Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқ намудани Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2011-2019
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 23.08.2016 № 354)
Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегиҳо ва барномаҳои инкишофи ииҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо мақсади беҳтар намудани фаъолияти мақомоти андоз доир ба ҷамъоварии андозҳо ва сатҳи хизматрасонӣ ба андозсупорандагон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2011-2019 тасдиқ карда шавад (замима мегардад) .
2) Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти давлатӣ иҷрои Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2011-2019-ро таъмин намояд .
3) Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2011-2019 барои ҷалби маблағҳои қарзӣ ва грантии кишварҳои донор ва ташкилотҳои байналмилалӣ тадбирҳо андешад .
4) Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рафти иҷрои Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2011-2019 ҳисобот пешниҳод намояд .
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонӣ
аз 3 декабри соли 2010 № 626
ш. Душанбе
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқ намудани Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2011-2015
Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегиҳо ва барномаҳои инкишофи ииҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо мақсади беҳтар намудани фаъолияти мақомоти андоз доир ба ҷамъоварии андозҳо ва сатҳи хизматрасонӣ ба андозсупорандагон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2011-2015 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2) Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти давлатӣ иҷрои Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2011-2015-ро таъмин намояд.
3) Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2011-2015 барои ҷалби маблағҳои қарзӣ ва грантии кишварҳои донор ва ташкилотҳои байналмилалӣ тадбирҳо андешад.
4) Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рафти иҷрои Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2011-2015 ҳисобот пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонӣ
аз 3 декабри соли 2010 № 626
ш. Душанбе