Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2010 № 626 "Дар бораи тасдиқ намудани Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2011-2015"

Санаи амалкуни: 23.08.2016

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқ намудани Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2011-2019

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 23.08.2016 № 354)

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегиҳо ва барномаҳои инкишофи ииҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо мақсади беҳтар намудани фаъолияти мақомоти андоз доир ба ҷамъоварии андозҳо ва сатҳи хизматрасонӣ ба андозсупорандагон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2011-2019 тасдиқ карда шавад (замима мегардад) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 23.08.2016 № 354).

2) Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти давлатӣ иҷрои Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2011-2019-ро таъмин намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 23.08.2016 № 354).

3) Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2011-2019 барои ҷалби маблағҳои қарзӣ ва грантии кишварҳои донор ва ташкилотҳои байналмилалӣ тадбирҳо андешад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 23.08.2016 № 354).

4) Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рафти иҷрои Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2011-2019 ҳисобот пешниҳод намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 23.08.2016 № 354).

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон           Эмомалӣ Раҳмонӣ

аз 3 декабри соли 2010 № 626

ш. Душанбе