Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2010 № 562 "Дар бораи тасдиқи Барнома оид ба муқовимат бо эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2011-2015"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Барнома оид ба муқовимат бо эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2011-2015

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1)Барнома оид ба муқовимат бо эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2011-2015 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2) Ба Кумитаи миллии ҳамоҳансозии пешгирӣ ва мубориза алайҳи бемориҳои вируси норасоии масунияти бадан/аломати норасоии масунияти бадан (ВИЧ/СПИД), сил ва табларза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шавад, ки дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати се моҳ Нақшаи миллии "Мониторинг ва арзёбӣ" ва Нақшаи амалисозии Барнома оид ба муқовимат бо эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2011-2015-ро таҳия ва тасдиқ намояд.

3) Роҳбарони вазорату идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо амалисозии Барнома оид ба муқовимат бо эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи салҳои 2011-2015-ро дар доираи маблағҳои ҳамасола пешбинишудаи Буҷети давлатӣ таъмин намуда, ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбор пешниҳод намоянд.

4) Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007 №86 "Дар бораи Барномаи мубориза бо паҳншавии вируси норасоии масунияти одам ва бемории СПИД дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2007-2010" аз 1 январи соли 2011 аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 30 октябри соли 2010 № 562

 ш. Душанбе