- Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ - Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ;
- Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ;
- Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният";
- Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мудофиа ва тартиботи ҳуқуқӣ;
- Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ;
- Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Ваколатдор оид ба ҳукуқи инсон дар Ҷумхурии Тоҷикистон;
- Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ()
- Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Сардори Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон;
- Роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ, ки дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакил доранд;
- Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон;
- Раиси Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон;
- Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон;
- Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон;
- Раиси Ассотсиатсияи соҳибкорони Тоҷикистон;
- раиси ташкилоти ҷамъиятии "Кумитаи кор бо ҷанговарони интернатсионалисти Ҷумҳурии Тоҷикистон"
- раиси Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон
9) Аъзои Шӯрои миллӣ вазифадоранд, ки дар ҷаласахои Шӯрои миллӣ иштирок намоянд. Онҳо наметавонанд иҷрои ваколатҳои худро ба шахси дигар супоранд.
5. Ваколатҳои Раиси Шӯрои миллӣ
10) Раиси Шӯрои миллӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- ҷаласаҳои Шӯрои миллиро даъват менамояд;
- ҷаласаҳои Шӯрои миллиро мегузаронад ва ба онҳо раисӣ менамояд;
- қарорҳои Шӯрои миллиро имзо менамояд;
- аз ҳисоби аъзои Шӯрои миллӣ, намояндагони дигар мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, коршиносон, олимон ва мутахассисон оид ба масъалаҳои алоҳидаи самтҳои фаъолияти Шӯрои миллӣ комиссияҳо ва гурӯҳҳои корӣ таъсис медиҳад ва ҳисоботи онҳоро мешунавад;
- ҷиҳати иҷрои қарорҳои Шӯрои миллӣ ба вазорату идораҳои дахлдор дастуру супоришҳо медиҳад;
- дигар ваколатҳоеро, ки ба фаъолияти Шӯрои миллӣ дахл доранд, амалӣ менамояд.
11) Котиби Шӯрои миллӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. Котиби Шӯрои миллӣ Сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, фаъолияти худро дар асоси доимӣ амалӣ менамояд. Котиби Шӯрои миллӣ масъалаҳои иттилоотию таҳлилӣ ва ташкилию техникии фаъолияти Шӯрои миллиро таъмин менамояд .
12) Вазифаҳои Котиби Шӯрои миллӣ аз инҳо иборатанд:
- рӯзномаи ҷаласаи Шӯрои миллиро омода менамояд;
- коргузории Шӯрои миллиро ташкил менамояд;
- муроҷиатҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои ба Шӯрои миллӣ воридшударо таҳия ва ҷамъбаст намуда ба Раиси Шӯрои миллӣ пешниҳод менамояд;
- якҷоя бо аъзои Шӯрои миллӣ ҳуҷҷатҳои заруриро оид ба масъалаҳои баррасишаванда таҳия намуда, лоиҳаи қарорҳоро аз рӯи онҳо ба Раис ва аъзои Шӯрои миллӣ пешниҳод менамояд;
- қарорҳои Шӯрои миллиро омода ва барои имзо ба Раиси Шӯрои миллӣ пешниҳод менамояд;
- тавассути воситаҳои ахбори омма тартиби фаъолияти Шӯрои миллӣ ва қарорҳои қабулнамудаи онро ташкил менамояд;
- назорати иҷрои қарорҳои Шӯрои миллиро ба роҳ мемонад;
- супоришҳои Раиси Шӯрои миллӣ ва дигар вазифаҳоро вобаста ба фаъолияти Шӯрои миллӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро менамояд.
13) Дар кори таҳлил ва ҷамъбасти масъалаҳои дар ҷаласаҳои Шӯрои миллӣ муҳокимашаванда ба Котиби Шӯрои миллӣ Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.
6. Тартиби кори Шӯрои миллӣ
14) Шӯрои миллӣ масъалаҳои муҳимро вобаста ба муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода, қарор қабул менамояд, ки дар шакли протокол ба расмият дароварда шуда, аз ҷониби Раиси Шӯрои миллӣ имзо карда мешаванд.
15) Ҷаласаҳои Шӯрои миллӣ на камтар аз як маротиба дар як сол гузаронида мешаванд.
Ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои миллӣ аз рӯи зарурат бо ташаббуси Раиси Шӯрои миллӣ, ё аз нисф зиёди аъзои Шӯрои миллӣ даъват карда мешавад.
16) Рӯзномаи ҷаласа ва маводи баррасишаванда ба аъзои Шӯрои миллӣ на дертар аз се рӯз пеш аз оғози ҷаласа ирсол карда мешаванд.
17) Ҷаласаҳои Шӯрои миллӣ дар ҳолати иштироки на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои Шӯрои миллӣ гузаронида мешаванд.
18)Қарори Шӯрои миллӣ бо овоздиҳии ошкоро ва тарафдории аксари иштирокчиёни ҷаласа қабул карда мешавад.
19) Шӯрои миллӣ барои шунидани ҳисобот метавонад ба ҷаласаҳои худ роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, роҳбарони корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳо ва шахсони мансабдорро даъват намояд. Шӯрои миллӣ дар мавриди зарурӣ метавонад барои додани хулоса оид ба масъалаҳои дар ҷаласаҳои худ баррасишаванда олимон, коршиносон ва мутахассисонро даъват намояд.
7. Таъминоти молиявии фаъолияти Шӯрои миллӣ
20) Маблағгузории фаъолияти Шӯрои миллӣ ва котиби он аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ амалӣ карда мешавад.
8. Муқаррароти хотимавӣ
21) Ташкил, таҷдид ва барҳамдиҳии Шӯрои миллӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.