Бо Фармони Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 20 ноябри соли 2010 № 952
тасдиқ шудааст
Тартиби ҳисоб кардани иловапулӣ барои собиқаи хизматии кормандони мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва андозаи он
1. Муқаррароти умумӣ
1) Тартиби ҳисоб кардани иловапулӣ барои собиқаи хизматии кормандони мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва андозаи он (минбаъд - Тартиб) давраҳои фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба собиқаи хизматии кормандони мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд, инчунин тартиби аз тарафи комиссияҳои мақомоти гумрук оид ба ҳисоб намудани собиқаи хизматии кормандони мақомоти гумрук ҳисоб кардани иловапулӣ ва андозаи онро муайян менамояд.
2) Собиқаи хизматии кормандони мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқаи хизмати муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, фаъолияти касбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мансабҳои мақомоти гумрук ва воҳидҳои сохтории он дар бар мегирад.
3) Собиқаи хизматии кормандони мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани кафолатҳои зерини иҷтимоии мақомоти гумрук асос шуда метавонад:
- иловапулӣ барои собиқаи хизматӣ;
- рухсатии иловагии ҳарсолаи пардохтшаванда;
- баромадан ба нафақа тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- кӯмакпулии яквақта дар сурати ба нафақа баромадан;
- таъин шудан ба мансабҳои маъмурии хизмати давлатии категорияҳои дахлдор;
...