Барномаи рушди таълими касбии калонсолон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 аз 30 декабри соли 2010 № 696

Санаи амалкуни: 10.02.2016

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 декабри соли 2010 № 696

тасдиқ шудааст

Барномаи рушди таълими касбии калонсолон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)

Муқаддима

Сиёсати давлатии тарбияи кадрҳои коргар, қисми таркибии сиёсати умумидавлатии иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ҳамчун стратегияи истифодаи самараноки захираҳои меҳнатӣ татбиқ мегардад.

Вазъи кунунии бозори меҳнат асосан ба зиёд будани нерӯҳои корӣ ва сифати пасти захираҳои меҳнатӣ марбут мебошад. Афзоиши миёнаи солонаи захираҳои меҳнатӣ дар 10 соли охир тақрибан 4 фоизро ташкил медиҳад. Муассисаҳои таълими касбии кишвар бо сабаби маҳдуд будани имкониятҳои қабул, наметавонанд ҳамаи захираҳои меҳнатиро ба таҳсил фаро гиранд, бинобар ин ҳар сол тақрибан 90 ҳазор ҷавонони малакаи касбӣ надошта ба бозори меҳнат ворид мешаванд. Дар натиҷа, беш аз 80 фоизи бекорони бақайдгирифташуда ва 70 фоизи муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ касб надоранд ё ба такмили тахассус ниёз доранд, ки дар навбати худ рушди соҳаи шуғлро дар мамлакат боз медорад.

Ғайр аз ин як миқдори муайяни аҳолӣ хоҳиши дар хона (хонакорӣ) ба фаъолияти инфиродии меҳнатӣ, аз ҷумла бофандагӣ, кулолӣ, сартарошӣ, қаннодӣ, таъмири пойафзол ва ғайраҳо машғул шуданро доранд, ки тайёрии касбии онҳо низ вазифаи системаи таълими калонсолон мебошад.

Ислоҳоте, ки айни замон дар тамоми системаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад (зиёд намудани мӯҳлати ҳатмии таҳсил барои гирифтани маълумоти миёнаи ҳатмӣ, гузариш ба маблағгузории сарикасӣ), талаботро ба таҳсилоти касбию техникӣ ва омодагии касбии кадрҳо боз ҳам бештар менамояд.

Тавре аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 апрели соли 2008 бармеояд: "Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки яке аз сабабҳои асосии вазъи ногувор дар бозори меҳнат ва умуман дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ин ба талаботи бозори меҳнат мутобиқ набудани сифати захираҳои меҳнатӣ мебошад". Аз ин бармеояд, ки раванди таъмини самарабахши шуғл яке аз омилҳои асосии танзими бозори меҳнат ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ буда, бевосита бо сатҳи омодагии касбии захираҳои меҳнатӣ вобастагӣ дорад. Илова бар ин, дар шароити кунунӣ вақте ки хавфи афзоиши мухоҷирати хориҷии бебозгашти қувваҳои корӣ аз кишвар ба миён меояд, масъалаи мутобиқати касбӣ, ҳуқуқӣ ва забонии муҳоҷирони меҳнатӣ афзалият пайдо мекунад. Маълум аст, ки муҳоҷирати меҳнатии хориҷии муташаккил, то андозае ҳифзи иҷтимоии оилаҳои ин гурӯҳи қувваҳои кориро таъмин намуда, ба пастшавии сатҳи камбизоатӣ дар кишвар мусоидат менамояд.

Таҷрибаи аксари кишварҳо нишон медиҳад, ки системаи самараноки таълими калонсолон, аз ҷумла таълими касбӣ ва бозомӯзии калонсолон унсури муҳими рушди иқтисодӣ, устувории иҷтимоӣ ва суботи сиёсӣ мебошад. Дар марҳилаи кунунии рушди ҷомеаи мо, дар шароити рақобати шадид дар бозори меҳнат, афзоиши бекорӣ, коҳиши сатҳи иҷтимоӣ ва маҳдуд будани имкониятҳои иқтисодии қисми асосии аҳолӣ, системаи таълими касбии калонсолон ба яке аз омилҳои муҳими мусоидаткунандаи раванди паст намудани сатҳи камбизоатии аҳолӣ табдил меёбад. Маҳз нишондиҳандаи сатҳи таълими касбӣ, ки дар бозори меҳнат бештар талабот дорад, ба қисми асосии аҳолӣ дастрас буда, барои ашхоси бори аввал ба бозори меҳнат воридшаванда ва шахсони бекоре, ки сатҳи тахассуси ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ надоранд, ҳамчун манбаи асосии даромад маҳсуб меёбад.

Вале системаи амалкунандаи таълими касбии калонсолон дар ҳолати кунунӣ, бинобар рушд, муносибат ва сифати номукаммал, ҳамчун василаи воқеии паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ба талабот ҷавобгӯ нест.

Бинобар ин, зарурати қабули барномаи миёнамӯҳлати мақсадноки мазкур, аз моҳияти иҷтимоию иқтисодии системаи таълими калонсолон ва аҳамияти ҷамъиятию давлатии он дар марҳилаи кунунии рушди ҷомеа бармеояд.

1. Заминаи меъёрии ҳуқуқии қабул ва татбиқи Барнома

Заминаи меъёрии ҳуқуқии қабул ва татбиқи Барномаи мазкурро Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ", Консепсияи сиёсати давлатии кадрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи рушди таълими калонсолон дар давлатҳо - аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Декларатсияи Гамбург оид ба таълими калонсолон (моҳи июли соли 1997 дар конфронси 5 байналмилалӣ оид ба таълими калонсолон дар шаҳри Гамбурги Ҷумҳурии Федеративии Германия қабул гардидааст) ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва мусоидат ба шуғли аҳолӣ ташкил медиҳанд.

2. Вазъи ҷорӣ, мушкилот ва дурнамои рушди системаи таълими касбии калонсолон

Таълими касбию техникӣ ва бозомӯзии калонсолон, аз ҷумла бекорону шаҳрвандони эқтиёҷманд, махсусан муҳоҷирони меҳнатӣ, асосан аз ҷониби марказҳои таълимии системаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки 72,5 фоизи омӯзиши касбии калонсолон дар заминаи марказҳои мазкур ва 27,5 фоиз дар муассисаҳои таълимии ибтидоӣ гузаронида мешаванд. Дар соли 2008 ба омӯзиши касбӣ ва бозомӯзӣ қариб 8,1 ҳазор нафар шаҳрвандони бекор фаро гирифта шудаанд, ки ҳамагӣ 19,1 фоизи ниёзмандони ин намуди таълимро ташкил медиҳад. Нишондиҳандаи мазкур тақрибан 20 фоизи шумораи бекорони расман бақайдгирифташударо ташкил медиҳад, ки ин далели маҳдуд будани имконоти марказҳои мазкур мебошад.

Агар ба шумораи бекорони ба омӯзиши касбӣ ниёздошта талаботи муҳоҷирони меҳнатӣ ва хонакоронро илова кунем, он гоҳ шумораи калонсолони ба ин намуди омӯзиш эҳтиёҷманд 3-4 маротиба меафзояд.

Бо дарназардошти ин, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2008 № 115 дар системаи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии "Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон" ва филиалҳои он дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Конибодом ва ноҳияи Тоҷикобод таъсис дода шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

Вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳаҷми ба омӯзиши касбӣ фарогирии шаҳрвандони ниёзманд алҳол ба талабот ҷавобгӯ нест:

+---+------------------+--------+--------+--------+-------+----------ҷ
|   |                  | 2005   | 2006   | 2007   | 2008  |  2009    |
+---+------------------+--------+--------+--------+-------+----------+
|1. |Шумораи бекорони  |        |        |        |       |          |
|   |таълимгирифта     |        |        |        |       |          |
|   |(нафар)           | 6560   | 7174   | 8152   | 8080  |  8815    |

|2. |Маблағи умумӣ     |        |        |        |       |          |
|   |(сомонӣ)          | 514103 | 717328 | 844531 | 852500|  1850000 |

Бояд тазаккур дод, ки айни замон ба системаи давлатии таълими калонсолон Муассисаи давлатии "Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон" бо филиалҳо, Муассисаи давлатии "Маркази таълими омӯзиши модулии шаҳри Душанбе" бо филиалҳо ва 14 марказҳои таълимӣ дохил мешаванд. Ин марказҳои таълимӣ асосан ба таълими ибтидоии касбӣ ва бозомӯзии калоносолон, махсусан бекорон ва муҳоҷирони меҳнатӣ машғул мебошанд.

Ба мақсади муттаҳидсозии иҷтимоии собиқ хизматчиёни ҳарбӣ тавассути рушди касбии онҳо, соли 2003 бори нахуст дар ҷумҳурӣ Маркази таълими модулӣ бо филиалҳои он дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Рашт таъсис дода шуд, ки дар доираи фаъолияти он технологияи пешқадами таълими касбӣ ва бозомузии калонсолон аз рӯи 48 касбу ҳунар марҳила ба марҳила густариш меёбад.

Заминаи таълимии моддию техникии марказҳои мазкур аз 9 биною иншоот, тақрибан 800 ҷойи нишаст барои ҳунаромӯзон, 216 адад компютер, 35 адад дастгоҳҳои гуногуни техникӣ, 115 адад мошинаҳои дарздӯзии намудҳои гуногун, 44 адад дастгоҳҳои кафшерии гуногунтамға, 12 адад генераторҳои гуногуниқтидор, 2 адад дастгоҳи коркарди пӯст, 2 адад дастгоҳи коркарди фулузот, 12 устохона, 30 синфхонаи таълимии фанҳои махсус ва 160 кати хоб дар хобгоҳ иборат аст. Лекин аксари техника ва воситаҳои таълимии мазкур фарсуда ва аз ҷиҳати технологӣ кӯҳна мебошанд.

Дар баробари ин, мутобиқсозии сохтори касбию тахассусӣ ва ташкилӣ ба талаботи бозори меҳнати дохилию хориҷӣ, аз ҷумла бо дарназардошти рушди хоҷагиҳои фермерӣ (рушди агротехнология, соҳибкории хурду миёна дар бахши аграрӣ, махсусан дар соҳаи картошкапарварӣ, коркарди меваҷоту сабзиҷот ва занбӯр) сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ, меҳмонхонаҳо, истеҳсоли алюминий, коркарди сангҳои қиматбаҳо, рушди саноати нассоҷӣ таъсиси заминаи нави моддию техникии таълимии бо техникаю технологияҳои муосири таълимӣ муҷаҳҳазро талаб менамояд.

Дар баробари ин, нақшаю барномаҳои таълимии система низ ба ислоҳоту такмили ҷиддӣ ниёз доранд. Масалан, аксари нақшаҳои таълимӣ (зиёда аз 30 адад) аз рӯи фанҳои таълимӣ таҳия нашуда, аз лиҳози педогогӣ ва технологӣ ноқис мебошанд, ки ба сифати таълим таъсири ҷиддӣ мерасонанд.

Айни замон, дар муассисаҳои таълимии касбӣ ва бозомӯзии калонсолон 40 нақшаҳои таълимӣ аз рӯи ихтисосҳои гуногун амалӣ карда мешаванд. Вале, аз рӯи ин нақшаҳои таълимӣ нақшаҳо ва барномаҳои таълимии мавзӯӣ аз рӯи фанҳои тахассусӣ ва техникӣ таҳия нашудаанд, ки ин ба сифати таълим ва ташкили самарабахши раванди таълим таъсири манфӣ мерасонад.

Аз ин лиҳоз, барои бартараф намудани камбудию норасиҳои мазкур, ташкил намудани заминаи таъмини таълимию барномавӣ ва таълимию методии раванди таълим, таҳия ва нашри китобҳои нави дарсӣ ва омода намудани васоити аёнӣ ба мақсад мувофиқ аст.

Ғайр аз ин, яке аз камбудиҳои соҳа ин набудани стандартҳои таълимӣ мебошад. Таҳия ва тасдиқи стандартҳои миллии касбӣ ба маҳсули ниҳоӣ, яъне маҳорати касбии ҷавобгӯи талаботи бозори меҳнат таъсир мерасонад. Стандартҳои касбӣ ҳамчун замина барои таҳияи барномаҳои таълимӣ ва раванди таълим, инчунин барои шаҳодатномакунонӣ ва санҷиши маҳорати касбӣ хизмат мекунанд. Ин дар навбати худ кафолат медиҳад, ки омӯзиши дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшаванда дар тамоми қаламрави кишвар ва берун аз он (хусусан барои муҳоҷирони меҳнатӣ) эътироф карда шавад ва ба шаҳодатномакунӣ мутобиқ бошад.

Шаҳодатномакунонӣ ва санҷиш бояд дар асоси стандартҳои давлатии касбӣ ва стандартҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, анҷом дода шаванд. Сифати ин гуна санҷишу шаҳодатномакунонӣ бояд кафолат диҳад, ки ин шаҳодатномаҳо нишондиҳандаи имкониятҳои шахс гарданд. Ҳамин тавр, дар охири ҳар курс ва ё барнома, гузаронидани санҷиш барои муайян намудани он, ки шахс малакаҳои заруриро гирифтааст ё не, ҳатмӣ мебошад.

Ҳамчунин, сифати маълумоти касбӣ ва тайёрӣ бояб ба воситаи ҷорӣ намудани коидаҳои дахлдор оид ба идоракунии сифат ва акредитатсияи барномаҳои таълимӣ, муассисаҳо ва ҳайати кормандон кафолат дода шавад.

Ҳайати муҳандисию омӯзгории системаи таълимӣ калонсолон низ ба ислоҳот ниёз дорад. Аз ин ҷиҳат рушди кадрии соҳа дар асоси талаботи бозори меҳнат тавассути ташаккули насли нави кадрҳои муҳандисию омӯзгории соҳаи таълими касбии калонсолон яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа дар ин самт мебошад.

Барои ин, дар баробари ташкили ҳайати муҳандисию омӯзгории зарурӣ, фароҳам намудани шароити мусоиди маишию иҷтимоӣ ба онҳо, аз ҷумла баланд бардоштани музди меҳнат ва пешниҳоди имтиёзҳои иҷтимоӣ зарур аст.

Асоси таълими касбиро таҷрибаомӯзии мустақим дар истеҳсолот ташкил медиҳад. Вале барои ин ҳанӯз заминаи зарурӣ фароҳам оварда нашудааст.

Бинобар ин, ҳамкориҳо бо бахшҳои хусусӣ (ширкатҳои хусусӣ), яке аз вазифаҳои асосии системаи таълими касбӣ ва бозомӯзӣ мебошад. Бахши хусусӣ бояд тамоми ҷанбаҳои таълим, аз ҷумла дар муайян намудани талабот ба кадрҳои коргар, таҳияи стандартҳои касбҳо, баҳогузорӣ ва шаҳодатномакунонӣ ҷалб карда шаванд. Дар ин самт ба роҳ мондани ҳамкориҳо (дар асоси қарордод) барои корозмоии ҳунаромӯзон бо иттиҳодияҳои корфармоён ба мақсад мувофиқ аст.

Дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди косибӣ, касбу ҳунарҳои анъанавии миллӣ ва хонакорӣ, метавонад василаи хубе ҷиҳати дарёфти манбаи даромад барои як гурӯҳи муайяни аҳолӣ бошад. Аз ин лиҳоз, бароҳандозии таълиму тадрис дар ин бахш тавассути омӯзиши модулӣ, яке самтҳои асосии сиёсати рушди таълими калонсолон маҳсуб меёбад.

Бо дарназардошти он, ки таълими касбии калонсолон, таҳсилоти касбӣ ва ибтидоии касбиро фаро мегирад, ҳамоҳангсозии таълими касбии калонсолон душвор мегардад. Бинобар ин, таъсис додани маркази миллии машваратӣ оид ба таълими касбии калонсолон зарур аст.

3. Мақсад ва вазифаҳои асосии Барнома

Мақсади асосии Барномаи мазкур ташкили шароити ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, илмию методӣ илмӣ барои рушди бомуваффақияти системаи таълими касбӣ ба манфиати шахсият, ҷомеа ва давлат, баланд бардоштани сифат ва самаранокии иҷтимоӣ мебошад.

Умуман Барнома самтҳои асосии сиёсати давлатии рушди таълими калонсолон, аз ҷумла тавсеаи имкониятҳо барои худтакмилдиҳии доимӣ ва мутобиқати захираҳои меҳнатӣ ба таҳаввулоти иҷтимоию иқтисодӣ, дастрас намудани маълумот оид ба талаботи бозори меҳнати дохилию хориҷӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии захираҳои меҳнатӣ ва ба ин васила коҳиши сатҳи камбизоатиро пешбинӣ менамояд.

Вазифаҳои асосии Барнома:

-такмили заминаи илмӣ ва меъёрии ҳуқуқии системаи таълими касбии калонсолон;

-таҳияи стандартҳои касбӣ ва ташкили шабакаи марказҳои баҳодиҳии тахассус ва шаҳодатномакунонӣ;

-андешидани тадбирҳо ҷиҳати ба сатҳи байналмилалии таълим мутобиқ намудани муассисаҳои таълимии калонсолон;

-рушд ва такмили таълими модулӣ;

-тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти таълими калонсолон;

-фароҳам намудани заминаи мусоид барои рушди соҳибкории хурду миёна;

-таъмини мутобиқати таълими касбии калонсолон ба талаботи бозори меҳнати дохилию хориҷӣ;

-таъмини азнавкунии заминаҳои моддию техникӣ, таълимию методӣ ва таълимию истеҳсолии системаи таълими калонсолон;

-рушди захираҳои инсонӣ ва иқтидори кадрии системаи таълими калонсолон;

-тавсеа ва ҷорӣ намудани иқтидорҳои нави (биноҳо ва иншоот) системаи таълими калонсолон;

-мусоидат ба тавсеа ва рушди фаъолияти меҳнатии инфиродӣ, худиштиғол ва хонакорӣ;

-таълими хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар марҳилаи ибтидоии пешравии касбии онҳо;

-таълими занон, ки барои ноилшавии баробарӣ байни мардон ва занон равона карда шудааст;

-таълими маъюбони калонсоле, ки тибқи хулосаи Хадамоти давлатии тишхиси тиббию иҷтимоӣ барои иҷрои корҳои муайян ба онҳо иҷозат дода шудааст;

-беҳтар намудани шароит ва сифати таълими калонсолон;

-такмили омодагии касбӣ, бозомӯзӣ ва такмили тахассуси кадрҳои муҳандисию омӯзгории соҳаи таълими калонсолон;

-гузаронидани таҳқиқотҳои илмӣ дар соҳаи таълими калонсолон;

-таъмини фармоиши давлатӣ аз рӯи касбҳои алоҳидаи афзалиятдошта, ки бояд пурра аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда шаванд;

-ташкили системаи тайёр намудани мутахассисон (андраготҳо) оид ба таълими калонсолон;

-таъмини иқтисодии таъсис, фаъолият ва рушди системаи таълими калонсолон (муассисаҳои системаи таълими калонсолон) аз ҳисоби ҷудо намудани маблағҳои буҷети давлатӣ, корфармоён, соҳибкорон, фондҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо;

-таҳкими мавқеи системаи таълими калонсолон тавассути татбиқ ва ҷорӣ намудани Барномаи мазкур дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ.

6. Маблағгузории Барнома

Маблағгузории Барномаи мазкур дар доираи маблағҳои буҷети давлатии барои ин бахш ба вазорату идораҳои дахлдор ҷудо кардашаванда, маблағҳои махсус, манбаъҳои ғайрибуҷетӣ, инчунин маблағҳои созмонҳои ғайридавлатӣ ва байналмилалӣ анҷом дода мешавад.

7. Иҷрокунандагон ва масъулини татбиқи Барнома

Иҷрокунандагони Барномаи мазкур Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

Масъалаҳои ташкилӣ, ҳамоҳангсозӣ ва назоратии иҷрои Барномаи мазкурро Шӯъбаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

8. Чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи рушди таълими касбии калонсолон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015

Дар сутуни иҷрокунандагон калимаҳои "Вазорати маориф" ба "Вазорати маориф ва илм" ва калимаҳои "Вазорати меҳнат, ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ" ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ иваз карда шуданд

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)

+--+---------------------------+---------+---------------------------ҷ
|№ |   Номгӯи чорабиниҳо       | Мӯҳлати |      Иҷрокунандагон       |
|  |                           | иҷро    |                           |
+--+---------------------------+---------+---------------------------+
|1 |            2              |   3     |            4              |

|1 |Таҳия ва тасдиқи           | Солҳои  | Вазоратҳои меҳнат ва      |
|  |стандартҳои касбии таълими |2011-2012| ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,     |
|  |касбии калонсолон          |         | мариф ва дигар вазорату   |
|  |                           |         | идораҳои дахлдор          |

|2 |Ташкили марказҳои баҳодиҳии|Соли 2011| Вазоратҳои меҳнат ва      |
|  |тахассус ва                |         | ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,     |
|  |шаҳодатномакунонӣ          |         | маориф, мақомоти          |
|  |                           |         | маҳаллии иҷроияи          |
|  |                           |         | ҳокимияти давлатӣ         |

|3 |Бо мақсади такмили заминаи |Соли 2011| Вазоратҳои меҳнат ва      |
|  |меъёрии ҳуқуқии системаи   |         | ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,     |
|  |таълими калонсолон, ворид  |         | маориф, адлия             |
|  |намудани тағйиру иловаҳои  |         |                           |
|  |дахлдор ба қонунҳои        |         |                           |
|  |Ҷумҳурии Тоҷикистон        |         |                           |
|  |"Дар бораи таҳсилоти       |         |                           |
|  |ибтидоии касбӣ" ва "Дар    |         |                           |
|  |бораи мусоидат ба шуғли    |         |                           |
|  |аҳолӣ"                     |         |                           |

|4 |Таҳияи барномаҳои махсуси  |Соли 2012| Вазоратҳои меҳнат ва      |
|  |омӯзиши модулӣ барои       |         | ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,     |
|  |омодакунии касбии          |         | маориф, корҳои дохилӣ,    |
|  |муҳоҷирони меҳнатӣ         |         | мақомоти иҷроияи маҳаллии |

|5 |Таҳия, тасдиқ ва мавриди   | Солҳои  | Вазоратҳои меҳнат ва      |
|  |амал қарор додани          |2011-2012| ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,     |
|  |барномаҳои таълимие, ки ба |         | маориф, рушди иқтисод     |
|  |рушди соҳибкории хурду     |         | ва савдо, Иттиҳодияи      |
|  |миёна, фаъолияти меҳнатии  |         | корфармоён                |
|  |инфиродӣ ва худиштиғол     |         |                           |
|  |мусоидат мекунанд          |         |                           |

|6 |Таҳкими заминаи назариявӣ  | Солҳои  | Вазоратҳои меҳнат ва      |
|  |ва илмию методии системаи  |2011-2013| ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,     |
|  |таълими касбии калонсолон  |         | маориф                    |

|7.|Андешидани тадбирҳо ҷиҳати | Солҳои  | Вазоратҳои меҳнат ва      |
|  |гузариш аз усулҳои         |2011-2014| ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,     |
|  |анъанавии таълими касбии   |         | маориф                    |
|  |калонсолон ба таълими      |         |                           |
|  |модулӣ                     |         |                           |

|8 |Таъсиси марказҳои          | Солҳои  | Вазоратҳои меҳнат ва      |
|  |худиштиғол                 |2011-2013| ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,     |
|  |                           |         | рушди иқтисод ва савдо,   |
|  |                           |         | мақомоти иҷроияи маҳаллии |

|9 |Таҷдид ва ислоҳоти нақшаю  | доимӣ   | Вазоратҳои меҳнат ва      |
|  |барномаҳои таълимӣ ва ҷорӣ |         | ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,     |
|  |намудани усулҳои замонавии |         | маориф, корҳои дохилӣ     |
|  |таълими касбии калонсолон  |         |                           |
|  |бо дарназардошти талаботи  |         |                           |
|  |бозори меҳнати дохилию     |         |                           |
|  |хориҷӣ                     |         |                           |

|10|Бо мақсади таъмини сифат   | доимӣ   | Вазорати меҳнат ва        |
|  |ва самарабахши таълими     |         | ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,     |
|  |касбии калонсолон вусъат   |         | Иттиҳодияи корфармоён,    |
|  |додани машғулиятҳои амалӣ  |         | мақомоти иҷроияи          |
|  |дар заминаи корхонаҳо,     |         | маҳаллии ҳокимияти        |
|  |ташкилоту муассисаҳо ва    |         | давлатӣ                   |
|  |хоҷагиҳои деҳқонӣ дар      |         |                           |
|  |асоси шартномаҳои дуҷониба |         |                           |

|11|Андешидани тадбирҳо оид ба | Солҳои  | Вазоратҳои маориф,меҳнат  |
|  |таъсиси факулта ё шӯъба дар|2012-2013| ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,  |
|  |Коллеҷи муҳандисию         |         | рушди иқтисод ва савдо,   |
|  |омӯзгории шаҳри Душанбе    |         | молия                     |
|  |ҷиҳати омода кардан ва     |         |                           |
|  |такмили тахассуси кадрҳои  |         |                           |
|  |соҳаи таълими касбии       |         |                           |
|  |калонсолон                 |         |                           |

|12|Таҳия, тасдиқ ва мавриди   | Солҳои  | Вазоратҳои меҳнат ва      |

|  |барномаҳои 2011-2012       |         | маориф                    |
|  |таълимӣ оид ба омӯзиши     |         |                           |
|  |касбу ҳунарҳои миллӣ ва    |         |                           |
|  |хонакорӣ                   |         |                           |

|13|Таъмини рушди захираҳои    |   доимӣ | Вазоратҳои меҳнат ва      |
|  |инсонӣ ва иқтидори кадрии  |         | ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,     |
|  |системаи таълими калонсолон|         | маориф                    |

|14|Азнавсозии заминаи моддию  | Солҳои  | Вазоратҳои меҳнат ва      |
|  |техникӣ, таълимию методӣ ва|2011-2013| ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,     |
|  |истеҳсолии системаи        |         | маориф, рушди иқтисод     |
|  |таълими калонсолон         |         | ва савдо, молия ва        |
|  |                           |         | мақомоти иҷроияи          |
|  |                           |         | маҳаллии хокимияти        |
|  |                           |         | давлатӣ                   |

|15|Андешидани чораҳо ҷиҳати   |  доимӣ  | Вазорати меҳнат ва        |
|  |дар асоси талаботи бозори  |         | ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,     |
|  |меҳнати дохилию хориҷӣ     |         | вазорату идораҳои         |
|  |омодакунии кадрҳои коргар  |         | дахлдор ва мақомоти       |
|  |                           |         | иҷроияи маҳаллии          |

|16|Муайян намудани талаботи   |  доимӣ  | Вазоратҳои меҳнат ва      |
|  |ташкилоту муассисаҳои      |         | ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,     |
|  |давлатӣ ва дар асоси он    |         | рушди иктисод ва савдо    |
|  |омода намудани кадрҳои     |         | ва мақомоти иҷроияи       |
|  |коргарии мавриди ниёз      |         | маҳаллии ҳокимияти        |

|17|Бозомӯзӣ ва такмили        |  доимӣ  | Вазоратҳои меҳнат ва      |
|  |тахассуси кадрҳои          |         | ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,     |
|  |муҳандисию омӯзгории       |         | маориф                    |
|  |системаи таълими касбии    |         |                           |

|18|Ташкили курсҳои махсуси    |  доимӣ  | Вазоратҳои меҳнат ва      |
|  |омӯзишӣ барои муҳоҷирони   |         | ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,     |
|  |меҳнатӣ                    |         | корҳои дохилӣ, маориф     |
|  |                           |         | ва дигар вазорату         |

|19|Таъмини мувофиқати касбии  |  доимӣ  | Вазоратҳои меҳнат ва      |
|  |хатмкунандагони системаи   |         | ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,     |
|  |таълими калонсолон ба      |         | корҳои дохилӣ, маориф,    |
|  |талаботи корфармоёни       |         | Иттиҳодияи корфармоён     |
|  |дохилию хориҷӣ             |         |                           |

|20|Таҳия ва тасдиқ ва мавриди |  доимӣ  | Вазоратҳои меҳнат ва      |
|  |амал қарор додани          |         | ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,     |
|  |барномаҳои таълимӣ барои   |         | корҳои дохилӣ             |
|  |муҳоҷирони меҳнатӣ оид ба  |         |                           |
|  |шиносоӣ бо қонунгузорӣ,    |         |                           |
|  |расму анъанаҳои миллию     |         |                           |
|  |иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ва      |         |                           |
|  |сиёсии кишварҳои           |         |                           |
|  |қабулкунанда               |         |                           |

|21|Ташкил ва рушди усулҳои    | Солҳои  | Вазорати меҳнат ва        |
|  |шартномавии таълими касбии |2011-2012| ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,     |
|  |калонсолон дар асоси шарики|         | Федератсияи иттифоқҳои    |
|  |иҷтимоӣ                    |         | касабаи мустақил,         |
|  |                           |         | Иттиҳодияи корфармоён     |

|22|Ташкил ва мавриди истифода |Соли 2011| Вазорати меҳнат ва        |
|  |қарор додани махзани       |         | ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,     |
|  |маълумот оид ба талаботи   |         | Агентии омор              |
|  |корфармоён ба кадрҳои      |         |                           |
|  |коргарӣ                    |         |                           |

|23|Рушди ҳамкориҳо оид ба     |  доимӣ  | Вазоратҳои меҳнат ва      |
|  |таълими касбии калонсолон  |         | ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,     |
|  |бо созмонҳои ғайридавлатӣ  |         | рушди иктисод ва савдо,   |
|  |ва байналмилалӣ            |         | Кумитаи давлатии          |
|  |                           |         | сармоягузорӣ ва идораи    |
|  |                           |         | амволи давлатӣ            |

|24|Ташкил ва гузаронидани     | Солҳои  | Вазоратҳои меҳнат ва      |
|  |таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи   |2013-2015| ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,     |
|  |таълими касбии калонсолон  |         | рушди иқтисод ва савдо,   |
|  |                           |         | Академияи илмҳо           |

|25|Таблиғи раванди таълими    |  доимӣ  | Вазоратҳои меҳнат ва      |
|  |касбии калонсолон тавассути|         | ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ,     |
|  |таҳия ва пахши барномаҳои  |         | маориф, фарҳанг,          |
|  |телевезионӣ ва радио, нашри|         | Кумитаи телевизион ва     |
|  |маколаҳо дар васоити ахбори|         | радио                     |
|  |умум                       |         |                           |

*** Хатогӣ дар рақамгузории сарлавҳаҳо - ин хатогӣ дар матни аслии он.