Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2010 № 657 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2007 "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, № 3, мод. 170; с. 2008, № 10, мод. 812: с. 2009, № 5, мод. 318; № 7-8, мод. 496; с. 2010, № 1, мод. 9) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 7:

- қисми 6 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"6. Ҷамъиятҳои саҳомӣ метавонанд филиалу намояндагиҳои худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он пас аз ворид намудани маълумот дар бораи онҳо ба оинномаи ҷамъияти саҳомӣ ва Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ кушоянд.";

- қисми 7 хориҷ карда шавад.

2. Ба моддаи 18 қисми 7 дар таҳрири зайл илова карда шавад:

"7. Саҳмдорон ё мақомоти ваколатдори ҷамъият оид ба зиёд кардани сармояи оинномавии ҷамъият баъд аз қабули қарор дар бораи чунин зиёдшавӣ бо тартиби муқарраршуда ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ барои ворид намудани маълумот ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ариза пешниҳод менамоянд.".

3. Аз банди сеюми қисми 1 моддаи 19 калимаҳои "дар санаи пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирии давлатии тағйири дахлдори оинномаи ҷамъияти саҳомӣ" хориҷ карда шаванд.

4. Қисми 2 моддаи 20 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"2. Саҳмдорон ё мақомоти ваколатдори ҷамъият оид ба кам кардани сармояи оинномавии ҷамъият баъд аз қабули қарор дар бораи чунин камшавӣ бо тартиби муқарраршуда ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ барои ворид намудани маълумот ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ариза пешниҳод менамоянд.".

5. Банди дуюми қисми 1 моддаи 27 хориҷ карда шавад.

6. Аз сархати дуюми қисми 1 моддаи 89 калимаҳои "ва бо тартиби муқаррагардида ба қайд гирифташуда" хориҷ карда шаванд.

7. Дар моддаи 93:

- дар банди якуми қисми 3 калимаи "ҳамроҳшавӣ," ба калимаҳои "ҳамроҳшавӣ ва табдилдиҳӣ" иваз карда шаванд;

- банди дуюми қисми 3 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Дар сурати азнавташкилдиҳии ҷамъияти саҳомӣ дар шакли ба он ҳамроҳшавии ҷамъияти саҳомии дигар, ҷамъиятҳои саҳомие, ки дар ҳамроҳшавӣ иштирок менамоянд дар ин хусус бо тартиби муқарраршуда дар як вақт ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ барои ворид намудани маълумот ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ариза пешниҳод менамоянд. Ҷамъияти саҳомӣ аз лаҳзае азнавташкилшуда ба ҳисоб меравад, ки маълумот дар бораи қатъ гардидани фаъолияти ҷамъияти саҳомии ҳамроҳшуда ва маълумот дар бораи тағйироти ҳуҷҷатҳои таъсисии ҷамъияти саҳомӣ ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ворид карда шудаанд.";

- ба қисми 3 банди сеюм дар таҳрири зайл илова карда шавад:

"Азнавташкилдиҳии ҷамъияти саҳомӣ дар шакли табдилдиҳӣ пас аз лаҳзаи ворид намудани маълумот ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар бораи тағйирдиҳии шакли ташкилию ҳуқуқии ҷамъияти саҳомӣ ба итмомрасида дониста мешавад.";

- банди дуюми қисми 5 хориҷ карда шавад.

8. Матни моддаи 103 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Барҳамдиҳии ҷамъияти саҳомӣ пас аз ворид намудани сабти дахлдор ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ аз ҷониби мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ анҷомёфта ва ҷамъияти саҳомӣ барҳамхӯрда ба ҳисоб меравад.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

29 декабри соли 2010 № 657

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" қабул карда шанад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров

ш. Душанбе,

1 октябри соли 2010, № 166

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикисюнро "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев

ш. Душанбе,

 16 декабри соли 2010 № 91