Барнома оид ба муқовимат бо эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2011-2015 аз 30 октябри соли 2010 № 562

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 октябри соли 2010 № 562

тасдиқ шудааст

Барнома оид ба муқовимат бо эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2011-2015

Руйхати ихтисорот

БС           Бемории сил

БПНМ         Бемории пайдошудаи норасоии масуният

БСҶ          Бемориҳои сироятии ҷинсӣ

ВНМО         Вируси норасоии масунияти одам

ВТ           Вазорати тандурустӣ

КАТС         Кӯмаки аввалияи таббию санитарӣ

КМҲ          Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бо СПИД, сил ва вараҷа

Маводи ЗРВ   Маводи зиддиретровирусӣ

МОМ          Маводи иттилоотию маърифатӣ

МТП          Муассисаҳои тиббию профилактикӣ

ММАҶ         Мардоне, ки бо мардҳо алоқаи ҷинсӣ доранд

МҶ СПИД      Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди СПИД

МТИ          Маслиҳатдиҳӣ ва ташхиси ихтиёрӣ

НТ           Нашъамандони тазриқӣ

НДЭ          Назорати дидбонии эпидемиологӣ

ПСВМК        Пешгирии сирояти ВНМО аз модар ба кӯдак

СПСК         Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ

СD4          Кластери Дифференсиатсии 4

ТЗРВ         Табобати зиддиретровирусӣ

ТҶ           Ташкилотҳои ҷамъиятӣ

ЧИМ          Чорабиниҳои иттилоотию маърифатӣ

ШВЗ          Шахсони бо ВНМО зиндагикунанда

ҶТ           Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШРХШ         Шахсони расонандаи хизматҳои шаҳвонӣ

ХХҶ          Хизматрасониҳои хайрхоҳона ба ҷавонон

ҲРҲ          Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола

1. Муқаддима

Барнома оид ба муқовимат бо эпидемияи ВНМО/БПНМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 ба тавсеаи минбаъдаи амалиёт нигаронида шудааст, ки бо ёрии онҳо дар солҳои 2007-2010 комёбӣ ба даст омада, ба масъалаҳои ошкоргардидаи соҳа бештар диққат ҷалб гардидааст. Мақсади Барномаи мазкур бо Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола (Ҳадафи 6) алоқаманд мебошад: то соли 2015 паст кардан ва шурӯъ намудан ба тамоюли кам намудани паҳншавии ВНМО/БПНМ тавассути таъмини дастрасии умумии аҳолӣ ба пешгирӣ, табобат, нигоҳубин ва дастгирӣ.

Самтҳои асосии стратегии Барномаи мазкур инҳоянд: ташкил намудани заминаи ҳуқуқӣ, ки ба таъмини дастрасии умумӣ ба хизматрасониҳои пешгирӣ, табобат, нигоҳубин ва дастгирӣ мусоидат менамоянд; татбиқи барномаҳои пешгирикунанда ва таъмини дастрасӣ ба хизматрасониҳо вобаста ба ВНМО барои ҳамаи гурӯҳҳо, дар навбати аввал барои гурӯҳҳои махсусан осебпазир; гузаронидани табобати зиддиретровирусӣ, табобати бемориҳои оппортунистӣ, аз қабили бемории сил; расонидани ёрии паллиативӣ, табобат ва нигоҳубини ШВЗ; муттаҳид сохтани хизматрасониҳо оид ба табобати сирояти ВНМО дар сохтори кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) бо мақсади беҳтар намудани дастрасӣ, паст намудани сатҳи тамға ва баланд бардоштани сифати расонидани ёрии тиббӣ; таъмини дастгирии иҷтимоии ШВЗ; такмили системаи назорати эпидемиологӣ, арзёбӣ ва баҳодиҳии чорабиниҳои пешгирикунанда ва беҳтар намудани системаи назорати дидбонии эпидемиологии паҳншавии сирояти ВНМО.

Ҳангоми таҳияи Барнома маълумоти омори расмӣ, ки ҳар сол аз ҷониби Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҷумҳуриявии омори тиббии Вазорати тандурустӣ нашр мегардад, истифода шудааст.

Инчунин, натиҷаҳои назорати дидбонии эпидемиологӣ, ки ҳар сол мутобиқи фармони муштараки Вазорати тандурустӣ ва Вазорати адлия №63, №11 аз 20.02.2005 бо мақсади назорати вазъи эпидемиологии сирояти ВНМО дар байни НТ, ШРХШ, маҳбусон, хизматчиёни ҳарбӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳомиладорон дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Хоруғ, Исфара, Турсунзода ва Ваҳдат гузаронида мешавад, истифода шудааст.

Натиҷаҳои таҳқиқот оид ба ошкор сохтани шаклҳои тамға ва табъизи ШВЗ ва дониш, муносибат дар байни ҷавонони синни 15-24 сола, ки мутаносибан дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Хуҷанд, Исфара, Чкалов, Турсунзода, Ваҳдат, ноҳияи Шаҳритус ва дар 24 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, дар соли 2007 аз ҷониби Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, соли 2008 аз тарафи КМҲ нашр гардид.

Мутобиқи Барнома оид ба муқовимат бо эпидемияи ВНМО/БПНМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 ва бо мақсади омӯзиши вазъи эпидемиологии сирояти ВНМО, аз ҷониби МҶ СПИД якҷоя бо Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон соли 2009 арзёбии шумораи ШВЗ, НТ ва ШРХШ дар шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Турсунзода, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва дар ноҳияи Файзобод гузаронида шуд, ки натиҷаҳои он дар омода намудани Барнома истифода гардиданд.

Натиҷаҳои арзёбӣ ва таҳқиқот дар сайти расмии КМХ, (\УУАУ.ПССД/) ҷойгир карда шудааст.

Айни замон, паҳншавии ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои хусусияти ҷудокардашуда мебошад. Чунин вазъиятро ҳоло наметавон эпидемия дар миқёси тамоми аҳолӣ номид, гузаштани ин бемории сирояткунанда танҳо бо гурӯҳҳои рафтори хатарнок маҳдуд мешавад. Мамлакат ҷиҳати оғози тамоюли паст намудани паҳншавии ВНМО ва то соли 2015 расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола имконияти нодир дорад. Вале маълумоте, ки ҳоло мавҷуданд, оид ба паҳншавии босуръати ВНМО дар гурӯҳҳои рафтори хатарнок иттилоъ медиҳанд.

Барномаи мазкур дар асоси Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012, Барномаи чорчӯбавии СММ оид ба Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015 ва Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020 таҳия гардидааст.

Рушди эпидемияи ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби нашъамандони тазриқӣ амалӣ мешавад. Вале, дар байни тамоми аҳолӣ вазъияти паҳншавии бемориро наметавон эпидемикӣ номид. Барнома ҷиҳати нигоҳ доштани паҳншавии ВНМО дар доираи гурӯҳҳои рафтори хатарнок, инчунин пешгирии эпидемия дар ин гурӯҳҳо равона шудааст. Дар натиҷа, гурӯҳҳои мақсадноки Барнома барои солҳои 2011-2015 нашъамандони тазриқӣ, шахсони расонандаи хизматҳои шаҳвонӣ, мардоне, ки бо мардҳо алоқаи ҷинсӣ доранд, маҳбусон, одамоне, ки бо ВНМО зиндагӣ мекунанд, ҷавонон, аз ҷумла кӯдакони бепарастор ва наврасони то 17 сола, хизматчиёни ҳарбӣ, муҳоҷирон ва оилаҳои онҳо ва занон маҳсуб меёбанд.

Дар доираи Барнома идома додани чорабиниҳо ва тавсеаи ин фаъолият дар дигар минтақаҳои мамлакат ба нақша гирифта шудааст. Дастрасӣ ба табобати ЗРВ тавсеа мегардад, пешгирии гузаштани ВНМО аз модар ба кӯдак афзалият пайдо мекунад. Ғайр аз ин, паҳн гаштани дастрасӣ ба хизматрасониҳои маслиҳатдиҳӣ ва ташхиси ихтиёрӣ нисбати ВНМО барои ҳомиладорон пешбинӣ шудааст. Ҳамоҳангсозии кори муассисаҳои тиббӣ бо он беҳтар мегардад, қи ҳомиладорон барои гирифтани хизматрасонии профилактикӣ дарҳол пас аз дарёфти ВНМО дар онҳо имконият пайдо мекунанд.

Самтҳои нави стратегӣ муттаҳид сохтани хизматрасониҳо оид ба табобати сирояти ВНМО дар сохтори расонидани КАТС бо мақсади беҳтар намудани дастрасӣ, ҷалб кардани диққат ба сирояти ҳамроҳ ВНМО ва бемории сил, инчунин чораҳои паст кардани зарар ва табобати ивазкунандаро ба паст намудани хатари гузаштани сироят байни НТ дар бар мегирад.

Барномаи мубодилаи сӯзандорухо дар байни ИТ қобили қабул буда, табобати ивазкунанда бошад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати усули самараноки паст намудани паҳншавии сирояти ВНМО дар байни НТ эътироф шудааст. Дар чорчӯбаи Барномаи мазкур идома додани истифодаи ин роҳҳо ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамаи шахсони дорои бемории сил ба мавҷудиятн сирояти ВНМО ташхис карда мешаванд. Хизматрасонӣ оид ба нигоҳубин ва табобати сирояти ВНМО аз ҷониби муассисахои КАТС мутобиқи Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020 ҷиҳати васеъ намудани дастрасӣ, паст намуданн сатҳи тамға нисбат ба ВНМО, инчунин беҳтар намудани сатҳи тарафдорони ТЗРВ дар байни ШВЗ кӯмак мерасонад.

2. Таҳлили вазъият

2.1. Эпидемиологияи ВНМО/БПНМ дар Тоҷикистон

Ҷиҳати таҳия ва таҷдиди барномаҳои пешгирикунанда, инчунин мутобиқсозии онҳо ба шароити маҳаллӣ, дарки амиқи моҳият, ҷараёни инкишоф ва хусусиятҳои асосии ин ё он эпидемия талаб карда мешавад. Тавсифи эпидемияи ВНМО/БПНМ, ки Барномаи СММ оид ба мубориза бо ВНМО/БПНМ (ЮНЭЙДС) ва ТУТ додаанд, аз рақамҳои сатҳи паҳншавии ин беморӣ, инчунин хусусиятҳои гурӯҳҳои аҳолӣ, ки ба сироят гирифтор шудаанд, асос мегирад. Мутобиқи тавсифи мазкур, эпидемияи ВНМО/БПНМ на дар ҳама ҷо якхела аст, ки бо табиати инкишофи худ шарҳ дода мешавад. Ҳамин тавр, вобаста аз хусусияти паҳн шудани сироят, мамлакат метавонад аз як марҳила ба марҳилаи дигар гузарад.

Ҳатто дар ҳудуди як мамлакат метавон як қатор микроэпидемияҳои бисёр ва тағйирёбанда, ки якдигарро пӯшонида, ҳар кадом дорои табиати худ (гурӯҳҳои сироятёфтаи аҳолӣ), ҷараёни инкишоф (хусусияти тағйирёбӣ) ва хислати хос (вазнинии зарари расонидашуда) мебошанд, ба вуҷуд ояд. Аз рӯи таърифи мазкур, эпидемияи ВНМО/БПНМ дар Тоҷикистон хусусияти ҷамъшавӣ дорад. Паҳн гардидани сироят дар байни НТ баръало дида мешавад, ки истифодаи асбобҳои умумӣ барои инкишофи мустақилонаи эпидемия, новобаста аз дигар гурӯҳҳои хатари баланд кофӣ аст. Сатҳи паҳншавии ВНМО дар гурӯҳҳои рафтори хатарнок, ки дар тӯли чанд соли охир аз 5 фоиз поён намешавад, имкон медиҳад хусусияти эпидемияро дар мамлакат ҳамчун ҷамъшаванда арзёбӣ намуд.

Аз соли 2005 сар карда, сатҳи паҳншавии ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам тавассути назорати доимӣ ва дидбонии эпидемиологии гурӯҳҳои рафтори хатарнок (НТ. ШРХШ) ва дигар гурӯҳҳои сирояпазир, аз ҷумла маҳбусон, беморони БСҶ, занҳои ҳомиладор ва муҳоҷирони меҳнатӣ назорат карда мешавад. Солҳои 2006-2007 низ таҳқикоти миллии дониш, муносибат ва амалия дар байни ҷавонони 15-24 сола гузаронида шуд.

Расми 1 тамоюли рушди эпидемияро дар байни НТ аз солҳои 2005 то 2009 нишон медиҳад.

Сатҳи паҳншавии ВНМО дар байни аҳолӣ (аз рӯи ҷинс ва синну сол) то охири соли 2009 дар Расми 2 нишон дода шудааст.

Расми 1: Паҳншавии ВНМО дар байни НТ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (НДЭ, солҳои 2005-2009)

***Расм оварда намешавад.

Расми 2: Паҳншавии ВНМО дар байни аҳолии ҶТ аз рӯи ҷинс ва синну сол (дар ҳолати 31 декабри соли 2009)

***Расм оварда намешавад.

Инчунин, як қатор таҳқиқоти дигар дар миқёси миллӣ гузаронида шуданд, аз ҷумла сатҳи тамға ва табъиз нисбат ба ашхосе, ки дар байни аҳолӣ ва кормандони тиб аз ВНМО сироят ёфтаанд, таҳқиқи дониш, муносибат ва амалия дар байни хизматчиёни ҳарбӣ, зӯроварӣ дар оила, оқибатҳои иҷтимоию иқтисодии эпидемияи ВНМО/БПНМ, таҳқиқоти арзёбӣ дар гурӯҳҳои НТ ва ШРХШ дар Тоҷикистонро дар бар мегирад.

Бо вуҷуди ин, дар асоси маълумоти омории ба қадри кофӣ дақиқ ва пурра бо истифодаи усули моделикунонии демографӣ, арзёбии паҳншавии ВНМО, такроршавӣ, инчунин сатҳи фавт аз бемории БПНМ (Расми 3) имконпазир шуд. Мутобиқи арзёбии мазкур соли 2010 дар Тоҷикистон 9992 нафар бо ВНМО ё БПНМ зиндагӣ мекунанд.

Расми 3: Маълумоти арзёбикунандаи шахсоне, ки аз ВНМО сироят ёфтаанд

***Расм оварда намешавад.

То охири соли 2009 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расман 1853 ҳолатҳои сирояти ВНМО, аз ҷумла 431 ҳолатҳои нав, ки дар соли 2009 ошкор шуданд, ба қайд гирифта шуд. Сатҳи паҳншавии ВНМО дар байни аҳолӣ 22,3 ба 100000 ташкил медиҳад, холатҳои шахсоне, ки аз ВНМО сироят ёфтаанд аз 69 дар 60 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ошкор шудаанд. То охири соли 2009 шумораи фавтидагон аз ВНМО ба 247 нафар расид. Дар асоси шумораи ҳолатҳои ба қайд гирифташудаи сирояти ВНМО, шумораи аз ВНМО сироятёфтагон аз 6800 то 10000 нафарро ташкил медиҳад.

Аз байни ҳолатҳои тасдиқшудаи ВНМО 96,4 фоизро шахсони синни 15-49 сола ташкил медиҳанд, ки аз онҳо 83,4 фоиз аз 20 то 39 сола мебошанд. 1,9 фоизро кӯдакони то 14 сола ташкил медиҳанд. Дар 80 фоиз ҳолатҳо мардон ва 20 фоиз занон ба қайд гирифта шудаанд. Вақтҳои охир шумораи занони аз ВНМО сироятёфта қариб 3 маротиба афзудааст. Ҳамин тавр, то охири соли 2005 шумораи ҳолатҳои бақайдгирифташудаи ВНМО дар байни занон 8,5 фоизро ташкил дода буд; соли 2009 ин рақам то 22,3 фоиз афзуд. Дар охири декабри соли 2009 105 ҳолати сироят ёфтани занони ҳомиладор ба қайд гирифта шудааст. Танҳо соли 2009 54 ҳолати сирояти ВНМО ҳомиладорон ба қайд гирифта шудааст, ки 34 адади онҳо дар давраи ҳомиладорӣ ва таваллуд ташхис карда шуданд. 20 ҳолати боқимоида ҳангоми муоинаи кӯдакоии навзод ба ВНМО ошкор шудаанд.

Маълумот оид ба расман ба қайд гирифтани ҳолатҳои ВНМО дар ҷумҳурӣ нишон медиҳад, ки роҳи асосии гузаштани сирояти ВНМО ба воситаи сӯзандору мебошад. Бо ин роҳ аксари беморон (55,1 фоиз) сироят ёфтаанд. 27,2 фоиз ба воситаи алоқаи ҷинсӣ сироят ёфтанд (Расми 4.). Дар 16,6 фоиз холати ба қай гирифташудаи ВНМО роҳи сироятёбӣ муқаррар нашудааст. Эҳтимол меравад, ки аксари чунин ҳолатҳо аз сӯзандоруҳои сироятёфта ҳангоми истеъмоли маводи мухаддири тазриқӣ вобаста мебошанд.

Расми 4: Тақсимоти сироятшудагон бо ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи роҳҳои гузариш (N=1853)

***Расм оварда намешавад.

1) Нашъамандони тазриқӣ. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маводи мухаддир, аз ҷумла тазриқӣ, аз қабили героин, мамлакати транзитӣ мебошад. Истифодаи сӯзандоруҳои умумӣ дар байни НТ ба таври васеъ паҳн гаштааст, ки ин ба қадри кофӣ усули самараноки гузаштани ВНМО мебошад. Айни замон дар Тоҷикистон аз ВНМО асосан ба воситаи тазриқӣ гузаронидани героин сироят меёбанд. Ҳоло дар ҷумҳурӣ 47 нуқтаҳои мубодилаи сӯзандоруҳо фаъолият доранд, вале ҳамагӣ якчанд барномаҳои детоксикатсияи героин амал мекунанд.

Тибқи маълумоти назорати дидбонии эпидемиологӣ, паҳншавии ВНМО дар байни НТ аз 16 фоиз дар соли 2005 то 17,3 фоиз дар соли 2009 афзудааст. Ин афзоиши начандон калон аз он далолат мекунад, ки вазъият бо ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои хусусияти эпидемияи ҷамъшавӣ мебошад. Чораҳои пешгирикунанда ва табобати ВНМО дар байни НТ дар раванди нигоҳ доштани суръати инкишофи эпидемияи ВНМО ва паҳншавии он ба ҳамаи табақаҳои аҳолӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Ҳоло нигоҳ доштани паҳншавии ин беморӣ душвортар мегардад. Ғайр аз ин, дар шароити шаҳр ду гурӯҳи асосии хатари баланд мавҷуд аст: шахсони расонандаи хизматҳои шаҳвонӣ ва нашъамандони тазриқӣ. Як кисми ШРХШ, ки инчунин НТ мебошанд, маблағи ба даст овардаашонро ба харид намудани маводи мухаддир сарф мекунанд, ки ин ҳолат хатари баланди гузаштани ВНМО-ро боз ҳам шиддат медиҳад.

2) Шахсони расонандаи хизматҳои шаҳвонӣ. Алоқаи ҷинсии тиҷоратӣ доираи васеи мубодилаи хизматрасонии алоқаи ҷинсиро барои неъматҳои моддӣ дар бар мегирад. Хусусияти асосии алоқаи ҷинсии зуд-зуд ё такрорӣ бо шумораи зиёди мизоҷон бо мақсади гирифтани маблағи муайян мебошад. Коркунони соҳаи хизматрасонии шаҳвонӣ асосан занон мебошанд. Ин гурӯҳ сироятпазир буда, бо сабаби шумораи зиёди мизоҷон ва имкон надоштан ҷиҳати таъмини алоқаи ҷинсии бехатар бо ҳар яки онҳо боиси хатари баланди мубтало гардидан ба ВНМО мегардад.

Солҳои охир шумораи ШРХШ дар Тоҷикистон афзудааст. Аз рӯи пурсише, ки аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди СПИД ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳиди дар Тоҷикистон буда, гузаронида шудааст, шумораи ШРХШ аз 8000 дар соли 2003 то 12500 дар соли 2009 афзудааст. Ба сатҳи баланди фарогирии ШРХШ бо чорабиниҳои профилактикӣ нигоҳ накарда, афзоиши нишондиҳандаҳои паҳншавии ВНМО дар ин гурӯҳ идома дорад.

НДЭ соли 2008 нишон дод, ки 2,8 фоизи ШРХШ бо ВНМО сироятёфта мебошанд. Нишондиҳандаҳои баланди дигар сироятҳо, ки ба воситаи алоқаи ҷинсӣ мегузаранд, ба монанди сифилис (паҳншавӣ 10,5 фоиз) барои занон хатари баланди ба ВНМО сироят ёфтанро пеш меорад. Ғайр аз ин, занон бинобар истифодаи маводи мухаддири тазриқӣ хатари баланди сирояти ВНМО доранд. Маълумоти НДЭ соли 2008 нишон медиҳад, ки 11 фоизи НТ занон буда, 41 фоизи онҳо хабар доданд, ки бо шарикони тиҷоратӣ алоқаи ҷинсӣ доштанд.

Расми 5. Истифодаи рифола ҳангоми алоқаи ҷинсии охирини ШРХШ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, НДЭ дар соли 2009 (N=812)

***Расм оварда намешавад.

Сатхи истифодаи рифолаҳо аз навъи шарикон вобаста аст: доимӣ, тасодуфӣ ё тиҷоратӣ (Расми 5.). Онҳо рад кардани истифодаи рифоларо асосан бо сабаби рад кардани шарикон мебинанд. Бо вуҷуди ин, муҳим аст, ки онҳоро ба маҳорати аҳду паймон кардан ҷиҳати истифодаи рифолаҳо ҳам бо шарикони тасодуфӣ ва ҳам бо шарикони доимӣ таълим дод.

Ба фарогирии баланди чорабиниҳои пешгирикунандаи маслиҳатдиҳӣ ва ташхиси ихтиёрӣ нигоҳ накарда, ба ШРХШ ба кадри кофӣ дониш оид ба роҳҳои гузаштани ВНМО ва пешгирии он намерасад. Ҳол он ки сатҳи дониш, бевосита ба хатари рафтор вобастагӣ дорад, муҳим он аст, ки барномаҳои пешгирикунанда ва таълимӣ барои ШРХШ бо мақсади ҳавасмандгардонии тағйир додани рафтор боз ҳам меафзоянд.

Бинобар ин, маълумот оид ба паҳншавии ВНМО дар байни ШРХШ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле ноқис аст (Расми 6).

Расми 6: Паҳншавии ВНМО дар байни ШРХШ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, НДЭ, солҳои 2005-2009

***Расм оварда намешавад.

3) Мардоне, ки бо мардҳо алоқаи ҷинсӣ доранд. Замоне, ки дар марҳилаҳои аввали инкишофи эпидемия дар мамлакат ба сирояти ВНМО дар байни ММАҶ диққати калон зоҳир мешуд, айни замон оид ба паҳншавии ВНМО дар ин гурӯҳ маълумоти хеле кам мавҷуд аст.

Аз нуқтаи назари биологӣ, хатари гузаштани ВНМО дар байни ММАҶ, ки алоқаи ҷинсии ресептивии мақъадро истифода мебаранд, махсусан калон аст. Рафтори шаҳватпарастӣ, ҳамчун ММАҶ дар муассисаҳои навъи махсус ба назар мерасад, масалан дар маҳбасхонаҳо, ки ин амал бо маҷбурӣ ва зӯроварӣ алоқаманд аст. Рафтор ва шаҳватпарастии ММАҶ бо гуногунӣ фарқ мекунанд ва бисексуалиро дар бар мегирад, ки бо вуҷуди ин ВНМО эпидемия байни ММАҶ ва гетеросексуалҳо байни ҳам вобастагӣ доранд.

Ҳарчанд ҳолатҳои ВНМО, ки бевосита бо мардон алоқаманданд, яъне мардоне, ки бо мардон алоқаи ҷинсӣ доранд ба қайд гирифта нашудааст, ин пеш аз ҳама натиҷаи набудани дастрасӣ ба ММАҶ доранд, мебошад.

Тамғаи иҷтимоӣ, ки бо гемосексуализм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд аст, онро ҷиҳати фарогирии соҳаи тандурустӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ хеле дастнорас мегардонад. Бо сабаби баланд будани тамға оид ба ММАҶ доранд, онҳо начандон омодаанд бо кормандони соҳаи тандурустӣ нисбат ба масъалаҳои мушаххаси хусусияти шаҳвонии худ ҳамкорӣ намоянд.

4) Маҳбусон. Маҳрум сохтан аз озодӣ, ҳамчун хатари ба ВНМО сироят ёфтан, бо алоқаҳои ҷинсии хатарнок ва истеъмоли маводи мухаддири тазриқӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ алоқаи зич дорад. Дар ин ҷо хатари гузаштани сироят ҳангоми алоқа бо хун дар натиҷаи зӯроварӣ ва ҳангоми вашм кардан (татуировка) вуҷуд дорад. Чорабиниҳо оид ба паст намудани хатар чорабиниҳои маслиҳатдиҳӣ ва ташхиси ихтиёрӣ, таъмин намудан бо рифолаҳо, сӯзандоруҳо, чораҳои пешгирии зӯроварии шаҳвонӣ ва истифодаи маводи мухаддири тазриқро дар бар мегирад. Мутобиқи натиҷаҳои НДЭ паҳншавии ВНМО байни маҳбусон дар доираи аз 6,2 фоиз то 8,6 фоиз мебошад (Расми 7.)

Расми 7: Паҳншавии ВНМО дар байни маҳбусон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, НДЭ, солҳои 2005-2009

***Расм оварда намешавад.

5) Муҳоҷирати меҳнатӣ. Камбизоатӣ ва бекорӣ бевосита ба иқтисодиёти заиф алоқаманд аст, ки дар интихоби алоқаҳои ҷинсӣ таъсир мерасонад ва ба ворид шудан ба шабакаи васеи шаҳвонӣ мусоидат менамояд. Ба ғайр аз осебпазирии гендерӣ дар натиҷаи ноустувории иқтисодӣ, шахсоне, ки бо ҷустуҷӯи кор машғуланд ё ба шаклҳои кори мобилӣ ё ба муҳоҷирати меҳнатӣ ҷалб шудаанд, ба гурӯҳи осебпазири сирояти ВНМО дохил мешаванд. Ин маънои эҳтимолияти истифодаи алоқаи ҷинсии бетартибро дорад, аксар вақт бар ивази ҷуброни маблағ, инчунин мавҷуд будани омилҳои дигари хатар. Ба гурӯҳи шахсоне, ки зудзуд ҷойи кори худро иваз мекунанд, метавон тоҷирон, ШРХШ, муҳоҷирони меҳнатии мавсимӣ (коргарони сохтмон) ва аскаронро дохил намуд. Асосан мардон муҳоҷират мекунанд. Ҷойивазкунӣ ва муҳоҷират на танҳо вазъи осебпазирии ин гурӯҳ, балки ҷомеаҳоеро, ки онҳо ба он ҷо ва аз он ҷо муҳоҷир мешаванд, шиддат медиҳанд.

6) Инфексияҳои оппортунистӣ. Бемории вазнине, ки якҷоя бо ВНМО мегузарад бемории сил мебошад. Он сабаби асосӣ дар сохтори фавти шахсоне, ки аз ВНМО сироят ёфтаанд ба ҳисоб меравад. Баррасии мушаххаси ин масъала дар боби минбаъда оварда мешавад. Вале, ин сирояти ҳамроҳи ягона нест, ки бо он одамоне, ки бо ВНМО зиндагӣ мекунанд, азият кашанд.

Якҷоя гузаштани бемории ВНМО бо БСҶ ва гепатити С низ мушкилоти ҷиддиро пеш меорад. Сироят ёфтан аз БСҶ аксар вақт бо рафтори хатарнок ва эҳтимолияти калони физиологии ба ВНМО сироят ёфтан вобастагӣ дорад.

Айни замон, аз рӯи таҳқиқоти эпидемиологӣ 0,8 фоизи ҳолатҳои бақайдгирифташудан ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи гузаронидани хуни сироятёфта ба вуҷуд омадааст. Ғайр аз ин, маълумот оид ба ҳолати беморон пас аз хунгузаронӣ нопурра аст. Мақсади Барномаи мазкур мусоидат намудан ҷиҳати беҳтар кардани системаи таъмини бехатарии хун барон пешгирӣ намудани гузаштани дохилибеморхонаии ВНМО, вируси гепатити С ва дигар бемориҳои патогении бо хун алоқаманд мебошад.

7) Гендер ва ВНМО. Ба бартарии НТ дар ҷараёни инкишофи эпидемияи ВНМО дар Тоҷикистон нигоҳ накарда, занон асосан осебпазир боқӣ мемонанд. Аксари коркунони шаҳвонӣ занон буда, тақрибан 11 фоизи онҳо НТ мебошанд. Ғайр аз ин, қисми зиёди ММАҶ бо занон дар ақди никоҳ мебошанд, ки бо ҳамдигар дар алоқаи ҷинсии беҳимоя қарор доранд. Дар натиҷа, занон дар Тоҷикистон метавонанд тавассути якчанд роҳ аз ВНМО сироят ёбанд. Аксари занони ҳомиладор ВНМО-сироятшуда шарикони шаҳвонӣ ё занони муҳоҷирони меҳнатӣ буда, қисми ками онҳо шарикони НТ мебошанд.

Ҷараёни инкишофи гендерии паҳншавии ВНМО дар Тоҷикистон мураккаб ва гуногун мебошад. На танҳо ба занон хатари сироят ёфтан таҳдид мекунад. Қариб нисфи мардони ҷумҳурӣ барои дарёфти маблағ ба Россия ва Қазоқистон рафта, оила ва хешутабори худро ба мӯҳлати дурудароз тарк мекунанд. Дур аз хона қарор дошта, аксари онҳо рафтори хатарнокро, ба монанди истеьмоли маводи мухаддири тазриқӣ ва алоқаи ҷинсии беҳимоя бо ШРХШ амалӣ менамоянд.

Ба хона баргашта, муҳоҷирони аз ВНМО сироятёфта метавонанд ҳамсарони худро ба беморӣ гирифтор кунанд. Дар оилаҳои тоҷик, нақши муҳоҷирон ҳамчун саробон, дар ҳамбастагӣ бо арзишҳои баланди фарҳангӣ, ки ба нигоҳдории оила равона шудаанд, ба занон имконият намедиҳанд, ки масъалаҳои алоқаи ҷинсии бехатарро бо ҳамсарони худ, алалхусус истифодаи рифоларо муҳокима намоянд.

8) Наврасон ва ҷавонон (15-24 сола). Иҷлосияи махсуси Ассамблеяи Генералии СММ оид ба ВНМО/БПНМ ҷавонони синни 15-24 соларо гурӯҳи афзалиятнок ҷиҳати татбиқи чорабиниҳо оид ба пешгирии ҳолатҳои нави сирояти ВНМО номид ва мақсади глобалиро оид ба паст намудани суръати пайдошавии ВНМО дар ин гурӯҳ ба 20 фоиз то соли 2015 муайян намуд. Ин бо мақсади умумии Барномаи мазкур шабоҳат дорад, ба монанди дастгирии марказҳои ба ҷавонон хайрхоҳ, ҷиҳати беҳтар намудани дастрасии ҷавонон ба хизматрасонӣ оид ба пешгирӣ ва табобати ВНМО.

9) Одамон бо имкониятҳои маҳдуд. Ҳоло як қатор чораҳои миллии ҷавобӣ, ки ба қонеъ гардонидани талаботи махсуси гурӯҳҳои гуногуни аҳолӣ бо имкониятҳои маҳдуд равона шудаанд, таҳия нагардидаанд. Ин ба барномаҳои пешгирӣ, табобат, нигоҳубин ва дастгирӣ тааллуқ доранд. Ин гурӯҳи одамон ба тамға ва табъиз аз ҳисоби маъюбӣ ва аз мақоми ВНМО сироятёфта гирифтор шудаанд. БПНМ одатан ба маъюбӣ меорад, ва бо назардошти зиёд намудани давомнокии ҳаёти шахсоне, ки аз ВНМО сироят ёфтаанд, масъалаи мазкур аҳамияти махсус пайдо менамояд. Шахсони аз ВНМО сироятёфта бо имкониятҳои маҳдуд ба беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳо оид ба пешгирӣ, табобат, нигоҳубин ва дастгирӣ ниёз доранд, ки бо мушкилот ва оқибатҳое, ки ба ин сироят вобаста аст, самаранок аз ӯҳдаи он бароянд. Талаботи махсуси одамони дорои имкониятҳои маҳдуд ба қабули чораҳои эътирофшуда оид ба таъмини дастрасии баробар ба иттилоот па хизматрасониҳо маҷбур месозад.

10) Сабабҳои асосӣ ва омилҳои муайянкунандаи эпидемия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз байни омилҳои зиёд, ки ба паҳншавии ВНМО дар Тоҷикистон таъсир мерасонад, мебояд биологӣ, инфиродӣ ва иҷтимоию контекстуалиро қайд намуд. Бо вуҷуди он ки роҳи асосии паҳншавии сироят дар мамлакат истифодаи сӯзандоруҳои умумӣ ва дигар асбобҳои НТ боқӣ мемонад, дигар тарзҳои сироят ёфтан, ки дар поён оварда шудаанд, мавҷуданд ва аҳамияти хос пайдо намудаанд:

- алоқаи ҷинсии беҳимоя: дар ҷаҳон 90 фоиз одамон, ки бо ВНМО зиндагӣ мекунанд, дар натиҷаи алоқаи ҷинсии гетеросексуалӣ сироят ёфтаанд. Ба он нигоҳ накарда, эпидемияи ВНМО дар Тоҷикистон дар байни НТ паҳн гаштааст. Аз соли 2005 сар карда, роҳи гетеросексуалӣ тамоюли устувор ба афзоишро дорад;

- сирояти ВНМО аз модар ба кӯдак: тақрибан 1/3 кӯдакони навзод, ки аз модари ВНМО сироятёфта таваллуд шудаанд, аз ВНМО бо сабаби набудани дигар дахолати тиббӣ сироят ёфтаанд. Истифодаи дорувориҳои зиддиретровирусӣ, амалияи акушерӣ, аз ҷумла чоки қайсар, инчунин ширдиҳии бехатар метавонад хатари гузаштанро то ҳадди ақал паст намояд;

- хунгузаронӣ: хатари гузаштани ВНМО ба воситаи хуни донорӣ хеле баланд аст. Вале, скрининги донорӣ ва биологӣ имкон медиҳад хатари сироятшавиро боздорад. Ин амал Дар Тоҷикистон бо дақиқии махсус гузаронида мешавад ва хатари сироят ёфтанро бисёр паст арзёбӣ мекунад;

- алоқа бо хун: дар муассисаҳои тиббӣ ВНМО метавонад аз бемор ба бемор, инчунин дар байни кормандони тиб дар ҳар ду самт ба воситаи хун, ки дар асбобҳои тиббӣ пас аз истифодаи такрории асбоби ифлос боқӣ мемонад, метавонад, гузарад. Як қатор таҳқиқот муҳим будани риояи назорати инфексионӣ дар чунин муассисаҳо ва дар сурати осеб расонидан бо асбобҳои ҷарроҳӣ усули пешгирикуниро таъкид намудаанд. Алоқа бо хун дар мавридҳои гуногун имконпазир аст, махсусан дар ҳолатҳои фавқулодда, ки хатари бардоштани ҷароҳат бисёр баланд аст. Истифодаи тадбирҳои эҳтиётӣ, аз ҷумла истифодаи дастпӯшакҳо ва дигар воситаҳои ҳифз тавсия дода мешаванд.

11) Омилҳои контекстуалӣ

(а) Камбизоатӣ. Камбизоатӣ худ аз худ омили хатари гузаштани ВНМО шуда наметавонад. Самараи онро мебояд дар каринаҳои иҷтимоию эпидемиологӣ баррасӣ намуд. Камбизоатӣ таъсири худро тавассути садҳо робитаҳои мутақобила паҳн менамояд, аз ҷумла тақсимоти нобаробари даромад, иқтисодиёти нобаробарҳуқуқ байни мардону занон, ки ба рушди тиҷорати шаҳвонӣ мусоидат менамояд, ба таври суст огоҳонидани аҳолӣ дар масъалаи таҳкими саломатӣ, инчунин системаи нобаробари тандурустии ҷамъиятӣ.

Ҳамин тавр, Барномаи мазкур барои солҳои 2011-2015 аз Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012 асос мегирад, ки дар он пешгирии эпидемияи ВНМО яке аз максадҳои афзалиятнок маҳсуб меёбад. Стратегия як қатор тадбирҳоро оид ба тақвияти системаи давлатии идоракунанда, рушди иқтидори инсонӣ, пешбурди баробарии гендерӣ ва дастгирии ислоҳотро дар бахши тандурустӣ пешбинӣ менамояд. Махсусан, Барномаи мазкур мақсад, вазифа ва фаъолияти худро бо Стратегияи мазкур мутобиқ намудааст, яъне:

-нигоҳ доштани шумораи шахсоне, ки аз ВНМО сироят ёфтаанд дар нишонаи 3500;

-баланд бардоштани сатҳи огоҳонидан дар масъалаҳои ВНМО дар байни ҷавонон ва дар гурӯҳҳои рафтори хатарнок;

-таъмини риояи ҳуқуқи инсон ба одамоне, ки бо ВНМО зиндагӣ мекунанд;

-омӯзонидани кормандони соҳаи тиб оид ба масъалаҳои сирояти ВНМО;

-васеъ намудани доираи дастрасӣ ҷиҳати гирифтани табобати зиддиретровирусӣ;

-беҳтар намудани таъмини бехатарии хуни донорӣ;

-васеъ намудани татбиқи чорабиниҳо оид ба пешгирии сирояти ВНМО аз модар ба кӯдак.

(б) Муносибатҳои фарҳангӣ ва амалия. Робитаи мутақобилаи байни хусусиятҳои фарҳангӣ ва паҳншавии сирояти ВНМО кам омӯхта шудааст. Аз рӯи баъзе маълумотҳо, муносибатҳои фарҳангӣ ва амалия метавонанд ба паҳншавии ВНМО дар Тоҷикистон мусоидат намояд. Нобаробарии гендерӣ дар асоси аксари фарҳангҳои патриархалӣ ба назар мерасад, ки мақоми зан дар он як зина аз мақоми мард поён меистад ва ин интихоберо, ки ӯ дар ҳаёт мекунад, муайян месозад, аз ҷумла дар муносибатҳои шаҳвонӣ. Чунин қабули қарор, ки дар муносибатҳои зану мард ба назар мерасад, одатан бо маҷбурсозӣ ва зӯроварӣ инъикос мегардад. Хусусан, мардон-шарикон бо ШРХШ ё дар як вақт бо якчанд нафар алоқаи ҷинсӣ доранд, замоне ки занон-шарикони доимии онҳо ё ҳамсарони онҳо наметавонанд аз тарси гум кардани сарчашмаи асосии рӯзгузаронӣ ба онҳо барои истифода бурдани рифола ҳангоми алоқаи ҷинсӣ истодагарӣ намоянд.

(в) Тамға ва табъиз. ВНМО/БПНМ - яке аз ҳолатҳои тамғагузории тиббӣ дар ҷаҳон маҳсуб меёбад. Тамға ҷиҳати татбиқи тадбирҳо оид ба пешгирӣ, ташхис ва табобати самараноки ВНМО монеа мегардад ва метавонад бо одамоне, ки бо ВНМО зиндагӣ мекунанд, субъективона амал намояд. Тибқи Эъломияи Иҷлосияи Махсус, ҳукуматҳо ӯҳдадоранд ба ғайр аз дигар чораҳо, ба тамға муқовимат нишон диҳанд, инчунин табъизро решакан намоянд.

Ин ҳолат чунин шарҳ дода мешавад, ки сирояти ВНМО, ба монанди дигар БСҶ, дар ҷомеа чун натиҷаи шаҳватпарастии беандоза, сӯистеъмол аз маводи мухаддири тазриқӣ ва иродаи сусти маънавӣ фаҳмида мешавад. Ҳамаи ин ба сукути ШВЗ вобаста аст, ки аз радди маърака ва ҷудо шудан аз наздикону ҷомеа хавф доранд, устувор мегардад. Тамға ба занон нисбат ба мардон ба таври қатъӣ инъикос мегардад. Ҳамчун натиҷаи мушкилоти тамға ва табъиз, одамоне, ки бо ВНМО зиндагӣ мекунанд, маҷбур мешаванд ҳолати худро пинҳон намоянд ва рафтори хатарноки худро идома диҳанд. Оқибати дигар ин ронда шудан мебошад. Сукут ва ронда шудани ВНМО/БПНМ хатари марговар дорад, барои он ки ҷиҳати дуруст арзёбӣ намудани дараҷаи хатари сироятшавии инфиродӣ халал мерасонад.

Соли 2007 дар гурӯҳҳои мухталифи аҳолӣ таҳқиқоти сатҳи тамға нисбат ба шахсоне, ки аз ВНМО сироят ёфтаанд аз ҷониби Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Натиҷаҳо сатҳи баланди тамғаро дар байни мутахассисони кордон, ки дар соҳаҳои гуногун ва умуман дар ҷомеа кор мекунанд, нишон доданд. Танҳо 66,4 фоиз пурсидашудагон ҷавоб доданд, ки ШВЗ ҳуқуқ доранд кор кунанд. Беш аз 1/3 пурсидашудагон ақидаи худро иброз доштанд, ки шахсро бо сабаби мақоми доштани ВНМО метавон аз кор озод намуд.

Беш аз 55 фоиз иштирокчиёни пурсиш, ки аз онҳо 45,7 фоиз омӯзгор буданд, ҷиҳати таълими якҷояи кӯдакони бо ВНМО сироятёфта бо кӯдакони солим ба таври манфӣ назар намуданд. Танҳо 62,5 фоиз кормандони соҳаи тиб ҷавоб доданд, ки омодаанд ба ШВЗ дар баробари дигар беморон ёрии тиббӣ расонанд. Беш ба 46 фоиз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, судяҳо ва ҳуқуқшиносон оиди ҷудо нигоҳ доштани маҳбусон бо ВНМО ҷиҳати пешгирии паҳншавии сироятҳо дар маҳбасхонаҳо иброз доштанд. Танҳо 59,4 фоиз пешвоёни динӣ иброз доштанд, ки онҳо ҷиҳати дар масҷидҳо ибодат кардани шахсони ВНМО дошта иҷозат медиҳанд.

Занон ва кӯдакон нисбат ба тамғаи ВНМО бештар осебпазиранд. 70 фоиз пурсидашудагон ҷавоб доданд, ки ба робитаи кӯдакони худ бо кӯдакони ВНМО дошта иҷозат намедиҳанд. 45 фоиз онҳо гуфтанд, ки нисбат ба волидайни кӯдакони ВНМО дошта низ ин амалро раво мебинанд.

Беш аз 1/3 иштирокчиёни пурсиш, намояндагони ҷомеащо, барои ҷудо нигоҳ доштани ВНМО сироятшудагон аз дигар аъзои ҷомеа даъват намуданд. Албатта, чунин сатҳи баланди тамға ба табъиз нисбат ба ШВЗ оварда мерасонад. Беш аз 47 фоиз пурсидашудагон гуфтанд, ки ҳоло дар Тоҷикистон табъиз дар шаклҳои гуногун инъикос мегардад. Беш аз 50 фоиз одамоне, ки бо ВНМО зиндагӣ мекунанд ва дар таҳқиқот иштирок намуданд, ҳолатҳои табъизро нисбат ба худи онҳо ҳангоми гирифтани ёрии тиббӣ ва дигар хизматрасониҳо аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои таълимӣ ва хадамоти таъмини ҷои кор тавсиф намуданд.

3. Кӯшишҳое, ки ба мубориза бо вируси норасоии масунияти одам равона шудаанд

Тавсифи мушаххаси муқовимати давлат ба эпидемияи ВНМО/БПНМ аз доираи Барномаи мазкур берун мебарояд. Бо вуҷуди ин, дар ин қисм шарҳи мухтасари рушд, ки муассисаҳои гуногун дар татбиқи барномаи солҳои 2007-2010 ноил шуданд, пешниҳод мегардад. Барномаи солҳои 2007-2010 9 соҳаҳои афзалиятнокро мухтасар ифода намуд - пешгирӣ; табобат, нигоҳубин ва дастгирӣ; қонуният ва ҳуқуқи инсон; таҳқиқоти илмӣ, мониторинг ва назорат. Дар ҳисоботи охирони Сессияи Махсуси Ассамблеяи Генералии СММ аз соли 2009 чунин хулоса бароварда шудааст: "Васеъ намудани доираи чораҳои миллии муқовимат -сафарбаркунии захираҳо ва тақвияти дастгирии техникӣ бо мақсади таҳкими иқтидори захираҳои инсонӣ, амалӣ намудани чораҳои таъхирнопазир оид ба беҳтар намудани таъмини дастрасии умум ба пешгирӣ, табобат, нигоҳубин ва дастгирӣ, инчунин беҳтар намудани сифати хизматрасониро талаб менамояд".

1) Чорабиниҳо ҷиҳати паст намудани зарар. Ҷойгиршавии ҷуғрофии Ҷумҳурии Тоҷикистон - зиёда аз 1300 км сарҳади умумӣ бо Афғонистон -барои хеле осон ва арзон дастрас намудани героин дар кӯчаҳои шаҳрҳои калону хурд имкон медиҳад. Ҳарчанд шумораи НТ дар мамлакат афзуда бошад ҳам, хизматрасонӣ бояд беҳтар бошад. Айни замон, барномаҳои мубориза бо ВНМО/БПНМ қариб 1/3 нашъамандони эҳтимолии тазриқиро фаро мегиранд, аммо онҳо наметавонанд ба қадри кофӣ нашъамандони хатари баландро (масалан, ҷавонон ва занон) фаро гиранд. Таҳқиқот аҳамияти алоқаи ҷинсии бехатар ва истеъмоли маводи мухаддири тазриқӣ аз ҷониби одамон бо дарки амиқи ин вирус, инчунин дар байни онҳое, ки аз МТИ гузаштанд, нишон дод. Ин шаҳодати он аст, ки барномаҳо татбиқ мегарданд, вале мебояд доираи онҳоро васеъ намуд. Ҷиҳати таъмин ва фарогирии хизматрасонии умумӣ пешгирии ВНМО дар баъзе деҳоти мамлакат бояд кӯшиш ба харҷ дод.

Таҳқиқоте, ки аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди СПИД ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳиди дар Тоҷикистон буда, гузаронида шудааст, нишон медиҳанд, ки дар мамлакат шумораи арзёбишудаи НТ 25000-ро ташкил медиҳад, паҳншавии ВНМО дар ин гурӯҳ бошад ба 17 фоиз мерасад.

Муолиҷаи тиббии нашъамандӣ аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии наркологӣ ва 4 марказҳои минтақавӣ амалӣ мешавад. Табобати ивазкунанда танҳо дар се минтақаи таҷрибавӣ дастрас мебошад ва барои табобат аз нашъамандӣ метавон хеле усулҳои ками самарабахш пайдо намуд.

Барномаи мазкур ҷиҳати минбаъд васеъ намудани чораҳои пешгирикунанда ба воситаи таҳияи расмиёти фаврии стандартӣ, таҳкими иқтидори таҳвилгаронии хизматрасонӣ ва таҳияи маҷмӯавии хизматрасониҳо оид ба паст намудани зарар, аз ҷумла табобати ивазкунанда бо опиат, МТИ, ТЗРВ, БС/ВНМО-сироятӣ, инчунин табобати гепатитҳои вирусӣ дар байни НТ мусоидат менамояд.

2) Хизматрасониҳо вобаста ба БПНМ ва табобати ЗРВ, ТЗРВ дар Тоҷикистон соли 2006 ҷорӣ карда шуд. Дар соли 2010 шумораи арзёбишудаи ВНМО сироятёфтагон 9992 нафарро ташкил дод. Бо вуҷуди ин, 1575-тои онҳо ба табобат ниёз доранд. То охири июни соли 2010, фарогирии ТЗРВ одамоне, ки бо ВНМО зиндагӣ мекунанд ба 551 (35 фоиз) нафар расид, ки аз байни ба табобат ниёз доштагон (онҳое, ки ҳуҷайраҳои СД4-и онҳо аз 200 ҳуҷайраҳо/мм3 поёнтар аст). Айни замон, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи тавсияҳои ТУТ, ТЗРВ дар сатҳи агар ҳуҷайраҳои СД4-и онҳо аз 350 ҳуҷайраҳо/мм3 поёнтар бошад, таъин мегардад.

Ба рӯйхати бемороне, ки табобат намегиранд, онҳое, ки ҳоло бемориро ошкор накардаанд, онҳое, ки аз табобат даст кашиданд ё мамлакатро тарк гуфтанд, дохил мешаванд. Эҳтимол меравад, ки аксари одамон бо сабаби нашъамандӣ, табобатро риоя намекунанд.

Аз лаҳзаи шурӯъ намудани табобат барои таъмини маводи ЗРВ, воситаҳои ташхис, барои муайян намудани сатҳи ҳуҷайраҳои СД4 ва вирус дар хун шароит фароҳам оварда шуд. Дар ҳолати соли 2009, 70 кормандони соҳаи тиб оид ба масъалаҳои гузаронидани табобати ЗРВ омӯзонида шуданд. Соли 2009 84 нафар ШВЗ аз инфексияҳои оппортунистӣ табобат гирифтанд.

Аз рӯи маълумоти назорати дидбонии эпидемиологӣ, соли 2008 паҳншавии гепатити С дар байни НТ 33 фоизро ташкил дод.

Бемории сил аз ҳама бемории паҳншудаи оппортунистӣ мебошад, ки сабаби фавти 47 фоиз аз БПНМ дар байни ВНМО сироятшудагонро ташкил медиҳад. Дар барномаи қаблӣ табобати гепатити С барои ШВЗ пешбинӣ нашуда буд. Дар доираи Барномаи мазкур, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо шарикони байналмилалӣ ният дорад вазъи саломатии ВНМО сироятёфтагонро бо роҳи таҳия ва татбиқи як қатор тадбирҳо оид ба нигоҳубин ва табобати бемориҳои оппортунистӣ беҳтар намояд.

Бо мақсади васеъ гардонидани доираи дастрасӣ ба ТЗРВ, нигоҳубин, табобат ва дастгирӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифтааст масоили ВНМО-ро бо дигар чорабиниҳои тиббӣ якҷоя намояд. Хусусан якҷоя намудани масъалаҳои ВНМО бо бемории сил зарур аст, бемории сил сабаби асосии фавт дар байни шахсони ВНМО мебошанд. 15,4 фоиз ҳамаи ҳолатҳои фавт аз ВНМО дар марҳилаи 4 ба вуҷуд омаданд, зинда мондани одамоне, ки ТЗРВ гирифтанд пас аз 1 сол 58,3 фоизро ташкил дод. Ин метавонад аз он вобастагӣ дошта бошад, ки табобати ВНМО ба наздикӣ оғоз шуда, то қадри кофӣ кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, огоҳонидани нокифоя оид ба он, ки табобати ВНМО гузаронида мешавад ва тамғаи ВНМО, ки барои Тоҷикистон бисёр муҳим аст, ба инобат гирифта нашудааст. Ғайр аз ин, одамоне, ки бо ВНМО зиндагӣ мекунанд, бе ягон майл ба табобат рӯ меоранд, асосан барои он ки аксари онҳо бо нашъамандӣ дучор мешаванд.

Маслиҳатдиҳӣ ва ташхисҳои ихтиёрӣ дар марказҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди СПИД ба таври ройгон пешниҳод мешаванд. Айни замон, МТИ инчунин дар дигар муассисаҳои тиббӣ (марказҳои саломатии репродуктивӣ ва марказҳои мубориза бо бемории сил) дастрас мебошад. Вале, МТИ на дар ҳамаи муассисаҳои КАТС ва таваллудхонаҳо гузаронида мешавад. Ба ин маҳдудиятҳо нигоҳ накарда, МТИ зиёд мегардад. Ҳамин тавр, дар соли 2007 - 93781 нафар бо МТИ фаро гирифта шуданд. Дар соли 2008 ин шумора то 148255 нафар афзуд. Дар соли 2009 - 210179 нафар санҷиш ба ВНМО-ро гузаштанд (Расми 8.)

Расми 8: Фарогирӣ бо МТИ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2007-2009

***Расм оварда намешавад.

3) Пешгирии сирояти ВНМО аз модар ба кӯдак. То охири июли соли 2010 марказҳои саломатии репродуктивӣ ва таваллудхонаҳо дар 18 ноҳияҳои таҷрибавӣ, МТИ ҳамаи занони ҳомила ба ВНМО гузаронида шуд. Дар доираи Барномаи мазкур ҷорӣ намудани МТИ ҳамаи занони ҳомиларо дар сатҳи ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шудааст. Протоколҳои клиникӣ барои санҷиш ва кимёпрофилактика дар асоси тавсияҳои ТУТ таҳия шуданд. Сиёсати миллии Тоҷикистон талаб менамояд, ки ҳамаи занони ҳомиладор аз ташхиси ВНМО гузаранд. Дар соли 2009-76297 занони ҳомиладор аз санҷиши ВНМО гузаштанд, ки назар ба соли 2008 қариб 2 маротиба зиёд аст. Вале, ба шумораи зиёди занони ҳомиладор дар мамлакат нигоҳ накарда, танҳо 41 фоизи онҳо аз санҷиш гузаштанд. Барои пешниҳоди МТИ ба занони ҳомиладор ва чораҳои минбаъдаи пешгирии сирояти ВНМО аз модар ба кӯдак норасоиҳои зиёд мавҷуданд.

Яке аз омилҳои асосӣ дар сатҳи паст қарор доштани МТИ дар байни занони ҳомиладор - дастрасӣ ба кӯмаки тиббӣ мебошад. На ҳамаи занони ҳомиладор нигоҳубини пеш аз таваллудро мегиранд ё ба муассисаҳои тиббӣ барои таваллуд кардан мераванд. Дар натиҷа, онҳо аз хизматрасонии тиббӣ маҳрум мешаванд ва умуман ба чорабиниҳои МТИ фаро гирифта намешаванд. Боз як омил - иқтидори маъмурӣ дар байни кормандони соҳаи тандурустӣ мебошад. Заноне, ки дар вақти ҳомиладорӣ муассисаҳои тандурустиро иваз мекунанд, ба таври оддӣ бо МТИ фаро гирифта намешаванд.

Дар таваллудхонаҳо ва шӯъбаҳои таваллуди беморхонаҳо мавҷуд будани анборҳо бо маводи ЗРВ зарур аст. Агар онҳо чунин фонд надошта бошанд, пас наметавонанд табобати пешгирикунандаи занони ҳомиларо бо ВНМО таъмин намоянд.

Ғайр аз ин, дар таваллудхонаҳо ғизои кӯдакона барои таъмини кӯдакони аз модарони ВНМО сироятёфта таваллудшуда мавҷуд нест. Дар натиҷа, занони аз ВНМО сироятёфта интихоб карда наметавонанд, ки мустақилона ғизои кӯдаконаро харидорӣ намоянд ё кӯдаконашонро макконанд. Аксари занон ғизодиҳии омехтаро интихоб менамоянд - агар имконият дошта бошанд, ғизои кӯдаконаро мехаранд ва агар имконият набошад - кӯдаконро мемакконанд. Ин усули ғизодиҳии кӯдакон, пеш аз ҳама, ба сирояти ВНМО оварда мерасонад. Дар соли 2009 ғизо барои кӯдакони аз модарони ВНМО сироятёфта таваллудшуда на барои ҳамаи эҳтиёҷмандон пешниҳод гардид, вале масъалаи таъмини мунтазами ғизо то ҳол ҳалли худро наёфтааст.

Қариб 35 фоиз момодоя-гинекологҳо дар ноҳияҳои таҷрибавӣ оид ба якҷоя намудани ПСВМК бо хадамоти кӯмаки перинаталӣ таълим гирифтаанд. Ғайр аз ин, роҳбарони алоҳидаи муассисаҳои ёрии тиббии таваллуд оид ба масоили ВНМО/БПНМ, тамға ва табъиз омӯзонида шуданд. Барои таъмини бехатарии табибон, дар ин ноҳияҳои таҷрибавӣ воситаҳои ҳифзи инфиродӣ барои таваллудхонаҳо харидорӣ шуданд.

Дар солҳои 2008-2009, 367532 занон дар марказҳои ҳифзи репродуктивии саломатӣ ба қайд гирифта шуданд, 116297 (32 фоиз) занон аз санҷиши ВНМО гузашта, дар 57 занон (паҳншавӣ 0,02 фоиз) сирояти ВНМО тасдиқ шуд, ки ии паҳншавии муқоисавиро бо арзёбии ВНМО занони сироятёфтаи то 25 сола нишон медиҳад.

Дар доираи Барномаи мазкур васеъ гардонидани дастрасии ПСВМК ба нақша гирифта шудааст. Он таълими иловагии таҳвилгарони хизматрасонӣ ва таҳияи тадбирҳои иловагӣ оид ба таъмини дастрасии занони ҳомиладорро ба МТИ дар бар мегирад.

4) Кӯмаки педиатрӣ ҳангоми ВНМО. Дар Тоҷикистон тақрибан 2 фоиз одамоне, ки бо ВНМО зиндагӣ мекунанд, синни то 14 сола мебошанд. Онҳо асосан ба воситаи аз модар ба кӯдак сироят ёфтаанд. Кӯдакон ҷиҳати нигоҳубини сирояти ВНМО мушкилоти махсусро зоҳир мекунанд. Ба онҳо таъин намудани ТЗРВ пурра аз сатҳи дониши волидайни онҳо вобастагӣ дорад.

Барои ҳалли масъалаи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор механизмҳо барои дастгирии оилаҳое, ки кӯдакони ВНМО сироятёфтаро нигоҳубин мекунанд, ташкил дода шудааст. Он ӯҳдадории пардохти иҷтимоии ҳармоҳаро барои дастгирии оилаҳое, ки дар онҳо кӯдакони аз ВНМО сироятёфта ҳастанд ва таълими волидайни онҳо оид ба масъалаи ТЗРВ дар бар мегирад.

Дар соли 2009 10 кӯдакони то синни 15 сола ТЗРВ гирифтанд. Расонидани кӯмак ба кӯдакони аз ВНМО сироятёфта дар сатҳи ниҳоят паст қарор дорад, дар ҷумҳурӣ танҳо 3 педиатр оид ба нигохубин ва табобат таълим гирифтанд. Танҳо 1 педиатри соҳибихтисос дар соҳаи кӯмаки педиатрӣ ҳангоми ВНМО фаъолият дорад, ки дар Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди СПИД кор мекунад. ТЗРВ дар шаҳри Душанбе таъин мекунанд, зеро то ҳол мутахассисон оид ба кӯмаки педиатрӣ ҳангоми сирояти ВНМО дар ҷойҳо таълим нагирифтаанд.

5) Хизматрасониҳо вобаста ба бемории сил. Нишондиҳандаи бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле баланд аст; дар соли 2007 аз рӯи арзёбии ТУТ сарбории эпидемиологии бемории сил дар Тоҷикистон чунин буд: 231 ҳолатҳои нав дар як сол ба 100000 аҳолӣ, 4 фоиз ҳолатҳои беморшавии одамон бо ВНМО. Фавт 46/100000 ташкил дод, 16 фоиз ҳамаи ҳолатҳои нави шакли мутобиқгаштаи БС ва 41 фоиз аз ҳамаи ҳолатҳои қаблан табобатёфта. Аз рӯи БС бо устувории доруворӣ ин бисёр, нишондиҳандаи баланд аст. Айни замон, дар Тоҷикистон табобати шакли мутобиқгаштаи БС ва шакли васеъгаштаи мутобиқат оғоз шудааст. Дар соли 2009 - 3944 бемороне, ки БС тасдиқ шудааст, аз ташхиси ВНМО гузаштанд.

Соли 2008 дар мамлакат 7961 нафар беморони сил ба қайд гирифта шудаанд, ки 6080 нафари онҳо ҳолати нави беморшавӣ мебошад. Махсусан вазъият дар маҳбасхонаҳо хусусияти шиддатнок доранд.

Дар сатҳи миллӣ, муқовимат ба ВНМО/БС сироятҳо дар Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо бемории сил, Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди СПИД, марказҳои вилоятии бемории сил ва марказҳои минтақавии пешгирӣ ва мубориза бар зидди СПИД баррасӣ мешаванд. Дар сатҳи ноҳиявӣ, кӯмак аз ҷониби фтизиаторҳо ва мутахассисони соҳаи ВНМО расонида мешавад.

Ҳамаи одамоне, ки бо ВНМО зиндагӣ мекунанд ва ТЗРВ мегиранд, ҳар сол аз ташхиси бемории сил мегузаранд. Аз 1853 нафар одамони расман бақайдгирифташуда, ки бо ВНМО зиндагӣ мекунанд, 1056 беморон зери назорати доимии диспансерӣ қарор доранд. Дар натиҷаи скрининги бемории сил, ҳоло 209 ҳолатҳои бемории сил ошкор гардид. Соли 2009 - 52 одамоне, ки бо ВНМО зиндагӣ мекунанд, ба табобати бемории сил дастрасӣ пайдо намуданд.

Дар соли 2009 Нақшаи амалиёт оид ба якҷоя намудани хадамоти БС/ВНМО ва Стратегияи миллӣ дар соҳаи идоракунии мубориза бо ВНМО/БС-сироятӣ ва ВНМО МТИ таҳия ва тасдиқ шуд, ки ҳоло дар муассисаҳои БС дастрасанд. Чӣ тавре ки дар боло зикр намудем, бемории сил сабаби асосии фавт дар байни шахсони аз ВНМО сироятёфта мебошад, зеро ошкор намудани сироят ва табобати дурусти он фавқулодда муҳим мебошад.

6) Бемориҳои сироятии ҷинсӣ. Табобати БСҶ дар Тоҷикистон ба сохтори кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ғайримарказӣ карда шуд. Дар тамоми ҷумҳурӣ 56 муассисаҳои пӯст ва узвҳои таносул амал мекунанд: 1 Маркази ҷумҳуриявӣ, 1 шаҳрӣ, 3 вилоятӣ, 14 ноҳиявӣ ва 13 шӯъбаҳои назди беморхонахои марказии ноҳиявӣ. Дар Тоҷикистон 211 духтурон, мутахассисони соҳаи пӯст ва узвҳои таносул фаъолият мекунанд. Аксари мутахассисони БСҶ дар пойтахт ва марказҳои калонтарини минтақавӣ фаъолият мекунанд, вале шумораи зиёди аҳолии деҳоти Тоҷикистон низ ба хизматрасонии БСҶ эҳтиёҷ доранд. Ғайр аз ин, аксари мутахассисони узвҳои таносул диққати махсусро ба бемориҳои пӯст, на ба БСҶ медиҳанд, бинобар ин дастрасӣ назар ба шумораи муассисаҳо ва мутахассисони дар боло зикргардида, бениҳоят маҳдуд аст.

Сирояти ҳамроҳи ВНМО ва сироятҳое, ки ба воситаи алоқаи ҷинсӣ мегузаранд дар Тоҷикистон чун мушкилот боқӣ мемонад ва ташхиси БСҶ чун пештара нишонгузори хатари ВНМО мебошад. Ташхиси барвақти БСҶ ва табобати саривақтии ин беморӣ - вазифаи афзалиятнок мебошад. Дар доираи ислоҳоти бахши тандурустӣ ҷиҳати беҳтар намудани дастрасӣ ба ташхис ва табобати БСҶ кӯшишҳо ба харҷ дода мешаванд. Дар ҷараёни татбиқи барномаи қаблӣ, принсипҳои идоракунии БСҶ дар аксари муассисаҳои тиббии деҳот таҳия ва ҷорӣ карда шудаанд, ки хизматрасониро ба гурӯҳи хатар пешниҳод менамоянд.

Барнома ҷиҳати ворид намудани масоили БСҶ ба системаи КАТС ва бахши хусусӣ мусоидат менамояд. Дар 5 соли наздик, васеъ намудани доираи хизматрасонӣ оид ба ҳамаҷониба ва сифатнокии табобати БСҶ барои ҷавонон яке аз вазифаҳои афзалиятноки соҳаи тандурустӣ мегардад. Маркетинги иҷтимоӣ ва тарғиботи истифодаи рифолаҳо дар ҳамаи муассисаҳои тиббӣ ҷорӣ мешаванд, ки диққати махсус ба ҷавонон, занон ва духтарон нисбат ба ВНМО ва БСҶ, инчунин пешгирии ҳомиладории номатлуб дода мешавад. Дар доираи Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020, табибони оилавӣ ба хизматрасонии БСҶ барои аҳолии деҳот ҷавобгӯ мешаванд. Чунин муносибат ба ҷорӣ намудани масъалаи ташхис ва табобати БСҶ ба КАТС имкон медиҳад, ки хизматрасонии венерологӣ ба ҷомеа наздиктар шавад.

7) Бехатарии хуни донорӣ. Бехатарии хуни донорӣ зери назорати Маркази ҷумҳуриявии илмии хун қарор дорад, ки шабакаи васеи марказҳо ва лабораторияҳоро барои интихоби намунаҳои хун ва хунгузаронӣ роҳбарӣ менамояд. Иттилоъ дода шудааст, ки аз соли 2008 100 фоиз хуни донорӣ ба ВНМО санҷида шудааст. Ин санҷиш мутобиқи Қонун оид ба хуни донорӣ ва таркибҳои он танзим мегардад, ки соли 2009 таҳия ва тасдиқ шудааст. Дигар принсипҳои меъёрӣ Барномаи миллӣ оид ба бехатарии хун ва барномаҳои соҳавӣ оид ба хунгузаронии клиникиро дар бар мегирад. Мутахассисон ва табибони Хадамоти хун оид ба масъалаҳои бехатарии хун, сифати хун; пешбурди хайрия ихтиёрӣ ва хунгузаронии клиникӣ омодагӣ мебинанд.

Ба комёбиҳо дар бехатарии донори хун нигоҳ накарда, пардохти хуни донорӣ идома дорад. Одамон пеш аз ҳама хуни худро барои ба даст овардани маблағ бо хатари баланд нисбат ба ВНМО, махсусан аз ҷониби НТ месупоранд. Мамлакат ба пурра гузаштан ба хуни донории ройгон ва маблағгузорӣ мувофиқи системаи миллии бехатарии хуни донорӣ ниёз дорад. Аз ҷониби Барнома ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии таъсиси феҳристи миллии донорҳои ихтиёрии хун пешбинӣ шудааст. Соли 2011 таҳқиқоти махсус оид ба арзиши таҳлили хун ва маблағгузории системаи миллии бехатарии хуни донорӣ гузаронида мешавад. Ин таҳқиқот ҷиҳати қабули қарор дар системаи бехатарии хуни донорӣ заминаро таъмин месозад.

8) Таъмини чораҳои пешгирикунандаи умумии пешгирии сирояти ВНМО баъди тамос дар муассисаҳои тиббӣ. Чораҳои умумии эҳтиёт ба муқобили бемориҳое, ки ба воситаи хун мегузарад, аз ҷумла сирояти ВНМО, унсури муҳими паст намудани тамға нисбат ба одамоне, ки бо ВНМО зиндагӣ мекунанд ва ҷорӣ намудани табобати ВНМО ба сохтори КАТС мебошад. Агар таҳвилгарони хизматрасонии тиббӣ натавонанд ба ШВЗ кӯмаки бехатари тиббиро расонанд, онҳо бояд чораҳои зарурии бехатариро андешанд.

Вале, айни замон дар мамлакат сатҳи бисёр пасти огоҳонидан оид ба чораҳои умумии пешгирӣ дар бахши тандурустӣ вуҷуд дорад. Оид ба ин мавзӯъ ягон барномаи таълимӣ вуҷуд надорад, худи таҳвилгарон бошанд оид ба чораҳои умумии пешгирӣ воқиф нестанд. Огоҳ будани таҳвилгарон оид ба чораҳои умумии пешгирӣ унсури муҳим ҷиҳати паст намудани тамғагузории ВНМО дар байни кормандони соҳаи тандурустӣ, аз ҳисоби паст намудани хатар мебошад.

9) Маърифатнокии аҳолӣ оид ба ВНМО/БПНМ. Яке аз ҷузъҳои асосии муқовимат ба эпидемия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маърифатнокии ҷомеа оид ба масъалаҳои сирояти ВНМО мебошад. Ҳоло, дарки масъалаи ВНМО аз ҷониби аҳолӣ дар сатҳи бисёр паст қарор дорад. Ҳарчанд огоҳ будан оиди беморӣ дар сатҳи баланд бошад ҳам (90 фоиз дар шаҳр ва 78 фоиз дар деҳот), оид ба сирояти ВНМО ё пешгирии он воқиф нестанд.

Айни замон, на ба қадри кофӣ маъракаҳои давлатии маърифатӣ дар байни аҳолӣ оид ба масъалаҳои ВНМО ва пешгирии он амалӣ мегардад. То ҳол кӯшишҳо ба гурӯҳи рафтори хатарнок ва ба хонандагони мактабҳои миёна, на ба ҷомеаи васеъ равона шуда буданд. Донорҳои байналмилалӣ, инчунин баъзе ташкилотҳои ҷамъиятии маҳаллӣ ба маъракаҳои ҷамъиятии маҳаллӣ оид ба пешгирии ВНМО шурӯъ намуданд. Бо вуҷуди ин, ягон кӯшиш аз ҷониби ҷомеаҳои миллӣ мушоҳида нагардид.

Дар доираи Барнома пешниҳоди маълумот оид ба ВНМО дар сатҳи миллӣ ба нақша гирифта шудааст. Маълумоти мазкур дар тамоми маводи иттилоотӣ оид ба ВНМО/БПНМ, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва марказҳои тарзи ҳаёти солим, инчунин ТҶ, донорҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия мегарданд, дохил карда мешаванд.

10) Системаи пенитенсиарӣ. Дар Тоҷикистон, маҳбусон аз рӯи шумора дар нишондиҳанда оид ба паҳншавии ВНМО пас аз НТ ҷойи дуюмро мегиранд, ки асосан бо сабаби алоқаи наздики байни ин ду гурӯҳ вобаста мебошад. Маҳбусон 8,2 фоизро аз шумораи умумии ҳолатҳои ба қайд гирифта шудани сирояти ВНМО-ро дар Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Нишондиҳандаи паҳншавии ВНМО дар соли 2009 аз рӯи маълумоти НДЭ дар ин гурӯҳ дар сатҳи 8,6 фоиз қарор дорад.

Дар системаи пенитенсиарӣ хатари алоқаи ҷинсии бехатар ва истеъмоли маводи мухаддири тазриқӣ вуҷуд дорад. Маҳбусон, инчунин ба сифати аҳолии байн хизмат мекунад. Вақте ки онҳо ба ҷомеа бармегарданд, онҳо ба назди оилаҳои худ бо сироятҳо бармегарданд, ки дар маҳбасхона сироят гирифтанд. Бинобар ин, муқовимат намудан ба паҳншавии сирояти ВНМО дар байни маҳбусон бо мақсади пешгирии эпидемия бисёр муҳим аст. Соли 2010 бори аввал дар системаи пенитенсиарӣ барномаи таҷрибавии мубодилаи сӯзандоруҳо ҷорӣ шуд.

Ҳарчанд маҳбусон дар маҳбасхона қарор доранд ва гурӯҳи муташаккил мебошанд, онҳоро метавон ба пешгирӣ ва табобат ҳангоми риояи принсипҳои ҳуқуқи инсон таълим дод.

Санҷиши ихтиёрӣ дар системаи пенитенсиарӣ аз 1 апрели соли 2008 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №171 ҷорӣ карда шуд. Аз солҳои 2005 то 2009 , 5271 маҳбусон аз ташхиси ВНМО гузаштаанд, ки дар байни онҳо 152 ҳолатҳои сирояти ВНМО ошкор гардид.

Назорати дидбонии эпидемиологӣ дар байни маҳбусон баъзе тамоюли мусбиро нишон дод. Дар давраи солҳои 2006-2008 нишондиҳандам паҳншавии ВНМО дар байни маҳбусон тақрибан ҳамон хел боқӣ мондааст: 8.4 фоиз (2006), 6.8 фоиз (2007), 7.8 фоиз (2008) ва 8.6 фоиз (2009). Нишондиҳандаи паҳншавии бемории гепатити С дар байни маҳбусон хеле баланд мебошад: 24.2 фоиз (2006). 19.4 фоиз (2007). 17.9 фоиз (2008) ва 20.6 фоиз (2009). Нишондиҳандаи паҳншавии бемории сифилис дар байни маҳбусон баланд буда, аммо ҳоло паст меравад: 13.7 фоиз (2006), 9.4 фоиз (2007), 11.4 фоиз (2008) ва 10.1 фоиз (2009) (Расми 9.).

Расми 9. Паҳншавии ВНМО, гепатити С ва сифлис дар байни маҳбусони Ҷумҳурии Тоҷикистон (НДЭ, солҳои 2006-2009)

***Расм оварда намешавад.

11) Хизматчиёни ҳарбӣ. Дар тамоми ҷаҳон хизматчиёни ҳарбӣ бо сабаби дур будан аз оила ва ҷомеа гурӯҳи хатар нисбат ба ВНМО ба ҳисоб меравад. Бо вуҷуди ин, онҳо инчунин гурӯҳи мақсаднок мебошанд, ки ба он дастрасии кушод дар нақшаи гузаронидани чорабиниҳои пешгирикунанда фароҳам оварда шудааст.

Паҳншавии сирояти ВНМО дар байни хизматчиёни ҳарбӣ баланд нест, вале таҳқиқот нишон медиҳад, ки алоқаи ҷинсии беҳимоя ва истеъмоли маводи мухаддири тазриқӣ ба гуфтаи ШРХШ беш аз 60 фоиз мизоҷони онҳо либоси ҳарбӣ доштанд. Сатҳи пасти истифодабарии рифолаҳо дар байни ШРХШ ба хатари баланди потенсиалӣ дар ин гурӯҳ оварда мерасонад.

Хизматчиёни ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои сатҳи хеле пасти дониш оид ба ВНМО, роҳҳои гузариш ва тарзҳои пешгирикунанда мебошанд.

Дар Тоҷикистон хизматчиёни ҳарбӣ фаъолона ба чорабиниҳо оид ба пешгирии ВНМО/БПНМ фаро гирифта шудаанд. Ин чорабиниҳо маъракаи иттилоотию маърифатӣ, таълим, машварат, тақсими рифолаҳо ва табобати БСҶ-ро дар бар мегирад.

12) Кӯшишҳо оид ба муқовимат ба эпидемияи ВНМО берун аз бахши тандурустӣ. Дар дигар бахшҳо якчанд шарикони фаъол вуҷуд доранд. Махсусан, Вазорати адлия ҷиҳати дастгирии пешгирии сирояти ВНМО ва МТИ дар ҷойҳои аз озодӣ маҳрум, инчунин дар таъсиси заминаи меъёрии ҳуқуқии дахлдор фаъолона иштирок менамояд. Вазорати маориф ҷорӣ намудани стратегияи тарзи ҳаёти солимро дар мактабҳо дастгирӣ мекунад ва омода аст оид ба пешгири ВНМО дар соҳаи макотиби олӣ кӯшиш ба харҷ диҳад. Вале, на ҳамаи шарикон дар гузаронидани чорабиниҳо оид ба пешгирии ВНМО фаъолона иштирок менамоянд. Масалан, барнома оид ба пешгирии ВНМО дар ҷойҳои корӣ иҷро нагардид.

13) Ташкилотҳои ҷамъиятӣ. Ташкилотҳои ҷамъиятӣ шарикони асосӣ дар расонидани дастгирии иҷтимоӣ ба одамоне, ки бо ВНМО зиндагӣ мекунанд мебошанд. Он аз расонидани кӯмаки паллиативӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои одамон, ки бо ВНМО зиндагӣ мекунанд, кғшишҳо оид ба паст кардани тамға, вобаста ба сирояти ВНМО иборат мебошад.

Ба ин нақши муҳим нигоҳ накарда, онҳо ҳанӯз дар марҳилаи ибтидоиии инкишоф қарор доранд ва ба онҳо маҳорату дониши идоракунӣ ва касбӣ намерасад, аз ҷумла банақшагирии стратегӣ, мониториг, арзёбии самарабахшӣ ва мубодилаи дохилии доишҳо, ки бояд ба таври баробар талаботи ин гурӯҳи аҳолиро қонеъ гардонанд. Ташкилотҳое, ки фаъолият менамоянд, асосан дар нуқтаҳои калони аҳолинишин қарор доранд, ҳол он ки 75 фоиз аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳот истиқомат мекунанд.

Ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи намояндагони гурӯҳҳои осебпазир ва одамоне, ки бо ВНМО зиндагӣ мекунанд, ба дастгирии афзоиши иқтидори худ эҳтиёҷ дорад.

14. Самаранокии чорабиниҳои профилактикӣ. Кӯшишҳо барои пешгирии аҳолии дорои хатари ниҳоят баланд натиҷаҳои дилхоҳ дода истодаанд. Васеъ намудани доираи инмуваффақият барои Барномаи мазкур аҳамияти ҳаётан муҳим дорад. Ба кӯшишҳои муваффақиятнок оид ба пешгирӣ имрӯз нуқтаҳои боварӣ барои НТ, иттилоот, омӯзиш ва робитаҳо барои ҷавонон ва лоиҳаҳои маърифатӣ дар байни коркунони шаҳвонӣ, дохил карда шудаанд.

Айни замон дар муассисаҳои системаи тандурустӣ 21 нуқтаи боварӣ барои НТ вуҷуд доранд. Инчунин 26 нуқтаи иловагии боварӣ берун аз муассиаҳои тандурустӣ вуҷуд доранд, ки зери тобеияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ қарор доранд. Ин нуқтаҳои мақсаднок бо роҳи мубодилаи сӯзандору паст намудани паҳншавии ВНМО-ро ба воситаи сӯзанҳои заҳролуд пешгирӣ мекунанд. ТҶ, инчунин ба НТ ёрии иҷтимоӣ, аз ҷумла ёрии маърифатӣ мерасонад.

Кӯшишҳо оид ба пешгирӣ дар байни наврасон ба омӯзиши тарзи ҳаёти соли такя мекунад. Дар мактабҳои таҳсилоти миёна барои синфҳои 7-9 айни замон дарсҳои тарзи ҳаёти солим дохил карда шудааст. Машғулиятҳо иттилоотро оид ба малакаҳои ҳаётӣ, нашъамандӣ, БСҶва ВНМО/БПНМ дар худ таҷассум мекунад. Он бо китобҳое, ки Вазорати маорифдар бораи тарзи ҳаёти солим таҳия намудааст, гузаронида мешавад. То ҳол 200 мактаби таҷрибавӣ (аз 2963 мактаби таҳсилоти миёна) дар "соатҳои иловагии ҳатмии барномаи таълимӣ" тарзи ҳаёти солимро меомӯзанд. 1936 муаллимон барои таълими ин фан аллакай курсҳои тайёриро дар Донишкадаи педагогӣ гузаштаанд.

Ба ҷавонони синнашон калонтар низ хатари гирифторӣ ба ВНМО таҳдид мекунад ва онҳо низ метавонанд аз клиникаҳое, ки ба ҷавонон хайрхоҳ мебошанд, табобат гиранд. Айни замон, дар мамлакат 13 клиника барои ҷавонон вуҷуд дорад. 9 клиника дар шаҳри Душанбе, инчунин 4клиникаи иловагӣ дар шаҳрҳои Ваҳдат, Турсунзода, Исфара ва ноҳияи Ёвон, фаъолият доранд. Клиникаҳо дар заминаи муассисаҳои тандурустӣ таъсис ёфта, фаъолияти худро бо дастгирии ТҶ-ҳои маҳаллӣ амалӣ месозанд.

Клиникаҳо барои оқнеъ намудани талаботи ҷавонон маҷмӯи хизматрасониро пешниҳод мекунанд. Дастрасии хизматрасонии тиббӣ дар худ таъмини рифолаҳо, маслихатдиҳӣ ва санҷишҳои ихтиёрӣ (барои ВНМО), ташхис ва табобати БСҶ мегузаранд, инчунин аз рӯи зарурат дигар хизматрасонии тиббиро инъикос мекунад. Клиникаҳо барои ҷавонон, ннчунин ба мизоҷони худ тарзи ҳаёти солим ва мавзӯъҳои пешгирӣ аз ВНМО-ро меомӯзад. Дар клиникаҳо тазриқи иттилоотӣ дастрас буда, маълумот дар бораи ВНМО/БПНМ, БСҶ, пешгирӣ) аз ҳомиладоршавии номатлуб, нашъамандӣ, инчунин хатари рафторҳои ношоистаро пешниҳод мекунанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти иттилоотию тарғиботиро бо кӯдакони бепарастор оид ба пешгирии сирояти ВНМО амалӣ месозад. Ин кӯшишҳо асосан аз тарафи ташкилотҳои вамъиятӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ анҷом дода мешуданд. Коркунони саҳроӣ ба ҷойҳое мерафтанд, ки дар он ҷо кӯдакони бепарастор ҷамъ мешуданд ва онҳоро бо маводи иттилоотию маърифатӣ ва маслиҳатҳо оид ба пешгирии ВНМО/БПНМ таъмин менамуданд. Дар соли 2009 қариб 899 кӯдакони бепарастор бо барномаи пешгирии ВНМО фаро гирифта шуд.

15) Муҳоҷирони меҳнатӣ. Муҳоҷирони меҳнатӣ беш аз ҳама ба ВНМО осебпазир мебошанд. Онхо зуд-зуд аз хизматрасониҳои ШРХШ баҳра мебаранд, инчунин ба истифодаи маводи мухаддири тазриқӣ моил мебошанд. Ҳамин тавр, пешгирӣ ва табобати муҳоҷирони меҳнатӣ қисми асосӣ ва муҳими кӯшишҳои мубориза бо ВНМО дар Тоҷикистон мебошад.

Давлат барои фаро гирифтани муҳоҷирони меҳнатӣ ба маърифати пешгирии ВНМО ва табобати БСҶ, кӯшишҳои зиёд ба харҷ додааст. Дар соли 2009 ҳамагӣ 4478 муҳоҷирони меҳнатии гирифтори БСҶ мегузаранд, табобат гирифтанд.

Муассисаҳои джавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. ТҶ ва ташкилотҳои байналмилалӣ барои танзими робитаҳо бо сохторҳои дахлдори мамлакатҳое, ки дар он муҳоҷирони меҳнатии тоҷик қарор доранд, аз ҷумла дар Россия кор бурда истодаанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сохторҳои дахлдори Хадамоти муҳоҷират, агентии тандурустӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони Россия ва ТҶ, ки дар 35 минтақаи Россия бо муҳоҷирон кор мебаранд, робитаҳоро танзим намудааст.

Ин кӯшишҳо гузаронидани конференсияҳо, машваратҳо ва мизҳои мудавварро бо мақсади ошкор ва қаноатманд намудани талаботи муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла талаботи хизматрасониҳои тиббию санитарии онҳоро дар бар мегирад. Онҳо барои ҳалли ҳамаҷонибаи масъалаи саломатии муҳоҷирон ва таъмини иттилоот оид ба пешгирии ВНМО дар байни муҳоҷирон равона шудаанд. Чунин ҳамкорӣ аҳамияти муҳим дорад, зеро он барои ба гурӯҳи маргиналӣ имконияти ҳамроҳ шуданро медиҳад, ки ба онҳо чун қоида баъди гузаштан аз сарҳади давлатӣ хизматрасонии тиббӣ расонида намешавад. Дар оянда чунин муносибатҳо метавонанд барои маслиҳатдиҳӣ ва санҷишҳои ихтиёрӣ (барои ВНМО) ва ҳатто ба дорувориҳои зиддиретровирусӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо истифода шаванд.

4. Масъалаҳои бисёрҷониба

Як қатор масъалаҳои бисёрҷониба барои таҳкими чораҳои ҷавобии миллӣ, инчунин барои таъсиси шароитҳои дахлдори мусоид вуҷуд доранд. Ин масъалаҳо дар худ таҷассум мекунанд:

- паст намудани тамға ва табъиз дар тамоми сатҳҳо вобаста ба ВНМО/БПНМ. Ин масъала Нақшаи миллии амалиётро оид ба кам намудани тамға, табъиз ва тартиби ҳуқуқҳои инсон нисбат ба сирояти ВНМО: барои мустаҳкам намудани иқтидори мақомот, мутахассисон, коршиносон ва ТҶ, ки хизматрасонии худро оид ба ВНМО/БПНМ ва пасткунии тамға нисбат ба одамоне, ки бо ВНМО зиндагӣ мекунанд пешниҳод мекунанд;

- дахолати профилактикӣ бояд ба ҷанбаҳои гендерии ВНМО/БПНМ равона карда шуда бошанд. Чораҳои ҷавобии миллӣ ба ВНМО/БПНМ нмкон медиҳад, ки зӯроварӣ аз рӯи аломати ҷинсӣ кам карда шуда, адолатнокӣ нисбат ба дастрасӣ барои хизматрасонӣ бо иштироки фаъолонаи занҳо дар ҳалли масъалаҳои гендерӣ баланд бардошта шавад;

- ВНМО/БПНМ яке аз ҷузъҳои асосии тамоми стратегияҳое, ки дар сатҳи миллӣ таҳия мешаванд, аз ҷумла ислоҳоти қонунгузорӣ ба ҳисоб меравад. Инчунин, он бояд қисми ҷудонашавандаи барномаи байнисоҳавӣ ва нақшаҳои вазоратҳо бошад;

- беҳтар намудани ҳолат дар асоси маълумоти воқеии иттилооти стратегӣ омили асосӣ дар рушди мониторинг, коркарди кӯшишҳои минбаъда, сафарбарии иқтидорҳо ва арзёбии чорабиниҳо мегардад.

- сафарбарии иқтидорҳо, нақшаҳо, маблағҳо ва ҳайати кормандон бояд дар тамоми соҳаҳо вусъат ёфта бошад. Нақшаи ёрии техникӣ ва таҷрибаи байналмилалӣ дар соҳаи рушд ба сифати ҷузъи сафарбарии иқтидорҳо хизмат мекунад.

- рушди иқтидори сектори давлатӣ ва ҷомеа бояд қисми ҷудонашавандан ҷорӣ намудани барномаи миллӣ бошад.

- иштироки шарикони нави давлатӣ, шахсӣ ва ҷомеа дар чораҳои ҷавобии миллӣ барои таъмини ҷавоби устувори эпидемия нақши муҳим мебозад.

- беҳтар намудани муносибати байнисоҳавӣ барои пешгирии ВНМО/БПНМ, шарикӣ, рушд ва таҳким бояд ҷузъҳои ҷудонашавандаи Барнома бошанд.

- тасиси шароитҳои муносиб, ки барои устувории чораҳои ҷавобии миллӣ оид ба такмили заминаҳои ҳуқуқии меъёрӣ бо истифодаи таҷрибаи беҳтарини байналмилалӣ мусоидат мекунад.

- кӯшишҳои назаррас бояд ба навсозии муколамаи минтақавӣ ҷорӣ карда шаванд, то ин ки қарор дар бораи мутаҳиддии масъалаҳои ВНМО/БПНМ дар сатҳи минтақавӣ тавсеа ёбад.

5. Муносибатҳои асосӣ ҷиҳати ҳалли самтҳои афзалиятнок

Марҳилаҳои бештар муҳим бо мақсади таъмини самараноки барномаҳои пешгирикунанда ва табобатӣ бояд принсипи дастрасии умумӣ ба нигоҳубин ва дастгирӣ бошад. Бинобар ҳамин зарур аст, ки ҳадди ақал стандартҳои кафолатдиҳанда оид ба пешгирии ВНМО, табобат, нигоҳубин ва дастгирӣ ҷорӣ карда шавад. Ин стандартҳо ҳамчунин аз рӯи зарурат таҷдид мегарданд ва аз нав дида баромада мешаванд. Ғайр аз ин, мақсадҳо оид ба таъмини дастрасии умум бояд вобаста ба вазъи воқеӣ бо назардошти муносибатҳои муосир ва таҷрибаи беҳтарин аз нав дида баромада шаванд.

Мутобиқи Барномаи мазкур чорабиниҳои профилактикӣ ба гурӯҳҳои рафтори хатарнок (НТ, ШРХШ, ММАҶ), гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ бо хатари назарраси гирифторшавӣ ба сирояти ВНМО (маҳбусон, занҳо. муҳоҷирони меҳнатӣ ва аьзои оилаи онҳо, ҷавонон, хизматчиёни ҳарбӣ, кӯдакони бепарастор ва ғ.) ва дигар гурӯҳҳои аҳолӣ ба таври ҷиддӣ гузаронида мешаванд. Барномаҳои профилактикӣ барои гурӯҳҳои зикршуда тамоюл ва хислату хусусиятҳои шахсии худро дошта метавонанд.

Стандартҳои миллӣ бояд маълумот, иттилоот, алоқа дар якҷоягӣ бо барномаҳои соҳавӣ, инчунин рушди стратегияи иттилоотӣ ва алоқавиро дар худ таҷассум намояд. Таҳия ва амалӣ шудани сиёсати миллӣ оид ба пешгирии ВНМО дар ҷои кор, новобаста аз вуҷуд доштани он дар сектори давлатӣ ё шахсӣ барои амалигардонии барномаҳои иттилоотию маърифатӣ метавонанд таъсири назаррас дошта бошанд.

Ворид намудани ҷузъҳои иттилоотию маърифатӣ ба КАТС махсусан муҳим мебошад. Маводи таълимию методӣ бояд оид ба роҳҳои гузариши ВНМО, тамға, табъиз ва муносибати тоқатпазирӣ ба одамоне, ки бо ВНМО зиндагӣ мекунанд, гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ва мушкилоти ВНМО иттилоот дошта бошанд. Барномаи иттилоотию маърифатӣ барои аксари гурӯҳҳои хатарнок бояд махсусан мақсаднок бошанд ва тавсияҳои асоснокшударо оид ба паст намудани рафтори хатарнок инъикос намоянд.

Барои кӯшишҳои якҷояшавӣ дар системаи тандурустӣ, пешгирӣ ва табобат барои беҳтар намудани таьмини дастрасии умум нақши муҳим мебозад. Ҳамин тавр, доираи хизматрасонии тиббӣ, фаъолияти ҷомеа ва иштироки фаъоли сектори шахсӣ васеъ мегардад. Дар бораи хизматрасонӣ оид ба табобат бошад, роҳҳои асосии страгегӣ бояд таҳкими сиёсати мавҷуда нисбат ба хариди маводи доруворӣ бо нархҳои дастрас ва мавҷудияти маводи антиретровирусиро дар худ инъикос намояд ва бо чунин маводи зиддиретровирусӣ ҳамаи ШВЗ, таъмин намояд. Нишондоди бештар муҳим зинда мондани шахсоне ба ҳисоб меравад, ки бо ВНМО зиндагӣ доранд.

Нигоҳубин ва дастгирии ШВЗ ва аъзои оилаи онҳо чанде пеш оғоз шуда буд. Коркунони тиббӣ, махсусан ҳайати миёнаи тиббӣ, ҷомеа ва роҳбарони ҷамъиятҳо оид ба масъалаи мазкур ба омӯзиш эҳтиёҷ доранд.

Зарур аст, ки ШВЗ оид ба имтиёзҳои қонунии кафолатнок иттилоотонида шуда, дастрасии онҳо таъмин карда шаванд. Бинобар сабаби осеб дидан шахсоне, ки бо ВНМО дар сатҳи пасти қашшоқӣ зиндагӣ мекунанд, бояд ба таври доимӣ ба амалигардонии чораҳои ҷавобии миллӣ дохил карда шаванд. Таъмини ШВЗ бо кӯмаки молиявӣ бағоят муҳим мебошад: ин метавонад дар доираи лоиҳаҳо оид ба кор дохилшавӣ, ҷӯстуҷӯи кор, рушди маишӣ ва идоракунии тиҷорати хурд имконпазир гардад. Ба шахсони маъюбе, ки бо ВНМО зиндагӣ дошта, ҳам аз сирояти ВНМО ва ҳам аз мушкилоти маъюбӣ азоб мекашанд, бояд диққати махсус дода шавад.

Нақшаи муфассали амалиёти миллӣ оид ба татбиқи барнома бояд мутобиқи ҳар як ӯҳдадорӣ бо назардошти тамоми шахсони масъул ва мӯҳлатҳо тахия шаванд.

6. Мониторинг ва арзёбӣ

Мониторинг ва арзёбӣ воситаҳои муҳим барои ба таври самарабахш амалӣ гардонидани Барнома баҳисоб мераванд. Барномаи арзёбӣ бояд дар худ баҳодиҳии миёнамӯҳлат ва ниҳоиро таҷассум намояд. Дар солҳои 2011-2012 мониторинг ва арзёбӣ дар асоси маслиҳатдиҳӣ ва ташхисҳои ихтиёрӣ ба таври назаррас мукаммал ва васеъ гардонида мешаванд. Арзёбӣ мутобиқи арзёбии миллии таҷдидшуда ва арзёбии тамоми протоколҳои мавҷуда гузаронида мешавад. Ҷамъ овардани нишондиҳандаҳои миллӣ бояд аз нав дида баромада, таҷдид карда шаванд. Кумитаи миллӣ ҳамоҳангсозӣ (КМҲ) таҳия ва тасдиқи нақшаи миллии арзёбӣ ва баҳодиҳиро дар давраи тасдиқи Барнома (солҳои 2011-2015), ки нишондиҳандаҳои онҳо бо стандартҳои байналмилалӣ ва бо мақсади мутобиқати ҳар як барнома тасдиқ шудаанд, амалӣ мегардонад. Ин имконият медиҳад, ки баҳисобгирии ҳуҷҷатҳо такроран карда нашавад.

Баҳодиҳии натиҷаҳо ҳам дар сатҳи миллӣ ва ҳам дар сатҳи минтақавӣ мутобиқи ҷадвали Нақшаи миллии арзёбӣ ва баҳодиҳӣ таҷдид карда мешавад. КМҲ ҳамчунин мақсадҳоро оид ба таъмини дастрасии умум то соли 2015 баррасӣ менамояд: ин мақсадҳо риояи нишондиҳандаҳои миллиро назорат мекунанд.

Ҳуҷҷати асосии роҳбарикунанда дар сатҳи миллӣ гузориш оид ба иҷрои эъломия дар бораи мубориза бо ВНМО/БПНМ, ки соли 2001 дар Иҷлосияи Махсуси Ассамблеяи Генералии СММ аз ҷониби 189 мамлакат, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда буд, ба ҳисоб меравад. Нақшаи арзёбӣ ва баҳодиҳӣ аз ҷониби тамоми тарафҳои манфиатдор мувофиқа гардида, ҳар сол аз нав дида баромада мешавад. Натиҷаҳои нақшаи татбиқро ҳамаи шарикон дар машварат ва Конференсияи миллӣ муҳокима мекунанд. Ҳамаи шарикон ва тарафҳои манфиатдор, ҳамчунин бояд ба барномаи якҷояи арзёбӣ ва татбиқи лоиҳаҳо ҷалб карда шаванд.

Зиёд намудани иқтидори марказҳои миллӣ ва минтақавии пешгирӣ ва мубориза бар зидди СПИД бо дастгирии шарикони байналмилалӣ дар доираи тайёрии кадрҳо, васеъ намудани шӯъбаҳои мониторинг ва арзёбӣ, таҳкими инфрасохтори фисмонӣ, пешниҳоди ёри техникӣ ва дастгирӣ ҳангоми истифодаи усулҳои беҳтарин ба нақша гирифта мешавад.

7. Манбаҳои маблағгузории Барнома

- маблағҳои ҳамасола пешбинишудаи Буҷети давлатӣ;

- маблағҳои мақсадноки шарикони байналмилалӣ;

- сафарбарии маблағҳои иловагӣ;

- дигар маблағҳое, ки тибки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда нашудаанд.

8. Бармомаи идоракунӣ

Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба мубориза бо бемориҳои ННМО/БПНМ, сил ва вараҷа барои идоракунии Барнома якҷоя бо Котибот, ҳамчун мақоми корӣ ҷавобгӯ мебошад. Котибот ба фаъолияти ҳамоҳангсозии бахшҳои гуногун, ки ба КМҲ пешниҳод мегарданд, машғул мешавад. Ғайр аз ин, КМҲ ба воситаи ташкилотҳои маҳаллии худ барномаро идора мекунад. Амалисозии барномаи қаблӣ зарурати таҳкими иқтидорҳои шӯъбаҳои КМҲ-ро нишон дод. Ҳар як мақоми маҳаллӣ бояд нақшаи фаъолиятро доир ба татбиқи Барнома дар минтақаи дахлдор таҳия намояд. Гурӯҳҳои техники корӣ (ГТК) дар доираи сохторҳои ҳамоҳангсозии КМҲ ҳамчунин ташкилоти техникӣ ба КМҲ хизмат мекунад.

Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бо СПИД замина барои расонидани кӯмаки ташкилию методӣ ба сохторҳо оид ба масъалаҳои ВНМО/БПНМ , инчунин мақоми миллии экспертӣ мебошад.

Ба Барномаи мазкур такя намуда, ҳар як сохтори манфиатдори бахши давлатӣ, аз ҷумла Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати тандурустӣ, Вазорати мудофиа, Вазорати маориф, Вазорати фарҳанг, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати адлия, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила, ВМКБ, вилоятҳо, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат мутобиқи сиёсати соҳавӣ ва минтақавии барнома оид ба мубориза бо эпидемияи ВНМО барномаро таҳия, мувофиқа ва тасдиқ менамоянд. Сатҳи баланди ҳар як тарафи манфиатдори мақоми марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроияи резолютсия қабул мекунад, ки кормандони зертобеи онҳо барои татбиқи барнома оид ба масъалаи эътино намудан ба эпидемияи ВНМО масъул мебошанд.

9. Маҳдудият

Эътино намудан ба эпидемияи ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ҷиддӣ нарасидани захираҳоро аз сар мегузаронад. Барои комёб шудан ба мақсадҳои Барномаи мазкур захираҳои иловагии миллӣ ва донорӣ зарур мебошад:

- муттаҳидсозии ёрии тиббии ВНМО бо КАТС дар марҳилаи ибтидоӣ қарор дорад. КАТС оид ба масъалаҳои ВНМО ва нигоҳубини беморони БПНМ ба омӯзиш, инчунин ба чораҳои умумии пешгирӣ эхтиёҷ доранд, ба он хотир, ки барои табобати ВНМО кӯмаки аввалияи тиббию санитариро дохил намоянд ва монеаҳои дастрасиро бартараф созанд;

- маълумоти арзёбӣ барои қабули қарори барномавӣ пурра истифода намешавад. Маълумот бояд истифода шавад ва имконияти тағйир додан ё беҳтар намудани барномаро муайян созад, на ин ки танҳо ҷамъ ва нигаҳдорӣ карда шаванд;

- фаро гирифтани гурӯҳҳои осебпазир бо барномаҳои профилактикӣ бинобар сабаби мушкилиҳо барои дастрасӣ ба ин гурӯҳҳо бо суръати суст меравад. Махсусан ММАҶ-ро дастрас намудан хеле душвор аст, чунки тамғаи иҷтимоӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гомосексуализм вобаста мебошад, дар сатҳи баланд меистад;

- ба пешравиҳои назаррас дар рушди табобати ивазкунанда нигоҳ накарда, он то ҳол дар сатҳи миллӣ пешниҳод нашудааст. Ин ҳолат чорабиниҳои пешгирикунандаро барои НТ душвор намуда, ба табобати НТ ва фарогирии табобати зиддиретровирусӣ умуман таъсир мерасонад;

- нарасидани иқтидори сохторҳои ҳукуматӣ ва бахши ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба ВНМО/БПНМ вуҷуд дорад. Кормандони салоҳиятдори тиббӣ дар соҳаи ВНМО, ки бо ШВЗ кор мебаранд, зарур мебошад;

- ВНМО/БПНМ на ҳамчун масъалаи байнисохторӣ, балки чун пештара ҳамчун мушкилоти саломатӣ баррасӣ мегардад. ВНМО на танҳо ба саломатӣ, балки ба бисёр соҳаҳо низ таъсир мерасонад. Арбобони илмию ҷамъиятӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, соҳаҳои асосии саноат, инчунин шахсони мансабдор бояд ба мубориза бо ВНМО ҷалб карда шаванд;

- аҳолӣ оид ба ВНМО сатҳи хеле пасти огоҳӣ доранд. Сабаби ин мавҷуд набудани иттилоот оид ба роҳҳои гузариш ва пешгирии ВНМО/БПНМ ва тамғагузории харобиовар нисбат ба ШВЗ, ба ҳисоб меравад. Чунин камбудии огоҳшавӣ ва тамғагузорӣ ҳатто ба онҳое, ки хизмати тиббӣ мерасонанд, тавсеа мегардад.

10. Мақсад, вазифа ва чорабиниҳо

Мақсади Барнома: Мутобиқи Ҳадафхои Рушди Ҳазорсола №6 то соли 2015 паҳншавии ВНМО/БПНМ бо роҳи таъмини дастрасии умумии аҳолӣ ба пешгирӣ, табобат, нигоҳубин ва дастгирӣ боздошта шавад.

Самтҳои асосии стратегӣ:

1) Таьсиси шароитҳои ҳуқуқӣ, ки барои таъмини дастрасии умум ба пешгирӣ, табобат, нигоҳубин ва дастгирӣ мусоидат мекунанд.

2) Татбиқи барномаи пешгирӣ ва таъмини дастрасии тамоми гурӯҳҳои аҳолӣ, махсусан барои табақаҳои нисбатан осебпазири аҳолӣ ба химатрасонӣ оид ба пешгирии ВНМО.

3) Таъмини дорувориҳои зиддиретровирусӣ, табобати бемориҳои патогенӣ, ба монанди бемории сил, таъмини табобати паллиативӣ ва нигоҳубини сирояти ВНМО.

4) Ҳамгироии ВНМО бо КАТС бо мақсади васеъ намудани дастрасӣ, кам намуданн табъиз ва беҳтар намудани сифати ёрии тиббӣ.

5) Паст намудани тамғагузорӣ ва рушди дастгирии иҷтимоии ШВЗ.

6) Беҳтар намудани назорат, арзёбӣ, баҳодиҳии назорат ва чорабиниҳои пешгиркунанда, беҳтар намудани назорати паҳншавии ВНМО.

Вазифаи 1. Гурӯҳҳои дорои хатари калони сироятшавӣ ба ВНМО (НТ, ШРХШ, ММАҶ, маҳбусон) рафтори бехатарро қабул намуданд

Намудҳои фаъолият:

- фаъолияти тартиботӣ ва робитаҳо, ки ба характери эпидемия ва гурӯҳи рафтори хатарнок дар ҷумҳурӣ асоснок карда шудаанд;

- стратегияи паст намудани зарар бо роҳи таҳкими системаи ҷамъият;

- омӯзонидани шахсони алоҳида, ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки оид ба паст намудани зарар дар таҳкими иқтидори онҳо барои татбиқ ва идоракунни ин барномаҳо иштирок мекунанд;

- хизматрасоние, ки ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ (аз ҷумла барномаҳои таҷрибавӣ, оид ба табобати ивазкунанда, табобати гепатити С ва сироятҳои опортунистӣ ва ғ.) пешниҳод мешаванд;

- дастгирии чорабиниҳои "баробар ба баробар" барои пешниҳоди иттилоот оид ба пешгирии ВНМО барои гурӯҳҳои рафтори хатарнок;

- омӯхтан ва аз нав дида баромадани заминаи меъёрии истифодаи сиёсат ва таҷриба бо мақсади мусоидат ба пешгирии ВНМО/БПНМ;

- гузаронидани чорабиниҳои маърифатӣ оид ба паст намудани тамғагузории ВНМО дар байни ҷомеа, гурӯҳҳои хатардошта ва таъминкунандагони хизматрасонии тиббӣ;

- таъмини дастгирии давлатӣ ба гурӯҳҳои ҷомеаи шаҳрванд, ки оид ба масъалаҳои хизматрасонӣ ба ШВЗ ва пасткунии тамға машғул мебошанд;

- таҳкими ҷараёни инкишофи оилаҳои НТ барои арзёбии дараҷа, ки дар он оила (масалан гурӯҳи худёрирасон) метавонад пешгириро беҳтар созад ва барои пастшавии зарар кӯшиш намояд;

- амаликунонии тайёрии касбии кормандони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, сарварони ғариформалӣ, ки бо ВНМО аз рӯи ҳуқуқҳо ва масъалаҳои сиёсии эътино намудан ба он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндгӣ мекунанд;

- рушди шабакаҳои табибони боварибахш, ки мардони бо мардҳо алоқаи ҷинсидошта метавонанд барои хизматрасонии тиббӣ ба онҳо муроҷиат намоянд;

- дастгирии шахсоне, ки чанде пеш аз маҳбас озод шудаанд;

- шарҳи заминаҳои меъёрӣ бо мақсади баррасии масъалаи ҷорӣ намудани мубодилаи сӯзанҳо дар системаи пенитенсиарӣ;

- дастгирии АРВТ, пешниҳоди нигоҳубин, дастгирӣ ва хизматрасонии наркологӣ дар маҳбасхонаҳо;

- таҳия ва татбиқи чорабиниҳои гендерӣ, ба хатари аз ҳама баланд эътино доранд;

- дастгирӣ ва пешниҳоди маҷмӯи пакети барномаҳои пасткунии зарар ва профилактикаи хизматрасонӣ барои гурӯҳҳои рафтори хатарнок;

- ҳамгироии маслиҳатдиҳӣ ва ташхиси ихтиёрӣ дар доираи системаи КАТС;

- арзёбии мунтазами тамоюли эпидемияи ВНМО, махсусан дар байни гурӯҳҳои рафтори хатарнок;

- васеъ намудани иштироки сарварони ғайрирасмии ҷамъиятҳои маҳаллӣ ва ташкилотҳои динӣ дар расонидани чорабиниҳои профилактикӣ миёни гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ва ҷомеа.

Нишондиҳандаҳо:

- 65 фоизи НТ рафтори паст кардани Хатари сирояти ВНМО-ро қабул карданд;

- На камтар аз 60 фоиз гурӯҳҳои рафтори хатарнок (НТ, ШРХШ, ММАҶ) дар давоми 12 моҳи охир аз ташхиси ВНМО гузаштанд ва натиҷаҳои худро медонанд;

- 60 фоизи НТ бо барномаҳои пешгирикунандаи ВНМО фаро гирифта шудаанд;

- 80 фоизи ШРХШ рафтори паст кардани хатари сирояти ВНМО ҳангоми алоқаи ҷинсиро қабул карданд;

- 65 фоизи ММАҶ ва маҳбусон рафтори паст кардани хатари сирояти ВНМО-ро қабул карданд;

- на камтар аз 80 фоизи маҳбусон бо барномаи пешгирикунандаи ВНМО фаро гирифта шуданд;

- 80 фоизи коркунони шаҳвонӣ бо барномаҳои профилактикии ВНМО фаро гирифта шуданд;

- 30 фоизи ММАҶ бо барномҳои профилактикии ВНМО фаро гирмфта шуданд;

- 75 фоизи НТ медонанд, ки дар куҷо аз ташхиси ВНМО гузаштан мумкин аст;

- 85 фоизи медонанд, ки дар куҷо аз ташхиси ВНМО гузаштан мумкин аст;

- на камтар аз 75 фоизи намояндагони гурӯҳҳои рафтори хатарнок роҳҳои пешгирии ВНМО-ро ҳангоми алоқаи ҷинсӣ ва тасаввуротҳои асосии нодурустро дар бораи гузариши ВНМО дуруст муайян мекунанд.

Вазифаи 2. Гурӯҳҳои дигари осебпазир, аз ҷумла ҷавонон, кӯдакони бепарастор, хизматчиёни ҳарбӣ, муҳоҷирон ва занҳо рафтори бехатарро қабул намуданд.

Намудҳои фаъолият:

- чорабиниҳои ҳуқуқӣ ва сиёсӣ оид ба пешгирии ВНМО;

- таҳия ва қабули ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба ҷорӣ намудани масъалаи пешгирӣ дар муассисаҳои таълимӣ;

- таҳияи стратегияи воситаҳои ахбори умум оид ба пешгирии ВНМО;

- таҳияи барнома оид ба ВНМО, ки дар ҷойҳои корӣ, ба монанди заводу фабрикаҳо, конҳо ва дигар объектҳои саноатӣ истифода мешаванд;

- татбиқи барномаҳои профилактикӣ, таъмини дастрасии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ (ҷавонон, кӯдакони бепарастор, хизматчиёни ҳарбӣ, муҳоҷирон, занҳо) барои пешгирии сирояти ВНМО бо истифода аз тамоми воситаҳо ва қувваҳои мавҷуда;

- ҷорӣ намудани услуби таълим аз рӯи принсипи "баробар ба баробар" дар мактабхои таҳсилоти умумӣ, миёнаи касбӣ ва коллеҷҳо;

- таҳия, тасдиқ ва истеҳсоли маводи таълимӣ барои муаллимон ва хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёна, омӯзонидани донишҷӯён, хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёна ва олӣ, муассисаҳои таълимии сохторҳои қудратӣ бе ҷудошавӣ аз таҳсил ба малакаҳои ҳаётӣ дар соҳаи тандурустӣ дар тамоми сатҳҳои сохторҳои маърифатӣ;

- ташкили асосҳои омӯзиши коллективӣ барои онҳое, ки ба мактаби ҷавонон намеоянд;

- баргузории чорабиниҳои маърифатию иттилоотӣ оид ба пешгирии ВММО миёни наврасон ва ҷавонони деҳот;

- дастгирии ташаббусҳо оид ба таъсис ва рушди ташкилотҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии ВНМО ва тарзи ҳаёти солим миёни наврасон ва ҷавонон дар деҳоти кишвар;

- дастгирии фаъолияти марказҳои маърифатию иттилоотии хайриявӣ ба ҷавонон ва марказҳои тиббию машваратии ҷавонон ҷиҳати ташкили чорабиниҳои системавии маърифатию иттилоотӣ ва машваратию тиббӣ вобаста ба масъалаҳои ВНМО, БСҶ ва тарзи ҳаёти солим дар шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат ва ноҳияи Ёвон;

- мусоидат ба васеъ гардонидани модели марказҳои маърифатию иттилоотии хайриявӣ ба ҷавонон ва марказҳои тиббию машваратии ҷавонон дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ;

- дастгирии клиникаҳои мавҷудбуда ва баҳодиҳии зарурияти кушодани клиникаҳои нав, ки саломатӣ ва хизматрасонии иҷтимоию психологиро барои муҳоҷирон ва оилаҳои онҳо таъмин мекунанд;

- таъмини рушди минбаъда ва истифодаи асбобҳои стандартӣ, инчунин тавсеаи ВНМО ба профилактика бо мавзӯъҳои дигар, ки ба саломатии муҳоҷирон дар тамоми сатҳҳои кор вобаста мебошанд;

- гузаронидани чорабиниҳои минтақавӣ оид ба проблемаҳои муҳоҷирон барои муколамаи минбаъдаи байни тарафҳо дар бораи мушкилоти онҳо;

- таьмини занҳои деҳотии осебпазир ба омӯзиши ВНМО/БСҶ; саломатии шаҳвонӣ ва репродуктивӣ: истифодаи рифолаҳо бо шарикони тасодуфӣ ва доимӣ;

- шарҳ ва азнавкунии стратегияи соҳавии ВНМО барои ҳайати хизматчиёни ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;

- гузаронидани бозомӯзиҳо барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бораи роҳҳои сироятӣ ва пешгирии ВНМО, инчунин нақши онҳо дар мусоидат барои пешгирии ВНМО ва паст намудани тамға дар байни гурӯҳҳои хатари баланд;

- таьмини ташхис ва табобати БСҶ барои муҳоҷирон, занҳои ҳомиладор, занону духтарон ва ҷавонони осебпазир аз гурӯҳҳои хатарнок;

- васеъ намудани иштироки сарварони ғайриформалии ҷомеа, ташкилотҳои динӣ, сектори хусусӣ ва воситаи ахбори омма барои пешгирии ВНМО ва таҳкими саломатӣ.

Нишондиҳандаҳо:

- 60 фоизи ҷавонони 15-24 сола қобилияти муайян кардани се тарзи самарабахши кам кардани хатари сирояти ВНМО-ро доранд;

- 1000 мактаби таҳсилоти миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тарзи ҳаёти солимро ба барномаҳои таьлимӣ дохил карда, онҳоро ҳангоми соатҳои ҳатмии иловагии барномаҳои таълимӣ истифода мебаранд;

- 20 фоизи мактаб, на камтар аз ду муаллим оид ба масъалаҳои ВНМО/БПНМ курси курси тайёриро хатм намуда соли гузашта ин мавзӯъро дарс доданд;

- паҳншавии сифилис дар миёни аҳоли 1 фоизро ташкил медиҳад;

- на камтар аз 75 фоизи одамони 15-49 сола иброз доштанд, ки онҳо ҳангоми алоқаи ҷинсии охирини худ бо шарикони тасодуфӣ рифолаҳоро истифода бурданд.

Вазифаи 3. Таъмини дастрасӣ ва хизматрасонии маҷмӯӣ оид ба кам намудани сироятп ВНМО аз модар ба кӯдак

Намудҳои фаъолият:

- ба талаботи дараҷавии табибони таҷрибаи умумӣ, табибони оилавӣ, гинекологҳо, урологҳо, сироятшиносон ва терапевтҳо ворид намудани донишҳои заминавӣ ва малака дар соҳаи пешгирии сирояти ВНМО аз модар ба кӯдак;

- омӯзиши табибҳои кӯдакон оид ба кӯмаки педиатрии ВНМО ва табобати бемориҳои сироятии кӯдакона;

- таҳия, тасдиқ ва муайян намудани дастурамалҳои таълимӣ барои табибони таҷрибаи умумӣ ва донишҷӯёни соҳаи тиб оид ба масъалаҳои ПСВМК;

- омӯзонидани гинекологҳо ва акушерҳо оид ба масъалаи идораи маҷмӯии бехатарии саломатии модару кӯдак дар марказҳои репродуктивии саломатӣ ва таваллудхонаҳо;

- таъмини дастрасӣ ба ПСВМК барои ҳамаи занҳои бо ВНМО, ки ба он эхтиёҷ доранд;

- таъмини маслиҳатдиҳӣ барои занҳои ҳомиладори бо ВНМО сироятшуда оид ба масьалаи хӯрокдиҳӣ ва нигоҳубини кӯдак;

- беҳтар намудани зиндамонии кӯдак ба воситаи пешниҳоди маҷмӯи ёриҳои хушсифати тиббӣ, аз ҷумла ташхиси барвақтии кӯдакон ва табобати таъҷилии сироятҳои кӯдакона;

- таъсиси клиникаҳои миллӣ ва минтақавӣ барои табобат ва нигоҳубини кӯдаконе, ки бо ВНМО зиндагӣ мекунанд;

Нишондиҳандаҳо:

- 70 фоизи занҳои ҳомиладор бо ВНМО курси пурраи табобати зиддиретровирусӣ мегиранд;

- на камтар аз 80 фоизи кӯдакони навзод, ки аз занҳои ВНМО сироятёфта таваллуд шудаанд, табобати ЗРВ дахлдорро мегиранд;

- на камтар аз 80 фоизи занҳои ҳомиладор аз МТИ оид ба ВНМО мегузаранд.

Вазифаи 4. Таъмини бехатарии хуни донорӣ ва манипулятсияҳои тиббӣ

Намудҳо фаъолият:

- ба рушди донории ройгон мусоидат карда шавад;

- тамоми муассисаҳои тиббӣ, ки бо хун, маводи хун ё донорӣ машғул мебошанд, имконияти гузаронидани муоинаи ВНМО-ро доранд;

- таъмини тайёр намудани кормандони тиб ба талаботи бехатарӣ ва истифодаи маҷмӯи пешгирии сирояти ВНМО баъди тамос;

- бехатарии тамоми маҳсулоти хун (ВНМО, гепатити В ва С, оташак) таъмин карда шавад;

- таҳияи барномаи баҳодиҳии берунаи сифати хуни сироятӣ ва гурӯҳҳои хун бо роҳи таъсис додани барномаи миллии EQAS ва фаро гирифтани банкҳои хуни минтақавӣ;

- таъсиси хуни бонки миллӣ ва маводи он;

- таъмини мунтазамиистифодаи хунгузаронӣ ба сифати намуди табобати самарабахш;

- омӯзиш оид ба истифода ва идораи маводи хун барои ҳайати кормандони марказҳои хунгузаронӣ;

- гузаронидани бозомӯзиҳо барои кормандони тиб, марказҳои миллӣ ва минтақавии хун.

Нишондиҳандаҳо:

- тамоми хуни донорӣ бароихунгузаронӣ аз санҷиши ВНМО. гепатитҳои В ва С гузаронида шудааст;

- тамоми ҷузъҳои хун ва маҳсулоти дар карантинбуда баъди дар давраи муайян ҷамъ овардан вобаста ба ҳассосияти дар системаи санҷишҳо истифодашаванда ба ҷузъи серологии донорҳо баробар мебошад.

Вазифаи 5. Таъмини дастгирӣ ба табобати зиддиретровирусӣ барои ШВЗ

Намудҳои фаъолият:

- масъалаҳои ТЗРВ дар чорчӯбаи маърифати тиббӣ барои ҳамаи донишҷӯёни соҳаи тиб дохил карда шавад;

- таъмини такмили ихтисос аз ҷумла, фтизиаторҳо, инфексионистҳо, онкологҳо, табибони БСҶ, психиатр-наркологҳо, момодоя-гинекологҳо, невропатологҳо, терапевтҳо ва пидиатрҳо бо пешниҳоди ТЗРВ ва роҳхати дахлдор барои одамоне, ки сирояти ВНМО дар онҳо тасдиқ шудаанд;

- омӯзонидани табибони оилавӣ ба таъминоти ТЗРВ барои дастгирии ҳамгироии табобати ВНМО дар КАТС;

- таъмини маҳбасхонаҳо бо дастрасӣ ба лабораторияи муосири ташхиси ВНМО, аз ҷумла СД4, пешниҳоди маҷмӯи ТЗРВ, инчунин ёрии психологӣ ба маҳбусони гирифтори ВНМО; таъмини дастрасӣ ба ТЗРВ барои эҳтиёҷмандони сирояти ВНМО (аз ҷумла кӯдакон);

- таьмини ташхиси саривақтӣ ва роҳхат ба ТЗРВ (масалаи хариди андозаи зарурии ВНМО-реактивҳои лабораторӣ ва таҷҳизот (СД4 ва МҶС);

- омӯзонидани кормандони соҳаи иҷтимоӣ ба масъалаҳои риояи ТЗРВ дачтгирии рӯҳиву иҷтимоӣ.

Нишондиҳандаҳо:

- 40 фоизи эҳтиёҷмандони ШВЗ бо ТЗРВ фаро гирифта мешаванд;

- 80 фоизи калонсолон ва кӯдакони ВНМО сироятшуда баъди 12 моҳи оғози табобати ТЗРВ зиндагӣ доранд;

- 75 фоизи калонсолони ВНМО сироятёфта баъди 12 моҳи оғози табобати ЗРВ муолиҷаро давом дода истодаанд;

- 90 фоиз аз шумораи ба қайд гирифташудагони ШВЗ муоинаи ҳарсолаи тиббӣ гирифта истодаанд;

- 100 фоизи беморон дар ҷараёни табобати ЗРВ дастгирии иҷтимоӣ ва психологӣ гирифта истодаанд;

- 100 фоизи беморони бо ВНМО/БС бояд ТЗРВ гиранд;

- 85 фоизи мутахассисон дар соҳаи тандурустӣ тайёри будани худро барои хизматрасонии тиббӣ ба ШВЗ ва гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ нишон доданд.

Вазифаи 6. Таъмини табобати бемориҳои ҳамроҳшаванда, расонидани ёрии полиативӣ ба беморони сирояти ВНМО

Намудҳои фаъолият:

- фароҳам овардани шароит барои табобати бемориҳои ҳамроҳикунанда барои ВНМО сироятшудагон;

- таъмими дастрасии ШВЗ ба хизматрасонии тиббӣ;

- омӯзиши кормандони ТҶ ва аъзои оилаи ШВЗ оид ба махсусиятҳои нигоҳубини беморони ВНМО/БПНМ;

- таьмини корҳои психологӣ бо ШВЗ;

- беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба кӯдаконе, ки бо ВНМО зиндагӣ мекунанд.

- таъмини озуқаворӣ ва додани кӯмакпулии иҷтимоӣ барои дастгирии кӯдакони бемори ВНМО/БПНМ;

- таъмини табобати гепатити С дар ШВЗ;

- таъмини профплактикӣ бо котримоксазол барои калонсолон ва кӯдакони гирифтори ВНМО.

Нигоҳубин ва дастгирӣ

- таъмини кӯмак барои озуқа ба беморони ВНМО сироятшуда;

- ташкили расонидани кӯмаки паллиативӣ дар шароити хона;

- таҳияи принсипҳои роҳбарикунандаи миллӣ ва расмиёти стандартии таъҷилӣ барои нигоҳубин дар хона, аз ҷумла кӯмаки паллиативӣ;

- омӯзиш оид ба масъалаҳои дар хона тайёр намудани ёрии санитарӣ аз рӯи асосҳои ВНМО/БПНМ, БС/ВНМО-идоракунӣ ва дигар бемориҳои ҳамроҳшаванда бо мақсади пешгирӣ, табобат, нигоҳубин ва дастгирӣ;

- беҳтар намудани ёрии терапевтӣ барои кӯдакони ВНМО дошта;

- баҳодиҳии ҳолати хӯроки беморони ВНМО, ки ТЗРВ мегиранд, аз ҷумла модарон ва кӯдакон;

- таҳияи асбобҳои арзёбӣ барои баҳодиҳии самарабахшии кӯмак дар хона, чорабиниҳои беморони кӯҳнакасал.

Нишондиҳандаҳо:

- 100 фоизи одамон бо БС аз ташхиси ВНМО гузаронида шудаанд;

- 90 фоизи беморони БПНМ кӯмак ва нигоҳубини палиативӣ гирифта истодаанд;

- ёрии тиббӣ ба беморони сил бо ВНМО барои онҳое, ки ба чунин ёрӣ эҳтиёҷманд мебошанд, пешниҳод шудааст;

- 50 фоизи одамон бо ВНМО барои табобати бемориҳои оппортунистӣ, ба монанди бемории сил кӯмак мегиранд;

- БСҶ хизматрасонӣ дар асоси тавсияи ТУТ дар ҳамаи муассисаҳои давлатии тиббӣ пешниҳод мегардад.

Вазифаи 7. Таъмини дастгирии иҷтимоӣ ба беморони сирояти ВНМО ва оилаҳои онҳо

Намудҳои фаъолият:

- таъсиси системаи арзёбии мустақили ҳукуқи миллии ШВЗ мутобиқи қонунгузорӣ ва ҳавасмандкунии истифодаи механизмҳои мавҷудаи ҳифзи ҳуқуқ барои риояи ҳуқуқҳои ШВЗ;

- мусоидати иттилоотнокии ШВЗ ва намояндагони гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ дар бораи ҳуқуқҳои онҳо, иштироки самараноки ШВЗ ва дигар гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ дар ҷараёни қабули қарорҳо дар ҳамаи сатҳҳо;

- дастгирии шуғл дар байни ШВЗ;

- дастгирии оилаҳое, ки кӯдакони бемори ВНМО доранд;

- омӯзонидани касбии одамоне, ки бо ВНМО зиндагӣ мекунанд.

Нишондиҳандаҳо:

- 80 фоиз ШВЗ воситаҳои зиндагониро дар сатҳе доранд, ки ба ҳадди ақали расмии рӯзгузаронӣ мутобиқ мебошад;

- шумораи ШВЗ, ки тайёрии касбӣ гирифтаанд;

- 100 фоиз оилаҳо бо кӯдакони аз ВНМО сироятшуда кӯмакпулии иҷтимоӣ мегиранд;

- системаи миллии мониторинги ҳуқуқҳои ШВЗ таъсис дода шудааст.

Замима

ба Барнома оид ба муқовимат

бо эпидемияи вируси норасоии

масунияти одам ва бемории

пайдошудаи норасоии масуният

дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар давраи солҳои 2011-2015

Ҳисоби хароҷоти маблағҳо барои иҷрои Барнома оид ба муқовимат бо эпидемияи вируси норасоии масунияти одам бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015

                                            (бо млн.доллари ШМА*)

+---+-------------+--------------------------------------------------ҷ
| № |Чорабиниҳои  |      Маблағҳои зарурӣ барои иҷрои Барнома        |
|т/т|иҷрои Барнома|            барои солҳои 2011-2015,               |
|   |             |             бо млн. доллари ШМА*                 |
|   |             +---------+----------------------------------------+
|   |             | Ҳамагӣ  |             аз он ҷумла:               |
|   |             |         +--------+--------+-------+-------+------+
|   |             |         |  2011  |  2012  | 2013  | 2014  |2015  |
+---+-------------+---------+--------+--------+-------+-------+------+
|   |Гурӯҳҳо дорои|28 706   | 4 755  |4 187   |6 050  |7 248  |6 463 |
|   |хатари калони|276,73   | 266,09 |778,34  |932,37 |989,53 |310,40|
|   |сироятшавӣ ба|         |        |        |       |       |      |
|   |ВНМО(НТ,ШРХШ,|         |        |        |       |       |      |
|   |ММАҶ,        |         |        |        |       |       |      |
|   |маҳбусон)    |         |        |        |       |       |      |
|   |рафтори      |         |        |        |       |       |      |
|   |бехатарро    |         |        |        |       |       |      |
|   |қабул        |         |        |        |       |       |      |
|   |намуданд     |         |        |        |       |       |      |

|2  |Гурӯҳҳои     |22 985   |3 677   |5 724   |4 034  |5 304  |4 244 |
|   |дигари       |087,06   |239,97  |088,28  |449,97 |512,36 |796,48|
|   |осебпазир, аз|         |        |        |       |       |      |
|   |ҷумла ҷавонон|         |        |        |       |       |      |
|   |кӯдакони     |         |        |        |       |       |      |
|   |бепарастор,  |         |        |        |       |       |      |
|   |хизматчиёни  |         |        |        |       |       |      |
|   Жҳарбӣ,       |         |        |        |       |       |      |
|   |муҳоҷирон ва |         |        |        |       |       |      |
|   |занҳо рафтори|         |        |        |       |       |      |

|3  |Таъмини      |6 820    |1 436   |1 436   |1 249  |1 376  |1 354 |
|   |дастрасӣ ба  |663,00   |719,67  |209,17  |772,67 |826,68 |134,81|
|   |хизматрасонии|         |        |        |       |       |      |
|   |маҷмӯӣ оид ба|         |        |        |       |       |      |
|   |кам намудани |         |        |        |       |       |      |
|   |сирояти ВНМО |         |        |        |       |       |      |
|   |аз модар ба  |         |        |        |       |       |      |
|   |кӯдак        |         |        |        |       |       |      |

|4  |Таъмини      |33 356   |6 932   |6 940   |6 636  |6 539  |6 308 |
|   |бехатарии    |177,61   |108,62  |345,88  |015,62 |48,21  |225,28|
|   |хуни донорӣ  |         |        |        |       |       |      |
|   |ва манипулят-|         |        |        |       |       |      |
|   |сияҳои тиббӣ |         |        |        |       |       |      |

|5  |Таъмини      |9 075    |735     |2 443   |2 336  |2 024  |1 536 |
|   |дастгирӣ ба  |181,63   |636,94  |187,48  |070,30 |200,67 |086,24|
|   |табобати     |         |        |        |       |       |      |
|   |зиддирет-    |         |        |        |       |       |      |
|   |ровирусӣ     |         |        |        |       |       |      |
|   |барои ШВЗ    |         |        |        |       |       |      |

|6  |Таъмини      |10 386   |1 125   |2 104   |2 805  |2 190  |2 161 |
|   |табобати     |006,44   |001,69  |303.13  |327,44 |019,42 |354,76|
|   |бемориҳои    |         |        |        |       |       |      |
|   Жҳамроҳшаванда|         |        |        |       |       |      |
|   |расонидани   |         |        |        |       |       |      |
|   |ёрии         |         |        |        |       |       |      |
|   |паллиативӣ ба|         |        |        |       |       |      |
|   |беморони     |         |        |        |       |       |      |

|7  |Таъмини      |6 199    |1 288   |1 269   |1 207  |1 218  |1 214 |
|   |дастгирии    |468,53   |750,86  |385,26  |960.34 |414,46 |957,61|
|   |иҷтимоӣ ба   |         |        |        |       |       |      |
|   |беморони     |         |        |        |       |       |      |
|   |сирояти ВНМО |         |        |        |       |       |      |
|   |ва оилаҳои   |         |        |        |       |       |      |
|   |онҳо         |         |        |        |       |       |      |

|8  |Такмил додани|24 398   |4 839   |5 747   |5 009  |4 967  |3 835 |
|   |системаи     |938,055  |436.51  |245,45  |014,89 |410,52 |830,68|
|   |арзёбӣ ва    |         |        |        |       |       |      |
|   |баҳодиҳӣ оид |         |        |        |       |       |      |
|   |ба ВНМО/БПНМ |         |        |        |       |       |      |
|   |ва чораҳои   |         |        |        |       |       |      |
|   |ҷавобӣ       |         |        |        |       |       |      |
|   |нисбати      |         |        |        |       |       |      |
|   |эпидемияи    |         |        |        |       |       |      |
|   |ВНМО,инкишофи|         |        |        |       |       |      |
|   |институт-    |         |        |        |       |       |      |
|   |сионалӣ дар  |         |        |        |       |       |      |
|   |самти        |         |        |        |       |       |      |
|   |ВНМО/БПНМ    |         |        |        |       |       |      |

|    ҲАМАГӢ       |141 927  |24 757  |29 852  |29 329 |30 869 |27 118|
|                 |799.05   |160,35  |542.99  |543,60 |855,85 |696.26|
+-----------------+---------+--------+--------+-------+-------+------+
|
+--------------------------------------------------------------------+
|  давоми ҷадвал
|
+--------------------------------------------------+-----------------ҷ
|      Маблағҳои ҷудошуда барои иҷрои Барнома      |Камбудӣ дар иҷрои|
|             барои солҳои  2011-2015,             |Барнома барои    |
|               бо млн. доллари ШМА*               |солҳои 2011-2015,|
+---------+----------------------------------------+бо млн.доллари   |
| Ҳамагӣ  |             аз он ҷумла:               |ШМА*             |
|         +--------+--------+-------+-------+------+                 |
|         |  2011  |  2012  | 2013  | 2014  |2015  |                 |
+---------+--------+--------+-------+-------+------+-----------------+
|12 565   |2 593   |2 845   |4 015, |3 054, |55    |                 |
|076,89   |984.89  |262,36  |568,03 |351,34 |910,30|  16 141 199,81  |

|13 189   |3 151   |4 241   |2 850  +2 682  |263   |                 |
|148,73   |632,71  |261,76  |726,36 |504,34 |023,56|  9 795 938,33   |

|144      |43      |30      |49     |18     |1     |                 |
|467.15   |784,47  |767.42  |509,87 |796,48 |609,61|  60 676 195,15  |

|2 004    |913     |389     |361    |293    |45    |                 |
|157.20   |849,62  |410,54  |639,11 |925,89 |332,04|  31 352 020,41  |

|2 585    |468     |780     |701    |567    |67    |                 |
|708.00   |081,37  |238.43  |810,37 |697,28 |880,55|   6 489 473,63  |

|675,     |443     |84      |84     |63     |      |                 |
|030,58   |782,18  |090.33  |090,33 |067,74 |0.00  |   9 710 975,86  |

|1 021    |249     |229     |186    |179    |176   |                 |
|709,53   |848,86  |823,26  |469,34 |512,46 |055,61|   5 177 759,00  |

|11 257   |3 263   |2 570   |2 595  |2 170  |657   |                 |
|795,08   |975,45  |376,19  |269,61 |767,19 |406.64|   13 141 142,97 |

|43 443   |11 128  |11 171  |10 845 |9 030  |1 267 |                 |
|093,89   |939,55  |230,29  |083,02 |622.72 |218,31|   98 484 705.16 |

* арзиши доллари ШМА ба сомони ба 1 январи соли 2010 аз рӯи маълумотҳои Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4.37 ташкил медиҳад.