Барномаи мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон ва касалиҳои боғу токзори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 аз 3 декабри соли 2010 № 625

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 декабри соли 2010 № 625

 тасдиқ шудааст

Барномаи мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон ва касалиҳои боғу токзори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015

1. 3арурияти Барнома

1) Боғу токпарварӣ яке аз соҳаҳои асосии комплекси агросаноатии ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дар ҳалли масъалаи озуқаворӣ, баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳволӣ ва ба кор таъмин намудани мардуми деҳот мавқеи намоёнро ишғол менамояд.

2) Дар давраи тирамоҳу зимистон ва аввали баҳор бар зидди ҳашароти зараррасон ва касалиҳои зимистогузаронии боғу токзорҳои хоҷагиҳои ҷумҳурӣ омилҳои пешгирикунанда (агротехникӣ, механикӣ, кимиёвӣ) иҷро мегардад, аммо коркарди асосӣ усули кимиёвӣ умуман гузаронида намешавад. Дар давраи пайдоиш ва паҳншавии зараррасонҳо чораҳои муҳофизатӣ бар зидди онҳо пурра гузаронида намешавад, ё ки фақат дар баъзе хоҷагиҳои алоҳида дар сатҳи паст гузаронида мешавад. Дар маҷмӯъ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ боиси зиёд гардидани миқдори ҳашарот ва ҷамъшавии манбаи сирояти касалиҳо гардидааст.

3) Тибқи ҳолати то 1 январи соли 2010 мувофиқи маълумоти оморӣ дар ҷумҳурӣ майдони боғҳо 97491 гектар, токзорҳо 35717 гектар ва 2946 тутзорҳоро ташкил менамояд. 30201 гектар боғот ва 10553 гектар токзор дар заминҳои наздиҳавлигӣ ҷойгир мебошанд. Бо дарназардошти рушди минбаъдаи соҳаи боғу токпарварӣ, тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2009 № 683 "Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" бунёди боғу токзорҳо дар майдони 46901 гектар ба нақша гирифта шудааст.

4) Бо зиёд гардидани майдони боғу токзорҳо дар ҷумҳурӣ барои паҳншавии ҳашароти зараррасон ва касалиҳо шароит ба вуҷуд меояд.

5) Бинобар ин бо дарназардошти бунёди боғу токзорҳо таҳияи тратегияи ҳифзи онҳо аз таъсири зарароварии организмҳои зараррасон зарур мебошад.

6) Барномаи мазкур бо мақсади ҳифзи боғу токзорҳо аз ҳашаротҳои араррасон ва касалиҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 ар натиҷаи омӯзиши таҷрибаи пешқадам ва таҳлили ҳамаҷонибаи ҳолати итосанитарии боғу токзори ҷумҳурӣ аз тарафи олимон ва мутахассисони соҳа таҳия гардида, барои амалӣ гардонидани рушди минбаъдаи соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.

2. Мақсад ва вазифаҳои барнома

7) Мақсади асосии Барнома сари вақт гузаронидани чорабиниҳои муҳофизатӣ дар боғу токзор аз ҳашароти зараррасон ва касалиҳо ва дар нн замина баланд бардоштани ҳосилнокии боғу токзор, зиёд намуданн истеҳсоли меваю ангур ва сифати он мебошад.

8) Иктисоди бозоргонӣ ва талаботи имрӯзаи бозори ҷаҳонӣ тақозо менамояд, ки маҳсулоти дорои сифати баланд ва аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол карда шавад. Бинобар ҳамин, зарурати ҳимояи боғу токзор истифодаи усули интегратсионӣ яъне дар маҷмӯи усулҳои агротехникӣ, механикӣ, биологӣ ва кимиёвӣ ба миён меояд, ки меваю ангури истеҳсолшаванда аз ҳама ҷиҳат ба талаботи бозори дохилию берунӣ ҷавобгӯ бошад.

9) Соҳаи боғу токпарварӣ на танҳо дар бозори дохилӣ, балки тавассути истеҳсоли маҳсулоти хушсифат ва коркарди саноатӣ ба бозори бурунмарзӣ роҳ ёфта, дар амнияти озуқавории ҷумҳурӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии деҳот ҳиссагузор бошад.

10) Аз ин рӯ, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони хоҷагиҳоро зарур аст, ки дар асоси тавсияномаҳои олимону мутахассисон сари вақт гузаронидани чорабиниҳои мубориза зидди касалиҳо ва ҳашароти зараррасонро таъмин намоянд.

11) Қайд кардан ба маврид аст, ки макони асосии инкишоф ва паҳншавии ҳашароти зараррасонӣ боғ (зарриндумболи туркистонӣ, кирми дӯлонахӯрак, абрешимресаки ноҷуфт, шапалаки кӯҳии халқатоб ва ғайра) ҷангалзорҳо мебошад. Аммо масъулини ин соҳа ягон чораҳои муҳофизатӣ бар зидди зараррасонҳои дарахтони ҷангалзор намеандешанд. Дар натиҷа яке аз сабабҳои талафшавии ҳосили дарахтони мевадиҳандаи хоҷагиҳо ва заминҳои наздиҳавлигии аҳолӣ мегардад.

12) Ғайр аз ин, омӯзиши сабабҳои пандошавии ҳашароти зараррасон ва касалиҳои дарахтони мевадиҳанда, баҳодиҳӣ ва талафоварӣ ба ҳосил, инчунин муайян намудани ҳадди зарарроарии иқтисодии ҳашароти асосӣ ва касалиҳоро ба роҳ мондан зарур аст.

13) Омӯзиш ва таҳлили ҳолати фитосанитарии боғу токзор нишон медиҳад, ки дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ зиёда аз 20 намуди касалиҳо ва 55 намуди ҳашарот паҳн гаштаанд. Касалиҳои аз ҳама бештар паҳнгардида ва зараровар - қӯтури себу нок, пажмурдашавин вертисиллозӣ, ҷинҷшавии барги шафтолу, антракноз, гардзании ангур, гоммози ситрусиҳо, саратони бактериявӣ, аз ҳашарот - кирми себ, куяи мева, кирми абрешимресаки ноҷуфт, зарриндумболи туркистонӣ, шапалаки зардолу, гамбӯсаки почағавси зардолу, ширинчаи хунин, ганданафасаки себ ва нок, сипарболакҳо, асалаки нок, ширинчаи сабзи себ, кирми хӯшаи ангур, тортанакканаи ток мебошанд.

14) Давраи авҷи касалиҳо ва инкишофи ҳашароти зараррасон вобаста аз шароити иқлими маҳал ва хусусияти биологии онҳо, ки ба инкишофи дарахтон зарар меоваранд, гуногун мегузарад. Муассисаи давлатии муҳофизати растаниҳо ва химикунонии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияхо зарур аст, ки пешгӯии афзоиш ва паҳншавии ҳашароти зараррсон ва касалиҳои асосии дарахтони мевадиҳанда ва токро пурзӯр намоянд.

3. Тадбирҳо ҷиҳати иҷрои Барнома

15) Зиёд намудани истеҳсоли меваю ангур, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва беҳтар намудани сифати он бе гузаронидани чораҳои муҳофизатӣ бар зидди касалиҳо ва ҳашароти зараррасон имконнопазир аст. Чорабиниҳои муҳофнзатӣ аз чунин усулҳо иборат мебошад; пешгирикунанда, механикӣ, агротехникӣ, биологӣ ва кимиёвӣ. Гузаронидани чорабиниҳои агротехникию фнтосанитарӣ ба ҳолати санитарии боғу токзор таъсири мусбӣ расонида, хараҷоти зиёдеро талаб наменамояд ва аз ҷиҳати экологӣ тоза нигоҳ доштани муҳити боғу токзорҳоро таъмин месозад. Яке аз усулҳои афзалиятнок дар соҳа ин усули биологӣ ба шумор меравад. Ин усул дар асоси истифодаи якҷояи ҳашароти фоидаовар ва микропрепаратҳо бо мақсади иваз кардани коркарди асосии кимиёвии мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон мебошад. Бо вуҷуди ин, дар айни ҳол тарзи асосии ҳифзи растаниҳо усули кимиёвӣ боқӣ мемонад. Нишонаҳои хусусияти усули кимиёвии ҳифзи зуд таъсир, камхарҷ, дастрас, самаранокии баланд ва истифодабариаш ба таври оддӣ мебошад.

16) Аз ин лиҳоз, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро лозим аст, ки оид ба технологияи пешқадами муборизаи зидди касалию ҳашароти зараррасон ва нисбат ба санҷиши сифати заҳрхимикатҳои ба ҷумҳурӣ воридшаванда дастуру тавсияномаҳо таҳия намуда, пешкаши боғу токпарварони ҷумҳурӣ намоянд.

17) Вазоратҳои иқтисод ва савдо, молия ва кишоварзиро зарур аст, ки ҷиҳати дастгирии молиявии давлатӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ мутобиқи замимаҳои 1,2 тадбирҳои амалӣ андешанд. Ба Комиссияи амнияти кимиёвии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст, ки масъалаи сифати заҳрхимикатҳои ба ҷумҳурӣ воридшавандаро таҳти назорати қатъӣ гирад.

18) Таҷрибаи хоҷагидорӣ дар шароити имрӯза нишон дода истодааст, ки хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) имконияти харидорӣ намудан ва нигоҳ доштани намудҳои гуногуни техника ва миқдори зиёди заҳрхимикатҳоро надоранд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки бо мақсади расонидани хизмати агрокимиёвӣ, техникӣ ва таъмини соҳаи боғу токпарварӣ бо заҳрхимикатҳо, ҷиҳати ташкил намудани гурӯҳи хизматрасонии механикикунонидаи ноҳиявӣ ва байниноҳиявии мубориза бар зидди ҳашароту касалиҳои боғу токзорҳо, мағозаҳои фурӯши заҳрхимикатҳо ва техникаи кишоварзӣ чораҳои амалӣ андешанд.

19) Барои ин дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ гурӯҳҳои хизматрасонии механикикунонидаи махсус ташкил карда шаванд:

- гурӯҳи якум: дар вилояти Суғд; марказ дар шаҳри Хуҷанд, дар водии Зарафшон, марказ дар шаҳри Панҷакент;

- гурӯҳи дуюм: дар вилояти Хатлон, марказ дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва шаҳри Кӯлоб;

- гурӯҳи сеюм: дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, марказ дар шаҳри Хоруғ;

- гурӯҳи чорум: марказ дар ноҳияи Рашт (Нуробод, Тоҷикобод, Ҷиргатол, Тавилдара);

гурӯҳи панҷум: марказ дар ноҳияи Ваҳдат (Файзобод, Роғун, Норак);

- гурӯҳи шашум: марказ дар ноҳияи Ҳисор (Шаҳринав, Турсунзода, Варзоб, Рӯдакӣ) мувофиқи мақсад мебуд.

4. Тадбирҳо оид ба мустаҳкам намудани базаи моддию техникӣ

20) Самаранок амалӣ гардонидани Барномаи мазкур, бе заминаи моддию техникӣ имконнопазир аст.

21) Дар ташкили мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон барои истеҳсол намудани меваю ангури аз ҷиҳати экологӣ тоза дар баробари усулҳои агротехникӣ, механикӣ, усули биологӣ мавқеи хоса дорад, ки он аз препаратҳои микробиологӣ ва домҳои ферамонӣ истифода бурда мешавад. Барои иҷрои барномаи мазкур зарур аст, ки аз хориҷи кишвар ворид намудани препаратҳои микробиологӣ ва домҳои ферамонӣ барои ҳашароти боғу токзорҳо ташкил карда шавад. Барои ҳимоя намудани боғу токзорҳои ҷумҳурӣ ва муайян намудани мӯҳлатҳои коркарди кимиёвӣ аз ҳашароти зараррасон, таъмини хоҷагиҳо бо препаратҳои биологӣ ва домҳои ферамонӣ мувофиқи замимаи 1,2 сурат гирад.

22) Коркарди кимиёвии боғу токзорҳои майдонашон калон зарурати истифодаи трактору дорупошакҳои ҳаҷман калон ва мошинҳои систернадорро барои кашонидани об дар заминҳои лалмӣ ба миён меорад. Хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва аҳолӣ барои ҳимояи боғу токзорҳои хоҷагӣ ва назди ҳавлигиашон ба техникаи хурду камхароҷот ва дорупошакҳои дастӣ эҳтиёҷ доранд. Барои ҳимоя намудани боғу токзорҳои ҷумҳурӣ аз касалию ҳашароти зараррасон таъмини хоҷагиҳо бо механизмҳо, тракторҳою мошинолот давра ба давра мувофиқи замимаи 3 сурат гирад.

23) Аз сабаби паст будани сатҳи молиявии қисми зиёди хоҷагиҳои боғу токпарвар имконияти харидани техникаҳои кишоварзии ҳозиразамон ва мошинолот надоранд.

24) Аз ин лиҳоз, Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурин Тоҷикистонро зарур аст, ки ҷиҳати дастгирии молиявии давлатӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ тадбирҳои амалӣ андешанд замимаи 4.

25) Ҳоло зиёда аз 40754 гектар боғу токзорҳо дар заминҳои наздиҳавлигии аҳолӣ қарор доранд, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки гузаронидани коркарди агротехникию кнмиёвиро ба роҳ монанд.

26) Иҷрои Барномаи мазкур имкон медиҳад, ки солҳои наздик сатҳи зарароварии ҳашароти зараррасон ва касалиҳо дар боғу токзор паст гардида, ҳаҷми истеҳсол зиёд ва сифати маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза беҳтар карда шавад.

Номгӯи чорабиниҳо оид ба иҷрои Барномаи мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон ва касалиҳои боғу токзори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015

+---+------------------+--------------------+--------------+---------ҷ
| № | Номгӯи чорабиниҳо|      Масъулин      |   Манбаи     |Мӯҳлати  |
|р/т|                  |                    |маблағгузор   |  иҷро   |
+---+------------------+--------------------+--------------+---------+
| 1 |          2       |           3        |     4        |   5     |

| 1 |Назорати доимӣ аз |Вазорати кишоварзии |     -        |  Солҳои |
|   |паҳншавии ҳашароту|Ҷумҳурии Тоҷикистон,|              |2011-2015|
|   |касалиҳо ва тартиб|                    |              |         |
|   |додани пешгӯии    |                    |              |         |
|   |кӯтоҳмуддати онҳо |                    |              |         |

|2  |Ҷорӣ намудани     |Вазорати кишоварзии |     -        |  Солҳои |
|   |дастовардҳои      |Ҷумҳурии Тоҷикистон,|              |2011-2015|
|   |истеҳсолӣ ва      |Академияи илмҳои    |              |         |
|   |тавсияномаҳои илмӣ|кишоварзии          |              |         |
|   |оиди муҳофизати   |Тоҷикистон,         |              |         |
|   |боғу токзорҳо аз  |                    |              |         |
|   |ҳашароти          |                    |              |         |
|   |зараррасон ва     |                    |              |         |
|   |касалиҳо          |                    |              |         |

|з  |Назорати доимӣ аз |Вазорати кишоварзии |     -        |  Солҳои |
|   |сифати            |Ҷумҳурии Тоҷикистон,|              |2011-2015|
|   |заҳрхимикатҳои    |Комиссияи амнияти   |              |         |
|   |нави ба Ҷумҳурии  |кимиёвии Ҷумҳурии   |              |         |
|   |Тоҷикистон        |Тоҷикистон          |              |         |
|   |воридшаванда      |                    |              |         |

|4  |Муайян намудани   |Вазорати кишоварзии |     -        |  Солҳои |
|   |зарароварии       |Ҷумҳурии Тоҷикистон,|              |2011-2015|
|   |иқтисодии ҳашароти|Академияи илмҳои    |              |         |
|   |асосии дарахтони  |кишоварзии          |              |         |
|   |мевадиҳанда ва    |Тоҷикистон,         |              |         |
|   |токзор            |                    |              |         |

|5  |Ташкил намудани   |Кумитаи ҳифзи       |Аз ҳисоби     |  Солҳои |
|   |чораҳои муҳофизати|муҳити зисти назди  |қарзҳои бонкӣ,|2011-2015|
|   |дар ҷангалзорҳо аз|Ҳукумати Ҷумҳурии   |маблағҳои     |         |
|   |ҳашароти          |Тоҷикистон,         |грантӣ ва     |         |
|   |зараррасон ва     |Мақомоти иҷроияи    |сарчашмаҳои   |         |
|   |касалиҳо          |маҳаллии ҳоқимияти  | дохила       |         |
|   |                  |давлитии вилоятҳо ва|              |         |
|   |                  |шаҳру ноҳияҳо       |              |         |

|6  |Ташкил намудани   |Вазорати рушди      |Аз ҳисоби     |  Солҳои |
|   |гурӯҳи            |иқтисод ва савдои   |қарзҳои бонкӣ,|2011-2015|
|   |хизматрасонии     |Ҷумҳурии Тоҷикистон,|маблағҳои     |         |
|   |механикикунонидани|Кумитаи давлатии    |грантӣ ва     |         |
|   |ноҳиявӣ ва        |сармоягузорӣ ва     |сарчашмаҳои   |         |
|   |байниноҳиявии     |идораи амволи       | дохила       |         |
|   |мубориза бар зидди|давлатии Ҷумҳурии   |              |         |
|   |ҳашароту касалиҳои|Тоҷикистон,         |              |         |
|   |боғу токзорҳо     |Вазорати кишоварзии |              |         |
|   |                  |Ҷумҳурии Тоҷикистон,|              |         |
|   |                  |маҳаллии ҳоқимияти  |              |         |

|7  |Ташкил намудани   |Вазорати кишоварзии |Аз ҳисоби     |  Солҳои |
|   |мағозаҳои махсуси |Ҷумҳурии Тоҷикистон,|қарзҳои бонкӣ,|2011-2015|
|   |фурӯши            |Мақомоти иҷроияи    |маблағҳои     |         |
|   |заҳрхимикатҳо ва  |маҳаллии ҳоқимияти  |грантӣ ва     |         |
|   |техникаи кишоварзӣ|давлитии вилоятҳо ва|сарчашмаҳои   |         |
|   |дар ноҳияҳо       |шаҳру ноҳияҳо       | дохила       |         |

|8  |Ташкил намудани   |Вазорати кишоварзии |Аз ҳисоби     |  Солҳои |
|   |воридоди          |Ҷумҳурии Тоҷикистон,|қарзҳои бонкӣ,|2011-2015|
|   |препаратҳои       |Кумитаи давлатии    |маблағҳои     |         |
|   |микробиологӣ ва   |сармоягузорӣ ва     |грантӣ ва     |         |
|   |ломҳои ферамонӣ ба|идораи амволи       |сарчашмаҳои   |         |
|   |ҷумҳурӣ барои     |давлатии Ҷумҳурии   | дохила       |         |
|   |мубориза бар зидди|Тоҷикистон,         |              |         |
|   |ҳашароти боғу     |Мақомоти иҷроияи    |              |         |
|   |токзорҳо          |маҳаллии ҳоқимияти  |              |         |

|9  |Ба роҳ мондани    |Вазорати кишоварзии |Аз ҳисоби     |  Солҳои |
|   |коркарди кимиёвии |Ҷумҳурии Тоҷикистон,|қарзҳои бонкӣ |2011-2015|
|   |боғу токзори      |Мақомоти иҷроияи    |              |         |
|   |майдонҳои         |маҳаллии ҳоқимияти  |              |         |
|   |наздиҳавлигии     |давлитии вилоятҳо ва|              |         |
|   |аҳолӣ             |шаҳру ноҳияҳо       |              |         |

|10 |Гузаронидани      |Вазорати кишоварзии |      -       |  Солҳои |
|   |курсҳои омӯзишй   |Ҷумҳурии Тоҷикистон,|              |2011-2015|
|   |барои             |Академияи илмҳои    |              |         |
|   |мутахассисони     |кишоварзии          |              |         |
|   |хоҷагиҳои ҷамиятӣ,|Тоҷикистон,         |              |         |
|   |деҳқонӣ (фермерӣ) |Мақомоти иҷроияи    |              |         |
|   |оид ба муҳофизати |маҳаллии ҳоқимияти  |              |         |
|   |боғу токзорҳо     |давлитии вилоятҳо ва|              |         |
|   |аз ҳашароти       |шаҳру ноҳияҳо       |              |         |

|11 |Гузаронидани      |Вазорати кишоварзии |      -       |  Солҳои |
|   |семинарҳои илмии  |Ҷумҳурии Тоҷикистон,|              |2011-2015|
|   |истеҳсолӣ оид ба  |Академияи илмҳои    |              |         |
|   |проблемаҳои       |кишоварзии          |              |         |
|   |муҳофизати боғу   |Тоҷикистон,         |              |         |
|   |токзорҳо          |Мақомоти иҷроияи    |              |         |
|   |аз ҳашароти       |маҳаллии ҳоқимияти  |              |         |
|   |зараррасон ва     |давлитии вилоятҳо ва|              |         |
|   |касалиҳо          |шаҳру ноҳияҳо       |              |         |