҳои дар банди XV зикргардида, ба ҳар як маҷмӯи тухмӣ танҳо пас аз интихоби намуна ва гузаронидани ташхиси лабораторӣ ва дар ҳолати мувофиқа кардан ба талаботи стандарти давлатӣ санади ташхис дода мешавад. Сипас барои ба фурӯш баровардани тухмӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад. Чунин маҷмӯи тухмиро бо мақсади такрористеҳсолкунии тухмӣ коштан манъ аст.
92) Аз нав дида баромадани ҳуҷҷатҳо оид ба сифати тухмии мамлакатҳои содиркунанда, бақайдгирии сертификатҳои ватанӣ ва дохил кардани онҳо дар Феҳристи давлатии бақайдгирии сертификатҳо ва шаҳодатномаҳо аз тарафи мақомоти ваколатдор, ки дар маҳалли ҷойгиршавии он шахсӣ воқеӣ ё ҳуқуқии тухмиро воридкунанда фаъолият мебарад, гузаронида мешавад.
93) Мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои зикргардида барои ҳар як маҷмӯи тухмӣ онро аз гузаронидани назорати санҷишӣ озод наменамояд.
XV. Гузаронидани назорати санҷишӣ
94) Назорати санҷишӣ аз болои мақомоти сертификатсияи тухмӣ, лабораторияҳои ташхиси сифати тухмӣ ва нозирони ваколотдаршуда, ҷиҳати тибқи талаботи Тартиби мазкур гузаронидани корҳо оид ба назорати сифат ва сертификатсияи тухмӣ гузаронида мешавад.
95) Назорати санҷишии хоҷаги ва ниҳолистонҳое, ки дар Номгӯи давлатӣ хоҷагиҳои тухмипарварӣ ва Ниҳолистонҳо бақайдгирифта шудаанд, инчунин тухмӣ ва ниҳолҳои сертификатсияшуда бо мақсади санҷиши риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тухмипарварӣ, талаботи стандартҳои давлатӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ дар рафти нигаҳдорӣ то ба фурӯши тухмӣ ва ниҳол гузаронида мешавад.
96) Назорати санҷишӣ тадриҷан (на камтар аз як маротиба дар як сол) ва ғайринақшавӣ (дар ҳолати ворид шудани маълумоти манфӣ оид ба раванди назорати сифат ва сертификатсияи тухмӣ) гузаронида мешавад.
97) Дар натиҷаи гузаронидани назорати санҷишӣ санад дар шакли муқарраршуда тартиб дода мешавад (замимаҳои 18, 18а ва 18б). Дар санад мӯҳлатҳои бартараф кардани камбудии ошкоргардида нишон дода мешавад. Ҳамаи корҳои вобаста ба назорати санҷишӣ ба таври ройгон гузаронида мешаванд.
98) Ҳуқуқи гузаронидани назорати санҷиширо доранд:
- мақоми ваколатдор;
- мақомоти ваколатдор;
- мақомоти сертификатсияи тухмӣ;
- мутахассисон ва нозирони давлатии тухмӣ.
99) Мақоми ваколатдор комиссияи назорати санҷиширо ташкил карда, онро роҳбарӣ мекунад. Комиссияи назорати санҷишӣ дар ҳайати раис ва ду нафар яъзоён ба муддати ду сол таъсис дода мешавад. Яке аз аъзоёни комиссия намояндаи мақомоти санҷидашаванда буда метавонад.
100) Мақоми ваколатдор ҳуқуқи бурдани назорати санҷиширо аз болои фаъолияти мақомоти ваколатдор, лабораторияҳои ташхиси сифати тухмӣ, нозирони тухмӣ, хоҷагиҳо ва ниҳолистонҳои бақайдгирифташуда, инчунин тухмӣ ва ниҳолҳои сертификатсияшуда дар ҳамаи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дорад.
101) Мақомоти ваколатдор ҳуқуқи назорати санҷиширо аз болои фаъолияти лабораторияҳои ташхиси сифати тухмӣ, нозирони тухмӣ, хоҷагиҳо ва ниҳолистонҳои бақайдгирифташуда, инчунин тухмӣ ва ниҳолҳои сертификатсияшудаи шахсони воқеию ҳуқуқӣ дар рафти нигаҳдорӣ то ба фурӯш дар минтақаи фаъолияти худ доранд.
102) Сарнозирони давлатии соҳаи тухмипарварии растаниҳо, муовинони онҳо ва нозирони давлатӣ ҳуқуқи назорати санҷишии тухмиҳои сертификатсияшудаи шахсони воқеию ҳуқуқиро дар рафти нигаҳдорӣ ва фурӯш дар минтақаи фаъолияти худ доранд.
103) Мақомоти ваколатдор ва ё шахсоне, ки назорати санҷиширо мебаранд, иҷрои амалҳои зеринро таъмин менамоянд:
- гузаронидани назорати санҷишӣ дар мӯҳлатҳое, ки дар Тартиби мазкур оварда шудаанд;
- гузаронидани назорати одилонаи санҷишӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тухмипарварӣ;
- андешидани чораҳои мушаххас нисбати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки қонунгузории Ҷумуҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи тухмипарварӣ вайрон кардаанд;
- таъмини махфияти маълумоти дар рафти назорати санҷишӣ бадастомада.
104) Ҳангоми гузаронидани назорати санҷишии фаъолияти мақомоти ваколатдор ва мақомоти сертификатсияи тухмӣ санҷиши зерин гузаронида мешавад:
- риояи талаботи муқарраршуда нисбати иҷрои вазифаҳо;
- мавҷудияти ҳамаи ҳуҷҷатҳо, ҳуҷҷатгузории дуруст оид ба назорати сифат, сертификатсияи тухмӣ ва ниҳол мавҷудияти ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба усулҳои муайян кардани сифати тухмӣ;
- ташкили баҳисобгирӣ ва нигаҳдории ҳуҷҷатҳои меъёрӣ;
- такмили ихтисоси ҳайати кормандон (санҷиши малакаи корӣ), ваколатдоркунии онҳо ва мавҷудияти дастурҳои корӣ;
- риояи қоидаҳои қабул ва муҳокимаи аризаҳо барои сертификатсия, аризаҳои шикоятӣ, қабули қарорҳо нисбати аризаҳо, инчунин ҳамкорӣ бо аризадиҳандагон дар раванди назорати сифат ва сертификатсияи тухмӣ;
- дуруст ташкил кардан ва гузаронидани санҷиши тухмӣ;
- дуруст тартиб додан ва сари вақт супоридани сертификати сифати тухмӣ ва шаҳодатномаҳо, бақайдгирии онҳо дар Феҳристи давлатии бақайдгирии сертификатҳо ва шаҳодатномаҳо;
- риояи тартиб ва мӯҳлати гузаронидани назорати санҷишӣ аз болои фаъолияти лабораторияҳои ташхиси сифати тухмӣ ва тухмиҳои сертификатсияшуда;
- фаъолияти мақомоти ваколатдор тибқи талаботи дохилии муқаррарнамудаи онҳо ва санҷишҳои дохилӣ оид ба риояи қоидаҳои назорати сифат ва сертификатсияи тухмӣ;
- нигоҳ доштани махфияти иттилоот;
- иҷрои камбудиҳои натиҷаи назоратҳои санҷишии пешин ва самаранокии онҳо;
- назорати дигар амалҳо, ки барои гузаронидани назорати сифат ва сертификатсияи тухмю ниҳол дахл доранд.
105) Ҳангоми дар мӯҳлати муқарраршуда иҷро накардани чорабиниҳои дар санади санҷиши назоратӣ нишондодашуда амали ваколатномаи мақомоти ваколтадор ва мақомоти сертификатсияи тухмӣ то бартараф кардани камбудиҳо боз дошта мешавад.
106) Мақоми ваколатдор дар асоси санади назорати санҷишӣ ҳуқуқ дорад амали ваколатномаи мақомоти ваколатдор ва мақомоти сертификатсияи тухмиро дар ҳолатҳои зерин боз дорад:
- фаъолияти нодуруст ва риоя накардани ӯҳдадориҳо;
- номувофиқатии дараҷаи тахассусии кормандон ба талабот;
- дар мӯҳлати муқарраршуда иҷро накардани камбудиҳои дар санади пешинаи назорати санҷишӣ нишондодашуда;
- такроран вайрон кардани қоидаҳо ва тартиботи муқаррарнамудаи мақомоти сертификатсия ва назорати сифати тухмӣ.
107) Ҳангоми гузаронидани назорати санҷишии фаъолияти лабораторияҳои санҷиши сифати тухмӣ, санҷиши зерин гузаронида мешавад:

- риояи мӯҳлати санҷиши воситаҳои ташхиси сифати тухмӣ;
- ҳуҷҷатгузории дуруст оид ба сифатҳои навъӣ ва киштбобии тухмӣ;
- такмили ихтисоси ҳайати коргарон, ваколатдоркунии онҳо ва мавҷудияти дастурҳои корӣ;
- саривақт ва дуруст гузаронидани ташхиси тухмӣ;
- ҳамкорӣ бо аризадиҳандагон ва дигар лабораторияҳои ташхиси сифати тухмӣ вобаста ба масъалаҳои сертификатсияи тухмӣ;
- нигоҳ доштани махфияти иттилоот;
- самаранокии чорабиниҳо нисбати натиҷаи назоратҳои санҷишии пешин;
- назорати дигар амалҳо, ки барои гузаронидани назорати сифат ва сертификатсияи тухмӣ дахл доранд.
108) Ҳангоми бартараф накардани камбудиҳои дар рафти назорати санҷишӣ пайдошуда ва ё дар ҳолати пайдо намудани камбудиҳои ҷиддӣ, ки метавонанд ба раванди сертификатсия таъсири ҷиддӣ расонанд, амали ваколати лабораторияҳои ташхиси сифати тухмӣ боз дошта мешавад.
109) Назорат аз болои фаъолияти нозирони давлатӣ ва ваколатдоршуда, инчунин шахсони барои интихоби намуна ваколатдоршуда аз ҷониби мақомоти ваколатдор гузаронида мешавад.
110) Назорати санҷишии фаъолияти нозирон, интихобкунандагони давлатӣ ва ваколатдоршудаи тухмӣ чорабиниҳои зеринро дар бар мегирад:
- на камтар аз 20% кишти тухмие, ки барои истеҳсоли тухмии сертификатсияшавандаи гурӯҳи элита ва на камтар аз 15% кишти тухмие, ки барои истеҳсоли тухмии сертификатсияшавандаи гурӯҳҳои репродуксионӣ аз ҷониби нозирони давлатӣ ва ваколатдоршуда таҳти назорати кишти тухмӣ дар саҳро қарор гирифтаанд, бояд таҳти назорати санҷишӣ қарор дода шаванд.
- на камтар аз 20% маҷмӯи тухмие, ки барои истеҳсоли тухмии сертификатсияшавандаи гурӯҳҳои элита ва на камтар аз 15% маҷмӯи тухмие, ки барои истеҳсоли тухмии сертификатсияшавандаи гурӯҳҳои репродуксионӣ аз ҷониби интихобкунанди намунаи тухмӣ гирифта шудааст, бояд таҳти назорати санҷишӣ қарор дода шаванд.
- на камтар аз 20% ниҳолҳои сертификатсияшавандаи ниҳолистонҳо, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдор назорат шудаанд, бояд таҳти назорати санҷиши қарор дода шаванд.
111) Назорати санҷишии тухмӣ ва ниҳолҳои сертификатсияшуда чунин чорабиниҳоро дар бар мегирад:
- таҳлили маълумоти воридшуда оид ба тухмӣ ва ниҳолҳои сертификатсияшуда;
- интихоби намунаҳои санҷишӣ аз тарафи мутахассисони мақомоти ваколатдор ё нозирони давлатии соҳаи тухмипарварӣ мутобиқи ӯҳдадорӣ;
- гузаронидани ташхис ва тартиб додани санадҳои ташхис аз тарафи мақомоти ваколатдор ва лабораторияҳои ташхиси сифати тухмӣ, таҳлили натиҷаи ташхис;
- ҳуҷҷатгузории натиҷаи назорати санҷишӣ ва қабули қарор.
112) Роҳбарон ва кормандони мақомоти назораткунанда, инчунин нозирони давлатӣ барои вайрон кардан ё нодуруст иҷро кардани ӯҳдадориҳои ба зиммадоштаашон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд.
113) Аз болои қарор ва амали мақомоти назораткунанда ва шахсони воқеӣ ба мақомоти судӣ тибқи тартиби муқарраршуда шикоят кардан мумкин аст.
114) Шахси ҳуқуқӣ ё воқеии таҳти назорати санҷишӣ қароргирифта, дар муддати 15 рӯз метавонад оид ба ҳамагуна масъалаҳо ба Комиссияи мақоми ваколатдор оид ба ҳалли баҳсҳо муроҷиат намояд.
***Замимаҳо дар матни аслӣ оварда шудаанд.