×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2010 № 681 "Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ"

Санаи амалкуни: 14.03.2014

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1349 аз эътибор соқит дониста шуд.

Муқаррароти моддаи 11 Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2014 мавриди амал қарор дода шавад.

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ СУҒУРТАВӢ

(Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1079)

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2010, №12, қ.1, мод. 840)

Қонуни мазкур муқаррароти асосиро оид ба амалигардонии суғурта ҳамчун намуди фаъолияти соҳибкорӣ, хусусиятҳои ташкил намудан, иҷозатномадиҳӣ, танзим, қатъ намудани фаъолияти ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунанда), брокерҳои суғуртавӣ, шартҳои фаъолияти дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар бозори суғурта, масъалаҳои танзими давлатии фаъолияти суғуртавӣ ва принсипҳои таъмини назорати фаъолияти суғуртавиро муайян менамояд.

Мақсади Қонуни мазкур аз таъмини ҳимояи манфиатҳои молумулкии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми рух додани ҳодисаҳои суғуртавӣ иборат мебошад.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти суғуртавӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти суғуртавӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- агенти суғуртавӣ - шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки оид ба бастани шартномаи суғурта аз номи ташкилоти суғуртавӣ ва бо супориши он мувофиқи салоҳияти ба ӯ додашуда фаъолияти миёнаравиро иҷро мекунад;

- актуарий - шахси воқеӣ, ки вобаста ба амалигардонии ҳисобҳои иқтисодии математикии андозаи ӯҳдадориҳо тибқи шартномаҳои суғурта ва азнавсуғуртакунӣ бо мақсади таъмин намудани сатҳи зарурии пардохтпазирӣ ва устувории молиявии ташкилоти суғуртавӣ фаъолият менамояд (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1079);

- амонати ҳаққи суғуртавӣ - ҳангоми азнавсуғуртакунӣ аз тарафи суғуртакунанда нигоҳ доштани қисми ҳаққи суғуртавӣ ҳамчун кафолати аз тарафи азнавсуғуртакунанда иҷро гардидани ӯҳдадориҳои он;

- азнавсуғуртакунӣ - фаъолият ва муносибатҳои бо он вобаста, ки бинобар минбаъд аз тарафи ташкилоти суғуртавӣ ба ташкилоти азнавсуғуртакунанда интиқол намудани ҳамаи таваккалҳо ё қисми таваккалҳои суғуртавии тибқи шартномаи азнавсуғуртакунии байни онҳо басташуда ба вуҷуд омадаанд;

- брокери суғуртавӣ - шахси ҳуқуқӣ, ки оид ба масъалаҳои суғурта ва азнавсуғуртакунӣ фаъолияти машваратчигӣ ва оид ба бастани шартномаҳои суғурта ё шартномаҳои азанавсуғуртакунӣ аз номи худ ва бо супориши суғурташаванда фаъолияти миёнаравиро иҷро менамояд;

- захираҳои суғуртавӣ - фондҳое, ки ташкилотҳои суғуртавӣ барои таъмин намудани кафолатҳои пардохтҳои суғуртавӣ тибқи шартномаҳои суғурта ва азнавсуғуртакунӣ ташкил менамоянд;

- қоидаҳои суғурта - ҳуҷҷати таҳиянамудаи ташкилоти суғуртавӣ, ки шартҳои анҷомдиҳии суғуртаро оид ба намуди муайяни суғурта муқаррар менамояд;

- маблағи бозгардонидашаванда - маблағе, ки суғурташаванда ҳуқуқ дорад онро дар ҳолати пеш аз мӯҳлат қатъ гардидани амали шартномаи суғуртаи захирашаванда гирад;

- маблағи суғуртавӣ - ҳадди ниҳоии масъулият, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст ва (ё) бо шартномаи суғурта муайян карда шудааст ва аз рӯи он ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ андозаҳои ҳаққи суғуртавӣ ва пардохти суғуртавӣ муқаррар карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1079);

- пардохти суғуртавӣ - маблағи пулие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст ва (ё) бо шартномаи суғурта муайян карда шудааст ва суғуртакунанда онро ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ ба суғурташаванда, фоидагиранда мепардозад;

- портфели суғуртавӣ - маҷмӯи ҳамаи шартномаҳои басташудаи суғурта;

- полиси суғуртавӣ - ҳуҷҷати тасдиқкунандаи воқеан баста шудани шартномаи суғурта, ки суғуртакунанда ба суғурташаванда медиҳад;

- суғурта - муносибатҳо оид ба ҳимояи манфиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми рух додани ҳодисаҳои суғуртавӣ;

- суғуртаи аннуитетӣ - суғуртае мебошад, ки бастани шартномаҳои суғуртаро оид ба пардохтҳои дарозмӯҳлати баробарҳаҷм пешбинӣ менамояд;

- суғуртаи ихтиёрӣ - суғуртае, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шартномаи байни суғурташавандаю суғуртакунанда ба таври ихтиёрӣ сурат мегирад;

- суғуртаи муштарак - суғуртае, ки ду ё зиёда аз он суғуртакунанда бо ҳиссаҳои муайян дар суғуртаи ҳамон як таваккал бо додани полиси суғуртавии якҷоя ё полиси суғуртавии алоҳида, ки дар ҳар кадомаш мутобиқан ҳиссаи маблағи суғуртавӣ нишон дода шудааст, иштирок менамоянд;

- суғуртаи ҳатмии давлатӣ - суғуртае, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешавад;

- суғуртаи ҳатмӣ - суғуртае, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ анҷом дода мешавад;

- суғуртакунанда (ташкилоти суғуртавӣ) - шахси ҳуқуқӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси иҷозатномаи дахлдоре, ки мақомоти ваколатдори давлатӣ додааст, фаъолияти суғуртавиро амалӣ менамояд;

- суғурташаванда - шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки дар шартномаи суғурта тараф ба ҳисоб рафта, ҳаққи суғуртавиро мепардозад ва мувофиқи қонун ё эътибори шартнома ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ дар доираи масъулияти суғурташуда ё маблағи суғуртавии дар шартнома зикргардида ҳуқуқи гирифтани ҷубронро дорад;

- тарифи суғуртавӣ - меъёри ҳаққи суғуртавӣ аз воҳиди маблағи суғуртавӣ барои давраи муайяни суғурта;

- фаъолияти суғуртавӣ - соҳаи фаъолияти суғуртакунандагон оид ба суғурта, азнавсуғуртакунӣ, суғуртаи муштарак, инчунин фаъолияти брокерҳои суғуртавӣ, актуарийҳои суғуртавии ба хизматрасониҳои суғурта ва азнавсуғуртакунӣ алоқаманд;

- фоидагиранда - шахси дар шартномаи суғурта зикргардида, ки ин шартнома ба фоидаи ӯ баста шудааст;

- шартномаи суғурта - созишномаи хаттии байни суғурташаванда ва суғуртакунанда, ки дар асоси он суғурташаванда ӯҳдадор мешавад ҳаққи суғуртавиро дар мӯҳлати муқарраршуда пардозад, суғуртакунанда бошад, ӯҳдадор мешавад, ки ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ нисбати суғурташаванда ё шахси дигаре, ки шартномаи суғурта ба манфиати ӯ баста шудааст, пардохти суғуртавиро амалӣ намояд;

- ҳаққи суғуртавӣ - маблағи пулие, ки суғурташаванда бояд онро дар андозаи муайяннамудаи шартномаи суғурта ба суғуртакунанда, ки ба зиммаи худ ӯҳдадории ба анҷом расонидани пардохти суғуртавиро нисбати суғурташаванда, фоидагиранда гирифтааст, пардохт намояд (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1079);

- ҳодисаи суғуртавӣ - ҳодисае, ки ҳангоми рух додани он тибки қонун ё шартномаи суғурта суғуртакунанда ӯҳдадор аст, нисбат ба суғурташаванда, фоидагиранда ё дигар шахсони сеюм пардохти суғуртавиро амалӣ намояд;

- ҳодисаи нохуш - ҳодисаи ногаҳонӣ ва кӯтоҳмуддате, ки сарфи назар аз иродаи инсон рух дода, дар натиҷаи он ба ҷисми суғурташуда таъсири берунии механикӣ, барқӣ, кимиёвӣ ё гармӣ расидааст ва инчунин аз офатҳои табиӣ саломатии ӯ зарар дида, вай маъюб гаштааст ё сабаби фавти ӯ шудааст.

Моддаи 3. Шаклҳои суғурта

1. Суғурта дар шаклҳои ихтиёрӣ, ҳатмӣ ва ҳатмии давлатӣ анҷом дода мешавад.

2. Суғуртаи ихтиёрӣ дар асоси шартномаи суғурта ва қоидаҳои суғурта, ки шартҳои умумӣ ва тартиби гузаронидани онро муайян менамоянд, амалӣ мегардад. Қоидаҳои суғурта муқарраротро дар бораи субъектҳо ва объектхои суғурта, ҳодисаҳои суғуртавӣ, таваккалҳои суғуртавӣ, тартиби муайян намудани маблағи суғуртавӣ, тарифи суғуртавӣ, ҳаққи суғуртавӣ, тартиби бастан, иҷро ва қатъ намудани шартномаҳои суғурта, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои тарафҳо, муайян намудани андозаи талафот ё зарар, тартиби муайян намудани пардохти суғуртавӣ, ҳолатҳои рад намудани пардохти суғуртавӣ ва муқаррароти дигарро дар бар мегиранд.

3. Қоидаҳои суғурта аз тарафи суғуртакунанда ё иттиҳодияи суғуртакунандагон мустақилона тибқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни мазкур таҳия гардида, бо мақомоти давлатии назорати суғурта мувофиқа карда мешаванд.

4. Суғуртаи ҳатмӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба объектҳои афзалиятноки ҳимояи суғуртавии манфиатҳои молумулкии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ татбиқ карда мешавад.

5. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин метавонад суғуртаи ҳатмии ҳаёт, саломатӣ ва молумулкии шарҳрвандонро аз ҳисоби маблағҳои пешбиннинамудаи буҷети дахлдор муайян намояд.

6. Шарту талаботи суғуртаи ҳатмиро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.

7. Суғуртаи ҳатмии давлатиро танҳо ташкилотҳои суғуртавии давлатӣ анҷом медиҳанд.

Моддаи 4. Соҳаҳо, гурӯҳҳо ва намудҳои суғурта

1. Барои ташкил ва амалӣ намудани танзими давлатӣ ва иҷозатномадиҳии фаъолияти суғуртавӣ, суғурта ба шаклҳо, соҳаҳо, гурӯҳҳо ва намудҳо ҷудо мешавад.

2. Соҳаи "суғуртаи ҳаёт" дар шакли суғуртаи ихтиёрӣ гурӯҳҳои зеринро дар бар мегирад:

- суғуртаи ҳаёт;

- суғурта ҳангоми фарорасии ягон ҳодиса дар ҳаёт;

- суғуртаи аннуитетӣ.

3. Соҳаи "суғуртаи умумӣ" дар шакли суғуртаи ихтиёрӣ гурӯҳҳои зеринро дар бар мегирад:

- суғурта аз ҳодисаҳои нохуш;

- суғурта ҳангоми беморӣ;

- суғуртаи нақлиёти автомобилӣ;

- суғуртаи нақлиёти роҳи оҳан;

- суғуртаи нақлиёти ҳавоӣ;

- суғуртаи нақлиёти обӣ;

- суғуртаи борҳо;

- суғуртаи молу мулк аз зарар, ба истиснои гурӯҳҳои дар сархатҳои сеюм ва ҳафтуми ҳамин қисм зикргардида;

- суғуртаи ҷавобгарии гражданӣ-ҳуқуқии соҳибони нақлиёти автомобилӣ (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1079);

- суғуртаи ҷавобгарии гражданӣ-ҳуқуқии соҳибони нақлиёти ҳавоӣ (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1079);

- суғуртаи ҷавобгарии гражданӣ-ҳуқуқии соҳибони нақлиёти обӣ (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1079);

- суғуртаи ҷавобгарии гражданӣ-ҳуқуқӣ, ба истиснои гурӯҳҳои дар сархатҳои нӯҳум ва ёздаҳуми ҳамин қисм нишондодашуда(Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1079);

- суғуртаи қарзҳо;

- суғуртаи ипотекӣ;

- суғуртаи кафолатҳо;

- суғурта аз дигар талафоти молиявӣ;

- суғуртаи хароҷоти судӣ.

4. Талаботи иловагиро оид ба шартҳои гузаронидани суғуртаи гурӯҳи (намуди) алоҳида дар шакли ихтиёрии суғурта санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти ваколатдори давлатӣ дар доираи гурӯҳҳои (намудҳои) алоҳидаи суғурта муқаррар менамоянд.

5. Намуди суғурта маҳсули суғуртавиест, ки ташкилоти суғуртавӣ онро дар шакли санади меъёрӣ таҳия намуда, ба суғурташаванда дар доираи як ё якчанд гурӯҳҳои суғурта тавассути бастани шартномаи суғурта пешниҳод менамояд. Ташкилоти суғуртавӣ танҳо баъди бо мақомоти давлатии назорати суғурта мувофиқа намудани қоидаҳои суғурта ва гирифтани иҷозатнома ҳуқуқ дорад оид ба бастани шартномаи суғурта дар шакли шартномаи ҳамроҳшавӣ бо додани полиси суғуртавӣ ба суғурташаванда, фаъолият намояд.

6. Ҳар як намуди суғуртаи ҳатмӣ гурӯҳи алоҳидаи суғурта ба ҳисоб меравад. Мӯҳтавои ҳар як гурӯҳ дар шакли суғуртаи ҳатмӣ ва талаботи иловагӣ нисбат ба шартҳои гузаронидани он бо қонуни танзимкунандаи суғуртаи ҳатмӣ муқаррар карда мешавад.

7. Мутобиқати соҳаҳо ва гурӯҳҳои суғуртаро санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти давлатии назорати суғурта танзим менамоянд.

8. Мӯҳтавои гурӯҳҳои суғурта:

- суғуртаи ҳаёт маҷмӯи намудҳои суғурта мебошад, ки амалӣ намудани пардохти суғуртавиро дар ҳолатҳои фавти суғурташуда ё зиндагии ӯ то охири мӯҳлати суғурта ё то синну соли бо шартномаи суғурта муайянгардида пешбинӣ менамояд;

- суғурта ҳангоми рух додани ягон ҳодиса дар ҳаёт маҷмӯи намудҳои суғуртаи захиракунандае ба ҳисоб меравад, ки ба маблағи муқарраршуда амалӣ намудани пардохти суғуртавиро ҳангоми дар ҳаёти суғурташуда рух додани ҳодисаи пешакӣ қайдгардида (бастани ақди никоҳ ё таваллуди фарзанд) пешбинӣ менамояд;

- суғуртаи аннуитетӣ маҷмӯи намудҳои суғуртаи шахсӣ мебошанд, ки ҳангоми ба синну соли муайян расидани шахси суғурташуда, гум кардани қобилияти меҳнатӣ (вобаста ба синну сол, бо сабаби маъюбӣ ё беморӣ), фавти сарпараст, бекорӣ ё дар дигар ҳолатҳое, ки даромадҳои шахсии суғурташуда кам ё талаф мешаванд, амалӣ намудани пардохтҳои суғуртавии даврагиро дар шакли нафақа ё рента пешбинӣ менамояд;

- суғурта аз ҳодисаи нохуш маҷмӯи намудҳои суғурта мебошад, ки ба маблағи муқарраршуда ва (ё) қисман ё дар андозаи пурраи ҷуброни хароҷоти суғурташуда амалӣ намудани пардохти суғуртавиро дар ҳолати фавт, гум кардани (пурра ё қисман) коршоямӣ ё расидани зарар ба саломатии суғурташуда дар натиҷаи рух додани ҳодисаи нохуш, бемории касбӣ, ба истиснои суғуртаи таваккалҳои дар сархати дуюми қисми 3 ҳамин модда зикргардида, пешбинӣ менамоянд (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1079);

- суғурта ҳангоми беморӣ маҷмӯи намудҳои суғурта ба ҳисоб меравад, ки амалигардонии пардохти суғуртавиро ба маблағи муқарраршуда ва (ё) ба андозаи қисман ё пурра ҷуброн намудани хароҷоти суғурташуда бо сабаби беморӣ ё иллати дигари саломатӣ, ба истиснои суғуртаи гурӯҳҳои дар сархати якуми қисми 3 моддаи мазкур нишондодашуда пешбинӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1079);

- суғуртаи воситаҳои нақлиёти дар сархатҳои сеюм ва шашуми қисми 3 ҳамин модда нишондодашуда маҷмӯи намудҳои суғурта ба ҳисоб меравад, ки қисман ё дар андозаи пурраи ҷуброн анҷом додани пардохтисуғуртавиро барои зараре, ки ба манфиатҳои молумулкии шахс вобаста ба соҳибӣ, истифодабарӣ, ихтиёрдории воситаи нақлиёт, аз ҷумла дуздидан ё рабудан, инчунин дар натиҷаи вайрон ё нобуд шудани он расонида шудааст, пешбинӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1079);

- суғуртаи борҳо маҷмӯи намудҳои суғурта ба ҳисоб меравад, ки қисман ё дар андозаи пурраи ҷуброн амалӣ намудани пардохти суғуртавиро барои зараре, ки ба манфиатҳои молумулкии шахс вобаста ба соҳибӣ, истифодабарӣ, ихтиёрдории бор, аз ҷумла бағоҷ, молҳо ва дигар намудҳои маҳсулот дар натиҷаи вайрон ё нобуд шудан ва гум шудани онҳо новобаста аз тарзи интиқолашон расонида шудааст, пешбинӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1079);

- суғуртаи молу мулк маҷмӯи намудҳои суғурта ба ҳисоб меравад, ки қисман ё дар андозаи пурраи ҷуброн амалӣ намудани пардохти суғуртавиро барои зараре, ки ба манфиатҳои молумулкии шахс вобаста ба соҳибӣ, истифодабарӣ, ихтиёрдории молу мулк дар натиҷаи вайрон ё нобуд шудан ё дуздида шудани он, ба истиснои молу мулки дар сархатҳои сеюм ва ҳафтуми қисми 3 моддаи мазкур нишондодашуда расонида шудааст, пешбинӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1079);

- суғуртаи масъулияти шаҳрвандию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёти дар сархатҳои нӯҳум ва ёздаҳуми қисми 3 ҳамин модда пешбинишуда маҷмӯи намудҳои суғурта ба ҳисоб меравад, ки қисман ё дар андозаи пурраи ҷуброн амалӣ намудани пардохти суғуртавиро барои зараре, ки ба манфиатҳои молумулкии шахс вобаста ба ӯҳдадории ӯ оид ба ҷуброни зарари ба шахсони сеюм расонидашуда бинобар истифода бурдани воситаи нақлиёт, аз ҷумла ҷавобгарии гражданӣ-ҳуқуқии интиқолкунанда расонида шудааст, пешбинӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1079);

- суғуртаи ҷавобгарии гражданӣ-ҳуқуқӣ маҷмӯи намудҳои суғурта ба ҳисоб меравад, ки қисман ё дар андозаи пурраи ҷуброни зарар амалӣ намудани пардохти суғуртавиро барои зараре, ки ба манфиатҳои молу мулкии шахс вобаста ба ӯҳдадории ӯ оид ба ҷуброни зарари ба шахсони сеюм дар натиҷаи суғуртаи ҳамаи таваккалҳо, ба истиснои таваккалҳои дар сархатҳои нӯҳум ва ёздаҳуми қисми 3 ҳамин модда нишондодашуда расонида шудааст, пешбинӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1079);

- суғуртаи қарзҳо маҷмӯи намудҳои суғурта мебошад, ки пардохти суғуртавиро ҳангоми пайдо шудани зарарҳои қарздиҳанда дар натиҷаи аз тарафи суғурташаванда (қарзгиранда) иҷро нагардидани ӯҳдадориҳояш дар назди қарздиҳанда пешбинӣ менамояд;

- суғуртаи ипотекӣ намуди суғуртае ба ҳисоб меравад, ки амалӣ намудани пардохти суғуртавиро ба андозаи қисман ё пурра ҷуброн намудани зарари ба манфиатҳои молумулкии қарздор дар натиҷаи аз тарафи қарзгиранда иҷро нагардидани ӯҳдадориҳои мувофиқи шартномаи қарзи манзилии ипотекии ба зимма гирифтааш бинобар паст шудани нархи бозории манзиле, ки молу мулки барои қарзи манзили ипотекии багаравмондашуда мебошад, расонида шудааст, пешбинӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1079);

- суғуртаи кафолатҳо маҷмӯи намудҳои суғурта мебошад, ки қисман ё дар андозаи пурраи ҷуброн амалӣ намудани пардохти суғуртавиро барои зараре, ки ба манфиатҳои молумулкии шахси кафолатдиҳанда дар натиҷаи иҷрои кафолат ё замонати ба ӯҳдагирифтааш расонида шудааст, пешбинӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1079);

- суғурта аз дигар талафоти молиявӣ маҷмӯи намудҳои суғурта мебошад, ки амалӣ намудани пардохти суғуртавиро ҳангоми ба вуҷуд омадани зарар дар натиҷаи гум кардани кор, аз даст додани даромад, офатҳои табиӣ, хароҷоти пешбининашудаи пайваста, талафи нархи бозорӣ ва дигар зарарҳо дар натиҷаи анҷом додани фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ, ба истиснои таваккалҳои дар сархатҳои дувоздаҳум ва понздаҳуми қисми 3 ҳамин модда нишондодашуда, пешбинӣ менамояд;

- суғуртаи хароҷоти судӣ маҷмӯи намудҳои суғурта мебошад, ки амалӣ намудани пардохти суғуртавиро ҳангоми зарар дидани суғурташаванда (суғурташуда) дар натиҷаи хароҷоти вобаста ба муҳокимаи судӣ пешбинӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1079);

- тибқи шартномаҳои суғуртаи таваккалҳои дар сархатҳои ёздаҳум ва сенздаҳуми қисми 3 ҳамин модда нишондодашуда танҳо таваккали худи суғурташаванда ва танҳо ба манфиати ӯ суғурта шуда метавонад.

Моддаи 5. Объектҳои суғурта

1. Объектҳои суғуртаи шахсӣ манфиатҳои молумулкие шуда метавонанд, ки ба омилҳои зерин вобастаанд:

- зиндагии шаҳрвандон то синну сол ё мӯҳлати муайяншуда, фавт, рух додани ҳодисаҳои дигар дар ҳаёти шаҳрвандон (суғуртаи ҳаёт);

- расонидани зарар ба ҳаёт, саломатии шаҳрвандон, хизматрасониҳои тиббӣ ба онҳо (суғурта аз ҳодисаҳои нохуш ва бемориҳо, суғуртаи тиббӣ).

2. Объектҳои суғуртаи молумулкӣ манфиатҳои молумулкие шуда метавонанд, ки махсусан ба омилҳои зерин вобастагӣ доранд:

- соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдории молу мулк (суғуртаи молу мулк);

- ӯҳдадорӣ барои ҷуброни зарари ба шахсони дигар расонидашуда (таваккали ҷавобгарии гражданӣ) (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1079);

- амалигардонии фаъолияти соҳибкорӣ (суғуртаи таваккалҳои соҳибкорӣ).

3. Объектҳоеро, ки мансуби намудҳои гуногуни суғуртаи молумулкӣ ва (ё) суғуртаи шахсӣ мебошанд, суғурта намудан мумкин аст (суғуртаи омехта), агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.

4. Суғуртаи манфиатҳои молумулкии дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордоштаро танҳо ташкилотҳои суғуртавӣ-шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд.

5. Объектҳои суғуртае, ки тибқи барномаҳои давлатӣ оид ба сармоягузориҳо маблағгузорӣ карда мешаванд, дар қисми ҳиссаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар ташкилотҳои суғуртавӣ-шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон суғурта карда шаванд.

Моддаи 6. Субъектҳои муносибатҳои фаъолияти суғуртавӣ

1. Субъектҳои муносибатҳои фаъолияти суғуртавӣ инҳо ба шумор мераванд:

- суғурташавандагон, фоидагирандагон;

- суғуртакунандагон (ташкилотҳои суғуртавӣ);

- агентҳои суғуртавӣ;

- брокерҳои суғуртавӣ;

- актуарийҳои суғуртавӣ;

- мақомоте, ки салоҳияти назорат ва танзим намудани фаъолияти суғуртавиро дорад (минбаъд - мақомоти давлатии назорати суғурта).

2. Суғуртакунандагон (ташкилотҳои суғуртавӣ), брокерҳои суғуртавӣ ва актуарийҳои суғуртавӣ субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ ба ҳисоб мераванд.

3. Маълумот дар бораи субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" бояд ба Феҳристи ягонаи давлатии фаъолияти суғуртавӣ ворид карда шавад.

4. Номи (номи расмии) субъекти фаъолияти суғуртавӣ - шахси ҳуқуқӣ бояд калимаҳоеро, ки намуди фаъолияти амалишавандаро дарҷ менамоянд: "суғурта", "азнавсуғуртакунӣ", "брокери суғуртавӣ" ё ибораҳои аз чунин калимаҳо ҳосилшударо дошта бошад.

5. Субъекти фаъолияти суғуртавӣ - шахси ҳуқуқӣ ҳуқуқи истифода бурдани номи пурра ё ихтисоршудаеро (номи расмиеро), ки қисман ё пурра номи дигар субъекти фаъолияти суғуртавиро такрор мекунад, надорад.

6. Суғуртакунандагон (ташкилотҳои суғуртавӣ) ба ғайр аз фаъолияти суғуртавӣ ҳуқуқи бо дигар фаъолият машғул шуданро надоранд.

Моддаи 7. Суғурташавандагон

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки бо суғуртакунандагон (ташкилотҳои суғуртавӣ) шартномаи суғурта бастаанд ё тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон суғурташаванда мебошанд, суғурташавандагон ҳисобида мешаванд.

Моддаи 8. Суғуртакунандагон (ташкилотҳои суғуртавӣ)

1. Суғуртакунандагон (ташкилотҳои суғуртавӣ) ба таваккали суғуртавӣ баҳо медиҳанд, ҳаққи суғуртавӣ мегиранд, захираҳои суғуртавӣ ташкил медиҳанд, дороиҳоро (активҳоро) пурра менамоянд, андозаи талафот ё зарарро муайян менамоянд, пардохтҳои суғуртавиро анҷом медиҳанд, дигар амалҳои ба иҷрои ӯҳдадориҳои шартномаи суғурта вобастаро амалӣ менамоянд (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1079).

2. Ҳангоми ташкил ва амалигардонии фаъолияти ташкилотг суғуртавӣ бо иштироки сармоягузорони хориҷӣ бояд талаботи зерин риоя карда шавад:

- сармоягузори хориҷӣ ӯҳдадор аст ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохтпазирии худро: агар шахси воқеӣ бошад - тасдиқномаи бонки хориҷӣ ва агар шахси ҳуқуқӣ бошад - тавозунро барои соли охирини фаъолият, ки бо хулосаи аудиторӣ тасдиқ карда шудааст, пешниҳод намояд;

- на камтар аз нисфи аъзои мақомоти дастаҷамъии идоракунандаи ташкилоти суғуртавиро бо иштироки сармоягузорони хориҷӣ, бояд шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил диҳанд. Сармоягузорони хориҷӣаъзои мақомоти дастаҷамъии идоракунандаи ташкилоти суғуртавӣ дар соҳаи суғурта ва (ё) соҳаи молиявӣ бояд на камтар аз ду сол таҷрибаи корӣ дошта бошанд;

- ташкилоти суғуртавие, ки дар сармояи оинномавиаш ҳиссаи сармоягузори хориҷиро дорад, ӯҳдадор аст, ки оид ба зиёд намудани андозаи сармояи оинномавии худ аз ҳисоби воситаҳои сармоягузорони хориҷӣ, дар бораи ба манфиати сармоягузори хориҷӣ бегона кардани (аз ҷумла ба сармоягузорони хориҷӣ фурӯхтани) саҳмияҳои худ (ҳиссаҳо дар сармояи оинномавӣ), саҳмгузорони (иштирокчиёни) ватанӣ бошанд оид ба харидани саҳмияҳои ба сармоягузорони хориҷӣ тааллуқдошта (ҳиссаҳо дар сармояи оинномавӣ) пешакӣ мақоми давлатии назорати суғуртаро огоҳ намоянд (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1079);

- сармоягузорони хориҷӣ саҳмияҳои дар ихтиёрдоштаи худро (ҳиссаҳояшонро дар сармояи оинномавии ташкилотҳои суғуртавӣ) танҳо дар шакли пулӣ бо асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт менамоянд;

- роҳбарон ва сармуҳосибони ташкилотҳои суғуртавии дорои сармоягузории хориҷӣ бояд дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ истиқомат намоянд.

Моддаи 9. Талабот нисбат ба суғуртакунандагон (ташкилотҳои суғуртавӣ) оид ба иттилоонии суғурташавандагон

1. Ҳангоми азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ-суғуртакунанда (ташкилоти суғуртавӣ), тағйир додани ном ё маҳалли ҷойгиршавӣ, инчунин ворид намудани тағйироти дигар ба оинномаи худ, суғуртакунанда (ташкилоти суғуртавӣ) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадор аст дар мӯҳлати на дертар аз понздаҳ рӯз баъди эътибор пайдо намудани чунин тағйирот ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар хусуси аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷате, ки иҷозатнома доштанашро тасдиқ менамояд, ариза диҳад ва ба он ҳуҷҷатҳоеро замима намояд, ки тағйироти нишондодашударо тасдиқ менамоянд (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1079).

2. Баъди тағйир додани маҳалли ҷойгиршавии мақомоти доимоамалкунанда ва номи худ, суғуртакунанда (ташкилоти суғуртавӣ) ӯҳдадор аст дар мӯҳлати на дертар аз як моҳ суғурташавандагони худро тавассути нашри эълон дар ду рӯзномаи ҷумҳуриявӣ дар ин бора огоҳ намояд.

3. Дар ҳолати тағйир додани маҳалли ҷойгиршавии сохтори ҷудогонаи худ суғуртакунанда (ташкилоти суғуртавӣ) ӯҳдадор аст дар мӯҳлати на дертар аз як моҳ суғурташавандагони худро тавассути нашри эълон дар як рӯзномаи ҷумҳуриявӣ ва рӯзномаҳои маҳаллии дахлдор дар ин бора огоҳ намояд.

4. Суғуртакунанда (ташкилоти суғуртавӣ) ӯҳдадор аст нусхаи ба тариқи расмӣ тасдиқшудаи иҷозатномаро барои амалигардонии фаъолияти суғуртавӣ дар ҷойи назаррас барои шиносшавии омма ҷойгир намояд.

5. Ҳангоми бастани шартномаи суғурта суғурташаванда ҳуқуқ дорад аз суғуртакунанда (ташкилоти суғуртавӣ) ҳисоботи молиявии солонаро, ки аз тавозун ва ҳисобот дар бораи даромаду хароҷот иборат аст, талаб намояд.

Моддаи 10. Агентҳои суғуртавӣ ва брокерҳои суғуртавӣ

1. Агентҳои суғуртавӣ - шахсони воқеӣ ё ҳуқуқии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ истиқоматкунанда ва фаъолияти худро дар асоси шартномаи граждании ҳуқуқӣ амаликунанда, ки суғуртакунандаро (ташкилоти суғуртавиро) дар муносибатҳо бо суғурташаванда намояндагӣ мекунанд ва аз номи суғуртакунанда (ташкилоти суғуртавӣ) ва бо супориши ӯ мувофиқи ваколатҳои ба онҳо додашуда амал менамоянд (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1079).

2. Брокерҳои суғуртавӣ - шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои иҷозатномаи мақомоти ваколатдори давлатӣ буда, ба манфиати суғурташаванда ё суғуртакунанда амал мекунанд ва оид ба хизматрасониҳои вобаста ба бастани шартномаи суғурта (азнавсуғуртакунӣ) байни суғуртакунанда ва суғурташаванда, инчунин иҷрои шартномаҳои мазкур (минбаъд - хизматрасонии брокери суғуртавӣ) амал мекунанд. Ҳангоми ба анҷом расонидани хизматрасониҳои вобаста бо бастани шартномаҳои суғурта (азнавсуғуртакунӣ), брокер ҳуқуқ надорад ҳамзамон ба манфиати ҳам суғурташаванда ва ҳам суғуртакунанда амал намояд.

3. Брокерҳои суғуртавӣ ҳуқуқ доранд фаъолияти дигареро, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манънашудаи ба суғурта алоқамандбударо, ба истиснои фаъолият ба сифати агенти суғуртавӣ суғуртакунанда, амалӣ намоянд.

4. Фаъолияти агентҳои суғуртавӣ ва брокерҳои суғуртавӣ оид ба хизматрасонии вобаста ба бастану иҷро намудани шартномаҳои суғурта (ба истиснои шартномаҳои азнавсуғуртакунӣ) бо суғуртакунандагони (ташкилотҳои суғуртавии) хориҷӣ ё брокерҳои суғуртавии хориҷие, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудаанд ва барои амалигардонии фаъолияти суғуртавӣ иҷозатнома нагирифтаанд, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст.

Моддаи 11. Талабот нисбат ба актуарийҳои суғуртавӣ

1. Актуарийҳои суғуртавӣ бояд шаҳодатномаи тахассусӣ дошта бошанд ва дар асоси шартномаи меҳнатӣ ё граждании ҳуқуқӣ бо суғуртакунанда (ташкилоти суғуртавӣ) оид ба ҳисоби тарифҳои суғуртавӣ, захираҳои суғуртавии суғуртакунанда, баҳодиҳии лоиҳаҳои сармоягузории он бо истифодаи ҳисобҳои актуарӣ фаъолият намоянд.

2. Суғуртакунандагон (ташкилотҳои суғуртавӣ) ӯҳдадоранд оид ба натиҷаҳои ҳар як соли молиявӣ баҳодиҳии актуарии ӯҳдадориҳои суғуртавии қабулнамудаашонро (захираҳои суғуртавиашонро) гузаронанд. Натиҷаҳои баҳодиҳии актуарӣ бояд дар хулосаи дахлдоре, ки ба мақомоти давлатии назорати суғурта пешниҳод мешавад, дарҷ гарданд.

3. Талаботро оид ба тартиби гузаронидани имтиҳони тахассусии актуарийҳои суғуртавӣ, додан ва аз эътибор соқит донистани шаҳодатномаҳои тахассусиро мақомоти ваколатдори давлатӣ муқаррар менамояд.

Моддаи 12. Таваккали суғуртавӣ, ҳодисаи суғуртавӣ

1. Таваккали суғуртавӣ ҳодисаи тасодуфие мебошад, ки дар ҳолати рух додани он суғурта гузаронида мешавад.

2. Ҳодисае, ки ба сифати таваккали суғуртавӣ ҳисобида мешавад, бояд аломатҳои эҳтимолият ва тасодуфияти фарорасӣ дошта бошад.

3. Ҳодисаи суғуртавӣ ҳодисаи баамаломадае мебошад, ки онро шартномаи суғурта ё қонун пешбинӣ намудааст ва ҳангоми рух додани он суғуртакунанда (ташкилоти суғуртавӣ) ӯҳдадор мешавад, ки нисбат ба суғурташаванда, фоидагиранда ё дигар шахсони сеюм пардохти суғуртавиро анҷом диҳад.

Моддаи 13. Маблағи суғуртавӣ ва пардохти суғуртавӣ

1. Ҳангоми анҷом додани суғуртаи молу мулк маблағи суғуртавӣ аз арзиши воқеии он (арзиши суғуртавӣ) дар лаҳзаи бастани шартномаи суғурта зиёд буда наметавонад.

2. Ҳангоми анҷом додани суғуртаи шахсӣ маблағи суғуртавӣ аз тарафи суғуртакунанда (ташкилоти суғуртавӣ) дар мувофиқа бо суғурташаванда муқаррар карда мешавад.

3. Тарафҳо оид ба арзиши суғуртавии молу мулк, ки шартномаи суғурта муайян намудааст, баҳс карда наметавонанд, ба истиснои ҳолате ки, агар суғуртакунанда (ташкилоти суғуртавӣ) исбот намояд, ки суғурташаванда ӯро қасдан гумроҳ намудааст.

4. Пардохти суғуртавӣ оид ба шартномаҳои суғурта бо асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор" пешбинӣ шудаанд.

5. Шартҳои суғуртаи молу мулк ва (ё) суғуртаи ҷавобгарии гражданӣ метавонанд пешбинӣ намояд, ки пардохти суғуртавӣ (ҷуброни суғуртавӣ) дар доираи маблағи суғуртавӣ бо додани молу мулки шабеҳи молу мулки талафгардида иваз карда шавад (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1079).

6. Дар ҳолати талаф ёфтан, нобуд шудани молу мулки суғурташуда суғурташаванда, фоидагиранда, бо мақсади дар андозаи пурраи маблағи суғуртавӣ гирифтани пардохти суғуртавӣ (маблағи суғуртавӣ), метавонад ба манфиати суғуртакунанда (ташкилоти суғуртавӣ) аз ҳуқуқи худ ба молу мулк даст кашад (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1079).

7. Ҳангоми анҷом додани суғуртаи шахсӣ пардохти суғуртавӣ (маблағи суғуртавӣ) ба суғурташаванда ё шахсе, ки мувофиқи шартномаи суғурта ҳуқуқи гирифтани пардохти суғуртавиро (маблағи суғуртавиро) дорад, новобаста аз маблағҳои ба ӯ мувофиқи дигар шартномаҳои суғурта, инчунин суғуртаи ҳатмии иҷтимоӣ, таъминоти иҷтимоӣ, ба тариқи ҷуброни зарар, намудҳои ҳатмӣ ва ҳатмии давлатии суғурта додашаванда сурат мегирад.

8. Ҳангоми анҷом додани суғуртаи ҳаёт суғуртакунанда (ташкилоти суғуртавӣ) метавонад дар шартномаи суғурта бар иловаи маблағи суғуртавӣ пардохти қисми даромади сармоягузориро муайян намояд (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1079).

9. Ҳангоми пеш аз мӯҳлат бекор кардани шартномаи суғуртаи захирашавандаи ҳаёт маблағи баргардонидашаванда бояд дар ҳаҷме, ки шартномаи суғурта муқаррар намудааст, баргардонида шавад.

10. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ӯҳдадоранд ба суғуртакунандагон (ташкилотҳои суғуртавӣ) мувофиқи дархостҳои онҳо ҳуҷҷату хулосаҳои вобаста ба рух додани ҳодисаи суғуртавӣ ва барои ҳалли масъалаи пардохти суғуртавӣ зарурро мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Моддаи 14. Ҳаққи суғуртавӣ ва тарифи суғуртавӣ

1. Ҳаққи суғуртавӣ маблағе ба ҳисоб меравад, ки онро суғурташаванда ба суғуртакунанда (ташкилоти суғуртавӣ) дар асоси шартномаи суғурта мепардозад.

2. Андозаи ҳаққи суғуртавӣ оид ба суғуртаи ихтиёрӣ дар асоси арзиши аслии молу мулк ва ё маблағи байни худ мувофиқанамудаи суғурташаванда ва суғуртакунанда (ташкилоти суғуртавӣ) муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1079).

3. Андозаи ҳаққи суғуртавӣ оид ба суғуртаи ҳатмиро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1079).

4. Тарифи суғуртавӣ меъёри андозаи ҳаққи суғуртавӣ мебошад, ки онро суғуртакунандагон (ташкилотҳои суғуртавӣ) мустақилона бо назардошти объектҳои суғурта ва хусусияти таваккали суғуртавӣ муайян менамоянд.

5. Ҳадди андозаи тарифҳои суғуртавӣ дар асоси ҳисобҳои актуарӣ муқаррар карда шуда, ба мақомоти ваколатдори давлатӣ барои мувофиқа пешниҳод мегардад (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1079).

Моддаи 15. Суғуртаи муштарак

Дар суғуртаи муштараки ҳамон як объекти суғурта якчанд суғуртакунанда (ташкилоти суғуртавӣ), ки мувофиқи як шартномаи суғурта шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд, ҳуқуқи иштирок намуданро доранд.

Моддаи 16. Фаъолияти азнавсуғуртакунӣ

1. Фаъолияти азнавсуғуртакунӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси иҷозатнома барои фаъолияти суғуртавӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ дода шудааст, амалӣ карда мешавад.

2. Дар баробари шартномаи азнавсуғуртакунӣ ба сифати тасдиқи созиши байни суғурташаванда ва суғуртакунанда метавонанд ҳуҷҷатҳои дигаре, ки маъмулан аз муомилоти корӣ бармеоянд, истифода бурда шаванд.

3. Суғуртакунандагон (суғуртакунандагони бевосита) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз он ҷумла ташкилотҳои суғуртавии хориҷӣ ва ташкилотҳои суғуртавии бо сармоягузории хориҷӣ таъсисёфта, дар сурати вуҷуд доштани ташкилотҳои ватании суғуртавие, ки таваккалҳои суғуртавиро ба азнавсуғуртакунӣ қабул менамоянд, ӯҳдадоранд ба онҳо на камтар аз 5 фоиз таваккалҳои аз рӯи шартномаҳои асосии суғурта қабулшударо ба азнавсуғуртакунӣ диҳанд (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1079).

4. Суғуртаи ҳатмии давлатӣ аз нав суғурта карда намешавад.

5. Ташкилотҳои азнавсуғуртакунандаи хориҷӣ танҳо дар ҳолати мавҷуд будани рейтинги ташкилотҳои байналмилалии рейтингӣ ба азнавсуғуртакунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ дода мешаванд. Талаботро нисбат ба рейтинг мақомоти ваколатдори давлатӣ муайян менамояд.

6. Дигар масъалаҳои марбут ба фаъолияти азнавсуғуртакунӣ дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ амалӣ мегарданд.

БОБИ 2. ТАЪМИНИ УСТУВОРИИ МОЛИЯВИИ СУҒУРТАКУНАНДА (ТАШКИЛОТИ СУҒУРТАВӢ)

Моддаи 17. Шартҳои таъмини устувории молиявии суғуртакунанда (ташкилоти суғуртавӣ)

1. Кафолатҳои таъмини устувории молиявии суғуртакунанда (ташкилоти суғуртавӣ) инҳо мебошанд:

- тарифҳои суғуртавии аз ҷиҳати иқтисодӣ асоснокшуда;

- захираҳои суғуртавие, ки барои иҷрои ӯҳдадориҳо мувофиқи шартномаҳои суғурта, суғуртаи муштарак ва азнавсуғуртакунб кофӣ мебошанд;

- маблағҳои хусусӣ;

- азнавсуғуртакунӣ.

2. Захирраҳои суғуртавӣ ва маблағҳои хусусӣ бояд бо дороиҳое, ки ба талаботи гуногуншаклӣ, пардохтпазирӣ, бозгардонӣ ва фоидаоварӣ ҷавобгӯянд, таъмин карда шаванд.

3. Маблағҳои хусусии суғуртакунандагон (ташкилотҳои суғуртавӣ) сармояи оинномавӣ, сармояи захиравӣ, сармояи иловагӣ ва даромади тақсимнашударо дар бар мегиранд.

4. Суғуртакунандагон (ташкилотҳои суғуртавӣ) бояд дорои сармояи оинномавии ба пуррагӣ пардохтшуда бошанд, ки андозаи он аз андозаи ҳадди ақали сармояи оинномавии барои ташкилотҳои суғуртавии навбунёд муқарраршуда паст набошад (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1079).

5. Андозаи ҳадди ақали сармояи оинномавии ташкилотҳои суғуртавии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

6. Ташкилотҳои суғуртавии навбунёд, ташкилотҳои суғуртавӣ бо иштироки сармоягузорони хориҷӣ, ба истиснои ҷамъиятҳои саҳомӣташкилотҳои суғуртавӣ, ӯҳдадоранд дорои андозаи ҳадди ақали сармояи оинномавӣ бошанд, ки он дар лаҳзаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти суғуртавӣ аз тарафи муассисонаш бояд пурра ва танҳо дар шакли пулӣ бо асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1079).

7. Ташкилёбии сармояи оинномавии ҷамъиятҳои саҳомӣ-ташкилотҳои суғуртавӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" сурат мегирад.

8. Ба сармояи оинномавӣ ворид намудани маблағҳои қарзӣ ва молу мулки даргаравбуда манъ аст.

9. Ҳадди ақали андозаи сармояи оинномавии суғуртакунанда (ташкилоти суғуртавӣ) метавонад на зиёда аз як маротиба дар ду сол танҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир дода шавад (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1079).

10. Суғуртакунандагон (ташкилотҳои суғуртавӣ) ӯҳдадоранд дар қисми ташаккули захираҳои суғуртавӣ, таркибу сохтори дороиҳои барои пӯшонидани захираҳои суғуртавӣ қабулшаванда, квотаҳо барои азнавсуғуртакунӣ, таносуби меъёрии маблағҳои хусусии суғуртакунанда (ташкилоти суғуртавӣ) ва ӯҳдадориҳои гирифташуда, таркибу сохтори дороиҳои барои пӯшонидани маблағҳои хусусии суғуртакунанда (ташкилоти суғуртавӣ) қабулшаванда, инчунин дар қисмати додани кафолатҳои бонкӣ талаботи устувории молиявии муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти ваколатдори давлатиро риоя намоянд.

11. Суғуртакунанда (ташкилоти суғуртавӣ) метавонад ӯҳдадориҳои бо шартномаҳои суғурта қабулнамудаашро (портфели суғуртавиро) ба як ё якчанд суғуртакунанда (ивази суғуртакунанда) интиқол намояд, ки барои амалигардонии намудҳои суғуртаи дар портфели суғуртавии мазкурбуда иҷозатнома доранд ва дорои маблағҳои хусусии кофӣ мебошанд, яъне ба талаботи пардохтпазирӣ бо назардошти ӯҳдадориҳои навқабулшуда ҷавобгӯянд. Интиқоли портфели суғуртавӣ бо тартибе, ки мақомоти ваколатдори давлатӣ муқаррар намудааст, сурат мегирад.

12. Интиқоли портфели суғуртавӣ дар ҳолатҳои зерин сурат гирифта наметавонад:

- бастани шартномаҳои суғуртае, ки мансуб ба интиқол мебошанд, бо вайрон намудани тартиби муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ;

- аз тарафи суғуртакунандае (ташкилоти суғуртавие), ки портфели суғуртавиро қабул менамояд, риоя нагардидани талаботи устувории молиявии дар қисмҳои 1-5 моддаи мазкур муқарраршуда;

- мавҷуд набудани розигии хаттии суғурташавандагон ба- иваз намудани суғуртакунанда (ташкилоти суғуртавӣ);

- дар иҷозатномаи суғуртакунандае (ташкилоти суғуртавие), ки портфели суғуртавиро қабул менамояд, зикр нагардидани намуди суғуртае, ки оид ба он шартномаҳои суғуртавӣ баста шудаанд;

- мавҷуд набудани дороиҳои барои таъмини захираҳои суғуртавӣ қабулшаванда (ба истиснои ҳолатҳои нодорамӣ (муфлисшавӣ) дар суғуртакунандае (ташкилоти суғуртавие), ки портфели суғуртавиро интиқол менамояд.

13. Ҳамзамон бо интиқоли портфели суғуртавӣ интиқоли дороиҳо дар андозаи захираҳои суғуртавӣ, ки ба ӯҳдадориҳои суғуртавии интиқолшаванда мувофиқ аст, сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1079).

14. Дар ҳолате, ки агар қоидаҳои суғуртаи суғуртакунандае (ташкилоти суғуртавие), ки портфели суғуртавиро қабул менамояд, ба қоидаҳои суғуртаи суғуртакунандае (ташкилоти суғуртавие), ки портфели суғуртавиро интиқол менамояд, мувофиқат накунанд, тағйир додани шартҳои шартномаҳои суғурта бояд бо суғурташаванда мувофиқа карда шаванд.

Моддаи 18. Меъёри таносуби ӯҳдадориҳои бо шартномаи суғурта қабулшуда бо маблағи сармояи хусусӣ ва захираҳои суғуртавӣ

1. Меъёри ҳаҷми ниҳоии ӯҳдадориҳои суғуртакунанда (ташкилоти суғуртавӣ) дар шартномаи мушаххаси суғурта ё азнавсуғуртакунӣ аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ бо назардошти маблағи сармояи хусусии суғуртакунанда (ташкилоти суғуртавӣ) муқаррар карда мешавад.

2. Суғуртакунанда (ташкилоти суғуртавӣ) ҳуқуқ дорад ӯҳдадориҳои шартномаи суғурта ё азнавсуғуртакуниро бо зиёд намудани меъёри дар қисми 1 моддаи мазкур нишондодашуда қабул намояд, танҳо ба шарте ки, агар қисми зиёди таваккалҳои оид ба иҷрои ӯҳдадориҳои қабулшуда аз нав суғурта карда шуда бошанд.

Моддаи 19. Захираҳои суғуртавӣ

1. Барои таъмини иҷрои ӯҳдадориҳои мувофиқи шартномаҳои амалкунандаи суғурта ва азнавсуғуртакунӣ қабулкарда суғуртакунанда (ташкилоти суғуртавӣ) ӯҳдадор аст дорои захираҳои суғуртавии дар ҳаҷми аз тарафи актуарий ҳисобкардашуда буда, онҳоро барои мувофиқа ба мақомоти давлатии назорати суғурта пешниҳод намояд.

2. Маблағҳои захираҳои суғуртавӣ танҳо барои аз тарафи суғуртакунанда (ташкилоти суғуртавӣ) амалӣ намудани пардохтҳои суғуртавӣ вобаста ба иҷрои ӯҳдадориҳои худ мувофиқи шартномаҳои амалкунандаи суғурта ва азнавсуғуртакунӣ пешбинӣ карда мешаванд.

3. Талаботро нисбат ба ташкилдиҳӣ, услуби ҳисоби захираҳои суғуртавӣ ва тартиби ҷойгиркунии маблағҳои захираҳои суғуртавӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти ваколатдори давлатӣ муқаррар менамояд.

4. Истифодаи ғайримақсадноки захираҳои суғуртавӣ манъ аст.

5. Суғуртакунандагон (ташкилотҳои суғуртавӣ) ҳуқуқ доранд бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои захираҳои суғуртавиро сармоягузорӣ намоянд.

6. Ҷойгиронии захираҳои суғуртавӣ бояд бо шартҳои гуногуншаклӣ, бозгардонӣ, фоидаоварӣ ва пардохтпазирӣ сурат гирад.

7. Суғуртакунандагон (ташкилотҳои суғуртавӣ) ҳуқуқ доранд истифодаи мақсадноки маблағҳои барои тадбирҳои пешгирикунӣ ба суғурташаванда ҷудокардашударо мавриди санҷиш қарор диҳанд.

8. Дар ҳолати аз тарафи суғурташаванда ғайримақсаднок истифода шудани маблағҳои ба ӯ барои тадбирҳои пешгирикунӣ ҷудогардида, суғурташаванда ва суғуртакунанда (ташкилоти суғуртавӣ) ӯҳдадоранд, ки ин маблағҳоро аз ҳисоби маблағҳои хусусии суғурташаванда ҷиҳати истифодаи мақсаднок барои тадбирҳои пешгирикунӣ барқарор намоянд.

Моддаи 20. Баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ

1. Суғуртакунандагон (ташкилотҳои суғуртавӣ) баҳисобгирии муҳосибиро пеш мебаранд, мутобиқи нақшаи ҳисобҳо, қоидаҳои баҳисобгирии муҳосибӣ, шаклҳои баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ, ки мақомоти ваколатдори давлатӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тасдиқ менамоянд, ҳисоботдиҳии муҳосибавӣ ва омориро таҳия менамоянд (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1079).

2. Баҳисобгирии амалиёт оид ба суғуртаи объектҳои суғуртаи шахсӣ ва баҳисобгирии амалиёт оид ба суғуртаи объектҳои дигари суғурта алоҳида сурат мегиранд.

3. Суғуртакунандагон (ташкилотҳои суғуртавӣ) ҳисоботдиҳии муҳосибӣ ва оморӣ, инчунин маълумоти дигарро бо шаклу тартибе, ки мақомоти ваколатдори давлатӣ муқаррар намудаанд, ба мақомоти давлатии назорати суғурта пешниҳод менамоянд.

4. Брокерҳои суғуртавӣ бо тартиби муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ маълумотро оид ба фаъолияти брокерӣ ба мақомотгдавлатии назорати суғурта пешниҳод менамоянд.

Моддаи 21. Нашри ҳисоботи муҳосибии солонаи суғуртакунандагон (ташкилотҳои суғуртавӣ)

1. Суғуртакунандагон (ташкилотҳои суғуртавӣ) ҳисоботи муҳосибии солонаашонро бо тартиб ва дар мӯҳлате, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, баъди гирифтани хулосаи аудиторӣ дар бораи дурустии маълумоти дар ин ҳисобот дарҷгардида, нашр менамоянд.

2. Нашри ҳисоботи муҳосибии солона бояд дар нашрияҳои расмӣ, инчунин дар воситаҳои ахбори омма, ки дар маҳали амалигардонии фаъолияти суғуртакунанда (ташкилоти суғуртавӣ) паҳн мешавад, сурат гирад. Оид ба хулосаи аудиторӣ ва нашр шудани ахбор суғуртакунанда (ташкилоти суғуртавӣ) ба мақомоти давлатии назорати суғурта маълумот медиҳад.

БОБИ 3. НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ СУБЪЕКТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУҒУРТАВӢ

Моддаи 22. Назорати давлатии субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ

1. Назорати давлатии субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ (минбаъдназорати суғурта) бо мақсади аз тарафи онҳо риоя шудани қонунгузории суғуртавӣ, пешгирӣ ва қать намудани вайроншавии қонунгузорӣ, таъмини ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии суғурташавандагон, шахсони дигари манфиатдор ва давлат, рушди самараноки фаъолияти суғуртавӣ амалӣ карда мешавад.

2. Назорати суғурта дар асоси принсипҳои қонуният, ошкорбаёнӣ ва муттаҳидии ташкилӣ амалӣ мегардад.

3. Вазифаҳои назорати суғурта инҳо мебошанд:

- татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи суғурта;

- муқаррар намудани принсипҳои суғурта;

- ташаккули механизмҳои суғурта, ки амнияти иқтисодии шахсон ва субъектҳои хоҷагидории суғурташударо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамоянд.

4. Назорати суғуртаро мақомоти давлатии назорати суғурта иҷрс менамояд. Мақомоти давлатии назорати суғурта ба маълумоти субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ иттилооти зеринро мерасонад:

- шарҳи масъалаҳое, ки ба салоҳияти мақомоти давлатии назорати суғурта тааллуқ доранд;

- санадҳо дар бораи маҳдуд намудан, боздоштан ё барқарор намудани амали иҷозатнома барои амалигардонии фаъолияти суғуртавӣ;

- санадҳо дар бораи бозхонди иҷозатнома барои амалигардонии фаъолияти суғуртавӣ;

- маълумоти дигар оид ба масъалаҳои назорат дар соҳаи фаъолияти суғуртавӣ;

- санадҳои меъёрии ҳуқуқии аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ қабулшаванда.

5. Назорати суғурта инҳоро дар бар мегирад:

- иҷозатномадиҳии субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ ва пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ;

- назорати риоя шудани қонунгузории суғурта, аз ҷумла тавассути дар маҳалҳо гузаронидани санҷиши субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ ва дурустии ҳисоботи аз тарафи онҳо пешниҳодшаванда, инчунин назорати аз тарафи суғуртакунандагон (ташкилотҳои суғуртавӣ) таъмин карда шудани устувории молиявӣ ва пардохтпазирии онҳо;

- дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур дар муддати 30 рӯз додани иҷозат барои баланд бардоштани андозаи сармояҳои оинномавии ташкилотҳои суғуртавӣ аз ҳисоби маблағҳои сармоягузорони хориҷӣ, барои бо иштироки сармоягузорони хориҷӣ анҷом додани муомилот оид ба бегонакунии саҳмияҳои (ҳиссаҳо дар сармояҳои оинномавии) ташкилотҳои суғуртавӣ, барои кушодани намояндагиҳои ташкилотҳои суғуртавии хориҷӣ, ташкилотҳои азнавсуғуртакунӣ, брокерӣ ва дигар ташкилотҳое, ки дар соҳаи суғурта фаъолият мекунанд (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1079);

- назорати аз тарафи суғуртакунандагон (ташкилотҳои суғуртавӣ) риоя шудани тартиб ва шартҳои ташкилдиҳии захираҳои (фондҳои) суғуртавӣ оид ба ҳамаи намудҳои суғурта;

- назорати аз тарафи суғуртакунандагон (ташкилотҳои суғуртавӣ) риоя шудани таносубҳои меъёрӣ байни дороиҳо ва ӯҳдадориҳои суғуртавии аз тарафи онҳо қабулшуда;

- назорати фаъолияти молиявию хоҷагидории суғуртакунандагон (ташкилотҳои суғуртавӣ) вобаста ба талаботи қонунгузорӣ оид ба фаъолияти суғуртавӣ;

- назорати аз тарафи суғуртакунандагон (ташкилотҳои суғуртавӣ) риоя шудани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1079);

- назорати қонунӣ будани амалҳои ҳам суғуртакунандагон (ташкилотҳои суғуртавӣ) ва ҳам суғурташавандагоне, ки шартномаи суғурта бастаанд.

6. Субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ ӯҳдадоранд:

- ба мақомоти давлатии назорати суғурта дар бораи фаъолияти худ ҳисоботи муқарраршуда ва дар бораи вазъи молиявии худ ахборот пешниҳод намоянд;

- талаботи қонунгузории суғуртаро риоя намоянд, таъиноти мақомоти давлатии назорати суғуртаро оид ба бартараф намудани вайроншавии қонунгузории суғурта иҷро ва дар бораи иҷрои саривақтии таъинот ба мақомоти давлатии назорати суғурта ахбороти хаттӣ пешниҳод намоянд;

- ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм" доир ба ҳамагуна аҳд ва амалиёти шубҳанок оид ба анҷом додани пардохти суғурта ё гирифтани он хабар диҳанд (Қонуни ҶТ аз 14.03.2014 № 1079);

- тибқи дархости мақомоти давлатии назорати суғурта ахбороти барои амалигардонии назорати суғурта заруриро пешниҳод намоянд.

Моддаи 23. Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти суғуртавӣ

Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти суғуртавӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" амалӣ карда мешавад.

Моддаи 24. Талаботи тахассусӣ ва талаботи дигар

1. Роҳбари субъекти фаъолияти суғуртавӣ - шахси ҳуқуқӣ бояд таҳсилоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ дошта бошад, ки бо ҳуҷҷат дар бораи таҳсилоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ тасдиқ шудааст ва он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор дорад, инчунин бояд дар соҳаи суғурта ва (ё) молия на камтар аз ду сол собиқаи корӣ дошта бошад.

2. Сармуҳосиби суғуртакунанда (ташкилоти суғуртавӣ) ё сармуҳосиби брокери суғуртавӣ бояд таҳсилоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ дошта бошад, ки бо ҳуҷҷат дар бораи таҳсилоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ тасдиқ шудааст ва он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор дорад, инчунин бояд на камтар аз ду сол собиқаи корӣ аз рӯи ихтисоси худ дар ташкилоти суғурта ва (ё) ташкилоти брокерӣ дошта бошад.

3. Актуарийи суғуртавӣ бояд таҳсилоти олии математикӣ, техникӣ ё иқтисодӣ, ки бо ҳуҷҷат дар бораи таҳсилоти олии математикӣ, техникӣ ё иқтисодӣ тасдиқ шудааст ва он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор дорад, инчунин бояд шаҳодатномаи тахассусӣ, ки дониши ӯро дар соҳаи ҳисобҳои актуарӣ тасдиқ менамояд, дошта бошад.

4. Роҳбар ва сармуҳосиби субъекти фаъолияти суғуртавӣ - шахси ҳуқуқӣ бояд доимӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат кунанд.

Моддаи 25. Риояи сирри тиҷоратӣ ва сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда

Шахсони мансабдори мақомоти давлатии назорати суғурта ҳуқуқ надоранд дар ҳар кадом шакл маълумоти дорои сирри тиҷоратӣ ва сирри дигари бо қонун ҳифзшавандаи субъекти фаъолияти суғуртавиро ошкор намоянд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.

Моддаи 26. Андозбандии фаъолияти суғуртавӣ

Андозбандии иштирокчиёни фаъолияти суғуртавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Моддаи 27. Қатъ гардидани фаъолияти суғуртакунанда (ташкилоти суғуртавӣ)

1. Фаъолияти суғуртакунанда (ташкилоти суғуртавӣ) тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда мешавад.

2. Барои барҳам додани суғуртакунанда (ташкилоти суғуртавӣ) комиссияи барҳамдиҳӣ бо иштироки мақомоти давлатии назорати суғурта таъсис дода мешавад.

БОБИ 4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 28. Баррасии баҳсҳо

Баҳсҳо вобаста ба масъалаҳои суғуртавӣ бо тартиби судӣ ҳал карда мешаванд.

Моддаи 29. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарб кашида мешаванд.

Моддаи 30. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғурта"

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июли соли 1994 "Дар бораи суғурта" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1994, №14, мод. 207; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон, с. 1997, №9, мод. 117, фасли XXII; №23-24, мод. 333, фасли XVI; с. 1999, №5, мод. 73; с. 2001, №4, мод. 179; с. 2005, №12, мод. 635; с. 2008, №3, мод. 197) аз эътибор соқит дониста шавад.

Моддаи 31. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

1. Қонуни мазкур, ба истиснои моддаи 11, пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

2. Муқаррароти моддаи 11 Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2014 мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

29 декабри соли 2010 № 681

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ" қабул карда шавад.

2. Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июли соли 1994, №982 "Дар хусуси ба мавқеи иҷро гузоштани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғурта" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1994, №14, мод.208) аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Зуҳуров

ш.Душанбе, 8 декабри соли 2010, № 248

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ" баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев

ш. Душанбе, 16 декабри соли 2010 № 116

Муқаррароти моддаи 11 Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2014 мавриди амал қарор дода шавад.

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ СУҒУРТАВӢ

Қонуни мазкур муқаррароти асосиро оид ба амалигардонии суғурта ҳамчун намуди фаъолияти соҳибкорӣ, хусусиятҳои ташкил намудан, иҷозатномадиҳӣ, танзим, қатъ намудани фаъолияти ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунанда), брокерҳои суғуртавӣ, шартҳои фаъолияти дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар бозори суғурта, масъалаҳои танзими давлатии фаъолияти суғуртавӣ ва принсипҳои таъмини назорати фаъолияти суғуртавиро муайян менамояд.

Мақсади Қонуни мазкур аз таъмини ҳимояи манфиатҳои молумулкии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми рух додани ҳодисаҳои суғуртавӣ иборат мебошад.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти суғуртавӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти суғуртавӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- агенти суғуртавӣ - шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки оид ба бастани шартномаи суғурта аз номи ташкилоти суғуртавӣ ва бо супориши он мувофиқи салоҳияти ба ӯ додашуда фаъолияти миёнаравиро иҷро мекунад;

- актуарий - шахси воқеӣ, ки вобаста ба амалигардонии ҳисобҳои иқтисодии математикии ҳаҷми ӯҳдадориҳо тибқи шартномаҳои суғурта ва азнавсуғуртакунӣ бо мақсади таъмин намудани сатҳи зарурии пардохтпазирӣ ва устувории молиявии ташкилоти суғуртавӣ фаъолият менамояд;

- амонати ҳаққи суғуртавӣ - ҳангоми азнавсуғуртакунӣ аз тарафи суғуртакунанда нигоҳ доштани қисми ҳаққи суғуртавӣ ҳамчун кафолати аз тарафи азнавсуғуртакунанда иҷро гардидани ӯҳдадориҳои он;

- азнавсуғуртакунӣ - фаъолият ва муносибатҳои бо он вобаста, ки бинобар минбаъд аз тарафи ташкилоти суғуртавӣ ба ташкилоти азнавсуғуртакунанда интиқол намудани ҳамаи таваккалҳо ё қисми таваккалҳои суғуртавии тибқи шартномаи азнавсуғуртакунии байни онҳо басташуда ба вуҷуд омадаанд;

- брокери суғуртавӣ - шахси ҳуқуқӣ, ки оид ба масъалаҳои суғурта ва азнавсуғуртакунӣ фаъолияти машваратчигӣ ва оид ба бастани шартномаҳои суғурта ё шартномаҳои азанавсуғуртакунӣ аз номи худ ва бо супориши суғурташаванда фаъолияти миёнаравиро иҷро менамояд;

- захираҳои суғуртавӣ - фондҳое, ки ташкилотҳои суғуртавӣ барои таъмин намудани кафолатҳои пардохтҳои суғуртавӣ тибқи шартномаҳои суғурта ва азнавсуғуртакунӣ ташкил менамоянд;

- қоидаҳои суғурта - ҳуҷҷати таҳиянамудаи ташкилоти суғуртавӣ, ки шартҳои анҷомдиҳии суғуртаро оид ба намуди муайяни суғурта муқаррар менамояд;

- маблағи бозгардонидашаванда - маблағе, ки суғурташаванда ҳуқуқ дорад онро дар ҳолати пеш аз мӯҳлат қатъ гардидани амали шартномаи суғуртаи захирашаванда гирад;

- маблағи суғуртавӣ - ҳадди ниҳоии масъулият, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст ва (ё) бо шартномаи суғурта муайян карда шудааст ва аз рӯи он ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ ҳаҷмҳои ҳаққи суғуртавӣ ва пардохти суғуртавӣ муқаррар карда мешаванд;

- пардохти суғуртавӣ - маблағи пулие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст ва (ё) бо шартномаи суғурта муайян карда шудааст ва суғуртакунанда онро ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ ба суғурташаванда, фоидагиранда мепардозад;

- портфели суғуртавӣ - маҷмӯи ҳамаи шартномаҳои басташудаи суғурта;

- полиси суғуртавӣ - ҳуҷҷати тасдиқкунандаи воқеан баста шудани шартномаи суғурта, ки суғуртакунанда ба суғурташаванда медиҳад;

- суғурта - муносибатҳо оид ба ҳимояи манфиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми рух додани ҳодисаҳои суғуртавӣ;

- суғуртаи аннуитетӣ - суғуртае мебошад, ки бастани шартномаҳои суғуртаро оид ба пардохтҳои дарозмӯҳлати баробарҳаҷм пешбинӣ менамояд;

- суғуртаи ихтиёрӣ - суғуртае, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шартномаи байни суғурташавандаю суғуртакунанда ба таври ихтиёрӣ сурат мегирад;

- суғуртаи муштарак - суғуртае, ки ду ё зиёда аз он суғуртакунанда бо ҳиссаҳои муайян дар суғуртаи ҳамон як таваккал бо додани полиси суғуртавии якҷоя ё полиси суғуртавии алоҳида, ки дар ҳар кадомаш мутобиқан ҳиссаи маблағи суғуртавӣ нишон дода шудааст, иштирок менамоянд;

- суғуртаи ҳатмии давлатӣ - суғуртае, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешавад;

- суғуртаи ҳатмӣ - суғуртае, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ анҷом дода мешавад;

- суғуртакунанда (ташкилоти суғуртавӣ) - шахси ҳуқуқӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси иҷозатномаи дахлдоре, ки мақомоти ваколатдори давлатӣ додааст, фаъолияти суғуртавиро амалӣ менамояд;

- суғурташаванда - шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки дар шартномаи суғурта тараф ба ҳисоб рафта, ҳаққи суғуртавиро мепардозад ва мувофиқи қонун ё эътибори шартнома ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ дар доираи масъулияти суғурташуда ё маблағи суғуртавии дар шартнома зикргардида ҳуқуқи гирифтани ҷубронро дорад;

- тарифи суғуртавӣ - меъёри ҳаққи суғуртавӣ аз воҳиди маблағи суғуртавӣ барои давраи муайяни суғурта;

- фаъолияти суғуртавӣ - соҳаи фаъолияти суғуртакунандагон оид ба суғурта, азнавсуғуртакунӣ, суғуртаи муштарак, инчунин фаъолияти брокерҳои суғуртавӣ, актуарийҳои суғуртавии ба хизматрасониҳои суғурта ва азнавсуғуртакунӣ алоқаманд;

- фоидагиранда - шахси дар шартномаи суғурта зикргардида, ки ин шартнома ба фоидаи ӯ баста шудааст;

- шартномаи суғурта - созишномаи хаттии байни суғурташаванда ва суғуртакунанда, ки дар асоси он суғурташаванда ӯҳдадор мешавад ҳаққи суғуртавиро дар мӯҳлати муқарраршуда пардозад, суғуртакунанда бошад, ӯҳдадор мешавад, ки ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ нисбати суғурташаванда ё шахси дигаре, ки шартномаи суғурта ба манфиати ӯ баста шудааст, пардохти суғуртавиро амалӣ намояд;

- ҳаққи суғуртавӣ - маблағи пулие, ки суғурташаванда бояд онро дар ҳаҷми муайяннамудаи шартномаи суғурта ба суғуртакунанда, ки ба зиммаи худ ӯҳдадории ба анҷом расонидани пардохти суғуртавиро нисбати суғурташаванда, фоидагиранда гирифтааст, пардохт намояд;

- ҳодисаи суғуртавӣ - ҳодисае, ки ҳангоми рух додани он тибки қонун ё шартномаи суғурта суғуртакунанда ӯҳдадор аст, нисбат ба суғурташаванда, фоидагиранда ё дигар шахсони сеюм пардохти суғуртавиро амалӣ намояд;

- ҳодисаи нохуш - ҳодисаи ногаҳонӣ ва кӯтоҳмуддате, ки сарфи назар аз иродаи инсон рух дода, дар натиҷаи он ба ҷисми суғурташуда таъсири берунии механикӣ, барқӣ, кимиёвӣ ё гармӣ расидааст ва инчунин аз офатҳои табиӣ саломатии ӯ зарар дида, вай маъюб гаштааст ё сабаби фавти ӯ шудааст.

Моддаи 3. Шаклҳои суғурта

1. Суғурта дар шаклҳои ихтиёрӣ, ҳатмӣ ва ҳатмии давлатӣ анҷом дода мешавад.

2. Суғуртаи ихтиёрӣ дар асоси шартномаи суғурта ва қоидаҳои суғурта, ки шартҳои умумӣ ва тартиби гузаронидани онро муайян менамоянд, амалӣ мегардад. Қоидаҳои суғурта муқарраротро дар бораи субъектҳо ва объектхои суғурта, ҳодисаҳои суғуртавӣ, таваккалҳои суғуртавӣ, тартиби муайян намудани маблағи суғуртавӣ, тарифи суғуртавӣ, ҳаққи суғуртавӣ, тартиби бастан, иҷро ва қатъ намудани шартномаҳои суғурта, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои тарафҳо, муайян намудани андозаи талафот ё зарар, тартиби муайян намудани пардохти суғуртавӣ, ҳолатҳои рад намудани пардохти суғуртавӣ ва муқаррароти дигарро дар бар мегиранд.

3. Қоидаҳои суғурта аз тарафи суғуртакунанда ё иттиҳодияи суғуртакунандагон мустақилона тибқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни мазкур таҳия гардида, бо мақомоти давлатии назорати суғурта мувофиқа карда мешаванд.

4. Суғуртаи ҳатмӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба объектҳои афзалиятноки ҳимояи суғуртавии манфиатҳои молумулкии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ татбиқ карда мешавад.

5. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин метавонад суғуртаи ҳатмии ҳаёт, саломатӣ ва молумулкии шарҳрвандонро аз ҳисоби маблағҳои пешбиннинамудаи буҷети дахлдор муайян намояд.

6. Шарту талаботи суғуртаи ҳатмиро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.

7. Суғуртаи ҳатмии давлатиро танҳо ташкилотҳои суғуртавии давлатӣ анҷом медиҳанд.

Моддаи 4. Соҳаҳо, гурӯҳҳо ва намудҳои суғурта

1. Барои ташкил ва амалӣ намудани танзими давлатӣ ва иҷозатномадиҳии фаъолияти суғуртавӣ, суғурта ба шаклҳо, соҳаҳо, гурӯҳҳо ва намудҳо ҷудо мешавад.

2. Соҳаи "суғуртаи ҳаёт" дар шакли суғуртаи ихтиёрӣ гурӯҳҳои зеринро дар бар мегирад:

- суғуртаи ҳаёт;

- суғурта ҳангоми фарорасии ягон ҳодиса дар ҳаёт;

- суғуртаи аннуитетӣ.

3. Соҳаи "суғуртаи умумӣ" дар шакли суғуртаи ихтиёрӣ гурӯҳҳои зеринро дар бар мегирад:

- суғурта аз ҳодисаҳои нохуш;

- суғурта ҳангоми беморӣ;

- суғуртаи нақлиёти автомобилӣ;

- суғуртаи нақлиёти роҳи оҳан;

- суғуртаи нақлиёти ҳавоӣ;

- суғуртаи нақлиёти обӣ;

- суғуртаи борҳо;

- суғуртаи молу мулк аз зарар, ба истиснои гурӯҳҳои дар сархатҳои сеюм ва ҳафтуми ҳамин қисм зикргардида;

- суғуртаи масъулияти шаҳрвандию ҳуқуқии соҳибони нақлиёти автомобилӣ;

- суғуртаи масъулияти шаҳрвандию ҳуқуқии соҳибони нақлиёти ҳавоӣ;

- суғуртаи масъулияти шаҳрвандию ҳуқуқии соҳибони нақлиёти обӣ;

- суғуртаи масъулияти шаҳрвандию ҳуқуқӣ, ба истиснои гурӯҳҳои дар сархатҳои нӯҳум ва ёздаҳуми ҳамин қисм нишондодашуда;

- суғуртаи қарзҳо;

- суғуртаи ипотекӣ;

- суғуртаи кафолатҳо;

- суғурта аз дигар талафоти молиявӣ;

- суғуртаи хароҷоти судӣ.

4. Талаботи иловагиро оид ба шартҳои гузаронидани суғуртаи гурӯҳи (намуди) алоҳида дар шакли ихтиёрии суғурта санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти ваколатдори давлатӣ дар доираи гурӯҳҳои (намудҳои) алоҳидаи суғурта муқаррар менамоянд.

5. Намуди суғурта маҳсули суғуртавиест, ки ташкилоти суғуртавӣ онро дар шакли санади меъёрӣ таҳия намуда, ба суғурташаванда дар доираи як ё якчанд гурӯҳҳои суғурта тавассути бастани шартномаи суғурта пешниҳод менамояд. Ташкилоти суғуртавӣ танҳо баъди бо мақомоти давлатии назорати суғурта мувофиқа намудани қоидаҳои суғурта ва гирифтани иҷозатнома ҳуқуқ дорад оид ба бастани шартномаи суғурта дар шакли шартномаи ҳамроҳшавӣ бо додани полиси суғуртавӣ ба суғурташаванда, фаъолият намояд.

6. Ҳар як намуди суғуртаи ҳатмӣ гурӯҳи алоҳидаи суғурта ба ҳисоб меравад. Мӯҳтавои ҳар як гурӯҳ дар шакли суғуртаи ҳатмӣ ва талаботи иловагӣ нисбат ба шартҳои гузаронидани он бо қонуни танзимкунандаи суғуртаи ҳатмӣ муқаррар карда мешавад.

7. Мутобиқати соҳаҳо ва гурӯҳҳои суғуртаро санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти давлатии назорати суғурта танзим менамоянд.

8. Мӯҳтавои гурӯҳҳои суғурта:

- суғуртаи ҳаёт маҷмӯи намудҳои суғурта мебошад, ки амалӣ намудани пардохти суғуртавиро дар ҳолатҳои фавти суғурташуда ё зиндагии ӯ то охири мӯҳлати суғурта ё то синну соли бо шартномаи суғурта муайянгардида пешбинӣ менамояд;

- суғурта ҳангоми рух додани ягон ҳодиса дар ҳаёт маҷмӯи намудҳои суғуртаи захиракунандае ба ҳисоб меравад, ки ба маблағи муқарраршуда амалӣ намудани пардохти суғуртавиро ҳангоми дар ҳаёти суғурташуда рух додани ҳодисаи пешакӣ қайдгардида (бастани ақди никоҳ ё таваллуди фарзанд) пешбинӣ менамояд;

- суғуртаи аннуитетӣ маҷмӯи намудҳои суғуртаи шахсӣ мебошанд, ки ҳангоми ба синну соли муайян расидани шахси суғурташуда, гум кардани қобилияти меҳнатӣ (вобаста ба синну сол, бо сабаби маъюбӣ ё беморӣ), фавти сарпараст, бекорӣ ё дар дигар ҳолатҳое, ки даромадҳои шахсии суғурташуда кам ё талаф мешаванд, амалӣ намудани пардохтҳои суғуртавии даврагиро дар шакли нафақа ё рента пешбинӣ менамояд;

- суғурта аз ҳодисаи нохуш маҷмӯи намудҳои суғурта мебошад, ки ба маблағи муқарраршуда ва (ё) қисман ё дар ҳаҷми пурраи ҷуброни хароҷоти суғурташуда амалӣ намудани пардохти суғуртавиро дар ҳолати фавт, гум кардани (пурра ё қисман) коршоямӣ ё расидани зарар ба саломатии суғурташуда дар натиҷаи рух додани ҳодисаи нохуш, бемории касбӣ, ба истиснои суғуртаи таваккалҳои дар сархати дуюми қисми 3 ҳамин модда зикргардида, пешбинӣ менамоянд;

- суғурта ҳангоми беморӣ қисман ва (ё) дар ҳаҷми пурраи ҷуброни хароҷоти суғурташуда амалӣ намудани пардохти суғуртавиро бо сабаби беморӣ ё намуди дигари бадшавии саломатӣ, ба истиснои гурӯҳҳои дар сархати якуми қисми 3 ҳамин модда нишондодашуда, пешбинӣ менамояд;

- суғуртаи воситаҳои нақлиёти дар сархатҳои сеюм ва шашуми қисми 3 ҳамин модда нишондодашуда маҷмӯи намудҳои суғурта ба ҳисоб меравад, ки қисман ё дар ҳаҷми пурраи ҷуброн анҷом додани пардохтисуғуртавиро барои зараре, ки ба манфиатҳои молумулкии шахс вобаста ба соҳибӣ, истифодабарӣ, ихтиёрдории воситаи нақлиёт, аз ҷумла дуздидан ё рабудан, инчунин дар натиҷаи вайрон ё нобуд шудани он расонида шудааст, пешбинӣ менамояд;

- суғуртаи борҳо маҷмӯи намудҳои суғурта ба ҳисоб меравад, ки қисман ё дар ҳаҷми пурраи ҷуброн амалӣ намудани пардохти суғуртавиро барои зараре, ки ба манфиатҳои молумулкии шахс вобаста ба соҳибӣ, истифодабарӣ, ихтиёрдории бор, аз ҷумла бағоҷ, молҳо ва дигар намудҳои маҳсулот дар натиҷаи вайрон ё нобуд шудан ва гум шудани онҳо новобаста аз тарзи интиқолашон расонида шудааст, пешбинӣ менамояд;

- суғуртаи молу мулк маҷмӯи намудҳои суғурта ба ҳисоб меравад, ки қисман ё дар ҳаҷми пурраи ҷуброн амалӣ намудани пардохти суғуртавиро барои зараре, ки ба манфиатҳои молумулкии шахс вобаста ба соҳибӣ, истифодабарӣ, ихтиёрдории молу мулк дар натиҷаи вайрон ё нобуд шудан ё дуздида шудани он, ба истиснои молу мулки дар сархатҳои сеюм ва ҳафтуми қисми 3 моддаи мазкур нишондодашуда расонида шудааст, пешбинӣ менамояд;

- суғуртаи масъулияти шаҳрвандию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёти дар сархатҳои нӯҳум ва ёздаҳуми қисми 3 ҳамин модда пешбинишуда маҷмӯи намудҳои суғурта ба ҳисоб меравад, ки қисман ё дар ҳаҷми пурраи ҷуброн амалӣ намудани пардохти суғуртавиро барои зараре, ки ба манфиатҳои молумулкии шахс вобаста ба ӯҳдадории ӯ оид ба ҷуброни зарари ба шахсони сеюм расонидашуда бинобар истифода бурдани воситаи нақлиёт, аз ҷумла масъулияти шаҳрвандию ҳуқуқии интиқолкунанда расонида шудааст, пешбинӣ менамояд;

- суғуртаи масъулияти шаҳрвандию ҳуқуқӣ маҷмӯи намудҳои суғурта ба ҳисоб меравад, ки қисман ё дар ҳаҷми пурраи ҷуброни зарар амалӣ намудани пардохти суғуртавиро барои зараре, ки ба манфиатҳои молу мулкии шахс вобаста ба ӯҳдадории ӯ оид ба ҷуброни зарари ба шахсони сеюм дар натиҷаи суғуртаи ҳамаи таваккалҳо, ба истиснои таваккалҳои дар сархатҳои нӯҳум ва ёздаҳуми қисми 3 ҳамин модда нишондодашуда расонида шудааст, пешбинӣ менамояд;

- суғуртаи қарзҳо маҷмӯи намудҳои суғурта мебошад, ки пардохти суғуртавиро ҳангоми пайдо шудани зарарҳои қарздиҳанда дар натиҷаи аз тарафи суғурташаванда (қарзгиранда) иҷро нагардидани ӯҳдадориҳояш дар назди қарздиҳанда пешбинӣ менамояд;

- суғуртаи ипотекӣ (суғуртаи молу мулки ғайриманқули ба гарав мондашуда) маҷмӯи намудҳои суғурта мебошад, ки қисман ё дар ҳаҷми пурраи ҷуброн амалӣ намудани пардохти суғуртавиро барои зараре, ки ба манфиатҳои молумулкии шахс дар натиҷаи аз тарафи қарзгиранда иҷро нагардидани ӯҳдадориҳои мувофиқи шартномаи қарзи манзилии ипотекӣ ба зимма гирифтааш, бинобар паст шудани нархи бозории манзиле, ки молу мулки барои қарзи манзилии ипотекӣ багаравмондашуда мебошад, расонида шудааст, пешбинӣ менамояд;

- суғуртаи кафолатҳо маҷмӯи намудҳои суғурта мебошад, ки қисман ё дар ҳаҷми пурраи ҷуброн амалӣ намудани пардохти суғуртавиро барои зараре, ки ба манфиатҳои молумулкии шахси кафолатдиҳанда дар натиҷаи иҷрои кафолат ё замонати ба ӯҳдагирифтааш расонида шудааст, пешбинӣ менамояд;

- суғурта аз дигар талафоти молиявӣ маҷмӯи намудҳои суғурта мебошад, ки амалӣ намудани пардохти суғуртавиро ҳангоми ба вуҷуд омадани зарар дар натиҷаи гум кардани кор, аз даст додани даромад, офатҳои табиӣ, хароҷоти пешбининашудаи пайваста, талафи нархи бозорӣ ва дигар зарарҳо дар натиҷаи анҷом додани фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ, ба истиснои таваккалҳои дар сархатҳои дувоздаҳум ва понздаҳуми қисми 3 ҳамин модда нишондодашуда, пешбинӣ менамояд;

- суғуртаи хароҷоти судӣ маҷмӯи намудҳои суғурта мебошад, ки амалӣ намудани пардохти суғуртавиро ҳангоми зарар дидани суғурташаванда (суғурташуда) дар натиҷаи хароҷоти вобаста ба тафтишоти судӣ пешбинӣ менамояд;

- тибқи шартномаҳои суғуртаи таваккалҳои дар сархатҳои ёздаҳум ва сенздаҳуми қисми 3 ҳамин модда нишондодашуда танҳо таваккали худи суғурташаванда ва танҳо ба манфиати ӯ суғурта шуда метавонад.

Моддаи 5. Объектҳои суғурта

1. Объектҳои суғуртаи шахсӣ манфиатҳои молумулкие шуда метавонанд, ки ба омилҳои зерин вобастаанд:

- зиндагии шаҳрвандон то синну сол ё мӯҳлати муайяншуда, фавт, рух додани ҳодисаҳои дигар дар ҳаёти шаҳрвандон (суғуртаи ҳаёт);

- расонидани зарар ба ҳаёт, саломатии шаҳрвандон, хизматрасониҳои тиббӣ ба онҳо (суғурта аз ҳодисаҳои нохуш ва бемориҳо, суғуртаи тиббӣ).

2. Объектҳои суғуртаи молумулкӣ манфиатҳои молумулкие шуда метавонанд, ки махсусан ба омилҳои зерин вобастагӣ доранд:

- соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдории молу мулк (суғуртаи молу мулк);

- ӯҳдадорӣ барои ҷуброни зарари ба шахсони дигар расонидашуда (таваккали масъулияти шаҳрвандӣ);

- амалигардонии фаъолияти соҳибкорӣ (суғуртаи таваккалҳои соҳибкорӣ).

3. Объектҳоеро, ки мансуби намудҳои гуногуни суғуртаи молумулкӣ ва (ё) суғуртаи шахсӣ мебошанд, суғурта намудан мумкин аст (суғуртаи омехта), агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.

4. Суғуртаи манфиатҳои молумулкии дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордоштаро танҳо ташкилотҳои суғуртавӣ-шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд.

5. Объектҳои суғуртае, ки тибқи барномаҳои давлатӣ оид ба сармоягузориҳо маблағгузорӣ карда мешаванд, дар қисми ҳиссаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар ташкилотҳои суғуртавӣ-шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон суғурта карда шаванд.

Моддаи 6. Субъектҳои муносибатҳои фаъолияти суғуртавӣ

1. Субъектҳои муносибатҳои фаъолияти суғуртавӣ инҳо ба шумор мераванд:

- суғурташавандагон, фоидагирандагон;

- суғуртакунандагон (ташкилотҳои суғуртавӣ);

- агентҳои суғуртавӣ;

- брокерҳои суғуртавӣ;

- актуарийҳои суғуртавӣ;

- мақомоте, ки салоҳияти назорат ва танзим намудани фаъолияти суғуртавиро дорад (минбаъд - мақомоти давлатии назорати суғурта).

2. Суғуртакунандагон (ташкилотҳои суғуртавӣ), брокерҳои суғуртавӣ ва актуарийҳои суғуртавӣ субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ ба ҳисоб мераванд.

3. Маълумот дар бораи субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" бояд ба Феҳристи ягонаи давлатии фаъолияти суғуртавӣ ворид карда шавад.

4. Номи (номи расмии) субъекти фаъолияти суғуртавӣ - шахси ҳуқуқӣ бояд калимаҳоеро, ки намуди фаъолияти амалишавандаро дарҷ менамоянд: "суғурта", "азнавсуғуртакунӣ", "брокери суғуртавӣ" ё ибораҳои аз чунин калимаҳо ҳосилшударо дошта бошад.

5. Субъекти фаъолияти суғуртавӣ - шахси ҳуқуқӣ ҳуқуқи истифода бурдани номи пурра ё ихтисоршудаеро (номи расмиеро), ки қисман ё пурра номи дигар субъекти фаъолияти суғуртавиро такрор мекунад, надорад.

6. Суғуртакунандагон (ташкилотҳои суғуртавӣ) ба ғайр аз фаъолияти суғуртавӣ ҳуқуқи бо дигар фаъолият машғул шуданро надоранд.

Моддаи 7. Суғурташавандагон

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки бо суғуртакунандагон (ташкилотҳои суғуртавӣ) шартномаи суғурта бастаанд ё тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон суғурташаванда мебошанд, суғурташавандагон ҳисобида мешаванд.

Моддаи 8. Суғуртакунандагон (ташкилотҳои суғуртавӣ)

1. Суғуртакунандагон (ташкилотҳои суғуртавӣ) ба таваккали суғуртавӣ баҳо медиҳанд, ҳаққи суғуртавӣ мегиранд, захираҳои суғуртавӣ ташкил медиҳанд, дороиҳоро (активҳоро) пурра менамоянд, ҳаҷми талафот ё зарарро муайян менамоянд, пардохтҳои суғуртавиро анҷом медиҳанд, дигар амалҳои ба иҷрои ӯҳдадориҳои шартномаи суғурта вобастаро амалӣ менамоянд.

2. Ҳангоми ташкил ва амалигардонии фаъолияти ташкилотг суғуртавӣ бо иштироки сармоягузорони хориҷӣ бояд талаботи зерин риоя карда шавад:

- сармоягузори хориҷӣ ӯҳдадор аст ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохтпазирии худро: агар шахси воқеӣ бошад - тасдиқномаи бонки хориҷӣ ва агар шахси ҳуқуқӣ бошад - тавозунро барои соли охирини фаъолият, ки бо хулосаи аудиторӣ тасдиқ карда шудааст, пешниҳод намояд;

- на камтар аз нисфи аъзои мақомоти дастаҷамъии идоракунандаи ташкилоти суғуртавиро бо иштироки сармоягузорони хориҷӣ, бояд шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил диҳанд. Сармоягузорони хориҷӣаъзои мақомоти дастаҷамъии идоракунандаи ташкилоти суғуртавӣ дар соҳаи суғурта ва (ё) соҳаи молиявӣ бояд на камтар аз ду сол таҷрибаи корӣ дошта бошанд;

- ташкилоти суғуртавие, ки дар фонди оинномавиаш ҳиссаи сармоягузори хориҷиро дорад, ӯҳдадор аст оид ба зиёд намудани ҳаҷми сармояи оинномавии худ аз ҳисоби маблағҳои сармоягузорони хориҷӣ дар бораи ба манфиати сармоягузори хориҷӣ ҷудо намудани (аз ҷумла ба сармоягузори хориҷӣ фурӯхтани) саҳмияҳои худ (ҳиссаҳои сармояи оинномавӣ), саҳмгузорони (иштирокчиёни) ватанӣ бошанд - оид ба харидани саҳмияҳои дар ихтиёрдоштаи сармоягузорони хориҷӣ (ҳиссаҳо дар сармояи оинномавӣ) пешакӣ мақомоти давлатии назорати суғуртаро огоҳ намоянд;

- сармоягузорони хориҷӣ саҳмияҳои дар ихтиёрдоштаи худро (ҳиссаҳояшонро дар сармояи оинномавии ташкилотҳои суғуртавӣ) танҳо дар шакли пулӣ бо асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт менамоянд;

- роҳбарон ва сармуҳосибони ташкилотҳои суғуртавии дорои сармоягузории хориҷӣ бояд дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ истиқомат намоянд.

Моддаи 9. Талабот нисбат ба суғуртакунандагон (ташкилотҳои суғуртавӣ) оид ба иттилоонии суғурташавандагон

1. Ҳангоми азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ-суғуртакунанда (ташкилоти суғуртавӣ), тағйир додани ном ё маҳалли ҷойгиршавӣ, инчунин ворид намудани тағйироти дигар ба оинномаи худ, суғуртакунанда (ташкилоти суғуртавӣ) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадор аст дар мӯҳлати на дертар аз понздаҳ рӯз баъди эътибор пайдо намудани чунин тағйирот ба мақомоти давлатии ваколатдор дар хусуси аз нав ба расмият даровардани ҳуҷҷате, ки иҷозатнома доштанашро тасдиқ менамояд, ариза диҳад ва ба он ҳуҷҷатҳоеро замима намояд, ки тағйироти нишондодашударо тасдиқ менамоянд.

2. Баъди тағйир додани маҳалли ҷойгиршавии мақомоти доимоамалкунанда ва номи худ, суғуртакунанда (ташкилоти суғуртавӣ) ӯҳдадор аст дар мӯҳлати на дертар аз як моҳ суғурташавандагони худро тавассути нашри эълон дар ду рӯзномаи ҷумҳуриявӣ дар ин бора огоҳ намояд.

3. Дар ҳолати тағйир додани маҳалли ҷойгиршавии сохтори ҷудогонаи худ суғуртакунанда (ташкилоти суғуртавӣ) ӯҳдадор аст дар мӯҳлати на дертар аз як моҳ суғурташавандагони худро тавассути нашри эълон дар як рӯзномаи ҷумҳуриявӣ ва рӯзномаҳои маҳаллии дахлдор дар ин бора огоҳ намояд.

4. Суғуртакунанда (ташкилоти суғуртавӣ) ӯҳдадор аст нусхаи ба тариқи расмӣ тасдиқшудаи иҷозатномаро барои амалигардонии фаъолияти суғуртавӣ дар ҷойи назаррас барои шиносшавии омма ҷойгир намояд.

5. Ҳангоми бастани шартномаи суғурта суғурташаванда ҳуқуқ дорад аз суғуртакунанда (ташкилоти суғуртавӣ) ҳисоботи молиявии солонаро, ки аз тавозун ва ҳисобот дар бораи даромаду хароҷот иборат аст, талаб намояд.

Моддаи 10. Агентҳои суғуртавӣ ва брокерҳои суғуртавӣ

1. Агентҳои суғуртавӣ - шахсони воқеӣ ё ҳуқуқии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ истиқоматкунанда ва фаъолияти худро дар асоси шартномаи шаҳрвандии ҳуқуқӣ амаликунанда, ки суғуртакунандаро (ташкилоти суғуртавиро) дар муносибатҳо бо суғурташаванда намояндагӣ мекунанд ва аз номи суғуртакунанда (ташкилоти суғуртавӣ) ва бо супориши ӯ мувофиқи ваколатҳои ба онҳо додашуда амал менамоянд.

2. Брокерҳои суғуртавӣ - шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои иҷозатномаи мақомоти ваколатдори давлатӣ буда, ба манфиати суғурташаванда ё суғуртакунанда амал мекунанд ва оид ба хизматрасониҳои вобаста ба бастани шартномаи суғурта (азнавсуғуртакунӣ) байни суғуртакунанда ва суғурташаванда, инчунин иҷрои шартномаҳои мазкур (минбаъд - хизматрасонии брокери суғуртавӣ) амал мекунанд. Ҳангоми ба анҷом расонидани хизматрасониҳои вобаста бо бастани шартномаҳои суғурта (азнавсуғуртакунӣ), брокер ҳуқуқ надорад ҳамзамон ба манфиати ҳам суғурташаванда ва ҳам суғуртакунанда амал намояд.

3. Брокерҳои суғуртавӣ ҳуқуқ доранд фаъолияти дигареро, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манънашудаи ба суғурта алоқамандбударо, ба истиснои фаъолият ба сифати агенти суғуртавӣ суғуртакунанда, амалӣ намоянд.

4. Фаъолияти агентҳои суғуртавӣ ва брокерҳои суғуртавӣ оид ба хизматрасонии вобаста ба бастану иҷро намудани шартномаҳои суғурта (ба истиснои шартномаҳои азнавсуғуртакунӣ) бо суғуртакунандагони (ташкилотҳои суғуртавии) хориҷӣ ё брокерҳои суғуртавии хориҷие, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудаанд ва барои амалигардонии фаъолияти суғуртавӣ иҷозатнома нагирифтаанд, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст.

Моддаи 11. Талабот нисбат ба актуарийҳои суғуртавӣ

1. Актуарийҳои суғуртавӣ бояд шаҳодатномаи тахассусӣ дошта бошанд ва дар асоси шартномаи меҳнатӣ ё граждании ҳуқуқӣ бо суғуртакунанда (ташкилоти суғуртавӣ) оид ба ҳисоби тарифҳои суғуртавӣ, захираҳои суғуртавии суғуртакунанда, баҳодиҳии лоиҳаҳои сармоягузории он бо истифодаи ҳисобҳои актуарӣ фаъолият намоянд.

2. Суғуртакунандагон (ташкилотҳои суғуртавӣ) ӯҳдадоранд оид ба натиҷаҳои ҳар як соли молиявӣ баҳодиҳии актуарии ӯҳдадориҳои суғуртавии қабулнамудаашонро (захираҳои суғуртавиашонро) гузаронанд. Натиҷаҳои баҳодиҳии актуарӣ бояд дар хулосаи дахлдоре, ки ба мақомоти давлатии назорати суғурта пешниҳод мешавад, дарҷ гарданд.

3. Талаботро оид ба тартиби гузаронидани имтиҳони тахассусии актуарийҳои суғуртавӣ, додан ва аз эътибор соқит донистани шаҳодатномаҳои тахассусиро мақомоти ваколатдори давлатӣ муқаррар менамояд.

Моддаи 12. Таваккали суғуртавӣ, ҳодисаи суғуртавӣ

1. Таваккали суғуртавӣ ҳодисаи тасодуфие мебошад, ки дар ҳолати рух додани он суғурта гузаронида мешавад.

2. Ҳодисае, ки ба сифати таваккали суғуртавӣ ҳисобида мешавад, бояд аломатҳои эҳтимолият ва тасодуфияти фарорасӣ дошта бошад.

3. Ҳодисаи суғуртавӣ ҳодисаи баамаломадае мебошад, ки онро шартномаи суғурта ё қонун пешбинӣ намудааст ва ҳангоми рух додани он суғуртакунанда (ташкилоти суғуртавӣ) ӯҳдадор мешавад, ки нисбат ба суғурташаванда, фоидагиранда ё дигар шахсони сеюм пардохти суғуртавиро анҷом диҳад.

Моддаи 13. Маблағи суғуртавӣ ва пардохти суғуртавӣ

1. Ҳангоми анҷом додани суғуртаи молу мулк маблағи суғуртавӣ аз арзиши воқеии он (арзиши суғуртавӣ) дар лаҳзаи бастани шартномаи суғурта зиёд буда наметавонад.

2. Ҳангоми анҷом додани суғуртаи шахсӣ маблағи суғуртавӣ аз тарафи суғуртакунанда (ташкилоти суғуртавӣ) дар мувофиқа бо суғурташаванда муқаррар карда мешавад.

3. Тарафҳо оид ба арзиши суғуртавии молу мулк, ки шартномаи суғурта муайян намудааст, баҳс карда наметавонанд, ба истиснои ҳолате ки, агар суғуртакунанда (ташкилоти суғуртавӣ) исбот намояд, ки суғурташаванда ӯро қасдан гумроҳ намудааст.

4. Пардохти суғуртавӣ оид ба шартномаҳои суғурта бо асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор" пешбинӣ шудаанд.

5. Шартҳои суғуртаи молу мулк ва (ё) суғуртаи масъулияти шаҳрвандӣ метавонанд пешбинӣ намояд, ки пардохти суғуртавӣ (ҷуброни суғуртавӣ) дар доираи маблағи суғуртавӣ бо додани молу мулки шабеҳи молу мулки талафгардида иваз карда шавад.

6. Дар ҳолати талаф ёфтан, нобуд шудани молу мулки суғурташуда суғурташаванда, фоидагиранда, бо мақсади дар ҳаҷми пурраи маблағи суғуртавӣ гирифтани пардохти суғуртавӣ (маблағи суғуртавӣ), метавонад ба манфиати суғуртакунанда (ташкилоти суғуртавӣ) аз ҳуқуқи худ ба молу мулк даст кашад.

7. Ҳангоми анҷом додани суғуртаи шахсӣ пардохти суғуртавӣ (маблағи суғуртавӣ) ба суғурташаванда ё шахсе, ки мувофиқи шартномаи суғурта ҳуқуқи гирифтани пардохти суғуртавиро (маблағи суғуртавиро) дорад, новобаста аз маблағҳои ба ӯ мувофиқи дигар шартномаҳои суғурта, инчунин суғуртаи ҳатмии иҷтимоӣ, таъминоти иҷтимоӣ, ба тариқи ҷуброни зарар, намудҳои ҳатмӣ ва ҳатмии давлатии суғурта додашаванда сурат мегирад.

8. Ҳангоми анҷом додани суғуртаи ҳаёт суғуртакунанда (ташкилоти суғуртавӣ) метавонад дар шартномаи суғурта бар иловаи маблағи суғуртавӣ пардохти қисми даромади сармоявиро муайян намояд.

9. Ҳангоми пеш аз мӯҳлат бекор кардани шартномаи суғуртаи захирашавандаи ҳаёт маблағи баргардонидашаванда бояд дар ҳаҷме, ки шартномаи суғурта муқаррар намудааст, баргардонида шавад.

10. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ӯҳдадоранд ба суғуртакунандагон (ташкилотҳои суғуртавӣ) мувофиқи дархостҳои онҳо ҳуҷҷату хулосаҳои вобаста ба рух додани ҳодисаи суғуртавӣ ва барои ҳалли масъалаи пардохти суғуртавӣ зарурро мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Моддаи 14. Ҳаққи суғуртавӣ ва тарифи суғуртавӣ

1. Ҳаққи суғуртавӣ маблағе ба ҳисоб меравад, ки онро суғурташаванда ба суғуртакунанда (ташкилоти суғуртавӣ) дар асоси шартномаи суғурта мепардозад.

2. Ҳаҷми ҳаққи суғуртавӣ оид ба суғуртаи ихтиёрӣ дар асоси арзиши аслии молу мулк ва ё маблағи байни худ мувофиқанамудаи суғурташаванда ва суғуртакунанда (ташкилоти суғуртавӣ) муайян карда мешавад.

3. Ҳаҷми ҳаққи суғуртавӣ оид ба суғуртаи ҳатмиро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

4. Тарифи суғуртавӣ меъёри андозаи ҳаққи суғуртавӣ мебошад, ки онро суғуртакунандагон (ташкилотҳои суғуртавӣ) мустақилона бо назардошти объектҳои суғурта ва хусусияти таваккали суғуртавӣ муайян менамоянд.

5. Ҳадди ҳаҷми тарифҳои суғуртавӣ дар асоси ҳисобҳои актуарӣ муқаррар карда шуда, ба мақомоти ваколатдори давлатӣ барои мувофиқа пешниҳод мегардад.

Моддаи 15. Суғуртаи муштарак

Дар суғуртаи муштараки ҳамон як объекти суғурта якчанд суғуртакунанда (ташкилоти суғуртавӣ), ки мувофиқи як шартномаи суғурта шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд, ҳуқуқи иштирок намуданро доранд.

Моддаи 16. Фаъолияти азнавсуғуртакунӣ

1. Фаъолияти азнавсуғуртакунӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси иҷозатнома барои фаъолияти суғуртавӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ дода шудааст, амалӣ карда мешавад.

2. Дар баробари шартномаи азнавсуғуртакунӣ ба сифати тасдиқи созиши байни суғурташаванда ва суғуртакунанда метавонанд ҳуҷҷатҳои дигаре, ки маъмулан аз муомилоти корӣ бармеоянд, истифода бурда шаванд.

3. Суғурташавандагон (суғуртакунандагони бевосита) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз он ҷумла ташкилотҳои суғуртавии хориҷӣ ва ташкилотҳои суғуртавии бо сармоягузории хориҷӣ таъсисёфта, дар сурати вуҷуд доштани ташкилотҳои ватании суғуртавие, ки таваккалҳои суғуртавиро ба азнавсуғуртакунӣ қабул менамоянд, ӯҳдадоранд ба онҳо на камтар аз 5 фоиз таваккалҳои аз рӯи шартномаҳои асосии суғурта қабулшударо ба азнавсуғуртакунӣ диҳанд.

4. Суғуртаи ҳатмии давлатӣ аз нав суғурта карда намешавад.

5. Ташкилотҳои азнавсуғуртакунандаи хориҷӣ танҳо дар ҳолати мавҷуд будани рейтинги ташкилотҳои байналмилалии рейтингӣ ба азнавсуғуртакунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ дода мешаванд. Талаботро нисбат ба рейтинг мақомоти ваколатдори давлатӣ муайян менамояд.

6. Дигар масъалаҳои марбут ба фаъолияти азнавсуғуртакунӣ дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ амалӣ мегарданд.

БОБИ 2. ТАЪМИНИ УСТУВОРИИ МОЛИЯВИИ СУҒУРТАКУНАНДА (ТАШКИЛОТИ СУҒУРТАВӢ)

Моддаи 17. Шартҳои таъмини устувории молиявии суғуртакунанда (ташкилоти суғуртавӣ)

1. Кафолатҳои таъмини устувории молиявии суғуртакунанда (ташкилоти суғуртавӣ) инҳо мебошанд:

- тарифҳои суғуртавии аз ҷиҳати иқтисодӣ асоснокшуда;

- захираҳои суғуртавие, ки барои иҷрои ӯҳдадориҳо мувофиқи шартномаҳои суғурта, суғуртаи муштарак ва азнавсуғуртакунб кофӣ мебошанд;

- маблағҳои хусусӣ;

- азнавсуғуртакунӣ.

2. Захирраҳои суғуртавӣ ва маблағҳои хусусӣ бояд бо дороиҳое, ки ба талаботи гуногуншаклӣ, пардохтпазирӣ, бозгардонӣ ва фоидаоварӣ ҷавобгӯянд, таъмин карда шаванд.

3. Маблағҳои хусусии суғуртакунандагон (ташкилотҳои суғуртавӣ) сармояи оинномавӣ, сармояи захиравӣ, сармояи иловагӣ ва даромади тақсимнашударо дар бар мегиранд.

4. Суғуртакунандагон (ташкилотҳои суғуртавӣ) бояд дорои сармояи оинномавии ба пуррагӣ пардохтшуда бошанд, ки ҳаҷми он аз андозаи ҳадди ақали сармояи оинномавии барои ташкилотҳои суғуртавии навбунёд муқарраршуда паст набошад.

5. Андозаи ҳадди ақали сармояи оинномавии ташкилотҳои суғуртавии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

6. Ташкилотҳои суғуртавии навбунёд, ташкилотҳои суғуртавӣ бо иштироки сармоягузорони хориҷӣ, ба истиснои ҷамъиятҳои саҳомӣташкилотҳои суғуртавӣ, ӯҳдадоранд дорои ҳаҷми ҳадди ақали сармояи оинномавӣ бошанд, ки он дар лаҳзаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти суғуртавӣ аз тарафи муассисонаш бояд пурра ва танҳо дар шакли пулӣ бо асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт шуда бошад.

7. Ташкилёбии сармояи оинномавии ҷамъиятҳои саҳомӣ-ташкилотҳои суғуртавӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" сурат мегирад.

8. Ба сармояи оинномавӣ ворид намудани маблағҳои қарзӣ ва молу мулки даргаравбуда манъ аст.

9. Ҳадди ақали ҳаҷми сармояи оинномавии суғуртакунанда (ташкилоти суғуртавӣ) метавонад на зиёда аз як маротиба дар ду сол танҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир дода шавад.

10. Суғуртакунандагон (ташкилотҳои суғуртавӣ) ӯҳдадоранд дар қисми ташаккули захираҳои суғуртавӣ, таркибу сохтори дороиҳои барои пӯшонидани захираҳои суғуртавӣ қабулшаванда, квотаҳо барои азнавсуғуртакунӣ, таносуби меъёрии маблағҳои хусусии суғуртакунанда (ташкилоти суғуртавӣ) ва ӯҳдадориҳои гирифташуда, таркибу сохтори дороиҳои барои пӯшонидани маблағҳои хусусии суғуртакунанда (ташкилоти суғуртавӣ) қабулшаванда, инчунин дар қисмати додани кафолатҳои бонкӣ талаботи устувории молиявии муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти ваколатдори давлатиро риоя намоянд.

11. Суғуртакунанда (ташкилоти суғуртавӣ) метавонад ӯҳдадориҳои бо шартномаҳои суғурта қабулнамудаашро (портфели суғуртавиро) ба як ё якчанд суғуртакунанда (ивази суғуртакунанда) интиқол намояд, ки барои амалигардонии намудҳои суғуртаи дар портфели суғуртавии мазкурбуда иҷозатнома доранд ва дорои маблағҳои хусусии кофӣ мебошанд, яъне ба талаботи пардохтпазирӣ бо назардошти ӯҳдадориҳои навқабулшуда ҷавобгӯянд. Интиқоли портфели суғуртавӣ бо тартибе, ки мақомоти ваколатдори давлатӣ муқаррар намудааст, сурат мегирад.

12. Интиқоли портфели суғуртавӣ дар ҳолатҳои зерин сурат гирифта наметавонад:

- бастани шартномаҳои суғуртае, ки мансуб ба интиқол мебошанд, бо вайрон намудани тартиби муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ;

- аз тарафи суғуртакунандае (ташкилоти суғуртавие), ки портфели суғуртавиро қабул менамояд, риоя нагардидани талаботи устувории молиявии дар қисмҳои 1-5 моддаи мазкур муқарраршуда;

- мавҷуд набудани розигии хаттии суғурташавандагон ба- иваз намудани суғуртакунанда (ташкилоти суғуртавӣ);

- дар иҷозатномаи суғуртакунандае (ташкилоти суғуртавие), ки портфели суғуртавиро қабул менамояд, зикр нагардидани намуди суғуртае, ки оид ба он шартномаҳои суғуртавӣ баста шудаанд;

- мавҷуд набудани дороиҳои барои таъмини захираҳои суғуртавӣ қабулшаванда (ба истиснои ҳолатҳои нодорамӣ (муфлисшавӣ) дар суғуртакунандае (ташкилоти суғуртавие), ки портфели суғуртавиро интиқол менамояд.

13. Ҳамзамон бо интиқоли портфели суғуртавӣ интиқоли дороиҳо дар ҳаҷми захираҳои суғуртавӣ, ки ба ӯҳдадориҳои суғуртавии интиқолшаванда мувофиқ аст, сурат мегирад.

14. Дар ҳолате, ки агар қоидаҳои суғуртаи суғуртакунандае (ташкилоти суғуртавие), ки портфели суғуртавиро қабул менамояд, ба қоидаҳои суғуртаи суғуртакунандае (ташкилоти суғуртавие), ки портфели суғуртавиро интиқол менамояд, мувофиқат накунанд, тағйир додани шартҳои шартномаҳои суғурта бояд бо суғурташаванда мувофиқа карда шаванд.

Моддаи 18. Меъёри таносуби ӯҳдадориҳои бо шартномаи суғурта қабулшуда бо маблағи сармояи хусусӣ ва захираҳои суғуртавӣ

1. Меъёри ҳаҷми ниҳоии ӯҳдадориҳои суғуртакунанда (ташкилоти суғуртавӣ) дар шартномаи мушаххаси суғурта ё азнавсуғуртакунӣ аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ бо назардошти маблағи сармояи хусусии суғуртакунанда (ташкилоти суғуртавӣ) муқаррар карда мешавад.

2. Суғуртакунанда (ташкилоти суғуртавӣ) ҳуқуқ дорад ӯҳдадориҳои шартномаи суғурта ё азнавсуғуртакуниро бо зиёд намудани меъёри дар қисми 1 моддаи мазкур нишондодашуда қабул намояд, танҳо ба шарте ки, агар қисми зиёди таваккалҳои оид ба иҷрои ӯҳдадориҳои қабулшуда аз нав суғурта карда шуда бошанд.

Моддаи 19. Захираҳои суғуртавӣ

1. Барои таъмини иҷрои ӯҳдадориҳои мувофиқи шартномаҳои амалкунандаи суғурта ва азнавсуғуртакунӣ қабулкарда суғуртакунанда (ташкилоти суғуртавӣ) ӯҳдадор аст дорои захираҳои суғуртавии дар ҳаҷми аз тарафи актуарий ҳисобкардашуда буда, онҳоро барои мувофиқа ба мақомоти давлатии назорати суғурта пешниҳод намояд.

2. Маблағҳои захираҳои суғуртавӣ танҳо барои аз тарафи суғуртакунанда (ташкилоти суғуртавӣ) амалӣ намудани пардохтҳои суғуртавӣ вобаста ба иҷрои ӯҳдадориҳои худ мувофиқи шартномаҳои амалкунандаи суғурта ва азнавсуғуртакунӣ пешбинӣ карда мешаванд.

3. Талаботро нисбат ба ташкилдиҳӣ, услуби ҳисоби захираҳои суғуртавӣ ва тартиби ҷойгиркунии маблағҳои захираҳои суғуртавӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти ваколатдори давлатӣ муқаррар менамояд.

4. Истифодаи ғайримақсадноки захираҳои суғуртавӣ манъ аст.

5. Суғуртакунандагон (ташкилотҳои суғуртавӣ) ҳуқуқ доранд бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои захираҳои суғуртавиро сармоягузорӣ намоянд.

6. Ҷойгиронии захираҳои суғуртавӣ бояд бо шартҳои гуногуншаклӣ, бозгардонӣ, фоидаоварӣ ва пардохтпазирӣ сурат гирад.

7. Суғуртакунандагон (ташкилотҳои суғуртавӣ) ҳуқуқ доранд истифодаи мақсадноки маблағҳои барои тадбирҳои пешгирикунӣ ба суғурташаванда ҷудокардашударо мавриди санҷиш қарор диҳанд.

8. Дар ҳолати аз тарафи суғурташаванда ғайримақсаднок истифода шудани маблағҳои ба ӯ барои тадбирҳои пешгирикунӣ ҷудогардида, суғурташаванда ва суғуртакунанда (ташкилоти суғуртавӣ) ӯҳдадоранд, ки ин маблағҳоро аз ҳисоби маблағҳои хусусии суғурташаванда ҷиҳати истифодаи мақсаднок барои тадбирҳои пешгирикунӣ барқарор намоянд.

Моддаи 20. Баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ

1. Суғуртакунандагон (ташкилотҳои суғуртавӣ) баҳисобгирии муҳосибиро пеш мебаранд, мутобиқи нақшаи ҳисобҳо, қоидаҳои баҳисобгирии муҳосибӣ, шаклҳои баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ, ки мақомоти давлатии ваколатдор тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тасдиқ менамоянд, ҳисоботдиҳии муҳосибавӣ ва омориро таҳия менамоянд.

2. Баҳисобгирии амалиёт оид ба суғуртаи объектҳои суғуртаи шахсӣ ва баҳисобгирии амалиёт оид ба суғуртаи объектҳои дигари суғурта алоҳида сурат мегиранд.

3. Суғуртакунандагон (ташкилотҳои суғуртавӣ) ҳисоботдиҳии муҳосибӣ ва оморӣ, инчунин маълумоти дигарро бо шаклу тартибе, ки мақомоти ваколатдори давлатӣ муқаррар намудаанд, ба мақомоти давлатии назорати суғурта пешниҳод менамоянд.

4. Брокерҳои суғуртавӣ бо тартиби муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ маълумотро оид ба фаъолияти брокерӣ ба мақомотгдавлатии назорати суғурта пешниҳод менамоянд.

Моддаи 21. Нашри ҳисоботи муҳосибии солонаи суғуртакунандагон (ташкилотҳои суғуртавӣ)

1. Суғуртакунандагон (ташкилотҳои суғуртавӣ) ҳисоботи муҳосибии солонаашонро бо тартиб ва дар мӯҳлате, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, баъди гирифтани хулосаи аудиторӣ дар бораи дурустии маълумоти дар ин ҳисобот дарҷгардида, нашр менамоянд.

2. Нашри ҳисоботи муҳосибии солона бояд дар нашрияҳои расмӣ, инчунин дар воситаҳои ахбори омма, ки дар маҳали амалигардонии фаъолияти суғуртакунанда (ташкилоти суғуртавӣ) паҳн мешавад, сурат гирад. Оид ба хулосаи аудиторӣ ва нашр шудани ахбор суғуртакунанда (ташкилоти суғуртавӣ) ба мақомоти давлатии назорати суғурта маълумот медиҳад.

БОБИ 3. НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ СУБЪЕКТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУҒУРТАВӢ

Моддаи 22. Назорати давлатии субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ

1. Назорати давлатии субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ (минбаъдназорати суғурта) бо мақсади аз тарафи онҳо риоя шудани қонунгузории суғуртавӣ, пешгирӣ ва қать намудани вайроншавии қонунгузорӣ, таъмини ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии суғурташавандагон, шахсони дигари манфиатдор ва давлат, рушди самараноки фаъолияти суғуртавӣ амалӣ карда мешавад.

2. Назорати суғурта дар асоси принсипҳои қонуният, ошкорбаёнӣ ва муттаҳидии ташкилӣ амалӣ мегардад.

3. Вазифаҳои назорати суғурта инҳо мебошанд:

- татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи суғурта;

- муқаррар намудани принсипҳои суғурта;

- ташаккули механизмҳои суғурта, ки амнияти иқтисодии шахсон ва субъектҳои хоҷагидории суғурташударо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамоянд.

4. Назорати суғуртаро мақомоти давлатии назорати суғурта иҷрс менамояд. Мақомоти давлатии назорати суғурта ба маълумоти субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ иттилооти зеринро мерасонад:

- шарҳи масъалаҳое, ки ба салоҳияти мақомоти давлатии назорати суғурта тааллуқ доранд;

- санадҳо дар бораи маҳдуд намудан, боздоштан ё барқарор намудани амали иҷозатнома барои амалигардонии фаъолияти суғуртавӣ;

- санадҳо дар бораи бозхонди иҷозатнома барои амалигардонии фаъолияти суғуртавӣ;

- маълумоти дигар оид ба масъалаҳои назорат дар соҳаи фаъолияти суғуртавӣ;

- санадҳои меъёрии ҳуқуқии аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ қабулшаванда.

5. Назорати суғурта инҳоро дар бар мегирад:

- иҷозатномадиҳии субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ ва пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ;

- назорати риоя шудани қонунгузории суғурта, аз ҷумла тавассути дар маҳалҳо гузаронидани санҷиши субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ ва дурустии ҳисоботи аз тарафи онҳо пешниҳодшаванда, инчунин назорати аз тарафи суғуртакунандагон (ташкилотҳои суғуртавӣ) таъмин карда шудани устувории молиявӣ ва пардохтпазирии онҳо;

- дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур дар муддати 30 рӯз додани иҷозат барои баланд бардоштани ҳаҷми сармояҳои оинномавии ташкилотҳои суғуртавӣ аз ҳисоби маблағҳои сармоягузорони хориҷӣ, барои бо иштироки сармоягузорони хориҷӣ анҷом додани муомилот оид ба бегонакунии саҳмияҳои (ҳиссаҳо дар сармояҳои оинномавии) ташкилотҳои суғуртавӣ, барои кушодани намояндагиҳои ташкилотҳои суғуртавии хориҷӣ, ташкилотҳои азнавсуғуртакунӣ, брокерӣ ва дигар ташкилотҳое, ки дар соҳаи суғурта фаъолият мекунанд;

- назорати аз тарафи суғуртакунандагон (ташкилотҳои суғуртавӣ) риоя шудани тартиб ва шартҳои ташкилдиҳии захираҳои (фондҳои) суғуртавӣ оид ба ҳамаи намудҳои суғурта;

- назорати аз тарафи суғуртакунандагон (ташкилотҳои суғуртавӣ) риоя шудани таносубҳои меъёрӣ байни дороиҳо ва ӯҳдадориҳои суғуртавии аз тарафи онҳо қабулшуда;

- назорати фаъолияти молиявию хоҷагидории суғуртакунандагон (ташкилотҳои суғуртавӣ) вобаста ба талаботи қонунгузорӣ оид ба фаъолияти суғуртавӣ;

назорати қонунӣ будани амалҳои ҳам суғуртакунандагон (ташкилотҳои суғуртавӣ) ва ҳам суғурташавандагоне, ки шартномаи суғурта бастаанд.