Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2010 № 699 "Дар бораи азнавташкилдиҳии Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии стоматология" ба Муассисаи давлатии "Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи азнавташкилдиҳии Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии стоматология" ба Муассисаи давлатии "Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй"

Мутобиқи моддаҳои 58 ва 59 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади рушди илми стоматологӣ ва хизматрасонии махсусгардонидашудаи стоматологӣ бо истифодаи дастовардҳои навтарини илму техника, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии стоматология" ба Муассисаи давлатии "Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй" табдил дода шавад.

2) Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Муассисаи давлатии "Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯи"-ро ҳал намояд.

3) Маблағгузории Муассисаи давлатии "Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳпи ҷоғу рӯй" дар доираи маблағҳои барои муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистои пешбинишуда амалӣ карда шавад.

4) Аз Номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 603 тасдиқ шудааст, сархати дувоздаҳум хориҷ карда шуда, ба Номгӯи мазкур сархати нав дар таҳрири зайл илова карда шавад:

"Муассисаи давлатии "Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй"

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 30 декабри соли 2010 № 699

 ш. Душанбе