Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "2" декабри соли 2010 № 632
тасдиқ карда шудааст
Тартиби умумии муайян намудани ҳаҷми зарари ба амвол расида ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулодда
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2015 № 823)
1. Муқаррароти умумӣ
1) Тартиби умумии муайян намудани ҳаҷми зарари ба амвол расида ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулодда (минбаъд Тартиби мазкур) муайян намудани ҳаҷми вайроншавии (зарари) биноҳо ва иншоот, иншооти гидротехникӣ, таҷҳизот, қитъаи замин ва дарахтони бисёрсола ва дигар амволро (минбаъд амвол) дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулодда, баҳодиҳии арзиши ин амвол, пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулодда, инчунин таъмини мақсадноки истифодабарии маблағҳои ҷудогардидаро, ки ба таври фаврӣ ҷиҳати ҳал намудани масъалаҳои барқароркунии манзили истиқоматӣ, биноҳои истеҳсолӣ ва иншооти таъминоти зисти аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои зарардида равона карда шудаанд, ба танзим медарорад.
2. Тартиби муайян намудани ҳаҷми зарари ба амвол расонидашуда ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ
2) Баъд аз рух додани ҳолатҳои фавқулодда намудҳои асосии зерини зарар ва вайроншавӣ дар биноҳо мушоҳида карда мешавад:
а) манзили истиқоматии қисман зарардида - деворҳои ёрирасони (тавораҳои) вайроншуда, вайроншавии сӯрохиҳои дудбаро ва ҳаворасони дохилии каналҳои деворҳо ва асбобҳои гармкунии оташдонҳои фардӣ, фурӯравии деворҳои дохили қолибҳо.
б) манзили истиқоматии пурра вайронгашта - вайрон шудани деворҳои асосӣ, вайроншавии умумии болопӯш, кандашавии пайвандҳои байни унсурҳои асосии бино, вайроншавии қолибҳои чӯбу тахтагӣ, беҷошавии девор аз таҳкурсӣ (фундамент).
3) Ҳаҷми зарари дар ратиҷаи ҳолатҳои фавқулодда ба амвол расида аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар асоси дархости шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи принсипи ҳудудӣ муайян карда мешавад.
4) Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо дар мӯҳлати 2 рӯз баъд аз ворид шудани дархост аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ё фавран ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулодда ҷаласаи Комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулоддаро дар ҳайати муовини Раиси ноҳия (шаҳр), бо ҷалби мутахассисони шӯъбаи молия, намояндагони мақомоти маҳаллии идораи "Тоҷиксуғурта", корхонаи воҳиди давлатии барӯйхатгирии техникӣ, раёсати сохтмон ва меъморӣ, идораи хоҷагии об ва дигар ташкилотҳои дахлдор барои муайян намудани зарар ва тартиб додани санад, даъват менамояд.
5) Комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маълумоти корхонаи воҳиди давлатии барӯйхатгирии техникӣ, нақшаи (лоиҳа) тарҳкашии ноҳиявӣ (шаҳрӣ) ва инчунин дигар ҳуҷҷатҳоро истифода бурда, дар мӯҳлати 3 рӯз аз санаи ворид шудани дархост, ё аз вақти рух додани ҳолатҳои фавқулодда таҳқиқоти амволи дар он қайдгардидаро мегузаронад.
6) Дар рафти таҳқиқот масоҳат, дараҷа, ҳаҷми зарари расида муайян карда шуда, сабабҳои вайроншавӣ (зарар) ва дигар далелҳои зарурӣ муқаррар карда мешаванд. Бо иштироки мутахассисони пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешниҳод намудани хулосаҳои техникӣ оид ба ҳолати бино ташхиси техникӣ гузаронида мешавад .
7) Дараҷа ва ҳаҷми вайроншавӣ (зарар) ба тариқи муоинаи визуалӣ бо тартиб додани санад дар асоси таҳқиқот ва ченкунии иншооти дахлдор муқаррар карда мешавад. Вобаста ба натиҷаи он, барои расонидани кӯмаки молиявӣ (ё намуди дигари кӯмак) ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо асосноккунӣ барои барқарорсозии амволи вайроншуда (зарардида) хулосаи онҳо пешниҳод карда мешавад. Дар натиҷаи таҳқиқот Комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулодда оид ба зарари расида санад тартиб медиҳад.
8) Дар ҳолати асоснок будани расонидани кӯмакпулӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо дар мӯҳлати 3 рӯз баҳодихии арзиши амволи вайроншуда (зарардида), мутобиқи нархҳои бозории масолеҳи сохтмон, арзиши тавозунӣ, тайёр намудани дигар ҳуҷҷатҳоро, ки барои баррасии ин масъала дар ҷаласаи Комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия (шаҳр) заруранд, таъмин менамояд.
9) Барои баррасӣ дар ҷаласаи Комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия (шаҳр) ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
а) аризаи (муроҷиати) шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
б) санадҳои Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда оид ба таҳқиқоти амволи вайронгашта (зарардида);
в) протоколи Комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулодда оид ба тасдиқ намудани санадҳои Комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулодда;
г) хулосаи ташхиси давлатӣ оид ба ҳолати техникии амвол;
д) сметаи арзиши барқароркунии амволи вайроншуда (зарардида);
ж) дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ (маълумотномаи шӯъбаи молия, маълумотномаи Комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулодда, гувоҳномаи идораҳои обуҳавосанҷӣ ва зилзиласанҷӣ, хулосаҳои мақомоти геологӣ ва оташнишонӣ (вобаста ба намуди ҳолати фавқулодда), рӯйхати ҳалокшудагон бо замимаи хатти вафот ва маълумотнома аз ҷойи истиқомат, рӯйхати аҳолии зарардида дар асоси дафтарҳои ҳавлӣ, маводи аккосӣ ва наворбардорӣ).
10) Комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия (шаҳр) дар мӯҳлати 2 рӯз баъд аз санаи пешниҳоди ҳуҷҷатҳо, онҳоро баррасӣ намуда, оид ба намуд ва шароити расонидани кӯмак ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қарори дахлдор пешниҳод менамояд.
11) Ҳуҷҷатҳои дар Комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия (шаҳр) баррасигардида ба комиссияҳо оид ба холатҳои фавқулоддаи дахлдори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ба ситодҳо оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании минтақавӣ дар мӯҳлати то 10 рӯз баъд аз рӯзи рух додани ҳолатҳои фавқулодда фиристода мешаванд.
12) Ҳангоми дар сатҳи ноҳиявӣ ҳал гардидани кӯмаки моддӣ мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҳуҷҷатҳоро ба комиссияҳо оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи дахлдори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба ситодҳои оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании минтақавӣ танҳо барои маълумот ҷиҳати ба ҳисобгирии оморӣ пешниҳод менамоянд.
13) Комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо дар мӯҳлати 3 рӯз аз санаи ворид шудани ҳуҷҷатҳои дахлдор онҳоро баррасӣ намуда, қарори худро оид ба расонидани дастгирии зарурӣ якҷоя бо ҳуҷҷатҳо тавассути ситодҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол менамояд.
14) Ҳангоми дар сатҳи вилоятӣ (шаҳрӣ) ҳал гардидани расонидани кӯмаки моддӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва ситодҳо оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании минтақавӣ ҳуҷҷатҳоро ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маълумот ҷиҳати ба ҳисобгирии оморӣ пешниҳод менамоянд.
15) Ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зерин дар ҳаҷми ду нусха пешниҳод карда мешаванд:
а) қарори Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисони вилоятҳо (шаҳр, ноҳия), ё ҳайати машваратии вазорату кумитаҳо оид ба тасдиқи қарори Комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулодда, бо имзои роҳбар;
б) санадҳои Комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулодда оид ба таҳқиқи амволи вайронгашта (зарардида);
в) протоколи Комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулодда оид ба тасдиқ намудани санадҳои Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда;

ж) номгӯи иншооти дар натиҷаи офати табиӣ зарардида, миқдор ва маблағи зарари ба онҳо расонидашуда (аз рӯи варақаи намунаи муайяншуда);
з) дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ (маълумотномаи шӯъбаи молия, маълумотномаи Комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулодда, гувоҳномаи идораҳои обуҳавосанҷӣ ва зилзиласанҷӣ, хулосаҳои мақомоти геологӣ ва оташнишонӣ (вобаста ба намуди ҳолати фавқулодда), рӯйхати ҳалокшудагон бо замимаи хатти вафот ва маълумотнома аз ҷойи истиқомат, рӯйхати шахсони зарардида дар асоси дафтарҳои ҳавлӣ, аксҳои манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти зарардида (маводи аккосӣ ва наворбардорӣ);
к) мактубҳои расмӣ бо имзои раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва сардорони ситодҳо оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании минтақавии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба унвони Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
16) Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати 10 рӯз ҳуҷҷатҳои воридшударо оид ба расонидани кӯмак ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷиҳати барқароркунии амволи дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулодда вайроншудаи (зарардида) онҳо баррасӣ намуда, дар ҳолати зарурӣ баъд аз гузаронидани санҷиши назоратӣ пешниҳоди худро оид ба расонидани кӯмаки зарурӣ якҷоя бо ҳуҷҷатҳо ба Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда ирсол менамояд, ки он бо тартиби муқарраршуда қарори худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷудо намудани воситаҳои молиявӣ ё моддӣ барои зарардидагон пешниҳод менамояд. Ҳангоми норасоӣ, ё нодуруст пешниҳод гардидани ҳуҷҷатҳо, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ба дархостдиҳанда бо нишон додани камбудиҳои мавчуда бармегардонад.
17) Дар сурати ба таври фаврӣ маблағгузорӣ намудани корҳои садамавию наҷотдиҳӣ, барқароркунӣ ва дигар корҳо, маводҳои ба ҷудо намудани маблағ аз тарафи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати 3 рӯз баррасӣ гардида, таклифҳои зарурӣ тибқи тартиби муқарраршуда ба Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда пешниҳод карда мешаванд.
18) Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистои оид ба ҳолатҳои фавқулодда метавонад ҳуҷҷатҳоро оид ба ҷудо намудани маблағ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ҷудо кардааст ва дар муддати на дертар аз як моҳ аз рӯзи рух додани ҳолати фавқулодда ворид шудаанд, баррасӣ намояд.
19) Баҳодиҳии арзиши амволи вайронгаштаро (зарардидаро) Комиссия оид ба ҳолатхои фавқулодда, ки аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъсис дода шудааст, муайян менамояд.
20) Комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, "Дастурамал дар бораи ҳолатҳои фавқулодда, рафъи онҳо ва тайёр кардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ оид ба зарари ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ расонидашуда" ва "Дастурамал дар бораи баҳодиҳии зарар дар ҳолатҳои фавқулодда", ки аз тарафи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, арзиши амволро, ки дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулодда зарар дидаанд, арзёбӣ намуда, баъди муайян намудани ҳаҷми зарари расида ва гузаронидани ташхиси давлатӣ, санади ҷамъбастии зарари расидаро тартиб медиҳад.
21) Мӯҳлати иҷрои баҳодиҳии арзиши амволи вайронгаштаро (зарардидаро) комиссияе, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо қарори худ ташкил мекунад, муайян менамояд ва он бояд аз рӯзи пешниҳод шудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз 10 рӯз зиёд набошад. Дар ҳолатҳои истисно, вобаста ба шароити иқлим мӯҳлати иҷрои баҳодиҳии арзиши амвол бо иҷозати Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда то 20 рӯз тамдид карда шуда метавонад.
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "2" декабри соли 2010 № 632
тасдиқ карда шудааст
Тартиби умумии муайян намудани ҳаҷми зарари ба амвол расида ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулодда
1. Муқаррароти умумӣ
1) Тартиби умумии муайян намудани ҳаҷми зарари ба амвол расида ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулодда (минбаъд Тартиби мазкур) муайян намудани ҳаҷми вайроншавии (зарари) биноҳо ва иншоот, иншооти гидротехникӣ, таҷҳизот, қитъаи замин ва дарахтони бисёрсола ва дигар амволро (минбаъд амвол) дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулодда, баҳодиҳии арзиши ин амвол, пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулодда, инчунин таъмини мақсадноки истифодабарии маблағҳои ҷудогардидаро, ки ба таври фаврӣ ҷиҳати ҳал намудани масъалаҳои барқароркунии манзили истиқоматӣ, биноҳои истеҳсолӣ ва иншооти таъминоти зисти аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои зарардида равона карда шудаанд, ба танзим медарорад.
2. Тартиби муайян намудани ҳаҷми зарари ба амвол расонидашуда ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ
2) Баъд аз рух додани ҳолатҳои фавқулодда намудҳои асосии зерини зарар ва вайроншавӣ дар биноҳо мушоҳида карда мешавад:
а) манзили истиқоматии қисман зарардида - деворҳои ёрирасони (тавораҳои) вайроншуда, вайроншавии сӯрохиҳои дудбаро ва ҳаворасони дохилии каналҳои деворҳо ва асбобҳои гармкунии оташдонҳои фардӣ, фурӯравии деворҳои дохили қолибҳо.
б) манзили истиқоматии пурра вайронгашта - вайрон шудани деворҳои асосӣ, вайроншавии умумии болопӯш, кандашавии пайвандҳои байни унсурҳои асосии бино, вайроншавии қолибҳои чӯбу тахтагӣ, беҷошавии девор аз таҳкурсӣ (фундамент).
3) Ҳаҷми зарари дар ратиҷаи ҳолатҳои фавқулодда ба амвол расида аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар асоси дархости шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи принсипи ҳудудӣ муайян карда мешавад.
4) Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо дар мӯҳлати 2 рӯз баъд аз ворид шудани дархост аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ё фавран ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулодда ҷаласаи Комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулоддаро дар ҳайати муовини Раиси ноҳия (шаҳр), бо ҷалби мутахассисони шӯъбаи молия, намояндагони мақомоти маҳаллии идораи "Тоҷиксуғурта", корхонаи воҳиди давлатии барӯйхатгирии техникӣ, раёсати сохтмон ва меъморӣ, идораи хоҷагии об ва дигар ташкилотҳои дахлдор барои муайян намудани зарар ва тартиб додани санад, даъват менамояд.
5) Комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маълумоти корхонаи воҳиди давлатии барӯйхатгирии техникӣ, нақшаи (лоиҳа) тарҳкашии ноҳиявӣ (шаҳрӣ) ва инчунин дигар ҳуҷҷатҳоро истифода бурда, дар мӯҳлати 3 рӯз аз санаи ворид шудани дархост, ё аз вақти рух додани ҳолатҳои фавқулодда таҳқиқоти амволи дар он қайдгардидаро мегузаронад.
6) Дар рафти таҳқиқот масоҳат, дараҷа, ҳаҷми зарари расида муайян карда шуда, сабабҳои вайроншавӣ (зарар) ва дигар далелҳои зарурӣ муқаррар карда мешаванд. Бо иштироки мутахассисони пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотии Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешниҳод намудани хулосаҳои техникӣ оид ба ҳолати бино ташхиси техникӣ гузаронида мешавад.