Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2010 № 700 "Дар бораи азнавташкилдиҳии клиникаи Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии тибби профилактикии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи азнавташкилдиҳии клиникаи Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии тибби профилактикии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаҳои 58 ва 59 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Клиникаи Пажӯҳишгохи илмию таҳқиқотии тибби профилактикии Тоҷикистон ба Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои касбӣ" табдил дода шавад.

2) Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маблағҳои пешбинигардидаи соҳаи тандурустӣ ва воҳидҳои кории амалкунанда масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои касбӣ"-ро ҳаллу фасл намояд.

3) Ба номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №603 тасдиқ шудааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои касбӣ".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 30 декабри соли 2010 № 700

ш. Душанбе