×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2010 № 675 "Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон"

Санаи амалкуни: 17.12.2020

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ МАЪЮБОН

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2010, №12, қ. 1, мод. 834)

(Қонуни ҶТ аз 17.12.2020 № 1739)

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии таъминоти ҳифзи иҷтимоии маъюбонро муайян намуда, ба онҳо имконияти баробари зиндагӣ ва ҳамгироӣ бо ҷомеаро фароҳам меорад.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

- маъюб - шахсест, ки дар натиҷаи нуқсёбии саломатӣ бо коҳиши устувори вазифаҳои организм аз беморӣ, ҷароҳат, иллати ҷисмонӣ ва ақлонӣ боиси маҳдуд шудани фаъолияти ҳаётӣ гардидааст ва ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёз дорад;

- кӯдаки маъюб - шахси маъюби то синни 18 - сола;

- маҳдудияти фаъолияти ҳаётӣ - пурра ё қисман гум шудани қобилият ё имконияти шахс ба худхизматрасонӣ, мустақилона ҳаракат ва муомила кардан, сарфаҳм рафтан, рафтори худро назорат намудан, таълим гирифтан ва ба фаъолияти меҳнатӣ машғул шудан;

- маъюбӣ - дараҷаи маҳдудияти фаъолияти ҳаётии инсон дар натиҷаи нуқсёбии саломатӣ бо коҳиши устувори вазифаҳои организм;

- ташхиси тиббию иҷтимоӣ - бо тартиби муқарраргардида муайян намудани эҳтиёҷоти шахси ташхисшаванда ба тадбирҳои ҳифзи иҷтимоӣ, аз ҷумла ба тавонбахшӣ дар асоси арзёбии маҳдудияти фаъолияти ҳаётӣ, ки дар натиҷаи коҳиши устувори вазифаҳои организм ба вуҷуд омадааст;

- тавонбахшии маъюбон - низом ва раванди пурра ё қисман барқарорсозии қобилияти маъюбон ба фаъолияти маишӣ, ҷамъиятӣ ва касбӣ бо мақсади мутобиқати иҷтимоии маъюбон, ба даст овардани мустақилияти моддӣ ва ҳамгироии иҷтимоии онҳо бо ҷомеа;

- барномаи инфиродии тавонбахшии маъюб - маҷмӯи чорабиниҳои барои тавонбахшии маъюб самарабахш, ки аз шаклу намудҳои алоҳида, ҳаҷм, мӯҳлат ва тартиби амалишавандаи тадбирҳои тиббӣ, касбӣ ва дигар чораҳои тавонбахшӣ иборатанд ва ба барқарорсозӣ, ҷуброни қобилияти маъюб барои иҷрои намудҳои муайяни фаъолият равона карда шудааст;

- ҷойҳои махсуси корӣ барои бо кор таъминкунии маъюбон - ҷойҳои корие, ки бо назардошти имконияти фардии маъюбон таҷҳизонида шудаанд;

- ҳифзи иҷтимоии маъюбон - низоми тадбирҳои аз ҷониби давлат кафолатдодашудаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба маъюбон ҷиҳати бартарафсозӣ ё ҷуброни маҳдудияти фаъолияти ҳаёти шароит муҳайё менамояд ва ба фароҳам овардани имконияти баробари иштироки онҳо бо дигар шаҳрвандон дар ҳаёти ҷомеа равона карда шудааст.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 17.12.2020 № 1739).

Моддаи 3. Принсипҳои ҳифзи иҷтимоии маъюбон

Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии маъюбон дар асоси принсипҳои зерин амалӣ карда мешавад:

- қонуният, инсондӯстӣ, риояи ҳуқуқи инсон;

- кафолати сатҳи зарурии ҳифзи иҷтимоӣ, таъмини дастрасии тавонбахшии тиббӣ, иҷтимоӣ ва касбӣ;

- дастрасӣ ва баробарҳуқуқии маъюбон дар баробари дигар шаҳрвандон ба ҳифзи саломатӣ, таҳсил, истироҳату саёҳат ва интихоби озоди намудҳои фаъолият, аз ҷумла фаъолияти меҳнатӣ;

- ҳамкории мақомоти давлатӣ бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳое, ки дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии маъюбон фаъолият мекунанд;

- манъи табъизи (дискриминатсияи) маъюбон.

Моддаи 4. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии маъюбон

Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии маъюбон дохил мешаванд:

- муайян кардани самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии маъюбон;

- қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии маъюбон;

- қабули барномаи давлатии ҳифзи иҷтимоии маъюбон;

- тасдиқи Тартиби ҷорӣ намудани квотаи бо кор таъмин кардани маъюбон;

- таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба ҳифзи иҷтимоии маъюбон;

- дигар салоҳиятҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 5. Салоҳияти мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи ҳифзи иҷтимоии маъюбон

Ба салоҳияти мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи ҳифзи иҷтимоии маъюбон дохил мешаванд:

- таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи иҷтимоии маъюбон, аз ҷумла дар соҳаи ташхиси тиббию иҷтимоӣ;

- ҳамоҳангсозии ташкилию методии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳо оид ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии маъюбон;

- тасдиқи Қоидаҳои гузаронидани ташхиси тиббию иҷтимоӣ якҷоя бо мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи тандурустӣ;

- гузаронидани ташхиси тиббию иҷтимоӣ бо назардошти дараҷаи коҳиши вазифаҳои организм ва маҳдудияти фаъолияти меҳнатӣ муайян кардани гурӯҳи маъюбӣ, сабабҳо, давомнокӣ, вақти фарорасии маъюбӣ ва дараҷаи гум кардани қобилияти корӣ;

- қабули барномаҳои инфиродии тавонбахшии маъюбон ва таъмини иҷрои онҳо;

- гузаронидани тадқиқоти илмӣ ва корҳои таҷрибавию тарроҳӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии маъюбон;

- омӯзиш ва гузаронидани мониторинги сабабҳо, шароит ва ҳолати маъюбӣ;

- ташкили такмили ихтисоси кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоии маъюбон, аз ҷумла кормандони ташхиси тиббию иҷтимоӣ ва мутахассисони таълими имову ишора;

- амалӣ намудани тадбирҳои хизматрасонии иҷтимоӣ ва кӯмаки иҷтимоии унвонӣ ба маъюбон;

- ташкили махзани марказонидашудаи иттилооти баҳисобгирии маъюбон;

- таъмини риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии маъюбон.

Моддаи 6. Салоҳияти мақомоти ваколатдори давлатии сиҳаи тандурустӣ оид ба ҳифзи иҷтимоии маъюбон

Ба салоҳияти мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи тандурустӣ оид ба ҳифзи иҷтимоии маъюбон дохил мешаванд:

- андешидани тадбирҳо дар самти ташаккули тарзи ҳаёти солим ва пешгирии маъюбӣ;

- муайян кардани намунаи роҳхати гузаштан аз ташхиси тиббию иҷтимоӣ, муоина (ташхис) ва табобати маъюбон;

- амалӣ намудани тавонбахшии тиббии маъюбон тибқи барномаҳои инфиродии тавонбахшии маъюбон;

- таъмини омӯзиши касбӣ ва бозомӯзии мутахассисони соҳаи ташхиси тиббию иҷтимоӣ;

- муайян кардани рӯйхати доруворӣ, маҳсулоти барои нигоҳубини маъюбон аҳамияти тиббидошта, инчунин озуқавории ғизои солим барои кӯдакони маъюб.

Моддаи 7. Салоҳияти мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи маориф оид ба ҳифзи иҷтимоии маъюбон

Ба салоҳияти мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи маориф оид ба ҳифзи иҷтимоии маъюбон дохил мешаванд:

- таъмини таҳсили ройгон ба маъюбон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таъмини омӯзиш, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи хизматрасонии иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон, аз ҷумла мутахассисони забони имову ишора ва ҳуруфоти махсус;

- таҳия ва тасдиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки фаъолияти таълимию маърифатии муассисаҳои махсуси таълимиро танзим намуда, тахсили маъюбонро таъмин мекунанд.

Моддаи 8. Салоҳияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба ҳифзи иҷтимоии маъюбон

Ба салоҳияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба ҳифзи иҷтимоии маъюбон дохил мешаванд:

- қабули барномаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии ҳифзи иҷтимоии маъюбон, аз ҷумла хизматрасонии иҷтимоӣ, тавонбахшӣ ва шуғли маъюбон;

- таъсиси муассисаҳои давлатӣ оид ба хизматрасонии иҷтимоӣ ба маъюбон;

- таъмини татбиқи барномаҳои тавонбахшии маъюбон;

- ташкили расонидани кӯмакҳои хайрия ва инчунин кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба маъюбон;

- андешидани чораҳои зарурӣ оид ба беҳтар намудани шароити манзилию маишӣ ва ҳифзи саломатии маъюбон;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилотҳое, ки дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии маъюбон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо фаъолият мекунанд;

- таъсиси Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ҳамоҳангсозии масъалаҳои ҳифзи пҷтимоии маъюбон дар ҳудуди вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо.

Моддаи 9. Салоҳияти мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба ҳифзи иҷтимоии маъюбон

Ба салоҳияти мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба ҳифзи иҷтимоии маъюбон дохил мешаванд:

- мусоидат ба татбиқи барномаҳои ҳифзи иҷтимоии маъюбон;

- ҷалби маблағҳои хайрия ба маъюбон;

- расонидани хизматҳои иҷтимоӣ ва хайрия ба маъюбон.

БОБИ 2. ТАШХИСИ ТИББИЮ ИҶТИМОӢ

Моддаи 10. Ташхиси тиббию иҷтимоӣ

1. Маъюбӣ, сабабҳо, давомнокӣ, вақти фарорасии он, дараҷаи гум кардани қобилияти корӣ ва ба ҳифзи иҷтимоӣ эҳтиёҷманд будани шахс бо роҳи гузаронидани ташхиси тиббию иҷтимоӣ муқаррар карда мешавад.

2. Ташхиси тиббию иҷтимоӣ бо назардошти арзёбии умумии ҳолати организм дар асоси таҳлили нишондиҳандаҳои клиникии функсионалӣ, маишӣ, иҷтимоӣ, касбӣ, меҳнатӣ ва равонии шахси муоинашаванда амалӣ карда мешавад.

3. Бо назардошти дараҷаи коҳиши вазифаҳои организм ва маҳдудияти фаъолияти ҳаётӣ ба шахси маъюб эътирофгардида гурӯҳи маъюбӣ ва ба шахси то синни 18 - сола категорияи "кӯдаки маъюб" муқаррар карда мешавад.

4. Ташхиси тиббию иҷтимоиро мақомоти ваколатдори соҳаи ҳифзи иҷтимоии маъюбон анҷом медиҳад. Тартиби ташкил ва фаъолияти мақомоти ваколатдори ташхиси тиббию иҷтимоиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

5. Тадқиқоти илмӣ, ташхиси тиббию иҷтимоӣ ва клиникӣ, таҳияи дастурамалҳои методӣ оид ба масъалаҳои ташхиси тиббию иҷтимоии маъюбон ва тавонбахшии онҳоро муассисаҳои тадқиқоти илмии мақомоти ваколатдори соҳаи ҳифзи иҷтимоии маъюбон анҷом медиҳанд.

БОБИ 3. ТАВОНБАХШИИ МАЪЮБОН

Моддаи 11. Тавонбахшии маъюбон

1. Тавонбахшии маъюбон мутобиқи барномаи инфиродӣ, ки дар асоси хулосаи мақомоти ваколатдори ташхиси тиббию иҷтимоӣ барои ҳар як маъюб муайян карда шудааст, амалӣ мегардад.

2. Тавонбахшии маъюбон самтҳои зеринро дар бар мегирад:

- тадбирҳои барқарорсозии тиббӣ, аз ҷумла бо усули ҷарроҳӣ, таъминоти воситаҳои техникӣ, протезию ортопедӣ ва табобати санаторию курортӣ;

- роҳнамоии касбӣ, таълим ва таҳсил, мусоидат ба шуғл, мутобиқати истеҳсолӣ;

- тавонбахшии иҷтимоию муҳитӣ, иҷтимоию омӯзгорӣ, иҷтимоию равоншиносӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ, инчунин мутобиқати иҷтимоию маишӣ;

- варзиш ва тадбирҳои тарбияи ҷисмонӣ ва солимгардонӣ.

3. Амалӣ намудани самтҳои асосии тавонбахшии маъюбон воситаҳои техникӣ ва дигар воситаҳои тавонбахшӣ истифода бурдани маъюбон, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои маъюбон дар истифодаи бемамониат аз иншоотҳо, биноҳои истиқоматӣ, муҳандисию нақлиётӣ ва инфрасохтори иҷтимоӣ, истифода аз воситаҳои алоқа ва иттилоот, инчунин таъмин намудани маъюбон ва аъзои оилаи онҳоро бо иттилоот дар бораи масъалаҳои тавонбахшии маъюбон пешбинӣ менамояд.

Моддаи 12. Барномаи инфиродии тавонбахшии маъюб

1. Барномаи инфиродии тавонбахшии маъюб ҳам татбиқи тадбирҳои тавонбахширо, ки ба маъюб аз ҳисоби буҷети давлатӣ ройгон пешниҳод мегарданд ва ҳам амалӣ намудани тадбирҳои тавонбахшиеро пешбинӣ менамояд, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пардохти онҳо худи маъюб ё корфармоёне, ки бо айби онҳо ба шахс осеби меҳнатӣ расонида шудааст ё бемории касбӣ фаро расидааст, иштирок мекунанд.

2. Иҷрои барномаи инфиродии тавонбахшии маъюб барои мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликияташон (минбаъд - ташкилотҳо) ва шахсони воқеӣ ҳатмӣ мебошад.

3. Барномаи инфиродии тавонбахшӣ барои маъюб хусусияти тавсиявӣ дошта, ӯ хақ дорад, ки аз ин ё он намуд, шакл ва андозаи тадбирҳои тавонбахшӣ, инчунин умуман аз татбиқи барнома даст кашад. Маъюб ҳуқуқ дорад, ки масъалаи бо воситаи мушаххаси техникии тавонбахшӣ ё намуди тавонбахшӣ, аз қабили аробача-курсии паҳлӯдор, воситаҳои протезию ортопедӣ, маводи чопӣ бо ҳуруфи махсус, асбоби шунавоӣ, таҷҳизоти огоҳкунанда, маводи видеоии дорои сатри равон ё тарҷумам имову ишора ва дигар воситаҳои ба ин монанд таъмин намудани худро мустақилона ҳал кунад.

4. Агар воситаи техникӣ ё хизматрасонии тавонбахшии дар барномаи инфиродии тавонбахшӣ муқарраргардида ба маъюб пешниҳод карда нашаванд ё худи маъюб ин воситаро аз ҳисоби маблағи худ дастрас ё ҳаққи хизматрасониро пардохта бошад, ба ӯ арзиши воситаи техникии тавонбахшӣ ва ҳаққи хизматҳое, ки мебоист ба маъюб расонида мешуданд тибқи тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.

5. Дар ҳолати аз барномаи инфиродии тавонбахшӣ пурра ё қисман даст кашидани маъюб (ва ё шахсе, ки манфиати ӯро намояндагӣ менамояд) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо аз иҷрои барнома озод мегарданд ва ин ба маъюб ҳуқуқи гирифтани ҷубронпулиро ба андозаи арзиши чорабиниҳои тавонбахшии ройгон намедиҳад.

Моддаи 13. Воситаҳои техникии тавонбахшии маъюбон

1. Воситаҳои техникии тавонбахшии маъюбон аз асбобу олоти махсусе иборатанд, ки барои ҷуброн ё бартарафсозии нуқсонҳо ва маҳдудиятҳои фаъолияти ҳаётии маъюбон истифода бурда мешаванд.

2. Воситаҳои техникии тавонбахшии маъюбон инҳоянд:

- воситаҳо барои ҳаракат;

- воситаҳои махсус барои худхизматрасонӣ;

- воситаҳои махсус барои нигоҳубин;

- воситаҳои махсус барои роҳнамоӣ, муошират ва табодули ахбор;

- воситаҳои махсус барои таълим (аз қабили адабиёт барои нобиноён) ва барои машғул шудан бо фаъолияти меҳнатӣ;

- маснуоти протезӣ (аз қабили маснуоти протезию ортопедӣ, пойафзоли ортопедӣ ва либосҳои махсус, протезҳои чашм ва асбобҳои шунавоӣ);

- таҷҳизоти махсуси варзишӣ ва машқ, асбобҳои варзишӣ.

3. Зарурати ба маъюб пешниҳод намудани воситаҳои техникии тавонбахшие, ки маҳдудияти устувори фаъолияти ҳаётии маъюбро ҷуброн ё бартараф мекунанд, аз рӯи нишондиҳандаҳои тиббӣ муайян карда мешавад.

4. Бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ таъмин кардани маъюб аз рӯи нишондиҳандаҳои мувофиқат ва номувофиқатии тиббӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори соҳаи ҳифзи иҷтимоии маъюбон амалӣ карда мешавад.

5. Нишондиҳандаҳои мувофиқат ва номувофиқатии тиббӣ дар асоси арзёбии коҳиши устувори вазифаҳои организм бар асари беморӣ, ҷароҳат, иллати ҷисмонӣ ва ақлонӣ муқаррар карда мешаванд.

6. Воситаҳои техникии тавонбахшӣ, ки тибқи барномаи инфиродии тавонбахшӣ пешбинӣ гардидаанд, аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ё суғуртаи иҷтимоӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи ройгон ба маъюб дода мешаванд.

Моддаи 14. Манбаъҳои маблағгузории тадбирҳои тавонбахшӣ, воситаҳои техникӣ ва хизматрасониҳо ба маъюбон

1. Манбаъҳои маблағгузории тадбирҳои тавонбахшӣ, воситаҳои техникӣ ва хизматрасониҳо, ки ба маъюбон пешниҳод мегарданд, маблағҳои буҷети давлатӣ ва инчунин маблағҳои корфармоёне мебошанд, ки бо айби онҳо шахс осеби меҳнатӣ гирифтааст ё гирифтори бемории касбӣ шудааст.

2. Маблағҳои иловагӣ барои маблағгузории хароҷоти тадбирҳои тавонбахшӣ, воситаҳои техникӣ ва хизматрасониҳо, ки ба маъюбон пешниҳод мегарданд, метавонанд дигар манбаъҳое бошанд, ки қонунгузорӣ манъ накардааст.

3. Имтиёзу кафолатҳое, ки барои маъюбон мувофиқи Конуни мазкур пешбинӣ шудаанд, метавонанд дар шакли пулӣ ва ё кӯмаки иҷтимоии унвонӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда шаванд.

БОБИ 4. ТАЪМИНИ ФАЪОЛИЯТИ ҲАЁТИИ МАЪЮБОН

Моддаи 15. Ёрии тиббӣ ба маъюбон

Ба маъюбон дар муассисаҳои давлатии тиббию иҷтимоӣ ба таври ройгон ё имтиёзнок бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрии тиббӣ расонида мешавад.

Моддаи 16. Табобати санаторию курортии маъюбон

1. Маъюбон дар асоси хулосаи ташхиси тиббию иҷтимоӣ ба табобати ройгон ва ё имтиёзноки санаторию курортӣ, бенавбат гирифтани роҳхат ва рафтуомади ройгон ба маҳалли табобат бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд.

2. Ба маъюбоне, ки кор намекунанд, аз ҷумла ба маъюбони дар муассисаҳои будубоши доимӣ (статсионарӣ) истиқоматдошта, барои табобати санаторию курортӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи ҳифзи иҷтимоии маъюбон ё аз ҷониби ташкилотҳое, ки ба онҳо зарари расонидаро талофӣ мекунанд, роҳхати ройгон дода мешавад.

3. Маъюбоне, ки кор мекунанд, ҳуқуқ доранд роҳхати табобати санаторию курортиро аз ҷои корашон ройгон ё бо пардохти 50 фоизи арзиши он гиранд.

Моддаи 17. Муҳайё намудани шароити таҳсил ва касбомӯзӣ ба маъюбон

1. Давлат бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маъюбон муҳайё намудани шароити заруриро барои таҳсил ва касбомӯзӣ кафолат медиҳад.

2. Давлат тибқи барномаи инфиродии тавонбахшӣ ба маъюбон таълиму тарбияи ройгонро дар муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ, таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии касбӣ, таҳсилоти иловагӣ ва махсус дар муассисаҳои давлатии таҳсилоти умумӣ ва махсус таъмин менамояд.

Моддаи 18. Тарбияи томактабии кӯдакони маъюб

1. Бо мақсади фароҳам овардани имконияти бештар барои тарбияи томактабии кӯдакони маъюб ва ба онҳо расонидани кӯмаки зарурии тавонбахшӣ дар муассисаҳои кӯдаконаи томактабии умумӣ барои будубоши кӯдакони маъюб шароит муҳайё карда мешавад.

2. Ба кӯдакони маъюбе, ки вазъи саломатиашон барои гирифтани тарбия дар муассисаҳои томактабии умумӣ имконият намедиҳад, муассисаҳои махсуси томактабӣ таъсис дода мешаванд.

Моддаи 19. Таҳсилоти умумии кӯдакони маъюб

Кӯдакони маъюб дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки ҳангоми зарурат бо воситаҳои махсуси техникӣ таҷҳизонида мешаванд ва инчунин дар муассисахои махсуси таълимӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсилоти умумӣ мегиранд.

Моддаи 20. Тарбия ва таълими кӯдакони маъюб дар хона

1. Дар сурати мавҷуд набудани имконияти тарбия ва таълими кӯдакони маъюб дар муассисаҳои таълимӣ, тарбия ва таълими онҳо бо назардошти хоҳиши падару модарашон (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) дар хона ба роҳ монда мешавад.

2. Муассисаҳои таълимию тарбиявии дахлдор ба падару модар (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) барои тарбия ва таълими кӯдакони маъюб дар хона кӯмак мерасонанд.

Моддаи 21. Тарбияи беруназмактабии кӯдакони маъюб

Бо мақсади инкишофи ҳамаҷониба ва муносиби кӯдакони маъюб, дар рӯҳи фаъолнокии ҷамъиятӣ, майлу рағбат ба меҳнат, илму техника, санъат ва варзиш тарбия намудани онҳо мақомоти маориф ва дигар мақомоти давлатӣ вазифадоранд, ки тарбияи беруназмактабиро бо муҳайё намудани шароити мусоид барои кӯдакони маъюб дастрас гардонанд.

Моддаи 22. Тарбия ва таълими кӯдакони маъюб дар муассисаҳои будубоши доимӣ (статсионарӣ)

Тарбия ва таълими кӯдакони маъюби дар муассисаҳои будубоши доимӣ (статсионарӣ) истиқоматдошта аз тарафи муассисаҳои мазкур пайваста дар алоқамандӣ бо мутобиқкунии шароити иҷтимоию маишӣ ва меҳнатӣ таъмин карда мешавад.

Моддаи 23. Таҳсилоти касбии маъюбон

1. Таҳсилоти касбии маъюбон (ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ, таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии касбӣ) дар муассисаҳои таълимии умумӣ амалӣ гардонида мешавад. Барои маъюбоне, ки ба шароити махсуси таҳсилоти касбӣ эҳтиёҷ доранд, муассисаҳои махсуси таълимии касбии шаклу намудҳои гуногун ё дар муассисаҳои умумии таълимии касбӣ шароити мувофиқ фароҳам оварда мешавад.

2. Маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки ба онҳо аз рӯи хулосаи ташхиси тиббию иҷтимоӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касоӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ таҳсил намудан манъ карда нашудааст, ба муассисаҳои мазкур бидуни озмун бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд.

3. Тайёрии касбӣ ва таҳсилоти касбии маъюбон дар муассисаҳои махсуси таълимии касбии маъюбон мутобиқи стандартҳои давлатии таълимӣ, дар асоси барномаҳои таълимие, ки барои омӯзонидани маъюбон мувофиқ гардонида шудаанд, сурат мегирад.

4. Қоидаҳои қабули маъюбон ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ ва тартиби маблағгузории онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Моддаи 24. Забони имову ишора

1. Давлат забони имову ишораро ба маъюбон ҳамчун воситаи муоширати байни шахсон эътироф мекунад.

2. Вазъи ҳуқуқӣ ва доираи истифодаи забони имову ишораро санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд.

Моддаи 25. Таъмини дастрасии бемамониати маъюбон ба иншооти инфрасохторӣ ва воситаҳои нақлиёт

1. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот, дигар ташкилотҳо барои дастрасии бемамониати маъюбон (инчунин маъюбоне, ки аз аробачаҳои маъюбӣ истифода мебаранд) ба иншооти иҷтимоии инфрасохторӣ (истиқоматӣ, ҷамъиятӣ, биноҳои истеҳсолӣ, иншооти варзишӣ, мавзеъҳои истироҳатӣ, муассисаҳои маданию маърифатӣ ва дигар иншооту муассисаҳо), инчунин барои истифодаи бемамониат аз нақлиёти роҳи оҳан, ҳавоӣ, нақлиёти автомобилии байнишаҳрӣ ва ҳамаи намудҳои нақлиёти мусофирбарии шаҳрӣ ва наздишаҳрӣ, воситаҳои алоқа ва иттилоотӣ шароит фароҳам меоранд.

2. Лоиҳакашӣ ва сохтмони шаҳрҳо, дигар маҳалҳои аҳолинишин, ташкили минтақаҳои истиқоматӣ ва истироҳатӣ, таҳияи лоиҳаҳои нави сохтмон ва азнавсозии биноҳо, иншоот ва маҷмааи онҳо бе мутобиқ гардониданашон барои дастрасӣ ва истифодабарии маъюбон иҷозат дода намешавад.

3. Маблағгузории хароҷоти фароҳам овардани шароит барои дастрасии бемамониати маъюбон ба иншооти инфрасохтори муҳандисӣ, нақлиётӣ ва иҷтимоӣ, инчунин барои истифодаи бемамониат аз нақлиёти роҳи оҳан, нақлиёти ҳавоӣ ва ҳамаи намудҳои нақлиёти мусофирбари шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва байниноҳиявӣ, воситаҳои алоқа ва иттилоотӣ аз ҳисоби соҳибмулкони иншооти мазкур амалӣ карда мешавад.

4. Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ба маъюбон ташкилотҳое, ки талаботи аҳолиро ба хизматрасонии нақлиётӣ таъмин менамоянд, ӯҳдадоранд, ки истгоҳҳо, фурдгоҳҳо ва дигар иншоот, инчунин воситаҳои нақлиёташонро бо таҷҳизоти махсус муҷҷаҳаз гардонанд, то ин ки маъюбон имконияти истифодаи бемамониатро аз ин иншооту воситаҳо дошта бошанд.

Моддаи 26. Таъмини шуғли маъюбон

1. Ба маъюбон тавассути баргузор намудани чорабиниҳои махсуси зерин, ки дараҷаи рақобатпазирии онҳоро дар бозори меҳнат баланд мебардоранд, кафолати шуғли меҳнатӣ дода мешавад:

- дар ташкилотҳо новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликияташон квотаҳо барои ба кор қабул намудани маъюбон ва ҳадди ақалли теъдоди ҷойҳои махсуси корӣ барои онҳо муқаррар карда мешаванд;

- ҳавасмандгардонии ташкилотҳо барои таъсис додани ҷойҳои иловагии корӣ (аз ҷумла ҷойҳои махсуси корӣ) ҷиҳати бо кор таъминкунии маъюбон;

- фароҳам овардани шароити меҳнати мутобиқ ба барномаҳои инфиродии тавонбахшии маъюбон;

- фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкории маъюбон;

- ташкил намудани омӯзиши касбҳои нав барои маъюбон.

2. Дар ташкилотҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликияташон ҳангоми на камтар аз 20 нафар будани шумораи кормандони онҳо ба андозаи на камтар аз панҷ фоиз аз шумораи умумии кормандон ба маъюбон барои ба кор қабул кардан квота муқаррар карда мешавад.

3. Ҳадди ақалли теъдоди ҷойҳои махсуси корӣ барои бо кор таъмин кардани маъюбон ба ҳар як ташкилот дар доираи квотаи муқарраргардидаи ба кор қабул намудани маъюбон муайян карда мешавад.

4. Барои ташкилотҳое, ки маъюбонро бо кор таъмин мекунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон андозбандии имтиёзнок муқаррар карда мешавад.

Моддаи 27. Ҳуқуқҳои маъюбон дар муносибатҳои меҳнатӣ

1. Барои маъюбоне, ки кор мекунанд, аз ҷониби корфармоёни онҳо мутобиқ ба барномаи инфиродии тавонбахшии маъюбон шароити зарурии меҳнат фароҳам оварда мешавад.

2. Имтиёзҳои иловагии маъюбон вобаста ба давомнокии кӯтоҳи вақти корӣ, рухсатиҳои иловагӣ, инчунин дигар кафолатҳо дар муносибатҳои меҳнатӣ тибқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба танзим дароварда мешаванд.

Моддаи 28. Нигоҳ доштани манзили истиқоматии маъюбе, ки дар муассисаи будубоши доимии (статсионарии) хизматрасонии иҷтимоӣ қарор дорад

1. Дар давоми мӯҳлати муайяннамудаи барномаи инфиродии тавонбахшӣ, ки маъюб дар муассисаи будубоши доимии (статсионарии) хизматрасонии иҷтимоӣ қарор дорад, манзили истиқоматии аз фонди манзили давлатӣ ба ӯ ҷудо кардашуда нигоҳ дошта мешавад.

2. Баъди гузаштани ин мӯҳлат, агар маъюб дар манзили истиқоматии давлатии ба ӯ ҷудо кардашуда мустақилона зиндагӣ карда натавонад, манзили истиқоматии мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дигар маъюби мӯҳтоҷи манзил дода мешавад.

Моддаи 29. Ҳуқуқи маъюбон ба таъминоти иҷтимоӣ

1. Маъюбон ба гирифтани нафақа, кӯмакпулӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд.

2. Маъюбоне, ки кор мекунанд, новобаста ба гирифтани нафақа ба тамоми намудҳои кӯмакпулӣ аз рӯи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ, аз ҷумла ба кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ҳуқуқ доранд.

3. Маъюбон бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рафтуомади ройгон ё имтиёзнок ба ҷои табобат вобаста ба протезмонӣ ва тавонбахшӣ ҳуқуқ доранд.

4. Ба оилаҳое, ки ду ва зиёда маъюб доранд, инчунин ба падар ё модари танҳои маъюб, ки кӯдаки маъюбро тарбия мекунанд, бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрии иловагии иҷтимоӣ расонида мешавад.

Моддаи 30. Имтиёзҳои маъюбон барои истифода аз нақлиёт

(Қонуни ҶТ аз 17.12.2020 № 1739)

1. Маъюбон ҳуқуқ доранд бо пешниҳоди шаҳодатнома аз нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ, наздишаҳрӣ, байнишаҳрӣ ва ноҳиявӣ (ба истиснои таксӣ) ба таври ройгон ва аз нақлиёти роҳи оҳан ва ҳавоӣ ба таври имтиёзнок истифода намоянд.

2. Хароҷоти ташкилотҳои нақлиёти мусофирбар барои ҳамлу нақли маъюбон дар шаҳр, назди шаҳр ва ноҳия аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ пардохт карда мешавад.

3. Хароҷот барои ҳамлу нақл дар нақлиёти роҳи оҳан, ҳавоӣ ва дар хатсайри байнишаҳрии автомобилӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ пардохт карда мешавад.

4. Тартиби пӯшонидани хароҷот барои истифодаи ройгон аз хизматрасонии нақлиётиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 17.12.2020 № 1739).

Моддаи 31. Имтиёзҳои маъюбон барои пардохти ҳаққи манзили истиқоматӣ, хизматрасонии коммуналӣ ва андозҳо

1. Маъюбон ба имтиёзҳо, аз ҷумла андозбандии имтиёзнок бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд.

2. Маъюбони гурӯҳҳои I ва II ҳуқуқи пардохти имтиёзноки ҳаққи манзили истиқоматӣ, хизматрасонии коммуналӣ (ба ғайр аз қувваи барқ, гази табиӣ) ва телефон, инчунин имтиёзи ба моликияти шахсӣ харидани хонаи давлатии истиқоматиашонро дар ҳаҷми 50 фоиз ва ҳуқуқи бенавбат ва ройгон гузаронидани хатти телефон, барқ, газ ва оби нӯшокиро доранд.

3. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар ташкилотҳо дар доираи салоҳияти худ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ба маъюбон барои пардохти ҳаққи манзили истиқоматӣ, хизматрасонии коммуналӣ, андозҳои маҳаллӣ ва дигар пардохтҳо имтиёзҳои иловагӣ муқаррар намоянд.

БОБИ 5. ИТТИҲОДИЯҲОИ ҶАМЪИЯТИИ МАЪЮБОН

Моддаи 32. Ҳуқуқи маъюбон ба таъсиси иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ

1. Маъюбон бо мақсади ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худ, таъмини имконияти баробар бо шаҳрвандони дигар метавонанд иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ таъсис диҳанд, ба узвияти онҳо шомил гарданд, инчунин бемамониат аз узвияти иттиҳодияҳои мазкур бароянд.

2. Тартиби таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятии маъюбон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

3. Давлат барои фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятии маъюбон мусоидат менамояд.

4. Ва моликияти иттиҳодияҳои ҷамъиятии маъюбон метавонанд корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳо, бинову иншоот, таҷҳизот, нақлиёт, манзил, арзишҳои зеҳнӣ, воситаҳои пулӣ, саҳмияҳо ва дигар коғазҳои қиматнок, инчунин дигар намудҳои моликият мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дошта бошанд.

5. Иттиҳодияҳои ҷамъиятии маъюбон ва ташкилотҳои онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз андозбандии имтиёзнок ва афзалиятҳо истифода мебаранд.

Моддаи 33. Иштироки иттиҳодияҳои ҷамъиятии маъюбон дар ҳалли масъалаҳои ба маъюбон дахлдошта

1. Иттиҳодияҳои ҷамъиятии маъюбон метавонанд дар ҳалли масъалаҳои ба маъюбон дахлдошта иштирок намоянд.

2. Мақомоти давлатӣ, инчунин дигар ташкилотҳо вазифадоранд намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятии маъюбонро дар тайёр ва қабул намудани қарорҳои ба манфиати маъюбон дахлдошта ҷалб намоянд.

БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 34. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки Қонунн мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 35. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи иҷтимоии маъюбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 1991 "Дар бораи ҳимояи иҷтимоии маъюбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. с. 1992. №3, мод. 32; с. 1994. №2, мод. 50: Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. с. 1995. №22. мод. 26 2004, №

2. мод. 40; с. 2005, №3, мод. 132; с.2008. №1, қ.2, мод.23) аз эътибор соқит дониста шавад.

Моддаи 36. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

29 декабри соли 2010 № 675

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон" баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев

ш. Душанбе,

16 декабри соли 2010 № 109

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ МАЪЮБОН

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии таъминоти ҳифзи иҷтимоии маъюбонро муайян намуда, ба онҳо имконияти баробари зиндагӣ ва ҳамгироӣ бо ҷомеаро фароҳам меорад.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

- маъюб - шахсест, ки дар натиҷаи нуқсёбии саломатӣ бо коҳиши устувори вазифаҳои организм аз беморӣ, ҷароҳат, иллати ҷисмонӣ ва ақлонӣ боиси маҳдуд шудани фаъолияти ҳаётӣ гардидааст ва ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёз дорад;

- кӯдаки маъюб - шахси маъюби то синни 18 - сола;

- маҳдудияти фаъолияти ҳаётӣ - пурра ё қисман гум шудани қобилият ё имконияти шахс ба худхизматрасонӣ, мустақилона ҳаракат ва муомила кардан, сарфаҳм рафтан, рафтори худро назорат намудан, таълим гирифтан ва ба фаъолияти меҳнатӣ машғул шудан;

- маъюбӣ - дараҷаи маҳдудияти фаъолияти ҳаётии инсон дар натиҷаи нуқсёбии саломатӣ бо коҳиши устувори вазифаҳои организм;

- ташхиси тиббию иҷтимоӣ - бо тартиби муқарраргардида муайян намудани эҳтиёҷоти шахси ташхисшаванда ба тадбирҳои ҳифзи иҷтимоӣ, аз ҷумла ба тавонбахшӣ дар асоси арзёбии маҳдудияти фаъолияти ҳаётӣ, ки дар натиҷаи коҳиши устувори вазифаҳои организм ба вуҷуд омадааст;

- тавонбахшии маъюбон - низом ва раванди пурра ё қисман барқарорсозии қобилияти маъюбон ба фаъолияти маишӣ, ҷамъиятӣ ва касбӣ бо мақсади мутобиқати иҷтимоии маъюбон, ба даст овардани мустақилияти моддӣ ва ҳамгироии иҷтимоии онҳо бо ҷомеа;

- барномаи инфиродии тавонбахшии маъюб - маҷмӯи чорабиниҳои барои тавонбахшии маъюб самарабахш, ки аз шаклу намудҳои алоҳида, ҳаҷм, мӯҳлат ва тартиби амалишавандаи тадбирҳои тиббӣ, касбӣ ва дигар чораҳои тавонбахшӣ иборатанд ва ба барқарорсозӣ, ҷуброни қобилияти маъюб барои иҷрои намудҳои муайяни фаъолият равона карда шудааст;

- ҷойҳои махсуси корӣ барои бо кор таъминкунии маъюбон - ҷойҳои корие, ки бо назардошти имконияти фардии маъюбон таҷҳизонида шудаанд;

- ҳифзи иҷтимоии маъюбон - низоми тадбирҳои аз ҷониби давлат кафолатдодашудаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба маъюбон ҷиҳати бартарафсозӣ ё ҷуброни маҳдудияти фаъолияти ҳаёти шароит муҳайё менамояд ва ба фароҳам овардани имконияти баробари иштироки онҳо бо дигар шаҳрвандон дар ҳаёти ҷомеа равона карда шудааст.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Принсипҳои ҳифзи иҷтимоии маъюбон

Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии маъюбон дар асоси принсипҳои зерин амалӣ карда мешавад:

- қонуният, инсондӯстӣ, риояи ҳуқуқи инсон;

- кафолати сатҳи зарурии ҳифзи иҷтимоӣ, таъмини дастрасии тавонбахшии тиббӣ, иҷтимоӣ ва касбӣ;

- дастрасӣ ва баробарҳуқуқии маъюбон дар баробари дигар шаҳрвандон ба ҳифзи саломатӣ, таҳсил, истироҳату саёҳат ва интихоби озоди намудҳои фаъолият, аз ҷумла фаъолияти меҳнатӣ;

- ҳамкории мақомоти давлатӣ бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳое, ки дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии маъюбон фаъолият мекунанд;

- манъи табъизи (дискриминатсияи) маъюбон.

Моддаи 4. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии маъюбон

Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии маъюбон дохил мешаванд:

- муайян кардани самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии маъюбон;

- қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии маъюбон;

- қабули барномаи давлатии ҳифзи иҷтимоии маъюбон;

- тасдиқи Тартиби ҷорӣ намудани квотаи бо кор таъмин кардани маъюбон;

- таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба ҳифзи иҷтимоии маъюбон;

- дигар салоҳиятҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 5. Салоҳияти мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи ҳифзи иҷтимоии маъюбон

Ба салоҳияти мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи ҳифзи иҷтимоии маъюбон дохил мешаванд:

- таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи иҷтимоии маъюбон, аз ҷумла дар соҳаи ташхиси тиббию иҷтимоӣ;

- ҳамоҳангсозии ташкилию методии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳо оид ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии маъюбон;

- тасдиқи Қоидаҳои гузаронидани ташхиси тиббию иҷтимоӣ якҷоя бо мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи тандурустӣ;

- гузаронидани ташхиси тиббию иҷтимоӣ бо назардошти дараҷаи коҳиши вазифаҳои организм ва маҳдудияти фаъолияти меҳнатӣ муайян кардани гурӯҳи маъюбӣ, сабабҳо, давомнокӣ, вақти фарорасии маъюбӣ ва дараҷаи гум кардани қобилияти корӣ;

- қабули барномаҳои инфиродии тавонбахшии маъюбон ва таъмини иҷрои онҳо;

- гузаронидани тадқиқоти илмӣ ва корҳои таҷрибавию тарроҳӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии маъюбон;

- омӯзиш ва гузаронидани мониторинги сабабҳо, шароит ва ҳолати маъюбӣ;

- ташкили такмили ихтисоси кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоии маъюбон, аз ҷумла кормандони ташхиси тиббию иҷтимоӣ ва мутахассисони таълими имову ишора;

- амалӣ намудани тадбирҳои хизматрасонии иҷтимоӣ ва кӯмаки иҷтимоии унвонӣ ба маъюбон;

- ташкили махзани марказонидашудаи иттилооти баҳисобгирии маъюбон;

- таъмини риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии маъюбон.

Моддаи 6. Салоҳияти мақомоти ваколатдори давлатии сиҳаи тандурустӣ оид ба ҳифзи иҷтимоии маъюбон

Ба салоҳияти мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи тандурустӣ оид ба ҳифзи иҷтимоии маъюбон дохил мешаванд:

- андешидани тадбирҳо дар самти ташаккули тарзи ҳаёти солим ва пешгирии маъюбӣ;

- муайян кардани намунаи роҳхати гузаштан аз ташхиси тиббию иҷтимоӣ, муоина (ташхис) ва табобати маъюбон;

- амалӣ намудани тавонбахшии тиббии маъюбон тибқи барномаҳои инфиродии тавонбахшии маъюбон;

- таъмини омӯзиши касбӣ ва бозомӯзии мутахассисони соҳаи ташхиси тиббию иҷтимоӣ;

- муайян кардани рӯйхати доруворӣ, маҳсулоти барои нигоҳубини маъюбон аҳамияти тиббидошта, инчунин озуқавории ғизои солим барои кӯдакони маъюб.

Моддаи 7. Салоҳияти мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи маориф оид ба ҳифзи иҷтимоии маъюбон

Ба салоҳияти мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи маориф оид ба ҳифзи иҷтимоии маъюбон дохил мешаванд:

- таъмини таҳсили ройгон ба маъюбон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таъмини омӯзиш, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи хизматрасонии иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон, аз ҷумла мутахассисони забони имову ишора ва ҳуруфоти махсус;

- таҳия ва тасдиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки фаъолияти таълимию маърифатии муассисаҳои махсуси таълимиро танзим намуда, тахсили маъюбонро таъмин мекунанд.

Моддаи 8. Салоҳияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба ҳифзи иҷтимоии маъюбон

Ба салоҳияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба ҳифзи иҷтимоии маъюбон дохил мешаванд:

- қабули барномаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии ҳифзи иҷтимоии маъюбон, аз ҷумла хизматрасонии иҷтимоӣ, тавонбахшӣ ва шуғли маъюбон;

- таъсиси муассисаҳои давлатӣ оид ба хизматрасонии иҷтимоӣ ба маъюбон;

- таъмини татбиқи барномаҳои тавонбахшии маъюбон;

- ташкили расонидани кӯмакҳои хайрия ва инчунин кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба маъюбон;

- андешидани чораҳои зарурӣ оид ба беҳтар намудани шароити манзилию маишӣ ва ҳифзи саломатии маъюбон;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилотҳое, ки дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии маъюбон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо фаъолият мекунанд;

- таъсиси Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ҳамоҳангсозии масъалаҳои ҳифзи пҷтимоии маъюбон дар ҳудуди вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо.

Моддаи 9. Салоҳияти мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба ҳифзи иҷтимоии маъюбон

Ба салоҳияти мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба ҳифзи иҷтимоии маъюбон дохил мешаванд:

- мусоидат ба татбиқи барномаҳои ҳифзи иҷтимоии маъюбон;

- ҷалби маблағҳои хайрия ба маъюбон;

- расонидани хизматҳои иҷтимоӣ ва хайрия ба маъюбон.

БОБИ 2. ТАШХИСИ ТИББИЮ ИҶТИМОӢ

Моддаи 10. Ташхиси тиббию иҷтимоӣ

1. Маъюбӣ, сабабҳо, давомнокӣ, вақти фарорасии он, дараҷаи гум кардани қобилияти корӣ ва ба ҳифзи иҷтимоӣ эҳтиёҷманд будани шахс бо роҳи гузаронидани ташхиси тиббию иҷтимоӣ муқаррар карда мешавад.

2. Ташхиси тиббию иҷтимоӣ бо назардошти арзёбии умумии ҳолати организм дар асоси таҳлили нишондиҳандаҳои клиникии функсионалӣ, маишӣ, иҷтимоӣ, касбӣ, меҳнатӣ ва равонии шахси муоинашаванда амалӣ карда мешавад.

3. Бо назардошти дараҷаи коҳиши вазифаҳои организм ва маҳдудияти фаъолияти ҳаётӣ ба шахси маъюб эътирофгардида гурӯҳи маъюбӣ ва ба шахси то синни 18 - сола категорияи "кӯдаки маъюб" муқаррар карда мешавад.

4. Ташхиси тиббию иҷтимоиро мақомоти ваколатдори соҳаи ҳифзи иҷтимоии маъюбон анҷом медиҳад. Тартиби ташкил ва фаъолияти мақомоти ваколатдори ташхиси тиббию иҷтимоиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

5. Тадқиқоти илмӣ, ташхиси тиббию иҷтимоӣ ва клиникӣ, таҳияи дастурамалҳои методӣ оид ба масъалаҳои ташхиси тиббию иҷтимоии маъюбон ва тавонбахшии онҳоро муассисаҳои тадқиқоти илмии мақомоти ваколатдори соҳаи ҳифзи иҷтимоии маъюбон анҷом медиҳанд.

БОБИ 3. ТАВОНБАХШИИ МАЪЮБОН

Моддаи 11. Тавонбахшии маъюбон

1. Тавонбахшии маъюбон мутобиқи барномаи инфиродӣ, ки дар асоси хулосаи мақомоти ваколатдори ташхиси тиббию иҷтимоӣ барои ҳар як маъюб муайян карда шудааст, амалӣ мегардад.

2. Тавонбахшии маъюбон самтҳои зеринро дар бар мегирад:

- тадбирҳои барқарорсозии тиббӣ, аз ҷумла бо усули ҷарроҳӣ, таъминоти воситаҳои техникӣ, протезию ортопедӣ ва табобати санаторию курортӣ;

- роҳнамоии касбӣ, таълим ва таҳсил, мусоидат ба шуғл, мутобиқати истеҳсолӣ;

- тавонбахшии иҷтимоию муҳитӣ, иҷтимоию омӯзгорӣ, иҷтимоию равоншиносӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ, инчунин мутобиқати иҷтимоию маишӣ;

- варзиш ва тадбирҳои тарбияи ҷисмонӣ ва солимгардонӣ.

3. Амалӣ намудани самтҳои асосии тавонбахшии маъюбон воситаҳои техникӣ ва дигар воситаҳои тавонбахшӣ истифода бурдани маъюбон, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои маъюбон дар истифодаи бемамониат аз иншоотҳо, биноҳои истиқоматӣ, муҳандисию нақлиётӣ ва инфрасохтори иҷтимоӣ, истифода аз воситаҳои алоқа ва иттилоот, инчунин таъмин намудани маъюбон ва аъзои оилаи онҳоро бо иттилоот дар бораи масъалаҳои тавонбахшии маъюбон пешбинӣ менамояд.

Моддаи 12. Барномаи инфиродии тавонбахшии маъюб

1. Барномаи инфиродии тавонбахшии маъюб ҳам татбиқи тадбирҳои тавонбахширо, ки ба маъюб аз ҳисоби буҷети давлатӣ ройгон пешниҳод мегарданд ва ҳам амалӣ намудани тадбирҳои тавонбахшиеро пешбинӣ менамояд, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пардохти онҳо худи маъюб ё корфармоёне, ки бо айби онҳо ба шахс осеби меҳнатӣ расонида шудааст ё бемории касбӣ фаро расидааст, иштирок мекунанд.

2. Иҷрои барномаи инфиродии тавонбахшии маъюб барои мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликияташон (минбаъд - ташкилотҳо) ва шахсони воқеӣ ҳатмӣ мебошад.

3. Барномаи инфиродии тавонбахшӣ барои маъюб хусусияти тавсиявӣ дошта, ӯ хақ дорад, ки аз ин ё он намуд, шакл ва андозаи тадбирҳои тавонбахшӣ, инчунин умуман аз татбиқи барнома даст кашад. Маъюб ҳуқуқ дорад, ки масъалаи бо воситаи мушаххаси техникии тавонбахшӣ ё намуди тавонбахшӣ, аз қабили аробача-курсии паҳлӯдор, воситаҳои протезию ортопедӣ, маводи чопӣ бо ҳуруфи махсус, асбоби шунавоӣ, таҷҳизоти огоҳкунанда, маводи видеоии дорои сатри равон ё тарҷумам имову ишора ва дигар воситаҳои ба ин монанд таъмин намудани худро мустақилона ҳал кунад.

4. Агар воситаи техникӣ ё хизматрасонии тавонбахшии дар барномаи инфиродии тавонбахшӣ муқарраргардида ба маъюб пешниҳод карда нашаванд ё худи маъюб ин воситаро аз ҳисоби маблағи худ дастрас ё ҳаққи хизматрасониро пардохта бошад, ба ӯ арзиши воситаи техникии тавонбахшӣ ва ҳаққи хизматҳое, ки мебоист ба маъюб расонида мешуданд тибқи тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.

5. Дар ҳолати аз барномаи инфиродии тавонбахшӣ пурра ё қисман даст кашидани маъюб (ва ё шахсе, ки манфиати ӯро намояндагӣ менамояд) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо аз иҷрои барнома озод мегарданд ва ин ба маъюб ҳуқуқи гирифтани ҷубронпулиро ба андозаи арзиши чорабиниҳои тавонбахшии ройгон намедиҳад.

Моддаи 13. Воситаҳои техникии тавонбахшии маъюбон

1. Воситаҳои техникии тавонбахшии маъюбон аз асбобу олоти махсусе иборатанд, ки барои ҷуброн ё бартарафсозии нуқсонҳо ва маҳдудиятҳои фаъолияти ҳаётии маъюбон истифода бурда мешаванд.

2. Воситаҳои техникии тавонбахшии маъюбон инҳоянд:

- воситаҳо барои ҳаракат;

- воситаҳои махсус барои худхизматрасонӣ;

- воситаҳои махсус барои нигоҳубин;

- воситаҳои махсус барои роҳнамоӣ, муошират ва табодули ахбор;

- воситаҳои махсус барои таълим (аз қабили адабиёт барои нобиноён) ва барои машғул шудан бо фаъолияти меҳнатӣ;

- маснуоти протезӣ (аз қабили маснуоти протезию ортопедӣ, пойафзоли ортопедӣ ва либосҳои махсус, протезҳои чашм ва асбобҳои шунавоӣ);

- таҷҳизоти махсуси варзишӣ ва машқ, асбобҳои варзишӣ.

3. Зарурати ба маъюб пешниҳод намудани воситаҳои техникии тавонбахшие, ки маҳдудияти устувори фаъолияти ҳаётии маъюбро ҷуброн ё бартараф мекунанд, аз рӯи нишондиҳандаҳои тиббӣ муайян карда мешавад.

4. Бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ таъмин кардани маъюб аз рӯи нишондиҳандаҳои мувофиқат ва номувофиқатии тиббӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори соҳаи ҳифзи иҷтимоии маъюбон амалӣ карда мешавад.

5. Нишондиҳандаҳои мувофиқат ва номувофиқатии тиббӣ дар асоси арзёбии коҳиши устувори вазифаҳои организм бар асари беморӣ, ҷароҳат, иллати ҷисмонӣ ва ақлонӣ муқаррар карда мешаванд.

6. Воситаҳои техникии тавонбахшӣ, ки тибқи барномаи инфиродии тавонбахшӣ пешбинӣ гардидаанд, аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ё суғуртаи иҷтимоӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи ройгон ба маъюб дода мешаванд.

Моддаи 14. Манбаъҳои маблағгузории тадбирҳои тавонбахшӣ, воситаҳои техникӣ ва хизматрасониҳо ба маъюбон

1. Манбаъҳои маблағгузории тадбирҳои тавонбахшӣ, воситаҳои техникӣ ва хизматрасониҳо, ки ба маъюбон пешниҳод мегарданд, маблағҳои буҷети давлатӣ ва инчунин маблағҳои корфармоёне мебошанд, ки бо айби онҳо шахс осеби меҳнатӣ гирифтааст ё гирифтори бемории касбӣ шудааст.

2. Маблағҳои иловагӣ барои маблағгузории хароҷоти тадбирҳои тавонбахшӣ, воситаҳои техникӣ ва хизматрасониҳо, ки ба маъюбон пешниҳод мегарданд, метавонанд дигар манбаъҳое бошанд, ки қонунгузорӣ манъ накардааст.

3. Имтиёзу кафолатҳое, ки барои маъюбон мувофиқи Конуни мазкур пешбинӣ шудаанд, метавонанд дар шакли пулӣ ва ё кӯмаки иҷтимоии унвонӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда шаванд.

БОБИ 4. ТАЪМИНИ ФАЪОЛИЯТИ ҲАЁТИИ МАЪЮБОН

Моддаи 15. Ёрии тиббӣ ба маъюбон

Ба маъюбон дар муассисаҳои давлатии тиббию иҷтимоӣ ба таври ройгон ё имтиёзнок бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрии тиббӣ расонида мешавад.

Моддаи 16. Табобати санаторию курортии маъюбон

1. Маъюбон дар асоси хулосаи ташхиси тиббию иҷтимоӣ ба табобати ройгон ва ё имтиёзноки санаторию курортӣ, бенавбат гирифтани роҳхат ва рафтуомади ройгон ба маҳалли табобат бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд.

2. Ба маъюбоне, ки кор намекунанд, аз ҷумла ба маъюбони дар муассисаҳои будубоши доимӣ (статсионарӣ) истиқоматдошта, барои табобати санаторию курортӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи ҳифзи иҷтимоии маъюбон ё аз ҷониби ташкилотҳое, ки ба онҳо зарари расонидаро талофӣ мекунанд, роҳхати ройгон дода мешавад.

3. Маъюбоне, ки кор мекунанд, ҳуқуқ доранд роҳхати табобати санаторию курортиро аз ҷои корашон ройгон ё бо пардохти 50 фоизи арзиши он гиранд.

Моддаи 17. Муҳайё намудани шароити таҳсил ва касбомӯзӣ ба маъюбон

1. Давлат бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маъюбон муҳайё намудани шароити заруриро барои таҳсил ва касбомӯзӣ кафолат медиҳад.

2. Давлат тибқи барномаи инфиродии тавонбахшӣ ба маъюбон таълиму тарбияи ройгонро дар муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ, таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии касбӣ, таҳсилоти иловагӣ ва махсус дар муассисаҳои давлатии таҳсилоти умумӣ ва махсус таъмин менамояд.

Моддаи 18. Тарбияи томактабии кӯдакони маъюб

1. Бо мақсади фароҳам овардани имконияти бештар барои тарбияи томактабии кӯдакони маъюб ва ба онҳо расонидани кӯмаки зарурии тавонбахшӣ дар муассисаҳои кӯдаконаи томактабии умумӣ барои будубоши кӯдакони маъюб шароит муҳайё карда мешавад.

2. Ба кӯдакони маъюбе, ки вазъи саломатиашон барои гирифтани тарбия дар муассисаҳои томактабии умумӣ имконият намедиҳад, муассисаҳои махсуси томактабӣ таъсис дода мешаванд.

Моддаи 19. Таҳсилоти умумии кӯдакони маъюб

Кӯдакони маъюб дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки ҳангоми зарурат бо воситаҳои махсуси техникӣ таҷҳизонида мешаванд ва инчунин дар муассисахои махсуси таълимӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсилоти умумӣ мегиранд.

Моддаи 20. Тарбия ва таълими кӯдакони маъюб дар хона

1. Дар сурати мавҷуд набудани имконияти тарбия ва таълими кӯдакони маъюб дар муассисаҳои таълимӣ, тарбия ва таълими онҳо бо назардошти хоҳиши падару модарашон (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) дар хона ба роҳ монда мешавад.

2. Муассисаҳои таълимию тарбиявии дахлдор ба падару модар (шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд) барои тарбия ва таълими кӯдакони маъюб дар хона кӯмак мерасонанд.

Моддаи 21. Тарбияи беруназмактабии кӯдакони маъюб

Бо мақсади инкишофи ҳамаҷониба ва муносиби кӯдакони маъюб, дар рӯҳи фаъолнокии ҷамъиятӣ, майлу рағбат ба меҳнат, илму техника, санъат ва варзиш тарбия намудани онҳо мақомоти маориф ва дигар мақомоти давлатӣ вазифадоранд, ки тарбияи беруназмактабиро бо муҳайё намудани шароити мусоид барои кӯдакони маъюб дастрас гардонанд.

Моддаи 22. Тарбия ва таълими кӯдакони маъюб дар муассисаҳои будубоши доимӣ (статсионарӣ)

Тарбия ва таълими кӯдакони маъюби дар муассисаҳои будубоши доимӣ (статсионарӣ) истиқоматдошта аз тарафи муассисаҳои мазкур пайваста дар алоқамандӣ бо мутобиқкунии шароити иҷтимоию маишӣ ва меҳнатӣ таъмин карда мешавад.

Моддаи 23. Таҳсилоти касбии маъюбон

1. Таҳсилоти касбии маъюбон (ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ, таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии касбӣ) дар муассисаҳои таълимии умумӣ амалӣ гардонида мешавад. Барои маъюбоне, ки ба шароити махсуси таҳсилоти касбӣ эҳтиёҷ доранд, муассисаҳои махсуси таълимии касбии шаклу намудҳои гуногун ё дар муассисаҳои умумии таълимии касбӣ шароити мувофиқ фароҳам оварда мешавад.

2. Маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки ба онҳо аз рӯи хулосаи ташхиси тиббию иҷтимоӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касоӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ таҳсил намудан манъ карда нашудааст, ба муассисаҳои мазкур бидуни озмун бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд.

3. Тайёрии касбӣ ва таҳсилоти касбии маъюбон дар муассисаҳои махсуси таълимии касбии маъюбон мутобиқи стандартҳои давлатии таълимӣ, дар асоси барномаҳои таълимие, ки барои омӯзонидани маъюбон мувофиқ гардонида шудаанд, сурат мегирад.

4. Қоидаҳои қабули маъюбон ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ ва тартиби маблағгузории онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Моддаи 24. Забони имову ишора

1. Давлат забони имову ишораро ба маъюбон ҳамчун воситаи муоширати байни шахсон эътироф мекунад.

2. Вазъи ҳуқуқӣ ва доираи истифодаи забони имову ишораро санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд.

Моддаи 25. Таъмини дастрасии бемамониати маъюбон ба иншооти инфрасохторӣ ва воситаҳои нақлиёт

1. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот, дигар ташкилотҳо барои дастрасии бемамониати маъюбон (инчунин маъюбоне, ки аз аробачаҳои маъюбӣ истифода мебаранд) ба иншооти иҷтимоии инфрасохторӣ (истиқоматӣ, ҷамъиятӣ, биноҳои истеҳсолӣ, иншооти варзишӣ, мавзеъҳои истироҳатӣ, муассисаҳои маданию маърифатӣ ва дигар иншооту муассисаҳо), инчунин барои истифодаи бемамониат аз нақлиёти роҳи оҳан, ҳавоӣ, нақлиёти автомобилии байнишаҳрӣ ва ҳамаи намудҳои нақлиёти мусофирбарии шаҳрӣ ва наздишаҳрӣ, воситаҳои алоқа ва иттилоотӣ шароит фароҳам меоранд.

2. Лоиҳакашӣ ва сохтмони шаҳрҳо, дигар маҳалҳои аҳолинишин, ташкили минтақаҳои истиқоматӣ ва истироҳатӣ, таҳияи лоиҳаҳои нави сохтмон ва азнавсозии биноҳо, иншоот ва маҷмааи онҳо бе мутобиқ гардониданашон барои дастрасӣ ва истифодабарии маъюбон иҷозат дода намешавад.

3. Маблағгузории хароҷоти фароҳам овардани шароит барои дастрасии бемамониати маъюбон ба иншооти инфрасохтори муҳандисӣ, нақлиётӣ ва иҷтимоӣ, инчунин барои истифодаи бемамониат аз нақлиёти роҳи оҳан, нақлиёти ҳавоӣ ва ҳамаи намудҳои нақлиёти мусофирбари шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва байниноҳиявӣ, воситаҳои алоқа ва иттилоотӣ аз ҳисоби соҳибмулкони иншооти мазкур амалӣ карда мешавад.

4. Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ба маъюбон ташкилотҳое, ки талаботи аҳолиро ба хизматрасонии нақлиётӣ таъмин менамоянд, ӯҳдадоранд, ки истгоҳҳо, фурдгоҳҳо ва дигар иншоот, инчунин воситаҳои нақлиёташонро бо таҷҳизоти махсус муҷҷаҳаз гардонанд, то ин ки маъюбон имконияти истифодаи бемамониатро аз ин иншооту воситаҳо дошта бошанд.

Моддаи 26. Таъмини шуғли маъюбон

1. Ба маъюбон тавассути баргузор намудани чорабиниҳои махсуси зерин, ки дараҷаи рақобатпазирии онҳоро дар бозори меҳнат баланд мебардоранд, кафолати шуғли меҳнатӣ дода мешавад:

- дар ташкилотҳо новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликияташон квотаҳо барои ба кор қабул намудани маъюбон ва ҳадди ақалли теъдоди ҷойҳои махсуси корӣ барои онҳо муқаррар карда мешаванд;

- ҳавасмандгардонии ташкилотҳо барои таъсис додани ҷойҳои иловагии корӣ (аз ҷумла ҷойҳои махсуси корӣ) ҷиҳати бо кор таъминкунии маъюбон;

- фароҳам овардани шароити меҳнати мутобиқ ба барномаҳои инфиродии тавонбахшии маъюбон;

- фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкории маъюбон;

- ташкил намудани омӯзиши касбҳои нав барои маъюбон.

2. Дар ташкилотҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликияташон ҳангоми на камтар аз 20 нафар будани шумораи кормандони онҳо ба андозаи на камтар аз панҷ фоиз аз шумораи умумии кормандон ба маъюбон барои ба кор қабул кардан квота муқаррар карда мешавад.

3. Ҳадди ақалли теъдоди ҷойҳои махсуси корӣ барои бо кор таъмин кардани маъюбон ба ҳар як ташкилот дар доираи квотаи муқарраргардидаи ба кор қабул намудани маъюбон муайян карда мешавад.

4. Барои ташкилотҳое, ки маъюбонро бо кор таъмин мекунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон андозбандии имтиёзнок муқаррар карда мешавад.

Моддаи 27. Ҳуқуқҳои маъюбон дар муносибатҳои меҳнатӣ

1. Барои маъюбоне, ки кор мекунанд, аз ҷониби корфармоёни онҳо мутобиқ ба барномаи инфиродии тавонбахшии маъюбон шароити зарурии меҳнат фароҳам оварда мешавад.

2. Имтиёзҳои иловагии маъюбон вобаста ба давомнокии кӯтоҳи вақти корӣ, рухсатиҳои иловагӣ, инчунин дигар кафолатҳо дар муносибатҳои меҳнатӣ тибқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба танзим дароварда мешаванд.

Моддаи 28. Нигоҳ доштани манзили истиқоматии маъюбе, ки дар муассисаи будубоши доимии (статсионарии) хизматрасонии иҷтимоӣ қарор дорад

1. Дар давоми мӯҳлати муайяннамудаи барномаи инфиродии тавонбахшӣ, ки маъюб дар муассисаи будубоши доимии (статсионарии) хизматрасонии иҷтимоӣ қарор дорад, манзили истиқоматии аз фонди манзили давлатӣ ба ӯ ҷудо кардашуда нигоҳ дошта мешавад.

2. Баъди гузаштани ин мӯҳлат, агар маъюб дар манзили истиқоматии давлатии ба ӯ ҷудо кардашуда мустақилона зиндагӣ карда натавонад, манзили истиқоматии мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дигар маъюби мӯҳтоҷи манзил дода мешавад.

Моддаи 29. Ҳуқуқи маъюбон ба таъминоти иҷтимоӣ

1. Маъюбон ба гирифтани нафақа, кӯмакпулӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд.

2. Маъюбоне, ки кор мекунанд, новобаста ба гирифтани нафақа ба тамоми намудҳои кӯмакпулӣ аз рӯи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ, аз ҷумла ба кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ҳуқуқ доранд.

3. Маъюбон бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рафтуомади ройгон ё имтиёзнок ба ҷои табобат вобаста ба протезмонӣ ва тавонбахшӣ ҳуқуқ доранд.

4. Ба оилаҳое, ки ду ва зиёда маъюб доранд, инчунин ба падар ё модари танҳои маъюб, ки кӯдаки маъюбро тарбия мекунанд, бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрии иловагии иҷтимоӣ расонида мешавад.

Моддаи 30. Имтиёзҳои маъюбон барои истифода аз нақлиёт

1. Маъюбон ҳуқуқ доранд аз нақлиёти ноҳиявӣ, байни ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва байнишаҳрии истифодаи ҷамъиятӣ (ба истиснои таксӣ) ба тариқи ройгон истифода баранд. Ҳамчунин маъюбон ҳуқуқи истифодаи имтиёзноки нақлиёти роҳи оҳан ва ҳавоиро доранд.

2. Тартиби аз нақлиёт ройгон ва имтиёзнок истифода бурдани маъюбонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.