Бо Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 сентябри соли 2010 №932
тасдиқ шудааст
КОДЕКСИ ОДОБИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъдКодекс), маҷмӯи қоидаҳои рафтори хизматчии давлатии мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-мақомоти давлатӣ) мебошад, ки хислати ахлоқии фаъолияти касбии онро таҷассум намуда, аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият ба хизмати давлатӣ бармеояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1) Амали Кодекси мазкур нисбат ба хизматчиёни давлатии сиёсӣ ва маъмурӣ, ки мансабҳои давлатии хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии низоми хизмати давлатӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ишғол менамоянд, паҳн мегардад.
БОБИ2. ПРИНСИПҲОИ АСОСИИ ОДОБИ ХИЗМАТӢ
2) Кодекси мазкур ба прнсиипҳои хизмати давлатӣ ва талабот ба рафтори хизматчиёни давлатӣ, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ" ва "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия" пешбинӣ намудаанд, инчунин ба принсипҳои зерини одоби хизмати давлатӣ асос меёбад:
- қонуният;
- риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон;
- поквичдонӣ;
- таҳаммулпазирӣ.
БОБИ 3. ҚОИДАҲОИ РАФТОРИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ ҲАНГОМИ АМАЛӢ НАМУДАНИ ФАЪОЛИЯТИ КАСБӢ
3) Хизматчии давлатӣ бояд адолатнок амал намояд. Ҳангоми қабули қарор ва амалӣ намудани ваколатҳои худ хизматчии давлатӣ ҳуқуқ надорад, ки дар асоси мансубияти сиёсӣ, динӣ, ҷинсӣ, забонӣ, нажодӣ ва дигар сабабҳо ба шахсе хилофи қонунгузорӣ бартарият ва имтиёз диҳад.
4) Хизматчии давлатӣ бояд ба урфу одатҳои миллатҳо таҳаммулпазирӣ ва арҷгузорӣ намуда, хусусиятҳои фарҳангӣ ё дигар хусусиятҳои гурӯҳҳои этникӣ ва иҷтимоиро ба инобат гирифта, ба созиши байни миллатҳо мусоидат намояд.
5) Хизматчии давлатӣ бояд ба таври доимӣ ба такмили тахассуси касбии худ машғул шуда, донишҳои худро дар сатҳи мувофиқи барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ зарурӣ нигоҳ дорад, забони давлатиро донад.
6) Хизматчии давлатӣ бояд фаъолияти касбии худро ҳамон тавр амалӣ намояд, ки ба қобилияти ӯ шубҳа пайдо нашавад, бовиҷдонона ва беғаразона кор карда, ба шаъну шараф ва обрӯю эътибори хизматчии давлатӣ иснод наоварад.
7) Хизматчии давлатӣ бояд танҳо воситаҳои қонунӣ ва одобии пешравӣ дар хизматро истифода барад.
8) Хизматчии давлатӣ, ки вазифаи роҳбарикунандаро ишғол менамояд, ӯҳдадор аст ҳангоми интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо дар мақомоти давлатӣ ба зуҳуроти маҳалчигӣ, хешутаборӣ, маҳбуб донистан ва таъиноти кадрҳо аз рӯи аломати садоқатмандии шахсӣ роҳ надиҳад.
9) Хизматчии давлатӣ дар муносибат бо шаҳрвандон, ҳамкасбон ва намояндагони дигар ташкилотхо бояд хушмуомила ва бодиққат бошад.
10) Хизматчии давлатӣ дар коллектив бояд ба муқаррар намудани муносибатҳои кории тарафайн, ҳамкориҳои судманд бо мақсади фаъолияти самараноки мақомоти давлатӣ мусоидат намояд.
11) Хизматчии давлатӣ, ки мансаби роҳбарикунандаро ишғол менамояд, бояд барои дигар хизматчиёни давлатӣ дар муносибати касбӣ бо ӯхдадориҳои худ, фаъолияти бенуқсон, хайрхоҳӣ ва таваҷҷӯҳ доштан ба одамон намуна бошад ва дар миёни тобеони худ барои ташаккули одоб ва вазъи мусоид барои кор мусоидат намояд.
12) Хизматчии давлатӣ набояд барои гирифтани иттилооти хизматӣ, ки ба ваколати ӯ дохил намешавад, кӯшиш намояд;
13) Хизматчии давлатӣ набояд иттилооти расмиро, ки бояд ва мумкин аст ошкор карда шавад, пинҳон дорад, иттилооти нопурра ва дурӯғро паҳн намояд.
14) Хизматчии давлатӣ бояд ба фаъолияти воситаҳои ахбори омма зид ба иттилоотонии ҷомеа дар бораи кори мақомоти давлатӣ бо эҳтиром муносибат карда, барои гирифтани иттилооти дуруст, ки қонунгузорӣ пешбинӣ кардааст, ба онҳо кӯмак расонад.
15) Хизматчии давлатӣ бояд аз таъсири шаҳрвандон, гурӯҳҳои иҷтимоӣ, ташкилотҳои касбӣ ва ҷамъиятӣ мустақил бошад.
16) Хизматчии давлатӣ бояд ҳаракатҳоеро, ки ба таъсири манфиатҳои шахсӣ, молумулкӣ (молиявӣ), тиҷоратӣ ва дигар манфиатҳо алоқаманд мебошанд ва барои бовиҷдонона иҷро кардани ӯҳдадориҳои мансабӣ монеа мешаванд, истисно намояд.
17) Хизматчии давлатӣ бояд ба гирифтани ҳар гуна тӯҳфаҳо барои иҷрои вазифахри (ӯхдадориҳои) мансабии худ дар шакли моддӣ (пул, тӯҳфа) ва дар шакли ғайримоддӣ (хизматрасонӣ) ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ роҳ надиҳад.
18) Хизматчии давлатӣ бояд аз иштирок дар амале, ки бегаразии ӯ зери шубҳа қарор мегирад, ё аз ҷой доштани ҳолатҳое, ки аз бевосита ё бавосита аз манфиатдор будани ӯ дар амали ғайриқонунӣ гувоҳӣ медиҳад, даст кашад.
19) Хизматчии давлатӣ набояд аз вазъи хизматии худ суйистифода карда, дар аҳдҳо ва вазъияти ихтилофнок, ки ба амали хизматии ӯ мутобиқат намекунанд, иштирок намояд.
20) Хизматчии давлатӣ бояд манбаъҳо ва воситаҳои давлатии (технологияи иттилоотии шабакаи интернет, шабакаи дохилӣ, почтаи электронӣ, телефон, ксерокс, факсҳо, дигар таҷҳизот, арзишҳои моддию ғайримоддӣ) ба ӯ пешниҳодшударо самаранок ва бовиҷдонона истифода намояд.
БОБИ 4. НАЗОРАТИ РИОЯИ КОДЕКСИ ОДОБ, ТАРТИБИ ТАШКИЛ ВА ФАЪОЛИЯТИ КОМИССИЯ ОИД БА ОДОБ
21) Назорати риояи Кодекси мазкур дар мақомоти давлатӣ аз тарафи комиссия оид ба одоб амалӣ карда мешавад.
22) Комиссия оид ба одоб бо фармоиши (қарори) роҳбари мақомоти давлатӣ дар ҳайати раис, муовин, аъзои комиссия иборат аз 5 - 7 нафар, аз ҷумла котиби масъули комиссия (бо ҳуқуқи овоз додан) таъсис дода мешавад. Роҳбари мақомоти давлатӣ ё муовини ӯ ба ҳайси раиси комиссия интихоб карда мешавад.
23) Ба ҳайати комиссия оид ба одоби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот вакилони маҷлисҳои вакилони халқи дахлдор ва вакилони ҷамоат шомил шуда метавонанд.
24) Комиссия оид ба одоб дар ду моҳ як маротиба ва аз рӯи зарурат ҷаласа доир менамояд. Ҷаласаи комиссия ҳамон вақт салоҳиятнок ҳисобида мешавад, ки дар кори он аз се ду қисми ҳайати он иштирок дошта бошанд.
25) Қарори комиссия оид ба одоб дар ғоиби хизматчии давлатӣ бо овоздиҳии аксарияти иштироккунандагони ҷаласа қабул карда мешавад. Ҳангоми баробар будани овозҳо овози раиси комиссия оид ба одоб ҳалкунанда ҳисоб меёбад.
26) Аз натиҷаи баррасии парвандаи интизомӣ комиссия оид ба одоб яке аз қарорҳои зайлро қабул мекунад:
- ба роҳбари мақомоти давлатӣ дар хусуси ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани хизматчиёни давлатӣ тавсия медиҳад;
- маводи парвандаи интизомиро барои баррасӣ ба мақомоти ваколатдори давлатӣ ё шахси мансабдор барои моҳиятан қабул намудани қарор мефиристад;
- санҷиши маводро оид ба истеҳсолоти интизомӣ қатъ менамояд.
27) Қарори комиссия оид ба одоб барои татбиқ ба роҳбари мақомоти давлатӣ пешниҳод карда мешавад ва барои татбиқи муҷозоти интизомӣ асос мегардад.
28) Роҳбари мақомот ҳуқуқ дорад қарори комиссия оид ба одобро асоснок рад ё гузаронидани санҷиши такрориро таъин намояд.
29) Дар вақти татбиқи қарори комиссия оид ба одоб бояд талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя карда шавад.
30) Оид ба қарори комиссия оид ба одоб ё қарори роҳбари мақомоти давлатӣ дар мӯҳлати то як моҳ баъди шинос шудан бо матни он ба комиссия, роҳбари мақомоти давлатӣ, мақомоти болоӣ, мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ ва суд шикоят овардан мумкин аст. Шикоятро мақомоти дахлдор аз болои қарори комиссия оид ба одоб ва ё роҳбари мақомоти давлатӣ баррасӣ намуда:
- дар сурати ошкор шудани ҳолати риоя нагардидани тартиби муқарраргардидаи санҷиши хизматӣ ба комиссия ва роҳбари мақомоти давлатӣ дар бораи бекор кардани қарори қабулшуда пешниҳод манзур менамояд;
- дар сурати тасдиқ нагардидани далелҳои шикоят ба хизматчии давлатӣ хаттӣ хабар медиҳад.
31) Ба вазифаҳои комиссия оид ба одоб дохил мешаванд:
- омӯзиш ва пешниҳоди таклиф оид ба такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки масъалаи одоб ва бархурди манфиатҳоро танзим менамоянд;
- амалӣ намудани назорати иҷрои муқаррароти Кодекси мазкур дар мақомоти давлатӣ;
- машварат додан ба хизматчиёни давлатӣ барои масъалаҳои марбут ба одоб;
- дар мақомоти дахлдори давлатӣ оид ба одоб гузаронидани чорабиниҳои таҳсилотӣ ва иттилоотӣ;
- барои муайян кардани ҳолатҳои вайрон шудани Кодекси мазкур ва бархурди манфиатҳо гузаронидани санҷиши хизматӣ;
- таҳияи тавсияҳо барои муҳокима дар маҷлиси коллективи кормандони мақомоти давлатӣ, дарҷ намудан дар варақаи аттестатсионии хизматчии давлатӣ оид ба ҳолатҳои риоя нагардидани Кодекси мазкур ва ба эътибор гирифтан ҳангоми таъинот ба дигар мансаби хизмати давлатӣ ё барои татбиқи муҷозоти интизомӣ;
- пешниҳоди тавсия барои баррасии роҳбарони мақомоти давлатӣ дар бораи ба ҷавобгарии интизомӣ ҷалб намудани хизматчиёни давлатие, ки талаботи Кодекси мазкурро вайрон кардаанд;
- тавассути воситаҳои ахбори омма ташвиқу тарғиб намудани одоб.
32) Салоҳияти комиссия оид ба одоб иборат мебошад аз:
- банақшагирӣ ва ҳамоҳангсозии барномаҳои таълимии одоб;
- таъминоти мақомоти давлати бо воситаҳои аёнӣ оид ба масъалаҳои идораи одоб;
- баррасии мавод оид ба ҳолатҳои вайрон намудани Кодекси мазкур ва бархурди манфиатҳо аз ҷониби хизматчиёни давлатӣ;
- оид ба вайрон намудани одоб ва бархурди манфиатҳо аз ҷониби хизматчии давлатӣ аз шаҳрвандон ва дигар хизматчиёни давлатӣ гирифтани иттилоот ва ба роҳбари мақомоти давлатӣ хабар додан;
- баррасии мавод оид ба ҳолатҳои вайрон намудани Кодекси мазкур аз ҷониби хизматчиёни давлатӣ ва шикоятҳои хизматчиёни давлатӣ нисбат ба қарорҳои комиссия оид ба одоби мақомоти давлатӣ;
- баррасии пешниҳоди мақомоти мубориза бо коррупсия ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқук;
- гузаронидани санҷиши хизматии ҳолатҳои вайрон намудани Кодекси мазкур;
- шарҳ додани ҳолатҳои бархурди манфиатҳо ҳангоми пайдоиши ихтилофҳо;
- барои иҷрои вазифаҳои худ талаб намудани ҳуҷҷатҳо, мавод ва иттилоот аз мақомоти давлатӣ, инчунин аз дигар ташкилоти дахлдор;
- гирифтани баёноти шифоҳӣ ва хаттӣ аз хизматчиёни давлатӣ;
- пешниҳоди таклиф ба роҳбарони мақомоти давлатӣ ва ташкилот дар хусуси гузаронидани санҷиш ва тафтишоти хизматӣ оид ба далелҳои вайрон гардидани меъёрҳои Кодекси мазкур;
- ҷалб намудани ташхисгарон, мутахассисон ва кормандони дахлдори мақомоти давлатӣ барои додани хулоса;
- бекор намудани (тағйир додани) қарорҳои худ.
33) Раиси комиссия оид ба одоб:
- фаъолияти комиссияро ташкил менамояд ва онро роҳбарӣ мекунад;
- рӯзномаи ҷаласаи комиссияро муайян мекунад;
- ҷаласаи комиссияро даъват менамояд ва ба он раисӣ мекунад;
- аз ҳисоби аъзои комиссия оид ба масъалаи дар маҷлиси комиссия баррасишаванда маърӯзачиро муайян менамояд;
- дар хусуси ҳайати комиссия ё иваз намудани аъзои он таклиф пешниҳод менамояд.
34) Котиби масъули комиссия оид ба одоб:
- таъминоти таҳлилию иттилоотӣ, ташкилию ҳуқуқии фаъолияти комиссияро анҷом медихад;
- маводро барои баррасии парвандаҳои интизомӣ омода менамояд;
- маълумотро дар бораи ҳолатхои вайрон гардидани меъёрҳои Кодекси мазкур мураттаб ва таҳлил менамояд;
- таҳияи тавсия оид ба такмили Кодекси мазкурро анҷом медиҳад;
- дар таълими шаҳрвандон дар соҳаи риояи Кодекси мазкур иштирок менамояд;
- ҷиҳати хабардор намудани шахсоне, ки ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешаванд, дар бораи ҷой ва вақти гузаронидани маҷлиси комиссия тадбирҳо меандешад;
- аз шахсони мансабдор ва дигар субъектҳо мавод ва иттилоот дахлдорро, ки барои санҷиш заруранд, талаб менамояд;
- мутахассисон ва мушовиронро дар соҳаҳои дахлдор барои иштирок дар санҷиш ва додани хулоса ҷалб менамояд;
- кормандони мақомоти давлатиеро, ки баррасии масъалаи санҷишшаванда ба ваколати онҳо мансуб аст, ҷалб менамояд;
- ба баррасии комиссия таклифро ҷиҳати такмил додани Кодекси мазкур манзур менамояд.
35) Аъзои комиссия оид ба одоб дар ҷаласа бе ҳуқуқи ивазшавӣ иштирок мекунанд.
36) Комиссияи одоб аз рӯи асосҳои зерин парвандаи интизомиро оғоз менамояд:
- бо пешниҳоди роҳбари мақомоти давлатӣ;
- бо дархости хизматчии давлатӣ;
- аз рӯи муроҷиати хаттии шаҳрвандон.
37) Парвандаи интизомии оғознамудаи раиси комиссия оид ба одоб бояд дар мӯҳлати се ҳафта аз рӯзи ба истеҳсолот қабул намудан баррасӣ карда шавад.
38) То баррасии парвандаи интизомӣ дар маҷлиси комиссия оид ба одоб аз ҷониби комиссия мутобиқи тартиби муқарраргардида санҷиш гузаронида, ҳолатҳо ва маълумоти марбут ба парвандаро баррасӣ менамояд, аз шахсоне, ки ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешаванд, баёнот мегирад.
39) Комиссияҳо санҷиши ҳолатҳои вайрон намудани Кодекси мазкурро тибқи тартибе, ки барои гузаронидани санҷиши хизматӣ муқаррар гардидааст, мегузаронанд.
БОБИ 5. ҶАВОБГАРИ БАРОИ РИОЯ НАКАРДАНИ КОДЕКСИ ОДОБ
40) Дастури амал қарор додани қоидаҳои Кодекси мазкур ӯхдадории хизматчии давлатӣ буда, риоя накардани он боиси ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.
41) Таҳлил ва баҳодиҳии риояи меъёрҳои одоби рафтори хизматӣ ҳангоми гузаронидани аттестатсия, баррасии фаъолият, иштирок дар озмун, таъин кардани хизматчии давлатӣ ба мансаб, ҳангоми мукофотонидан, тайёр кардани тавсифнома ё тавсиянома ҳатмӣ мебошад.
42) Роҳбари мақомоти давлатӣ дар асоси тавсияи комиссия оид ба одоб бояд барои бартараф намудани рафтори беодобонаи тобеон чораҳои зеринро андешад:
- гузаронидани чораҳои иттилоотонӣ, ки ба паҳн намудани муқаррароти Кодекси мазкур равона карда шудааст;
- бо тартиби муқарраркардаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ" татбиқ намудани муҷозоти интизомӣ;
- бо рафтори шахсии худ намунаи поквиҷдони, беғарази ва адолатнокӣ будан;
- андешидани дигар чораҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
43) Ҳангоми дар амалҳои шахс мавҷуд будани аломатҳои ҷиноят, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё интизомӣ маводи дахлдор бо тартиби муқарраргардида ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва ё ба мақомоти ваколатдори давлатӣ ҷиҳати кашидан ба ҷавобгарии маъмурӣ ё интизомӣ фиристода мешаванд.