Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди таълими касбии калонсолон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Барномаи рушди таълими касбии калонсолон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2) Маблағгузории татбиқи Барномаи мазкур дар доираи маблағҳои дар харҷномаи тасдиқгардидаи вазорату идораҳо барои ин мақсадҳо пешбинишуда, маблағҳои ғайрибуҷетӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва аз ҳисоби маблағҳои махсус анҷом дода шавад.
3) Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ татбиқи Барномаи мазкурро дар мӯҳлатҳои муқарраргардида таъмин карда, аз ҷараёни иҷрои он ҳар нимсола ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 декабри соли 2010 № 696
ш. Душанбе