Тартиби таъин ва пардохти кӯмаки унвонии иҷтимоӣ аз 30 октябри соли 2010 № 586

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 аз 30 октябри соли 2010 № 586

 тасдиқ шудааст

Тартиби таъин ва пардохти кӯмаки унвонии иҷтимоӣ

1. Муқаррароти умумӣ

1) Тартиби мазкур шартҳои таъин намудани кӯмаки унвонии иҷтимоиро барои оилаҳои камбизоат муайян намуда, қоидаҳои таъини кӯмаки унвонии иҷтимоиро дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд ва ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон дар давраи ҷорӣ намудани таҷрибаи низоми нави кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ аз 1 январи соли 2011 то 31 декабри соли 2012 муқаррар менамояд.

2) Кӯмаки унвонии иҷтимоӣ дар шакли нақдӣ ба оилаҳои камбизоате, ки дар қаламрави шаҳри Истаравшани вялояти Суғд ва ноҳияи Ёвони вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагии доимӣ мекунанд, таъин ва пардохт карда мешавад.

3) Оилаи камбизоате, ки барои гирифтани кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ҳуқуқ дорад, ин нафароне ба ҳисоб мераванд, ки дар муносибатҳои хешутаборӣ қарор дошта, зиндагии яхҷоя доранд ва рӯзгори якҷояро пеш мебаранд, некӯаҳволии онҳо ба талаботи меъёрҳое, ки дар Методикаи муайян намудани оилаҳои камбизоат, ки ҳукуқи гирифтани кӯмаки унвонии иҷтимоиро доранд, мувофиқат мекунад.

4) Методикаи муайян намудани оилаи камбизоат, ки ҳуқуқи гирифтани кӯмаки унвонии иҷтимоиро доранд, аз ҷониби Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ карда мешавад.

2. Таъиноти кӯмаки унвонии иҷтимоӣ

5) Аризаро барои таъин намудани кӯмаки унвонии иҷтимоӣ бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ шӯъба ё раёсати шаҳрии (ноҳиявии) Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Агентӣ) қабул мекунад.

6) Дар ҷамоатҳои деҳот аризаро барои таъин намудани кӯмаки унвонии иҷтимоӣ бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ котибони ҷамоат қабул намуда, дар муддати 5 рӯз ҳуҷҷатҳои қабулкардаро ба шӯъба ё раёсати шаҳрии (ноҳиявии) Агентӣ месупорад.

7) Таъини кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоатро шӯъба ё раёсати шаҳрии (ноҳиявии) Агентӣ дар асоси хулосаи дастгоҳи марказии Агентӣ дар бораи муайян намудани сатҳи зиндагии оила амалӣ менамояд.

8) Барои таъини кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза;

- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти аризадиҳанда;

- маълумотнома дар бораи ҳайати оилаи камбизоат;

- намунаи пуркардашудаи "Маълумот дар бораи даромад ва амволи ҳамаи аъзои оила".

9) Дар ариза розигии оила оид ба ҷамъоварии маълумот дар бораи оила, молу мулк ва даромади он ва санҷиши маълумоти пешниҳодшудае, ки дар шакли "Маълумот дар бораи даромад ва амволи ҳамаи аъзои оила" омада, барои қабул намудани қарори дахлдор оид ба таъин кардани (рад кардани) кӯмаки унвонии иҷтимоӣ зарур аст, қайд карда мешавад.

10) Намунаҳои аризаҳо, "Маълумот дар бораи даромад ва амволи ҳамаи аъзои оила", маълумотнома дар бораи ҳайати оилаи камбизоат, инчунин дигар намуди ҳуҷҷатҳои заруриро Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

11) Аз номи ҳамаи аъзои оила пур намудани ариза ва намунаи "Маълумот дар брраи даромад ва амволи ҳамаи аъзои оила" ваколати сардори оила мебошад.

12) Дар сурати якҷоя истиқомат намудани ду ва зиёда оила, ки хоҷагидориашон алоҳида аст, хар як оила метавонад барои таъини кӯмаки унвонии иҷтимоӣ мустақилона ариза пешниҳод намояд.

13) Аризаи қабулгардида бо ҳуҷҷатҳо дар дафтари махсуси бақайдгирӣ сабт гардида, ба аризадиҳанда хабарнома дода мешавад, ки дар он рӯзи қабули ҳуҷҷатҳо, рақами сабтшуда ва дар мавриди зарурӣ ҳуҷҷатҳои дастраснашуда ва вақти муайяни дастрас намудани онҳо нишон дода мешавад.

14) Маълумот дар бораи оила дар асоси "Маълумот дар бораи даромад ва амволи ҳамаи аъзои оила" ва маълумотнома дар бораи ҳайати оилаи камбизоат, ки аз ҷониби сардори оила пешниҳод карда шудааст, ба махзани ягонаи маълумот дар компютер ворид карда шуда, ба Агентӣ барои муайян намудани маҷмӯи нишондиҳандаи умумии сатҳи зиндагии оила ирсол карда мешавад.

15) Ба ҳар як оила, ки кӯмаки унвонии иҷтимоӣ мегирад дар шӯъба ва ё раёсати маҳаллии Агентӣ парвандаи инфиродӣ кушода шуда, дар он ҳама ҳуҷҷатҳо дӯхта мешаванд.

16) Парвандаи инфиродии шахсе, ки кӯмаки унвонии иҷтимоӣ мегирад, баъди қатъ гардидани пардохти кӯмаки унвонии иҷтимоӣ панҷ сол нигоҳ дошта мешавад.

17) Кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба мӯҳлати 12 моҳ, аз моҳи муроҷиат намудан барои гирифтани кӯмаки унвонии иҷтимоӣ дар ҳолате, ки дар муддати як моҳ ҳама ҳуҷҷатҳои зарурӣ пешниҳод гардида бошанд, таъин карда мешавад.

18) Кӯмаки унвонии иҷтимоӣ метавонад дар ҳамаи давраи ҷорӣ гардидани низоми кӯмаки унвонии иҷтимоӣ таъин карда шавад.

19) Андозаи кӯмаки унвонии иҷтимоӣ барои як оила дар як сол 400 сомониро ташкил медиҳад.

20) Қарор дар бораи таъин намудани (рад кардани) кӯмаки унвонии иҷтимоӣ аз рӯзи қабули ариза бо тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар мӯҳлати 10 рӯз қабул мегардад.

21) Рад намудани таъини кӯмаки унвонии иҷтимоӣ асоснок карда шуда, хабарнома дар бораи рад кардан бо шарҳи он, ки ҳуқуқи шикояти қарори қабулшуда мавҷуд ҳаст, дар муддати се рӯз бо тариқи хаттӣ ба аризадиҳанда фиристода мешавад.

22) Кӯмаки унвонии иҷтимоӣ таъин карда намешавад, агар сатҳи некӯаҳволии оила ба меъёрҳо ва нишондодҳое, ки Методикаи муайян намудани оилаи камбизоат, ки ҳуқуқи гирифтани кӯмаки унвонии иҷтимоиро доранд муайян намудааст, ҷавобгӯ набошад.

3. Маблағгузорӣ ва пардохти кӯмаки унвонии иҷтимоӣ

23) Маблағгузории пардохти кӯмаки унвонии иҷтимоии ба оилаҳои камбизоат муайяншуда дар доираи маблағҳое, ки дар Буҷети ҷумҳуриявӣ ҷиҳати пардохти ҷубронпулиҳо барои истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ ба оилаҳои камбизоат ва кӯмакпулӣ ба оилаҳои камбизоат, ки кӯдаконашон дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ таҳсил менамоянд пешбинӣ шудааст ва дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешавад.

24) Тартиби маблағгузорӣ ва пардохти кӯмаки унвонии иҷтимоӣ аз ҷониби Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуда, бо Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" (минбаъд "Амонатбонк") мувофиқа карда мешаванд.

25) Пардохти кӯмаки унвонии иҷтимоӣ дар се моҳ як маротиба ба таври нақдӣ тавассути марказҳои хизматрасонии (оҷонсиҳои) "Амонатбонк" дар маҳалли зист анҷом дода мешавад.

26) Маблағи кӯмаки унвонии иҷтимоие, ки сари вақт бо айби оилаи камбизоат гирифта нашудааст, метавонад дар моҳҳои минбаъда пардохт карда шавад. Агар кӯмаки унвонии иҷтимоӣ дар мӯҳлати се моҳи баъди таъин гардидан гирифта нашуда бошад, маблағи пардохтнашуда ба суратҳисоби Агентӣ баргардонида мешавад.

27) Дар ҳолати дар мӯҳлати муқарраргардида пардохт нашудани кӯмаки унвонии иҷтимоӣ бо айби муассисаҳои дахлдоре, ки онро таъин ва ё пардохт менамоянд, шахсони масъуле, ки барои боз доштани пардохти кӯмаки унвонии иҷтимоӣ айбдоранд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

28) Пардохти кӯмаки унвонии иҷтимоии қаблан таъингардида дар ҳолатҳои зерин қать карда мешавад, агар:

- дар вақти санҷиш ошкор гардад, ки маълумоти нодуруст пешниҳод гардадааст ва ё маълумот пинҳон карда шудааст, ки дар муайян намудан барои ҳуқуқи гирифтани кӯмаки унвонии иҷтимоӣ таъсири худро расонидааст ва ё мерасонад;

- дар вақти таҳқиқоти шароити молу амволи оила ошкор гардад, ки дар оила ашёҳое ҳастанд, ки дар "Маълумот дар бораи даромад ва амволи ҳамаи аъзои оила" қайд карда нашудаанд;

- оила барои зиндагии доимӣ аз қаламрави ноҳияи таҷрибавӣ ба дигар маҳал кӯчида бошад;

- ҳангоми вафоти сардори оила, ки кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба номи ӯ ба расмият дароварда шуда буд.

Пардохти кӯмаки унвонии иҷтимоӣ баъд аз семоҳае, ки ин ҳолатҳо рух додаанд, қатъ мегардад.

4. Баҳисобгирии шахсоне, ки кӯмаки унвонии иҷтимоӣ мегиранд

29) Бо мақсади ба ҳисоб гирифтани шахсоне, ки кӯмаки унвонии иҷтимоӣ мегиранд, таъмини назорат оид ба дуруст ва сари вақт пардохт намудани кӯмаки унвонии иҷтимоӣ, манбаи ягонаи маълумот дар Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират ташкил карда мешавад.

30) Манбаи ягонаи маълумоти шахсоне, ки кӯмаки унвонии иҷтимоӣ мегиранд, ба шакли муайян дароварда шуда, мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иттилоот" ташаккул ва истифода бурда мешавад.

31) Тамоми маълумот дар бораи оила, даромад ва молу амволи он, ки барои таъини кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ҷамъ оварда шудаанд, махфӣ буда, танҳо бо мақсади зарурӣ барои ба тасвиб расонидани қарор дар бораи таъини (рад кардани) кӯмаки унвонии иҷтимоӣ истифода бурда мешаванд.

5. Назорати таъинот ва пардохти кӯмаки унвонии иҷтимоӣ

32) Назорати риояи Тартиби мазкур ва дурустии маълумоти дар "Маълумот дар бораи даромад ва амволи ҳамаи аъзои оила" дарҷ гардидаро Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд.

33) Шахсоне, ки муқаррароти Тартиби мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

34) Оилаҳое, ки маълумоти нодуруст дар бораи даромад ва молу амвол пешниҳод намудаанд ва дар натиҷа беасос кӯмаки унвонии иҷтимоӣ гирифтаанд бояд:

- маблағҳои ғайриқонунӣ барои кӯмаки унвонии иҷтимоӣ гирифтаи худро пурра баргардонанд;

- ба мӯҳлати 12 моҳ аз рӯзи қатъ гардидани пардохти кӯмаки унвонии иҷтимоии қаблан таъингардида барои таъини кӯмаки унвонии иҷтимоӣ довталаб буда наметавонанд.

6. Шикоят аз болои қарор оид ба расонидани кӯмаки унвонии иҷтимоӣ

35) Шикоят нисбат ба қарор дар бораи таъин ё рад кардани кӯмаки унвонии иҷтимоӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

36) Мактубҳо, шикоятҳо, аризаҳои шаҳрвандон дар бораи таъмини кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ тибқи тартиби муқарарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаллу фасл карда мешаванд.