Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2010 № 663 "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ"

Моддаи 1. Моддаи 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июли соли 1994 "Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. с. 1994, № 15-16. мод.235; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. с. 1995. № 22, мод.259; с. 2008, № 1. к.2, мод. 16: № 12. к.2. мод.1005) дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 25. Хадамоти наҷотдиҳии кӯҳӣ ва зиддифавворавӣ

Бо мақсади таъмини бехатарии гузаронидани корҳо вобаста ба истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ, бехатарии экологӣ, бехатарии ҳаёт ва саломатии кормандон ҳангоми истихроҷи конҳои маъданҳои фоиданок, инчунин ҳангоми корҳо дар иншооти зеризаминии таъиноти гуногундошта, гузаронидани омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминӣ дар корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият хадамоти наҷотдиҳии кӯҳӣ ва зиддифавворавии ҳарбикунонидашуда ё идоравӣ ё дигар қисмҳо ва сохторҳои махсусгардонидашуда, ки ин вазифаҳоро иҷро менамоянд, таъсис дода мешаванд.

Истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ, ки хадамоти идоравии наҷотдиҳии кӯҳӣ ва зиддифавворавӣ надоранд, метавонанд дар асоси шартнома аз хизматрасонии қисмҳо ва сохторҳои ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кӯҳӣ ва зиддифавворавӣ ё ин ки дигар сохторҳои махсусгардонидашуда, ки ин вазифаҳоро иҷро менамоянд, дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ истифода баранд.

Дар назди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмҳо ва сохторҳои ҳарбикунонидашудаи наҷотдиҳии кӯҳӣ таъсис дода мешаванд, ки Низомномаи онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Ба истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ, ки хадамоти наҷотдиҳии кӯҳӣ ва зиддифавворавӣ надоранд ё оид ба хизматрасонӣ бо ин гуна хадамот шартнома надоранд, амалигардонии корҳои истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ манъ аст.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе

29 декабри соли 2010 № 663

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Точикистон "Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ" баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев

ш. Душанбе,

 16 декабри соли 2010 № 97