Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 11 ноябри соли 2010 № 603
тасдиқ шудааст
Қоидаҳои оид ба амалӣ намудани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи гирифтан ва ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокикмияти давлатии шаҳру ноҳияҳо додани қитъаҳои замин" барои ба гурӯҳи заминҳои маҳалҳои аҳолинишин гузаронидани онҳо
1. Қоидаҳо оид ба амалӣ намудани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи гирифтан ва ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо додани қитъаҳои замин" барои ба гурӯҳи заминҳои маҳалҳои аҳолинишин гузаронидани онҳо (минбаъд Қоидаҳо) бо мақсади амалӣ намудани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи гирифтан ва ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо додани қитъаҳои замин" барои маҳалҳои аҳолинишин (қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ) тибқи моддаҳои 3, 24, 26, 26(1), 29, 30, 71, 71(1) Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати ба низоми муайян даровардани масъалаи тақсимоти қитьаҳои замини наздиҳавлигӣ ва шаффофу боадолатона гузаронидани онҳо таҳия гардидааст.
2. Мақсади асосии Қоидаҳо ба таври шаффофу одилона ва беғаразона аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ба оилаҳои эҳтиёҷманд додани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ (маҳалҳои аҳолинишин), ки тибқи парвандаҳои заминсозӣ ва бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидаанд, мебошад.
3. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо баъди гирифтани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, "Дар бораи гирифтан ва додани қитъаҳои замин барои маҳалҳои аҳолинишин" баҳри иҷро ва дар асоси он қарори дахлдори раиси шаҳрро (ноҳияро) қабул менамоянд.
4. Дар қарори раиси шаҳр (ноҳия) барои ба низом даровардани масъалаҳои вобаста ба тақсимоти замин ва ба таври шаффофу одилона анҷом додани он Комиссияи ҷамъиятӣ ташкил гардида, Низомнома ва ҳайати комиссия аз ҷониби раиси шаҳр (ноҳия) тасдиқ карда мешавад.
5. Ташкили Комиссияҳои ҷамъиятӣ аз ҳисоби шахсони касбу кори гуногуни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳия, кумитаи заминсозӣ ва меъморӣ (архитектор), идораҳои кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист, кумитаи занон, ҷавонон, собиқадорони ҷангу меҳнат, итифоқҳои касаба, намояндагони ҷамоат, мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шахсони обрӯманди шаҳр (ноҳия), таъсис дода мешавад.
6. Ба ҳайси раиси Комиссияи ҷамъиятӣ муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо доир ба соҳаи кишоварзӣ ё сохтмон ва котиби Комиссия меъмори (архитектори) шаҳру ноҳия таъин карда мешаванд.
7. Барои ҳар як шаҳрванди эҳтиёҷманд, ки дар рӯйхати ҷамоати деҳот (шаҳрак) шомил гардидааст, аз ҷониби Комиссияи ҷамъиятӣ парвандаи алоҳида омода карда мешавад ва дар ин бора қарори дахлдори Комиссия тасдиқ карда мешавад.
Дар парвандаи шаҳрванд бояд нишон дода шавад:
- аризаи шаҳрванд ба унвони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия (шаҳр) ва ё ҷамоати деҳот (шаҳрак);
- санаи бақайдгирии ариза дар мақомоти дахлдор;
- рақами дар навбат гузоштани шаҳрванд;
- маълумотномаи вазъи оилавии шаҳрванд, аъзои оила, қитъаи замини наздиҳавлигии дарихтиёрдошта;
- ба ҳар нафар узви оила чанд миқдор замин рост меояд, чанд метри мураббаъ, ҷои истиқомат;
- аъзои оилаи шаҳрванд айни замон дар куҷо зиндагонӣ мекунанд (суроғаи аслии онҳо);
- имконияти аз ҳавлии мавҷуда додани қитъаи замин мавҷуд ҳаст ё не;
- хулосаи Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба эҳтиёҷманд будани шаҳрванд;
- пешниҳоди Комиссияи ҷамъиятӣ (қарори комиссия).
8. Қарори Комиссияи ҷамъиятӣ барои тасдиқ ба раиси шаҳр (ноҳия) пешниҳод карда мешавад. Дар қарори Комиссияи ҷамъиятӣ раис ва котиб имзо гузашта, аъзои Комиссияи ҷамъиятӣ мавқеи худро дар протоколи Комиссияи ҷамъиятӣ муайян месозанд, ки он ба қарор замима мегардад.
9. Баъди қабул гардидани қарори раиси ноҳия, дар асоси парвандаи заминсозӣ ва нақшаи генералии тартибдодашуда аз ҷониби меъмор (архитектор) ва кумитаи заминсозӣ ба шаҳрванд замин ҷудо карда мешавад.
10. Ҳангоми розӣ набудан ба қарори раиси шаҳр (ноҳия) дар бораи ҷудо намудани замин Комиссияи ҷамъиятӣ метавонад оид ба бекор намудани он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё суд муроҷиат намояд.
11. Аз ҷониби мақомоти меъморӣ ва шаҳрсозӣ, кумитаи заминсозӣ қитъаи замини муайянгардида ба қитъаҳои алоҳидаи баробар бо риояи қоидаҳои меъморию шаҳрсозӣ ба шумораи оилаҳои эҳтиёҷманд тақсим карда мешавад ва дар ҳар қитъа фақат рақами тартибӣ гузашта мешаванд (1,2, 3,4,5).
12. Баъди қабули қарорҳои дахлдори Комиссияи ҷамъиятӣ ва раиси шаҳр (ноҳия), бо супориши онҳо рӯйхати шаҳрвандоне, ки ҳуқуқи гирифтани заминро доранд дар рӯзномаҳои ноҳиявӣ (шаҳрӣ) чоп шуда, дар ҷойҳои намоёни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия (шаҳр), ҷамоати шаҳрак ва деҳот барои маълумоти умум овезон карда мешаванд.
13. Барои ба таври шаффоф ва одилона, дар асоси талаботи ҳамин Қоидаҳо тақсим намудани қитъаҳои замини наздиҳавигӣ раисони шаҳру ноҳия ва худи комиссияҳои ҷамъиятӣ масъулияти шахсӣ доранд.
14. Қитъаҳои замини ҷудошаванда ба шаҳрвандон баъди омода гардидани парвандахо ва қабули қарорҳои Комиссияи ҷамъиятӣ ва раиси шаҳр (ноҳия) тавассути қуръапартоӣ ҷудо карда мешаванд.
15. Аз ҷониби мақомоти давлатии заминсозӣ ва мақомоти он дар маҳал дар асоси қарори раиси шаҳр (ноҳия) тибқи тартиби муқарраргардида ба шаҳрванд Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин дода мешавад.
16. Сохтмони хонаи истиқоматӣ дар китъаи вобастагардида дар асоси лоиҳаи Нақшаи таҳиянамудаи мақомоти меъморӣ ва шаҳрсозӣ тибқи қонунгузории амалкунанда иҷро карда мешавад.